Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 74
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҷиҳод, дифоъ ва ҳиҷрат

Нависандаи пурсиш: Доввуд Тарихи пурсиш: 17/11/2015

Бо эҳтиром

1 . Назари аллома дар хусуси ҷангҳои мусалмонон баъд аз Паёмбар чист? Оё Ислом бояд бо шамшер ба ҷаҳониён муъаррифӣ мешуд?

2 . Амалкарди хулафо дар эҷоди ҷангҳо ки иттифоқан боъиси густариши Ислом ҳам шуд мавриди таъйид аст?

3 . Оё дастури қитол ки дар Қуръон омада яъне ҳамла яъне таҷовуз яъне кишваргушойи?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 20/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Иддаъои онки Ислом бо шамшер ба ҷаҳониён муъаррифӣ шуд, иддаъои саҳиҳе нест; Зеро Ислом пеш аз ҳар чиз бо номаҳойе ба ҷаҳониён муъаррифӣ шуд ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз сулҳи Ҳудайбия барои подшоҳони ҷаҳон навишт ва ба он васила ононро ба сӯӣ таслим дар баробари Худованд даъват кард. Пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ мусалмонон бо такя бар неруӣ шамшери худ бар Эрон ва Рум пирӯз нашуданд; Чароки неруӣ шамшери онон аз неруӣ шамшери он абалқудратҳо бештар набуд ва табиъатан ба танҳоӣ наметавонист ба пирӯзии онон бар Касро ва Қайсар мунҷар шавад. Аз ин рӯ, инсоф он аст ки муҳимтарин омили нуфуз, бақоъ ва густариши Ислом дар кишварҳои мухталиф, омӯзаҳои ҷаззоб, бадеъи ва инсонсози он буд ки ҳамчунон муҷиби нуфуз, бақоъ ва густариши он дар кишварҳои мухталиф аст; Чунонки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, дар мабҳаси <<Равиши саҳиҳи муқобила бо кофирон>> аз китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с74) ба ин нуктаи муҳим ишора карда ва фармудааст:

<<Cултаи мусалмонон дар даҳаҳои нахустини Исломӣ бар импиротуриҳои ғарб ва шарқ, ношӣ аз абзорҳои пешрафтаи таблиғотӣ ё ҳатто низомии онон набуд, бал ношӣ аз ҷаззобияти паёми онон буд ки тавонист зарқу барқҳои импиротуриҳои ҷаҳонро аз чашми мардум бияндозад ва заминаи пешравиҳои сиёсӣ ва низомии онон ба рағми имконоти маҳдудашонро фароҳам созад>>.

Бо ин васф, ба назар мерасад ки иддаъои нуфуз, бақоъ ва густариши Ислом дар кишварҳои мухталиф бо такя бар шамшер, муболиға ва беинсофии ошкоре аст ки таҳо аз илқоъоти Исломситезон нашъат гирифтааст. Албатта тардиде нест ки мусалмонон пеш аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар кишварҳои мухталиф ҷангҳойе доштанд, вале ин ҷангҳо навъан бо мардумони ин кишварҳо набуд, бал бо ҳокимони кофир ва ситамгари онҳо буд ки ғолибан аз тариқи ҷанг бар ин манотиқ истило ёфта буданд ва дар онҳо ба истизъофи риъоё мепардохтанд ва бо ин васф, ҷангҳои мусалмононро бояд бо ҳадафи озодсозии ин манотиқ аз ишғоли кофирон ва золимон донист; Чунонки ба унвони намуна, аз Рабъӣ ибни Омир намояндаи мусалмонон дар ҷанги Қодисия барои гуфтугӯ бо Рустами Фарухзод фармондеҳи сипоҳи Эрон нақл шудааст ки дар посух ба пурсиши ӯ дар бораи ангезаи мусалмонон аз ҷанг бо онон гуфт: <<Худованд моро барангехт ва Худованд моро овард то ҳар кас ки Худовандро аз бандагии инсонҳо ба бандагии Худованд ва аз тангии дунё ба фарохии он ва аз зулми адён ба адли Ислом берун оварем ва моро бо дини худ фиристод то халқашро ба сӯӣ он фаро хонем, пас ҳар кас ки онро пазируфт мо ҳам аз ӯ мепазирем ва аз назди ӯ боз мегардем ва ӯро бо сарзаминаш во мегузорем ки худаш онро идора кунад>> (Табарӣ, Торихул умам ва мулук, ҷ3, с34; Ибни Ҷувзӣ, Ал-мунтазам, ҷ4, с168; Ибни Асир, Ал-комил фил торих, ҷ2, с363) ва ин мубтанӣ бар ҷаҳонбинии хосси Ислом аст ки заминро барои Худованд медонад ва моликияти инсонҳо бар онро ба расмият намешиносад ва мефармояд: «إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ» (Аъроф/ 128); <<Ҳароина замин барои Худованд аст, онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад мерос медиҳад ва оқибат барои парҳезкорон аст>>.

