Чоршанбе 16 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 17 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 61
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 07/11/2015

Ҳукми намози ҷумъа ва намози идайн (Фитр ва Қурбон) дар змони ғайбати ҳазрати Маҳдӣ (а) чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Намози ҷумъа ва идайн воҷиб аст, вале иқтидо дар он ба имомӣ ғайри одил саҳиҳ нест ва ҳар имоме ки ҳокиме ҷуз Маҳдӣ ӯро таъйин карда, ғайри одил аст; Зеро ҳар ҳокиме ки Худованд ӯро барои ҳукумат мансуб накарда, тоғут аст ва имоми ҷумъа ва идайне ки ӯ таъйин кардааст, хутба ба номи ӯ мехонад ва иқтидо ба чунин имоме, тақрири ӯ ва иъонат бар исм ва удвон шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ» (Моъида/ 2); <<Ва ба якдигар дар исм ва удвон иъонат накунед>>; Магар аз рӯӣ тақия бар касе ки ба он зарурат дошта бошад. Оре, тарк кунандаи намози ҷумъа ва идайн дар ғайбати Маҳдӣ, ҳаргоҳ аз заминасозони зуҳури ӯ набошад, гуноҳкор аст ва ин мубтанӣ бар қоъидае аст ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> мабҳаси <<Табаъоти зоҳир набудани Маҳдӣ барои мардум>> (с296) табйин шудааст. Бо ин ҳол, намози ҷумъа ва идайн бо иқтидо ба имоме ки ҳокиме ҷуз Маҳдӣ ӯро таъйин накардааст, балки гурӯҳе аз мӯъминон ӯро пеш кардаанд, ҳаргоҳ дар хутбаи худ ба сӯӣ ғайри Маҳдӣ даъват накунад, ҷойиз аст, агарчи воҷиб шумурда намешавад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ризо Розӣ
Тарихи
таълиқ:
24/06/2017

Ҳукми намози ҷумъа ва намозҳои иди Қурбон ва иди Фитр дар замони ғайбати имом чист ва кайфияти онҳо чигуна аст?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 02/07/2017

Пурсиши шумо дар ду бахш посух дода мешавад:

