Шумии замонҳо ва маконҳо, тобеъӣ аз шумии аҳли онҳост; Чунонки Худованд фармудааст: «طَائِرُكُمْ مَعَكُمْ ۚ» (Ёсин/ 19); <<Шумии шумо бо худатон аст>> Ва бо ин васф, ҳар замон ва маконе барои касоне ки дар он бадбахт мешаванд, шум ва барои касоне ки дар он хушбахт мешаванд, муборак аст. Бинобарин, ҳеҷ рӯзе зотан шум ё муборак шумурда намешавад. Оре, мумкин аст бархӣ рӯзҳои сол, назар ба мавоқеъи нуҷум ва ҳолоти табиъат ва осори он бар мизоҷи одамӣ, барои бархӣ корҳо монанди ҳиҷомат ва наздикӣ бо ҳамсар, муносиб бошад ё набошад ва ба ин эътибор, муборак ё шум шумурда шавад, дар ҳоле ки барои корҳои дигар, хосияте надорад ва табъан муборак ё шум нест.
Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.