2 . Бинобар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с330), ибтидоъ ба ҷанг танҳо бо изни халифаи Худованд дар замин ҷойиз аст, вале ба назар мерасад ки чунин изне барои ҷангҳои мусалмонон бо ғайри мусалмонон пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дасти кам дар замони Абубакр, Умар ва Усмон, филҷумла вуҷуд доштааст; Чароки ҳеҷ мухолифати рӯшан аз аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ин ҷангҳо –ҳато дар замони ҳокимияти Алӣ ва Ҳасан– ривоят нашуда, бал таъйидҳо ва ҳамкориҳои мутаъаддиде аз онон дар ин бора ривоят шудааст ки аз он ҷумла метавон ба ҳамандешии Алӣ бо Умар, дар бораи набарди Ҷаср, фатҳи Наҳованд, ҷанг бо Румиён, фатҳи Байтул Муқаддас, фатҳи Хуросон ва фатҳи Шуш ишора кард; Фориғ аз онки тасарруфи онон дар ғаноъим ва бардагони ҳосил аз ин ҷангҳо қатъӣ аст ва метавонад филҷумла бар эътиқоди онон ба машрӯъияти ин ҷангҳо далолат дошта бошад.

3 . Фармони Худованд ба ҷанг бо кофирон ва золимон, бо ҳадафи аз байн бурдани куфр ва зулм ва наҷоти мустазъафон ва мазлумони ҷаҳон аст, на ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи; Чунонки фармудааст: «وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ انْتَهَوْا فَلَا عُدْوَانَ إِلَّا عَلَى الظَّالِمِينَ» (Бақара/ 193); <<Бо онон биҷангед то ҳангоме ки фитнае набошад ва ойин барои Худованд бошад, пас агар даст бардоштанд, таъаддӣ ҷуз бар золимон раво нест>>; Чароки Худованд ба ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи ниёзе надорад, вале куфр ва зулмро дар ҷаҳон наметобад; Чунонки фармудааст: «إِنْ تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنْكُمْ ۖ وَلَا يَرْضَىٰ لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ ۖ» (Зумар/ 7); <<Агар кофир шавед Худованд аз шумо бениёз аст, вале куфрро барои бандагонаш намеписандад>> Ва фармуддаст: «وَمَا اللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِلْعَالَمِينَ» (Оли Имрон/ 108); <<Ва Худованд зулмеро барои ҷаҳониён намехоҳад>>.

Аҷиб аст ки кофирон ва золимон, ҳамвора дар тӯли торихи худ, ба ҷанг бо мустазъафон ва мазлумони ҷаҳон бо ҳадафи ҷаҳонӣ сохтани куфр ва зулм пардохтаанд ва аз ҳеҷ кишваргушойи, таҷовуз ва ғориате дариғ наварзидаанд, вале ҷангҳои мусалмонон бо ҳадафи ҷаҳонӣ сохтани тавҳид ва адолат ва наҷоти мустазъафон ва мазлумони ҷаҳонро нораво ва мисдоқи ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи мешуморанд! Бегумон ин дасисаи шайтонӣ аз ҷониби онон барои сейтараи тоғут бар ҷаҳон аст; Чунонки Худованд фармудааст: «الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا» (Нисоъ/ 76); <<Касоне ки имон оварданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷангад, пас бо ёрони шайтон биҷангед; Ҳароина дасисаи шайтон заъиф аст>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ҳодии Ҳунарҷӯ
Тарихи
таълиқ:
21/11/2015