1. Аҳкоми намози ҷумъа

Намози ҷумъа фаризаи муҳим аз фароъизи Исломи аст ки Худованд дар китоби худ ба он амр карда ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ» (Ҷумъа/ 9); <<Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ барои намоз дар рӯзи ҷумъа нидо дода шуд, ба сӯӣ зикри Худованд бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед, он бароятон беҳтар аст агар бидонед>> Ва он бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, муштамл бар ду хутба ва ду ракат аст ва хусусияти он ки зоҳиран муҷиби суфориш ба он дар китоби Худованд шуда, вуҷуди ду хутба барои он аст ва аз ин рӯ, намози ҷумъа бидуни ду хутба ва табъан бидуни касе ки ду хутбаро бихонад, мунъақид намешавад ва ин ду хутба бояд пеш аз намоз ва дар ҳолати истода бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: مِنْ أَیْنَ قُلْتَ إِنَّ خُطْبَةَ الْجُمُعَةِ مِنْ قِیامٍ؟ قالَ: لِقَوْلِ اللّهِ تَعالیٰ: <وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ>، قُلْتُ: صَدَقْتَ وَ مِنْ أَیْنَ قُلْتَ إِنَّها قَبْلَ الصَّلاةِ؟ قالَ: لِقَوْلِ اللّهِ تَعالیٰ: <فَإِذَا قُضِيَتِ الصَّلَاةُ فَانْتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ>، قُلْتُ: صَدَقْتَ إِنَّ عِنْدَكَ عِلْمَ الْکِتابِ، قالَ: عِنْدِي عِلْمٌ مِنَ الْکِتابِ وَ إِنَّ عِلْمَ الْکِتابِ عِنْدَ الْمَهْدِيِّ وَلَوْ جِئْتُمُوهُ لَعَلَّمَکُمْ أَکْثَرَ مِمّا عَلَّمْتُکُمْ، فَسَکَتَ ساعَةً ثُمَّ قالَ: إِنَّما مَثَلِي فِیکُمْ کَمَثَلِ رَجُلٍ وَجَدَ مَعْدِناً مِنَ الذَّهَبِ فَأَخَذَ مِنْهُ قِطْعَةً کَبِیرَةً فَجاءَ بِها إِلَی التُّجّارِ فَقالَ لَهُمْ: إِنِّي وَجَدْتُ مَعْدِناً مِنَ الذَّهَبِ فَأَیُّکُمْ یُعِینُنِي عَلَی اسْتِخْراجِهِ لِیَکُونَ لَهُ فِیهِ نَصِیبٌ؟ فَیَقُولُونَ لَهُ: کَیْفَ نَعْلَمُ أَنَّكَ قَدْ وَجَدْتَهُ؟! فَیُرِیهِمُ الْقِطْعَةَ الْکَبِیرَةَ فَیَعْلَمُونَ أَنَّهُ قَدْ وَجَدَهُ فَیُعِینُهُ مَنْ یَشاءُ وَ یَخْذُلُهُ مَنْ یَشاءُ»; <<Ба Мансур гуфтам: Аз куҷо фармудӣ ки хутбаи ҷумъа дар ҳолати истода аст? Фармуд: Барои сухани Худованди Баландмартаба ки <Чун тиҷорат ё лаҳверо бубинанд ба сӯӣ он пароканда шаванд ва туро дарҳолати истода вогузоранд> (Ҷумъа/ 11), гуфтам: Рост фармудӣ ва аз куҷо фармудӣ ки он пеш аз намоз аст? Фармуд: Барои сухани Худованди Баландмартаба ки <Чун намоз гузорда шуд дар замин пароканда шавед> (Ҷумъа/ 10), гуфтам: Рост фармудӣ, назди ту илми китоб аст, фармуд: Назди ман илме аз китоб аст ва илми китоб назди Маҳдӣ аст ва агар ба назди ӯ биёйед ба шумо бештар аз чизе ки ман таълим додам таълм медиҳад, пас соъате сукут кард ва сипас фармуд: Ҳароина масали ман дар миёни шумо масали марде аст ки маъдане аз тилло пайдо кард, пас тиккаӣ бузурги аз он баргирифт ва ба назди тоҷирон овард ва ба онон гуфт: Ҳароина ман маъдане аз тилло пайдо кардам, пас кадом як аз шумо манро бар истихроҷи он ёрӣ мекунад то барои ӯ дар он саҳме бошад? Пас ба ӯ мегӯянад: Аз куҷо бидонем ки ту онро пайдо кардаи?! Пас тиккаи бузургро ба онон нишон медиҳад, пас медонанд ки онро пайдо кардааст, пас ҳар кас мехоҳад ӯро ёрӣ мекунад ва ҳар кас мехоҳад ӯро вомегузорад>>.

