Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 63
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи саҳоба ва ҳамсарони Паёмбари хотам салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳурмати онон

Нависандаи пурсиш: Усмоналӣ Тарихи пурсиш: 11/07/2017

Назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи саҳоба чист? Оё саҳобаро монанди аҳли суннат одил медонанд ё монанди равофиз муртад? Мушаххасан дар бораи ҳазрати Абубакр, Умар ва Усмон ва дар бораи ҳазрати Оиша чи назаре доранд? Лутфан бидуни тақия бигӯйед то назари эшон барои мо маълум шавад; Чун бархӣ назароти эшон наздик ба назароти равофиз ва бархӣ назароти эшон наздик ба назароти аҳли суннат аст.

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Назароти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, назароти аҳли суннат ё аҳли ташаюъ нест, бал назароти Худованд ва Паёмбари Ӯст ки дар Қуръон ва суннат мунъакис шуда ва мумкин аст гоҳе ба назароти аҳли суннат ва гоҳе ба назароти аҳли ташаюъ наздиктар бошад; Чароки мумкин аст гоҳе назароти аҳли суннат ва гоҳе назароти аҳли ташаюъ ба назароти Худованд ва Паёмбари Ӯ наздиктар бошад ва бо ин васф, на метавон эшонро ба сабаби бархӣ назароти наздиктараш ба назароти аҳли суннат суннӣ донист ва на метавон эшонро ба сабаби бархӣ назароти наздиктараш ба назароти аҳли ташаюъ шиъа. Бадин сон назари эшон дар бораи саҳоба низ назари аҳли суннат ё аҳли ташаюъ нест, бал назари Худованд ва Паёмбари Ӯст ки дар Қуръон ва суннат мунъакис шуда ва он ҳамоно ин аст ки саҳоба ба маънои ёрони мусалмони Паёмбари Ислом, аз он ҳайс ки дар гаравидан ба ӯ бар дигарон пешӣ гирифтанд ва бо молу ҷони худ аз ӯ ҳимоят карданд ва китобу суннати ӯро пос доштанд ва ба дигарон интиқол доданд, дорои фазилат ҳастанд ва ҳаққи азиме бар ояндагон доранд ва аз ин рӯ, эҳтиром ба онон ва истиғфор барои онон воҷиб аст ва аз он ҳайс ки инсонҳоӣ ғайри маъсум буданд, дар маърази хато, нисён ва маъсият қарор доштанд ва табъан тақлид аз онон ба маънои пайравӣ аз онон бидуни имл ба далилашон аз Қуръон ва суннат, ҷойиз нест ва ин назарӣ мӯътадил ба дур аз ифроти аҳли суннат ва тафрити аҳли ташаюъ аст ки аз Қуръон ва суннат дониста мешавад; Чароки Худованд ва Паёмбари Ӯ аз як сӯ саҳобаро ситойиш кардаанд ва аз сӯӣ дигар дар бораи хато, нисён ва маъсияти онон сухан гуфтаанд ва бо ин васф, чорае ҷуз таваҷҷуҳ ба ҳар ду ҷанбаи онон бо таваҷҷуҳ ба ҳар ду бахши суханони Худованд ва Паёмбари Ӯ вуҷуд надорад ва ин коре аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло анҷом дода; Чунонки фармудааст:

<Ин таваҳҳуми аҷиб ки ихтилофи асҳоби Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо якдигар, танҳо бар пояи иҷтиҳоди мутафовити онон дар Ислом буда, бархоста аз тағофулӣ амди дар бораи ҳақоиқи торихӣ аст ва баҳрае аз воқеъият надорад; Чароки мусалламан онон низ бо вуҷуди мусоҳибаташон бо Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, инсонҳоӣ оддӣ ва дар маърази хато ва нисён буданд ва аз ҳеҷ ҷои шаръ, исмати онон собит намешавад; Балки адами исмати онон бо таваҷҷуҳ ба ихтилофашон бо якдигар, возеҳ аст ва зоҳиран ихтилофе низ миёни мусалмонон дар бораи он нест. Ҳамчунонки адолати