Дар мавриди пурсиши оқои Доввуд муваррихи 17 ноябир ва ҷавоби сайти шумо ва ироди ҷиддӣ дидам ки фикрамро машғул карда ки ба тартиб баён мекунам. Пешопеш аз лаҳни тунди навиштаам узрхоҳӣ мекунам.

Фармудед ки Ислом дар ибтидо бо нома нигории Расули Худо ба сарони давли атроф муъаррифӣ шуд. Возеҳ ва мубарҳан аст ва камтар касе ин ишкол яъне густариши Ислом бо шамшерро мутаваҷҷеҳи шахси Расули Худо медонед, балки ин ишколи асосӣ мутаваҷҷеҳи афроде ҳаст ки баъд аз Расули Худо бар ҷойгоҳи эшон такя заданд.

Фармудед пирӯзии мусалмонон бар Эрон ва Рум бо такя бар қудрати низомӣ набуда, балки ба хотири омӯзаҳои ҷаззоби Исломи буда. Аввалан кадом Ислом?! Исломе ки муҳимтарин асли худ яъне вилояти халифаи Худоро фоқид аст ва раҳбарии онро афроди ғайри солеҳ ва ба таъбири Қуръон тоғут ба уҳда дорад; Афроде ки муддате қабл бо қулдурӣ ва гарданкашӣ ҷойгоҳи халифаро ғасб карда буданд ва карданд ончи ки шумо беҳтар медонед.

Сониян муқойисаи Эрон ва Рум комилан иштибоҳ аст. Румиҳо қабл аз Константин мӯътақид ба худоёни дувоздаҳгона буданд ва баъд аз онки масеҳият расман дини импиротурии Рум шуд, мӯътақид ба худоёни сегонаи масеҳият шуданд. Онҳо ҳамвора худоёнро парсатиш мекарданд, аммо дар машриқ замин мардумони Эрон мӯътақид ба Худои якто он ҳам ба муддати ҳазорон сол буданд ки таъаҷҷуби муваррихинро дар пай дошта, ба тавре ки Ҳирудут муваррихи Юнонӣ нақл мекунад ки мардуми Эрон замин бино ба далоили номаълуме алоқае ба парастиши худоён ва бутҳо надоштанд ва ҳамвора Худои якторо парастиш мекарданд.

Солисан исрори муслимин баъд аз Расули Худо бар фатҳи Эрон таъаҷҷуббарангез менамояд, дар ҳоле ки ин исрор дар мариди Рум вуҷуд надорад, дар сурате ки Расули Худо дар замони ҳаёт ҳеҷ сипоҳеро ба самти Эрон гусел надошта ва Эрониҳо ҳас ҳеҷ сипоҳе ба самти Ҳиҷоз гусел надоштанд. Дар айни ҳол, эшон борҳо ба самти Румиҳо сипоҳ гусел дошт, ба тавре ки охарин баронмаи низомии Эшон таҷҳизи сипоҳи Усома буд ки барои ҷиҳод бо Румиҳо муҳаё шуда буд ва тамомӣ шуюхи Мадинаро таҳти амри Усома қарор дод ки ин ҳаракати Эшон ҳовии паёмҳои торихии хоссе барои ояндагон буд, аммо баъд аз вафоти Эшон сиёсати хориҷии муслимин дучори тағйири асосоӣ шуд ва навак пейкон аз самти ғарб ва Рум ба самти шарқ ва Эрон чархид. Шумо аз фатҳи Эрон ва Рум гуфтед дар ҳоле ки Рум ҳеҷ гоҳ фатҳ нашуд; Чун халифаи муслимин алоқае барои фатҳи он надошт.

