Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 4 Коди пурсиш: 71
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 14/11/2015

Назари ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди даст баста намоз хондан чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 17/11/2015

Инсоф он аст ки ниҳодани дасти рост бар рӯӣ дасти чап дар намоз, суннат нест; Зеро бештари ривоёте ки намози Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро васф кардаанд, аз зикри он холӣ ҳастанд, балки дар ҳеҷ ривояти саҳиҳе зикре аз он наёмада ва ривоёти расида дар бораи он заиъф ё мурсал ё мавқуфанд ва назари аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва назари Абдулло ибни Зубайр, Саъйид ибни Мусаяб, Саъйид ибни Ҷубайр, Атоъ, Ибни Ҷурайҷ, Иброҳими Нахаъӣ, Ҳасани Басрӣ, Молик ибни Анас, Лайс ибни Саъд, Муҳаммад ибни Сирин ва бархӣ дигар аз тобеъон ва фақиҳон аст; Бал дар миёни мусалмонон ихтилофе нест ки ниҳодани дасти рост бар рӯӣ дасти чап дар намоз, воҷиб нест, ҷуз инки бархӣ аз онон монанди Ҳанафиҳо, Шофеъиҳо ва Ҳанбалиҳо онро мандуб ва бархӣ аз онон монанди Моликиҳо ва шуморе аз шиъа онро макрӯҳ ва бархӣ аз онон монанди бештари шиъа онро ҳаром ва мубтили намоз мешуморанд ва аз бархӣ дигар монанди Увзоъӣ қавли ба тахйир нақл шуда ва бо ин васф, тарки он мувофиқи эҳтиёт ва муҷиби яқин ба сиҳҳати намоз аст. Оре, ҳақ он аст ки наметавон ин корро ҳаром ва мубтили намоз донист; Чароки мунофӣ бо қиём ё туманина ва бар ҳам занандаи сурати намоз нест ва аз ин ҷиҳат, амали шумурда намешавад ва бо ин васф, назари Молик ибни Анас аз аҳли суннат ва назари Абуссалоҳи Ҳалабӣ аз шиъа соъиб аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُهُ عَنِ ٱلْقَبْضِ فِي ٱلصَّلاةِ، فَکَرِهَهُ وَ قالَ: أَقُولُ فِیهِ بِقَولِ فُقَهاءِ ٱلْمَدِینَةِ! قُلْتُ: تُریدُ مالِکاً؟ قالَ: مالِکاً وَ خَیْراً مِنْ مالِکٍ»; <<Аз он ҳазрат дар бораи қабзи (ядайн) дар намоз пурсидам, пас онро макрӯҳ шумурд ва фармуд; Дар бораи он ба қавли фуқаҳоъи Мадина фатво медиҳам, гуфтам: Манзуратон Молик аст? Фармуд: Молик ва беҳтар аз Молик>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?