ҳамаи онон ҳаргоҳ ба маънои адами фисқи ҳамаи онон бошад, бо зуҳури фисқи бархӣ аз онон ба сабаби иртикоби кабоъири мусаллам ва ғайри қобили таъвиле монанди қатл, бағй, зино, сирқат, қазф, шурби хамр, фирор аз ҷиҳод ва дурӯғ бастан бар Худо ва Паёмбар мунтафӣ аст, то ҷойе ки исрор бар он, мукобира дар баробари маҳсус шумурда мешавад; Ҳамчунонки такзиби суханони Худованд дар бораи онон ва ифтироъ бар Ӯст; Зеро Худованд агар чи бисёрӣ аз ононро ба сабаби корҳои хубашон ситойиш карда, ҳаргиз ҳамаи ононро барои ҳамеша ва ба сурати беқайд ва шарт таъдил накарда ва аз чунин кори номаъқул ва дурӯғи бузурге муназзаҳ буда, балки ошкоро бархӣ аз ононро ба сабаби корҳои бадашон маломат ва тавбих намудааст; Чунонки ба унвони мисол, бархӣ аз ононро гуноҳкороне шумурда ки ба гуноҳони худ иқрор доранд ва корҳои хубро бо корҳои бад омехтаанд [Тавбв/ 102] ва аз лағзиши бархӣ аз онон дар асари дастандозии шайтон ва гуноҳоне ки дастҳошон пеш фиристода хабар дода [Оли Имрон/ 155] ва бархӣ аз ононро танҳо дӯстдори дунё дониста [Оли Имрон/ 152] ва аз касоне дар миёни онон ёд карда ки ҳар чанд Ислом овардаанд, имон ба дилҳояшон роҳ наёфта [Ҳуҷарот/ 14] ва иртиботи дӯстона ва махфиёнаи бархишон бо душманони Исломро ошкор сохта ва ононро ба сабаби он дар гумроҳӣ дониста [Мумтаҳина/ 1] ва бархӣ аз ононро ба дурӯғгӯйи барои фирор аз ҷиҳод муттаҳам сохта [Аҳзоб/ 13] ва аз касоне дар миёни онон хабар дода ки бар Паёмбар дар бораи атоёяш хӯрда мегирифтанд ва агар ба онон мебахшид аз ӯ хушнуд мешуданд ва агар ба онон намебахшид бар ӯ хашм мегирифтанд [Тавба/ 58] ва бархӣ аз ононро касоне шумурда ки он Ҳазратро озор медоданд [Тавба/ 61] ва аз вуҷуди мунофиқоне дар миёни онон хабар дода ки танҳо Худованд ононро мешиносад ва Расули Худо низ бо онон ошно нест [Тавба/ 101] ва аз имкони иртидоди бархӣ аз онон пас аз он Ҳазрат [Моъида/ 54] ва вуҷуди зинокорон [Нур/ 2] ва сориқоне [Моъида/ 38] дар миёни онон хабар дода ва гурӯҳе аз ононро ба сабаби қазфи ҳамсари он Ҳазрат гуноҳкор дониста ва ваъдаи азобӣ азим дода [Нур/ 11] ва сариҳан бархӣ аз ононро беақл [Ҳуҷарот/ 4] ва бархӣ дигарро фосиқ дониста [Ҳуҷарот/ 6] ва бархӣ аз онон ки ҳамсари он Ҳазрат будандро низ ба нофармонӣ ва ифшои асрори он Ҳазрат ва ҳатто тавтиъа бар зидди ӯ муттаҳам намуда ва ба ҳамсарони Нуҳ ва Лут ташбеҳ карда [Таҳрим/ 3] ва азоби ононро дар сурати анҷоми корӣ зишт, ду баробари дигарон шумурдааст! [Аҳзоб/ 30] Рӯшан аст ки шинохти асҳоби Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бидуни таваҷҷуҳ ба ин бахш аз суханони Худованд дар бораи онон ва танҳо бо таваҷҷуҳ ба дигаре ки дар ситойиши онон аст, ноқис ва гумроҳ кунанда аст; Чунонки Худованд фармудааст: «أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ» [Бақара/ 85]; <<Оё пас ба бахшӣ аз китоб имон меоваред ва ба бахшӣ дигар кофир мешаваед?! Пас сазоӣ касе аз шумо ки ин корро мекунад чист ҷуз хорӣ дар зиндагии дунё ва инки дар рӯзи қиёмат ба ашадди муҷозот боз гардонда шаванд?!>>. Аз инҷо дониста мешавад ки эҳтиром ба асҳоби Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам агар чи ба иқтизои хидматашон ба он Ҳазрат, корӣ хуб ва боиста аст, ҳаргиз ба маънои нодида гирифтани бахшӣ аз суханони Худованд ва дурӯғ гуфтан дар бораи онон нест ва рӯшан аст ки эътироф ба хатоҳои онон бо такя бар ақл ва шаръ, бе эҳтиромӣ ба онон шумурда намешавад; Бал эҳтиром ба ақл ва шаръ аст ва бе эҳтиромӣ ба онон, танҳо сабби онон аст ки ақлан ва шаръан кори зишт ва норавост.> (Бозгашт ба Ислом, с192 то 195. Ва ҳамчунин, бингаред ба: Ҳамон, лузуми эҳтиром ба асҳоби Паёмбар, с276)