Робиъан аз омӯзаҳои ҷаззоби муслимин ба унвони далили пирӯзӣ бар Эрон ва Рум ва густариши Ислом ном бурдед; Чун аз назари низомӣ заъифтар будан, дар ҳоле ки пирӯзии артишҳои заъиф бар имперотуриҳои бузург масбуқ ба собиқа аст; Мисли фатҳи бахши аъзами осиё тавассути Чингизхон ё фатҳи бахши бузурге аз Аврупо тавассути Отило ё фатҳи пойтахти сафавиён тавассути Маҳмуд Афғон ки ҳеҷ кадом омӯзаҳои ҷаззобе барои мардуми ҷаҳон надоштанд. Муслимин баъд аз Расули Худо ва ғасби хилофат чи омӯзаи ҷаззобе доштанд?! Торихи Эшон мамлу аз лашкаркашиҳои бедалил ва фатҳи сарзаминҳо, қатли мардон ва асорати занҳо ба номи Аллоҳ буда. Муруре бар торихи Ислом аз хулафои сегона гирифта то банӣ Умая то банӣ Аббос то Усмонӣ мамлу аз куштор, зулм, ва таҷовуз ва асорат буд, ба тавре ки давоъиш имрӯз барои корҳои худ ки танаффури ҷаҳониёнро дар пай дошта ба суннати хулафои салаф истинод мекунанд ва аз китобҳои торихӣ ва ҳадисӣ санад ироъа медиҳанд. Ҷиноёти Аъроб баъд аз фатҳи Эрон чун куштор, таҷовуз, тавҳин, таҳқир, сӯзондани китоби илмӣ, куштори донишмандони Эронӣ ва рафтори бешармонаи онҳо бо занон ва духтарони Эронӣ ки забон аз баёни он шарм дорад, чи омӯзаи ҷаззобе барои мардум дошт?!

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 22/11/2015

Бегумон рӯйкардҳои нажодпарастона ва таъассуботи миллӣ ва мазҳабӣ, аз бузургтарин мавонеъи шинохт ва асбоби ихтилоф миёни мусалмонон аст, дар ҳоле ки Ислом бо зуҳури худ ба ин қабил муфохароти ҷоҳилӣ посух дод ва марзҳои сохтагиро аз миёни инсонҳо бардошт ва имонро мабнои бародарӣ ва куфрро мабнои душманӣ эълом кард, вале мутаъассифона ба назар мерасад ки бархӣ мусалмонон ҳанӯз дар ҷоҳилият ба сар мебаранд ва комилан ба Ислом дохил нашудаанд.

Бо ин муқаддама, таваҷҷуҳи шуморо ба нукоти зер ҷалб мекунем:

Аввалан бар хилофи пиндори шумо ки <<Камтар касе ин ишкол яъне густариши Ислом бо шамшерро мутаваҷҷеҳи шахси Расули Худо медонад>>, бисёри дар ҷаҳон ин ишколро мутаваҷҷеҳи шахси Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салллам медонанд ва бо рӯйкардӣ мушобаҳи рӯйкарди шумо дар бораи асҳоби он Ҳазрат, шахси он Ҳазратро ба сабаби корҳое монанди ҳамла ба корвонҳои ғайри низомии Макка, ихроҷи банӣ Қайнуқоъ ва банӣ Назир аз Мадина ва эъдоми дастаҷамъии банӣ Қурайза, ҷангталаб ва дар садади нашри Ислом бо шамшер мешуморанд ва барои исботи муддаъои худ, ба оёти ҷиҳод дар Қуръон ва таъорузи онҳо бо чизе ки ҳуқуқи башар меноманд истинод мекунанд, дар ҳоле ки муддаъои онон ботил ва муғризона аст ва дар ҷои худ ба тафсил посух додааст.