Ҳамчунонки ин ду хутба бояд муштамал бар ёди Худованд ва салавот бар Паёмбараш ва хондани китобаш ва даъват ба сӯӣ хайр ва амри ба маъруф ва най аз мункар бошад то барои мусалмонон беҳтар аз лаҳв ва беҳтар аз тиҷорат бошад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَإِذَا رَأَوْا تِجَارَةً أَوْ لَهْوًا انْفَضُّوا إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَائِمًا ۚ قُلْ مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ مِنَ اللَّهْوِ وَمِنَ التِّجَارَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ» (Ҷумъа/ 11); <<Ва чун тиҷорат ё лаҳмеро бубинанд ба сӯӣ он пароканда шаванд ва туро дар ҳоли истода вогузоранд, бигӯ чизе ки назди Худованд аст аз лаҳв ва аз тиҷорат беҳтар аст ва Худованд беҳтарини рӯзӣ диҳандагон аст>> Ва бо ин васф, ҳаргоҳ ду хутба муштамал бар суханӣ ботл монанди ситоиши тоғут ва даъват ба сӯӣ шар ва амр ба мункар ва най аз маъруф бошад, кифоят намекунад, балки ҳузур назди он барои истимоъаш ҳаром аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَالَّذِينَ لَا يَشْهَدُونَ الزُّورَ وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا» (Фурқон/ 72); <<Ва касоне ки дурӯғро шоҳид намешаванд ва чун бар лағв мегузаранд бо бузургворӣ мегузаранд>> Ва фармудааст: «وَالَّذِينَ هُمْ عَنِ اللَّغْوِ مُعْرِضُونَ» (Мӯъминун/ 3); <<Ва касоне ки онон аз лағв рӯйгардонанд>> Ва фармудааст: «وَإِذَا سَمِعُوا اللَّغْوَ أَعْرَضُوا عَنْهُ» (Қасас/ 55); <<Ва чун лағвро бишнаванд аз он рӯй гардонанд>> Ва фармудааст: «فَاجْتَنِبُوا الرِّجْسَ مِنَ الْأَوْثَانِ وَاجْتَنِبُوا قَوْلَ الزُّورِ» (Ҳаҷ/ 30); <<Пас аз палидии бутҳо даврае кунед ва аз гуфтори ботил дурӣ кунед>> Ва фармудааст: «وَقَدْ نَزَّلَ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ أَنْ إِذَا سَمِعْتُمْ آيَاتِ اللَّهِ يُكْفَرُ بِهَا وَيُسْتَهْزَأُ بِهَا فَلَا تَقْعُدُوا مَعَهُمْ حَتَّىٰ يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ ۚ إِنَّكُمْ إِذًا مِثْلُهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ جَامِعُ الْمُنَافِقِينَ وَالْكَافِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا» (Нисоъ/ 140); <<Ва бар шумо дар китоб нозил кардааст ки ҳаргоҳ шунидед ба оёти Худованд куфр варзида мешавад ва истеҳзоъ мешавад, пас бо онон нанишинед то он гоҳ ки дар гуфтори дигарӣ фуру раванд, шумо он гоҳ монанди ононед, ҳароина Худованд ҷамъ кунандаи ҳамаи мунофиқон ва кофирон дар ҷаҳаннам аст>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки иқтидоъ дар намоз ба золимон ва фосиқон ҷуз аз боби тақия ҷоиз нест (бингаред ба: Пуриш ва посухи 217) ва бо ин авсоф, ширкат дар намози ҷумъае ки бо имомати ҳокими ҷоъир ё имомӣ мансуб аз ҷониби ӯ ё имомӣ фосиқ баргузор мешавад, ҳаром аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ صَلاةِ الْجُمُعُةِ، فَقالَ: فَرِیضَةٌ، قُلْتُ: لا یُقِیمُهَا الْیَوْمَ إِلّا کُلُّ جَبّارٍ عَنِیدٍ، فَقالَ: لا تُصَلِّ مَعَهُمْ فَإِنَّ مَنْ صَلّیٰ مَعَهُمْ فَهُوَ مِنْهُمْ إِلّا أَنْ یَتَّقِيَ مِنْهُمْ تُقاةً وَ کانَ عِنْدَهُ رَجُلٌ فَقالَ الرَّجُلُ: أَما کانَ السَّلَفُ الصّالِحُ یُصَلُّونَها مَعَهُمْ مُنْذُ قُبِضَ رَسُولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ؟! قالَ: بَلیٰ وَلٰکِنَّهُمْ کانُوا یُصَلُّونَ بَعْدَها أَرْبَعَ رَکَعاتٍ»; <<Аз Мансур дар бораи намози ҷумъа пурсидам, пас фармуд: Фариза аст, гуфтам: Имрӯз онро ҷуз ҷабборӣ саркаш иқома намекунад, пас фармуд: Бо онон намоз нагузор; Чароки ҳар кас бо онон намоз гузорад ӯ аз онон аст, магар инки аз онон тақия кунад ва назди он ҳазрат марде буд, пас мард гуфт: Оё салафи солеҳ аз вақте ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам даргузашт онро бо онон намегузорданд? Фармуд: Оре, вале онон пеш аз он чаҳор ракат (намози зуҳр) мегузориданд>>.

Ҳамчунон яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «دَخَلْتُ عَلَی الْمَنْصُورِ فِي یَوْمِ جُمُعَةٍ، فَقالَ لِي: صَلّیٰ هٰؤُلاءِ جُمُعَتَهُمْ؟ قُلْتُ: نَعَمْ، فَقالَ: لا وَاللّهِ ما صَلُّوا وَلٰکِنْ لَغَوْا وَ نَقَرُوا، قُلْتُ: إِنَّ فُلاناً مِنْ أَصْحابِكَ یَدْخُلُ فِیهِمْ فَیُصَلِّيها مَعَهُمْ، قالَ: وَ یَفْعَلُ؟! قُلْتُ: نَعَمْ، قالَ: أَلا یَخافُ أَنْ یَخْسِفَ اللّهُ بِهِمُ الْأَرْضَ أَوْ یُنْزِلَ عَلَیْهِمْ رِجْزاً مِنَ السَّماءِ وَ هُوَ فِیهِمْ؟!»; <<Дар рӯзи ҷумъае ба маҳзари Мансур расидам, пас ба ман фармуд: Оё инон ҷумъаи худро гузорданд? Гуфтам: Оре, пас фармуд: На ба Худо савганд нагузорданд, балки садое дароварданд ва нӯке заданд, гуфтам: Фалонӣ аз ёрони ту ба миёни онон меравад ва онро бо онон мегузорад, фармуд: Ин корро мекунад?! Гуфтам: Оре, фармуд: Оё наметарсад ки Худованд ононро дар замин фурӯ барад ё бар онон аз осмон азобе нозил кунад, дар ҳоле ки ӯ миёни онон аст?!>>.

