Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 64
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ ва фитнаҳои охирул замон

Нависандаи пурсиш: Аббоси Ҷаъфарзода Тарихи пурсиш: 30/08/2017

Ахиран дар бархӣ шаҳрҳои Эрон монанди Осторо ва Язд, садоҳои бисёр азим, ғайри оддӣ ва маҳибе аз осмон шунида шуда ки маншаъи онҳо маълум нест ва ҳанӯз касе тавзиҳи қонеъ кунандае дар бораи онҳо надодааст. Албатта бархӣ иддаъо карданд ки ин садоҳо ношӣ аз бархурди абрҳо дар иртифоъи зиёд ва тамоси амвоҷ ва электронҳо ва футунҳои расида аз хуршед аст ки дар майдони миғнотисии замин асир мешаванд ва боъиси афзоиши фишор мешаванд, вале ин тавҷиҳи қонеъ кунандае нест; Чароки чунин садоҳое ҳеҷ гоҳ қаблан аз осмон шунида намешуд! Назари алломаи Хуросонӣ дар бораи ин садоҳои аҷиб чист? Ман ду клип дар ин бора бароятон ирсол кардаам то мулоҳиза бифармойед ва назар бидиҳед.

Эрон; Осторо

Эрон; Язд

Посух ба Пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш:

Ин садоҳои осмонӣ падидаӣ ғайри оддӣ аст ки танҳо дар Эрон шунида нашудааст, балки –бинобар гузоришҳои мутавотир– аз муддатӣ қабл дар нуқоти мухталифи ҷаҳон –ҷи дар шарқ ва чи дар ғарб– бо ҳолотӣ камобеш яксон шунида мешавад ва бар хилофи пиндори моддагароён ки исрор доранд ҳар падидае дар ҷаҳонро танҳо бар мабнои модда ва энержӣ тафсир кунанд, метавонад маншаъи ғайри табиъӣ дошта бошад; Монанди инки бо авҷ гирифтани куфр, фасод ва хунрезӣ дар замин, фариштагони осмони шеван мекунанд ё шейпурҳои ҳушдорро ба садо даровардаанд ё чизеро фарёд мезананд ки барои мардум мафҳум нест!

Ҳар чанд сокинони замин дар ғафлат ба сар мебаранд ва бисёр бебовар ва саҳлангор ҳастанд, вале ҳақ он аст ки ин сайҳаҳои осмонӣ, ояте аз оёти Худованд аст ки барои тарсондани онон аз Ӯ зуҳур карда; Зеро дар китоби Ӯ аз ду сайҳаи осмонӣ ёд шуда ки ҳар ду шоисати тарсидан аст: Яке аз он ду азобӣ осмонӣ аст ки бисёрӣ аз ситамкорони гузаштаро бо он нобуд карда ва онро дар интизори ситамкорони кунунӣ ҳам дониста; Чунонки аз он хабар дода ва фармудааст: «وَأَخَذَ الَّذِينَ ظَلَمُوا الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ» (Ҳуд/ 67); <<Ва касоне ки ситам кардандро сайҳа гирифт, пас дар хонаҳои худ бар рӯй дарафтоданд>> Ва фармудааст: «إِنْ كَانَتْ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً فَإِذَا هُمْ خَامِدُونَ» (Ёсин/ 29); <<Он ҷуз як сайҳа набуд, пас ногоҳ онон беҳаракат гардиданд>> Ва фармудааст: «إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ» (Қамар/ 31); <<Мо бар онон як сайҳа фиристодем, пас монанди дарахт хушкида гардиданд>> Ва фармудааст: «مَا يَنْظُرُونَ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً تَأْخُذُهُمْ وَهُمْ يَخِصِّمُونَ» (Ёсин/ 49) <<Интизор намебаранд магар як сайҳаро ки ононро мегирад, дар ҳоле ки бо ҳам кашмакаши мекунанд>> Ва фармудааст: «وَمَا يَنْظُرُ هَٰؤُلَاءِ إِلَّا صَيْحَةً وَاحِدَةً مَا لَهَا مِنْ فَوَاقٍ» (Сод/ 15) <<Ва инон ҷуз сайҳаро интизор намебаранд ки пас аз он ҳеҷ мӯҳлате нахоҳад буд>> Ва дигарӣ шох ва шейпурӣ осмонӣ аст ки барои мирондани мардум ва сипас барангехтани онон ба сӯӣ ҳисоб дар он дамида мешавад; Чунонки Худованд аз он хабар дода ва фармудааст: «وَيَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ فَفَزِعَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۚ وَكُلٌّ أَتَوْهُ دَاخِرِينَ» (Намл/ 87); <<Ва рӯзе ки дар шох дамида шавад, пас ҳар касе ки дар осмонҳо ва ҳар касе ки дар замин аст ҳаросон шавад магар касе ки Худованд хоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ ба наздаш биёянд>> Ва фармудааст: «وَنُفِخَ فِي الصُّورِ فَصَعِقَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ إِلَّا مَنْ شَاءَ اللَّهُ ۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخْرَىٰ فَإِذَا هُمْ قِيَامٌ يَنْظُرُونَ» (Зумар/ 68); <<Ва дар шох дамида шавад, пас ҳар касе ки дар осмон ва ҳар касе ки дар замин аст беҳуш гардад магар касе ки Худованд хоҳад, сипас бори дигар дар он дамида шавад, пас ногоҳ онон бархоста менигаранд>> Ва фармудааст: «فَإِذَا نُقِرَ فِي النَّاقُورِ ۝ فَذَٰلِكَ يَوْمَئِذٍ يَوْمٌ عَسِيرٌ ۝ عَلَى الْكَافِرِينَ غَيْرُ يَسِيرٍ» (Муддассир/ 8-10); <<Пас ҳангоме ки дар шейпур дамида шавад, пас он рӯз душворӣ аст, бар кофирон осон нест>> Ва фармудааст: «وَاسْتَمِعْ يَوْمَ يُنَادِ الْمُنَادِ مِنْ مَكَانٍ قَرِيبٍ ۝ يَوْمَ يَسْمَعُونَ الصَّيْحَةَ بِالْحَقِّ ۚ ذَٰلِكَ يَوْمُ الْخُرُوجِ» (Қоф/ 41 ва 42); <<Ва гӯш ба рӯзе дошта бош ки нидо диҳанда аз ҷоӣ наздик нидо медиҳад; Рӯзе ки сайҳаро ба ростӣ мешунаванд, он рӯзи хуруҷ аст>>! Бо ин васф, ин нидоҳои осмонӣ –ки ба ростӣ ҳолати саҳиҳ ва дамидан дар шох ва шейпур доранд– ба рӯшанӣ метавонанд аз нишонаҳои азобӣ осмонӣ ё аз нишонаҳои қиёмат бошанд; Ба ин маъно ки аз наздик шудани яке аз он ду хабар диҳанд; Монанди садои чизе ки аз ҷоӣ дур шунида мешавад ва ба тадриҷ «مِنْ مَكَانٍ قَرِيبٍ»; <<Аз ҷойе наздик>> мегардад, то он гоҳ ки фаро расад!