Сониян дар таълиқи худ, <<Густариши Ислом ба хотири омӯзаҳои ҷаззоб он>> ро инкор кардаед ва фармудаед: <<Кадом Ислом?! Исломе ки муҳимтарин асли худ яъне вилояти халифаи Худоро фоқид аст ва раҳбарии онро афроди ғайри солеҳ ва ба таъбири Қуръон тоғут ба ӯҳда дорад>>, дар ҳоле ки ин сухане ба ғоят таъассубомез ва нодуруст аст; Зеро агарчи вилояти халифаи Худо дар замин, яке аз усули Ислом аст, вале усули дигаре монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ низ пас аз эътиқод ба тавҳид, набувват ва маъод, барои Ислом вуҷуд дорад ва бо ин васф, касоне ки ба ин усул бовар доранд, агарчи вилояти халифаи Худо дар заминро нашиносанд, муслмон маҳсуб мешавад ва табъан метавонанд ба густариши Ислом дар ҷаҳон бо ироъаи омӯзаҳои ҷаззоби он ёрӣ расонанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки Ислом дар ҳар сурат аз куфр беҳтар аст ва наметавон куфрро бар он агарчи дар ҳадди шаҳодатайн, тарҷиҳ дод.

Солисан муддаъӣ шудаед ки <<Муқойисаи Эрон бо Рум комилан иштибоҳ аст>>; Чароки ба заъми шумо Эрониён муваҳҳид ва Румиён кофир буданд, дар ҳоле ки ин суханӣ нажодпарастона ва ғайри илмӣ аст; Зеро аз назари шаръӣ, Эрониён ва Румиён ҳар ду ғайри мусалмон ва аҳли китоб буданд ва аз ин ҷиҳат, кофир ва машмули қоъидаи «ٱلْکُفْرُ مِلَّةٌ واحِدَةٌ» маҳсуб мешаванд; Балки Эрониён зартуштӣ ва Румиён масеҳӣ буданд ва масеҳиён аз зартуштиён китобитар маҳсуб мешаванд ва ба ҳамин далил, нигариши Ислом ва мусалмонон ҳамвора ба масеҳиён беҳтар аз зартуштиён будааст. Вонгаҳе бархурди подшоҳи Рум бо даъватномаи Паёмбар, бисёр беҳтар аз бархурди подшоҳи Эрон бо он буд; Чароки Ҳирақул подшоҳи Рум пас аз дарёфти он, ба Паёмбар эҳтиром гузошт ва бо эҳзори гурӯҳе аз Қурайш, дар бораи он Ҳазрат ба таҳқиқ пардохт ва дар ниҳоят Ӯро такзиб накард, балки Ӯро Паёмбар шумурд, вале Хусрав Парвиз подшоҳи Эрон, даъватномаи он Ҳазратро пора кард ва зимни иҳонат ба он Ҳазрат, ба фиристодаи Ӯ гуфт: <<Агар на ин буд ки ту фиристода ҳастӣ, гарданатро мезадам>>, то ҳадде ки бинобар бархӣ ривоёти машҳур, Паёмбар ӯро нафрин кард ва заволи салтанаташро аз Худованд хост! Бо ин авсоф, ба назар мерасад ки агар муқойисаи Эрон ва Рум иштибоҳ бошад, аз ин ҷиҳат аст ки Рум бар Эрон бартарӣ дошта ва ин акси иддаъои шумо аст; Чунонки дар китоби Худо низ ҳангоме ки ваъдаи пирӯзии Румиён бар Эрониён дода шуда (Сураи Рум, ояи 4), зоҳиран аз хурсандии мусалмонон ба сабаби он хабар дода шуда ва ин бинобар бархӣ ривоёт ва назари машҳури муфассирон, ба сабаби бартарии Румиён бар Эрониён дар назари мусалмонон будааст.