Оре, ширкат дар намози ҷумъае ки бо имомати халифаи Худованд дар замин ё имоме ки мансуб аз ҷониби ӯ ё имоме ки одил аз заминасозони зуҳури ӯ баргузор мешавад, воҷиб аст ва он дар вақти намози зуҳр ва бо ҳузури ҷамъе аз мӯъминон баргузор мешавад; Чароки намози ҷумъа бинобар ривоёти мутавотир, ҷойгузини намози зуҳр аст ва бо ин васф, гузордани он пеш ё пас аз вақти намози зуҳр ҷойиз нест; Ҳамчунонки мутабодир аз <<Намози ҷумъа>> намози ҷамъе аз мӯъминон аст ва бо ин васф, агар ҳозирон ба қадре кам бошанд ки ҷамъе аз мӯъминон маҳсуб нашаванд <<Намози ҷумъа>> мунъақид намешавад ва ҷамъе аз мӯъминон бинобар ривоёте аз аҳли байт, панҷ нафар ҳастанд ва ин маъқул аст; Зеро яке аз онон имом ва дигарӣ нидо диҳандае ба намоз аст ки одатан ғайри имом аст ва се нафари дигар низ ҳадди ақалли ҷамъ маҳсуб мешаванд ва бо ин васф, метавон шарти инъиқоди намози ҷумъаро ҳузури ҳадди ақалли панҷ нафар аз мӯъминон донист; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ أَقَلِّ عَدَدٍ یَنْعَقِدُ بِهِمُ الْجُمُعَةُ، فَقالَ: الْإِمامُ وَ الْمُنادِي لِلصَّلاةِ وَ ثَلاثَةُ نَفَرٍ مِنَ الْمُؤْمِنینَ»; <<Аз Мансур дар бораи камтарин теъдоде пурсидам ки намози ҷумъа бо онҳо мунъақид мешавад, пас фармуд: Имом ва нидо диҳанда барои намоз ва се нафар аз мӯъминон>>.

Ҳамчунонки дар ҳар шаҳре беш аз як намози ҷумъа баргузор намешавад; Зеро зоҳир аз китоби Худованд ва ривоёти Исломӣ ин аст ки дар шаҳри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо як намози ҷумъа баргузор мешавад, магар инки шаҳри бузурге бошад ва расидан ба намози ҷумъа пас аз шунидани нидоӣ он барои ҷамъе аз мардум уср ва ҳараҷ дошта бошад; Чароки дар ин сурат онон метавонанд намози ҷумъаи дигареро барпо доранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд фармудааст: «يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ» (Бақара/ 185); <<Худованд бароятон осонӣ мехоҳад ва бароятон сахтӣ намехоҳад>> Ва фармудааст: «مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ» (Моъида/ 6); <<Худованд намехоҳад ки бар шумо тангноӣ қарор диҳад>>. Бо ин васф, агар шароити лозим барои барпо доштани намози ҷумъаи дигаре фароҳам нашуд, вуҷуби он аз онон соқит мешавад; Ҳамчунонки вуҷуби он аз соири маъзурон монанди беморон, солхӯрдагон ва мусофирон соқит аст.