Бар ин асос, мо аз ҳамаи сокинони замин даъват мекунем ки алорағми васвоси ханносон ва саҳлангории касоне ки ба ғайб бовар надоранд, ин сайҳаҳои осмониро ҷиддӣ бигиранд ва ҳушдоре аз ҷониби Худованд ва ба манзалаи занги хатар бидонанд ва бо он аз хоби ғафлат бедор шаванд ва ба тавба ва ислоҳ рӯй оваранд ва худро барои зуҳури Маҳдӣ ва барои рӯзи растохез омода кунанд ва бидонанд ки фурсати каме барояшон монда ва азоби Худованд ба онон наздик шуда; Азобе ки ақойид ва аъмоли нодурусташон иқтизо кардааст ва албатта ногаҳон фаро мерасад ва ҷойе барои гурехтан боқӣ намегузорад; Чунонки фармудааст: «أَفَأَمِنُوا أَنْ تَأْتِيَهُمْ غَاشِيَةٌ مِنْ عَذَابِ اللَّهِ أَوْ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ» (Юсуф/ 47); <<Оё пас емин шуданд аз инки ногаҳон фаро гирандае аз азоби Худованд ононро фаро расад ё қиёмат ононро фаро расад, дар ҳоле ки эҳсос намекунанд?!>> Ва фармудааст: «بَلْ تَأْتِيهِمْ بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ» (Анбиёъ/ 40); <<Балки ногаҳон ононро фаро мерасад, пас ононро ғофилгир мекунад, пас наметавонанд онро баргардонанд ва мӯҳлат дода намешаванд>> Ва фармудааст: «فَهَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً ۖ فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا ۚ فَأَنَّىٰ لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِكْرَاهُمْ» (Муҳаммад/ 18); <<Пас оё ҷуз қиёматро чашм доранд ки ногаҳон ононро фаро расад?! Пас нишонаҳои он омадааст, пас кай панд хоҳанд гирифт ҳангоме ки ононро фаро расад>>.

Худовандо! Гувоҳ бош ки мо мардумро аз нишонаҳои Ту огоҳ кардем ва аз азоби Ту бим додем ва ба сӯӣ тавба ва ислоҳ фаро хондаем, вале ҷуз андаке аз онон ба мо эътиное намекунанд ва ба суханон вуқуъе намениҳанд! Худовандо! Пас моро аз онон ҷудо кун ва дар раҳмати худ дохил гардон; Чароки Ту бисёр бахшоянда ва меҳрубонӣ ва ҳаргиз касоне ки аз Ту метарсандро монанди бепарвоён қарор намедиҳӣ.

* Дар зер метавонед филме аз бархӣ сайҳаҳои осмонӣ забт шуда дар нуқоти мхталифи ҷаҳон ки дар пойгоҳи Англисии дафтари ҳифз ва нашри осори аллома Мансури Ҳошимии Хурсонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло мунташир шудаастро мушоҳида кунед:

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.