Робиян бо таъассуби миллӣ ва нажодпарастонаи худ муддаъӣ шудаед ки <<Исрори мусаломнон баъд аз Расули Худо бар фатҳи Эрон таъаҷҷуббарангез менамояд>>, дар ҳоле ки бо таваҷҷуҳ ба тавзиҳоти боло, таъаҷҷуббарангез наменамояд; Чароки бархурди Эрониён нисбат ба Аъроби муслмон, бисёр бадтар ва таҳқиромезтар аз бархурди Румиён буд ва дини онон низ аз назари Ислом –бар хилофи назари шумо– нодурусттар буд; Чунонки аҳкоми Исломи дар абвобе монанди таҳорат, никоҳ ва забойеҳ, дар робита бо маҷусиҳо ғолибан сахтгиронатар аз аҳкоми он дар робита бо насрониҳост. Вонгаҳе мутавотир ва машҳур аст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар мавориди мутаъаддиде, ба фатҳи Эрон ва Рум тавассути мусалмонон ва султаи онон бар ганҷҳои Касро ва Қайсар башорат дода буд ва ҷолиб он аст ки дар ҳамаи ин маворид, аз <<Касро>> пеш аз <<Қайсар>> ёд карда буд; Чунонки ба унвони намуна, дар ҷанги Хандақ, ҳангоме ки бо дасти муборакаш куланге бар замин зад ва санги бузургеро шикаст, фармуд: «لَقَدْ فُتِحَ عَلَيَّ فِي ضَرْبَتِي هٰذِهِ کُنُوزُ کَسْریٰ وَ قَیْصَرَ»; <<Барои ман дар ин зарбатам ганҷҳои Касро ва Қайсар фатҳ шуд>>! Аз ин рӯ, ривоёти фаровоне дар даст аст ки нишон медиҳад мусалмонон дар ҳаракат ба сӯӣ Эрон пеш аз ҳаракат ба сӯӣ Рум, ба ин ваъдаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чашм доштаанд ва пирӯзӣ бар Эронро пеш аз пирӯзӣ бар Рум мутаваққеъ будаанд.

Аммо иддаъои аҷиби шумо мабнӣ бар онки <<Рум ҳеҷ гоҳ фатҳ нашуд; Чун халифаи мусалимин алоқае барои фатҳи он надошт>>, ё ношӣ аз беиттилоъии шумост ва ё ношӣ аз таъассуби шадиди шумо; Чароки мусалмонон дар замони Абубакр, ҳамзамон бо тасарруфи бахшӣ аз қаламрави Сосониён, ба набард бо Румиён ва фатҳи Шом низ шитофтанд, то ҷойе ки Фаластинро дар ихтиёр гирифтанд ва Димшқро муҳосира карданд ва сипас дар замони Умар ибни Хаттоб манотиқе аз Руми шарқӣ монанди Димишқ, Баълбак, Ҳумс ва Ярмукро фатҳ намуданд, то ҷойе ки Ҳирақул подшҳои Рум, Шомро раҳо кард ва ба Қастантиния гурехт ва мусалмонон тавонистанд ба тадриҷ бар саросари Шом мусаллат шаванд ва ҳатто то кӯҳҳои Турус дар осиёи сағир пешравӣ кунанд. Ба илова, онон дар замони Умар, сарзамини мисрро низ ки таҳти султаи Румиён буд фатҳ карданд ва дар замони Усмон, ҳатто то тангаи Дордонул дар дарёи Мармар пеш рафтанд ва бо лашкариёни Байзонс ба ҷанг пардохтанд. Аз инҷо дониста мешавад ки иддаъои шумо мабнӣ бар <<Адами исрори мусалмонон барои фатҳи Рум бар Эрон>> ва <<Адами алоқаи халифа ба фатҳи Рум>>, маҳзи таваҳҳум аст ки аз асабияти қавмии шумо бархостааст.