2. Аҳкоми намози ид

Дар бораи вуҷуби намози ид миёни мусалмонон ихтилофи назар аст; Ба ин тартиб ки шиъа, ҳанафия ва бархӣ аз шофеъия онро воҷиби айнӣ ва ҳанбалия онро воҷиби кифоӣ ва моликия ва бештари шофеъия онро мустаҳабби муъаккада медонанд, вале ҳақ ин аст ки он монанди намози ҷумъа воҷиби айнӣ аст ва монанди он аз касоне ки узре доранд соқит мешавад; Чароки Худованд дар китоби худ –бар хилофи пиндори бисёрӣ– ба он ишора карда ва Паёмбар дар суннати худ бар он мудовимат дошта ва ҳеҷ соле онро тарк накардааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ صَلاةِ الْفِطْرِ وَ صَلاةِ الْأَضْحیٰ، فَقالَ: فَرِیضَتانِ، قُلْتُ: إنَّهُمْ یَقُولُونَ لَوْ کانَتا فَرِیضَتَیْنِ لَنَزَلَ فِیهِمَا الْقُرْآنُ، قالَ: وَ هَلْ یَعْلَمُونَ الْقُرْآنَ کُلَّهُ؟! قُلْتُ: لا، قالَ: فَلَوْ رَجَعُوا إِلَی الَّذِینَ یَعْلَمُونَ الْقُرْآنَ کُلَّهُ لَعَلَّمُوهُمْ، ثُمَّ سَکَتَ، فَقُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ وَ هَلْ نَزَلَ فِیهِمَا الْقُرْآنُ؟ قالَ: نَعَمْ إِنَّ اللّهَ تَعالیٰ یَقُولُ: <وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ> وَ ذٰلِكَ صَلاةُ الْفِطْرِ وَ یَقُولُ: <فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ> وَ ذٰلِكَ صَلاةُ الْأَضْحیٰ»; <<Аз Мансур дар бораи намози Фитр ва намози Қурбон пурсидам, пас фармуд: Фаризаанд, гуфтам: Онҳо мегӯянд ки агар фариза буданд дарбораяшон Қуръон нозил мешуд, фармуд: Оё онҳо ҳамаи Қуръонро медонанд? Гуфтам: На, фармуд: Пас агар ба касоне руҷӯъ мекарданд ки ҳамаи Қуръонро медонанд ба онон меомӯхтанд, сипас сукут кард, пас гуфтам: Фидоят шавам, оё дарбораяшон Қуръон нозил шудааст? Фармуд: Оре, Худованди Баландмартаба мефармояд: <Ва то теъдоди (рӯзҳои моҳи Рамазон) ро такмил кунед ва то Худовандро бар инки ҳидоятатон кард такбир гӯйед> (Бақара/ 185) Ва он намози Фитр аст ва мефармояд: <Пас барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун> (Кавсар/ 2) ва он намози Қурбон аст>>!

Албатта шароити вуҷуби ин намоз монанди шароити вуҷуби намози ҷумъа аст ва тафовути он бо намози ҷумъа дар панҷ чиз аст:

Якум; Вақт

Бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, вақти намози ид аз тулуъи офтоб то зуҳр аст ва аз ин рӯ, ҷойгузини намози зуҳр намешавад.

Дуввум; Макон

Бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, барпо доштани намози ид дар беруни шаҳр ва зери осмон суннат аст, магар дар Макка ки барпо доштани он дар Масҷидул Ҳаром беҳтар аст.

Севвум; Хутба

Бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, хутба пас аз намози ид хонда мешавад ва хондани он пеш аз намози ид бидъате аст ки банӣ Умая падид оварданд.

Чаҳорум; Азон ва иқома

Бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, пеш аз намози ид, азон ва иқома гуфта намешавад ва гуфтани азон ва иқома пеш аз он, бидъате аст ки банӣ Умая падид оварданд.

Панҷум; Такбирот

Бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, дар намози ид такбироти бештаре гуфта мешавад ва ин ҳукме аст ки китоби Худованд ба он ишора дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سُئِلَ الْمَنْصُورُ عَنْ صَلاةِ الْعِیدِ، فَقالَ: <وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ> یَعْنِي شَهْرَ رَمَضانَ <وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ> یَعْنِي اثْنَتَيْ عَشْرَةَ تَکْبِیرَةً <وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ> یَعْنِي الْقُنُوتَ وَ لَیْسَ بِواجِبٍ»; <<Аз Мансур дар бораи намози ид пурсида шуд, пас фармуд: <Ва то теъдодро комил кунед> яъен моҳи Рамазон <Ва то Худовандро бар инки ҳидоятатон кард такбир гӯйед> яъне дувозда такбир <Ва шояд шукр гузоред> яъне қунут ва воҷиб нест>>.

Бинобарин, такбирот бештар дар намози ид бинобар «وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ» воҷиб аст ва аз ривоёти Исломӣ ва гуфтори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба даст меояд ки суннат дар он дувозда такбир аст; Ба ин тартиб ки панҷ такбир дар ракати аввал ва панҷ такбир дар ракати дуввум илова бар такбиратул эҳром ва ду такбири рукӯ гуфта мешавад ва мустаҳаб аст ки миёни такбирот, қунуте дар ситоиши Худованд ва шукри Ӯ бар неъмати ҳидоят ва неъмати чаҳорпоён хонда шавад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?