Хомисан дар идомаи таълиқи худ, густариши Ислом ба сабаби омӯзаҳои ҷаззоб онро инкор кардаед ва бо истишҳод ба сайтараи Муғулон бар Эрон, муддаъӣ шудаед ки густариши Ислом бо такя бар  шамшери мусалмонон буда, дар ҳоле ки ин низ муғолитаи аҷиб ва қиёсӣ маълфориқ аст; Чароки дар пурсиш ва посухи боло, сухан дар бораи сайтараи мусалмонон бар Эрон нест, бал дар бораи густариши Ислом дар Эрон аст ки қатъан ба сабаби омӯзаҳои ҷаззоби он будааст на шамшери мусалмонон; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар ҳамлаи Муғулони ваҳшӣ ва кофир ба Эрон, Эрониён ҳаргиз дини ононро напазируфтанд, балки пас аз муддате ононро ба дини худ дароварданд, вале дар ҳамлаи мусалмонон ба Эрон, Эрониён ба суръат дини ононро пазируфтанд ва пас аз муддате ба мусалмононӣ мухлис табдил шуданд ва хидмати илмии фаровоне ба Ислом расонданд. Аз инҷо дониста мешавад ки Эрониён ҳаргиз аз бими шамшери Аъроб мусалмон нашуданд, балки ба хотири ҷаззобияти Ислом мусалмон шуданд; Чароки агар ин дини осмонӣ барои онон ҷаззобияте надошт, ҳаргиз таслими он намешуданд, ҳамон тавр ки таслими дини Муғулон нашуданд. Бо ин васф, ба назар мерасад ки шумо дар садади эҳтиром гузоштан ба қавми худ ҳастед, вале нодониста бузургтарин тавҳинро ба онон раво медоред; Чароки иддаъо мекунед Эрониён на ба хотири ҳаққонияти Ислом, балки аз бими шамшери Аъроб ба Ислом гаройиданд, дар ҳоле ки мо ин иддаъоро нодуруст медонем ва мӯътақидем ки Эрониён ба хотири ҳаққонияти Ислом онро пазируфтанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки бар хилофи таваҳҳуми шумо, мусалмонон ононро ба қабули Ислом маҷбур намекарданд, балки ононро дар қабули он ё қабули ҷизия озод мегузоштанд ва дасти кам дар замони Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ, аҳкоми Ислом дар бораи ҷанг, сулҳ, ҷизия, имон, усаро ва ғаноъимро филҷумла риъоят мекарданд ва танҳо дар замони банӣ Умая ва банӣ Аббос буд ки эҳёнан ба <<Ҷиноётӣ чун куштор, таҷовуз, тавҳин, сӯзондани китоби илмӣ, куштори донишмандон ва рафтори бешармона бо занон ва духтарон ки забон аз баёни он шарм дорад>> рӯй оварданд ва ба ҳамин далил, бояд миёни футуҳоти асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки баъзан бо машварати Алӣ ибни Абӣ Толиб ва ҳузури касоне чун Саломи Форсӣ, Ҳузайфа ибни Ямон, Миқдод ибни Асвад, Ҳошим ибни Утба, Аммор ибни Ёсир, Ҳиҷр ибни Адӣ ва Бароъ ибни Озиб ҳамроҳ буд ва миёни футуҳоти Умавӣ ва Аббосӣ тафовут қоъил шуд.

Вонгаҳе ҷойи таъаҷҷуб аст ки шумо муқойисаи Эрониёни зартуштӣ бо Румиёни масеҳиро иштибоҳ медонед, вале муқойисаи мусалмонон бо ваҳшиёни бедине монанди Отило ва Чингизхони Муғулро иштибоҳ намедонед!! Ба Худо паноҳ мебарем аз ин рӯйкардҳои нажодпарастона ва таъассуботи қавмӣ ва мазҳабӣ ки аз бузургтарин мавонеъи шинохт ва асбоби ихтилоф дар миёни мусалмонон аст.

Ба шумо бародари мусалмон тавсия мекунем ки бо илтизоми комил ба меъёри шинохт ва иҷтиноби комил аз мавонеъи он, зеҳни худро аз ин увҳом ва аҳвоъ холӣ кунед ва таҳти таъсири таблиғот ва илтиқоъоти исломситезон ва тафриқа афганон қарор нагиред ва Исломро танҳо мабно ва милоки худ барои ақойид ва аъмолатон бидонед.

Аз Худованди меҳрубон тавфиқи шуморо масъалат дорем.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?