Бинобарин, аҳли суннат бояд аз Худованд битарсанд ва даст аз ифрот дар бораи саҳоба бардоранд ва ононро инсонҳоӣ ғайри оддӣ ки дучори хато, нисён ва маъсият намешаванд надонанд ва аз онон тақлиди кӯр кӯрона накунанд, балки аз корҳои дурусти онон улгу бигиранд ва аз корҳои нодурусти онон бипарҳезанд; Чароки Худованд ба ин шева амр карда ва фармудааст: «وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ» (Тавба/ 100); <<Ва пешӣ гирифтагони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор ва касоне ки аз онон дар некукорӣ пайравӣ карданд, Худованд аз онон розӣ шуд ва онон аз Ӯ розӣ шуданд ва барояшон биҳишҳоеро фароҳам сохт ки аз зерашон наҳрҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидон ҳастанд, ин пирӯзии азиме аст>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки пайравиро аз як сӯ ба «السَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ»; <<Пешӣ гирифтагони нахустин аз муҳоҷирин ва ансор>> маҳдуд доштааст ва онон бархӣ аз муҳоҷирон ва ансор ҳастанд ва на ҳамаи онон ва на ҳеҷ як аз касоне ки баъд аз фатҳи Макка Ислом оварданд ва қаҳран аз муҳоҷирон ва ансор набуданд ва аз сӯӣ дигар ба «إِحْسَانٍ»; <<Некукороӣ>> маҳдуд доштааст ва он бархӣ аз корҳои <<Пешӣ гирифтагон аз муҳоҷирин ва ансор>> аст ки бо Қуръон ва суннат созгорӣ доштааст ва на ҳамаи корҳои онон; Ҳамчунонки аҳли ташаюъ бояд аз Худованд битарсанд ва даст аз тафрит дар бораи саҳоба бардоранд ва нақши онон дар пирӯзии Ислом бар куфр ва густариши тавҳид дар ҷаҳонро ба расмият шиносанд ва арҷ ниҳанд ва бо лиҳози ҳимояти онон аз Паёмбар дар рӯзҳои сахт ва пурхатаре монанди рӯзҳои Шаъби Абӣ Толиб ва рӯзҳои ҳиҷрат ва рӯзҳои ҷиҳод, эҳтироми ононро нигоҳ доранд ва барои хатоҳо ва гуноҳонашон истиғфор кунанд ва кинаяшонро ба дил нагиранд; Чароки Худованд ба ин шева амр карда ва пас аз ситойиши муҳоҷирин ва ансор фармудааст: «وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ» (Ҳашр/ 10); <<Ва касоне ки пас аз онон омаданд мегӯянд; Парвардигоро! Мо ва бародаронамон ки бар мо дар имон пешӣ гирифтандро биёмӯрз ва дар дилҳоямон кинае аз касоне ки имон оварданд қарор надеҳ, Парвардигоро! Ту раъуф ва меҳрубонӣ>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки он аз як сӯ ҳамаи муҳоҷирон ва ансорро дар бар мегирад ва аз сӯӣ дигар ба маънои адами ҷавози саббу лаъни онон аст; Чароки саббу лаъни онон қатъан бо истиғфор барои онон зиддият дорад ва мунтаҳо дараҷаи <<Ғил>> яъне <<Кина>> маҳсуб мешавад, дар ҳоле ки насх ё тахсиси он бо истинод ба бархӣ ривоёти воҳид ва мутаъориз дар манобеъи шиъӣ ҷойиз нест; Зеро бинобар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, насх ё тахсиси Қуръон бо ривоёт имкон надорад (Бингаред ба: Бозгашт ба Ислом, с238 ва 239) ва ин назари ҳақиқии аҳли байт ва назари ҳақиқии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «دَخَلَ عَلَی الْمَنْصُورِ رَجُلٌ فَسَأَلَهُ عَنْ أَبِي بَکْرٍ وَ عُمَرَ وَ عُثْمانَ، فَقالَ لَهُ: مِنْ أَيِّ الْبِلادِ أَنْتَ؟ قالَ: مِنْ إِیرانَ، فَقالَ: أَنْتَ مِنْ هٰؤُلاءِ الَّذِینَ یَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ شِیعَةُ أَهْلِ الْبَیْتِ؟ قالَ: نَعَمْ، قالَ: إِجْلِسْ فَسَأُجِیبُكَ عَمّا سَأَلْتَ إِنْ شاءَ اللّهُ، فَجَلَسَ الرَّجُلُ حَتّیٰ دَخَلَ النّاسُ وَ ازْدَحَمُوا فِي الْبَیْتِ، فَکَلَّمَهُمُ الْمَنْصُورُ فِیما یَشاءُ ثُمَّ قالَ: قَدِمَ الْمَدِينَةَ قَوْمٌ مِنْ أَهْلِ الْعِراقِ فَجَلَسُوا إِلیٰ عَلِيِّ بْنِ الْحُسَیْنِ فَذَكَرُوا أَبا بَكْرٍ وَ عُمَرَ فَمَسُّوا مِنْهُما ثُمَّ ابْتَرَكُوا فِي عُثْمانَ ابْتِراكاً فَقالَ لَهُمْ عَلِيُّ بْنُ الْحُسَیْنِ: أَخْبِرُونِي أَنْتُمْ مِنَ <الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ>؟ قالُوا: لَسْنا مِنْهُمْ، قالَ: فَأَنْتُمْ مِنَ <الَّذِينَ تَبَوَّءُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ ۚ>؟ قالُوا: لَسْنا مِنْهُمْ، قالَ: أَمّا أَنْتُمْ فَقَدْ تَبَرَّأْتُمْ مِنَ الْفَرِيقَيْنِ أَنْ تَكُونُوا مِنْهُمْ وَ أَنَا أَشْهَدُ أَنَّكُمْ لَسْتُمْ مِنَ الْفِرْقَةِ الثّالِثَةِ <الَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ>، ثُمَّ قالَ: قُومُوا عَنِّي لا قَرَّبَ اللّهُ دُورَکُمْ»; <<Марде бар Мансур ворид шуд, пас аз ӯ дар бораи Абубакр ва Умар ва Усмон пурсид, пас ба ӯ фармуд: Ту аз кадом сарзамин ҳастӣ? Гуфт: Аз Эрон, фармуд: Ту аз инҳое ки мепиндоранд шиъаи аҳли байтанд? Гуфт: Оре, фармуд: Биншин, ҷавоби суъолатро хоҳам дод ин шоъ Аллоҳ, пас мард нишаст то инки мардум ворид шуданд ва дар хона издиҳом карданд, пас Мансур бо онон дар бораи чизе ки мехост сухан гуфт ва сипас фармуд: Гурӯҳе аз аҳли Ироқ ба Мадина омаданд, пас назди Алӣ ибни Ҳусейн нишанстанд, пас Абубакр ва Умарро ёд карданд ва ба он ду бад гуфтанд ва сипас дар Усмон афтоданд, пас Алӣ ибни Ҳусейн ба онон фармуд: Ба ман хабар диҳед оё шумо аз муҳоҷирон ҳастед ки <Аз хонаҳо ва амволи худ бенур шуданд ва фазлу ризвоне аз Парвардигорашонро меҷӯянд ва Худованд ва Паёмбарашро ёрӣ мекунанд ва онон ҳамон растгӯёнанд> (Ҳашр/ 8)?! Гфтанд: Мо аз онон нестем, фармуд: Пас оё шумо аз касоне ҳастед ки <Пеш аз онон хона ва имонро омода сохтанд ва касоне ки ба наздашон ҳиҷрат кардандро дӯст медоранд ва дар синаҳошон ниёзе ба чизе ки онон дода шуданд намеёбанд агарчи худ дар тангно бошанд> (Ҳашр/ 9)?! Гуфтанд: Мо аз онон нестем, фармуд: Бинобарин шумо табаррӣ ҷустед ки аз ин ду даста бошед ва ман гувоҳӣ медиҳам ки шумо аз дастаи севум ҳам нестед; <Касоне ки баъд аз онон омаданд мегӯянд: Парвардигоро! Мо ва бародаронамон ки бар мо дар имон пешӣ гирифтандро биёмӯрз ва дар дилҳомон кинае аз касоне ки имон оварданд қарор надеҳ, Парвардигоро! Ту раъуф ва меҳрубонӣ> (Ҳашр/ 10), сипас фармуд: Аз назди ман бархезед ки Худованд хонаҳои шуморо наздик накунад>>!

Аз инҷо дониста мешавад беэҳтиромӣ ба асҳоби Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳатто касоне монанди Абубакр, Умар ва Усмон ки аҳаққияти аҳли байти он Ҳазрат барои хилофатро фаромӯш карданд, на танҳо бар хилофи Қуръон аст, балки бо сираи аҳли байти он Ҳазрат низ мухолифат дорад ва ин комилан табиъӣ аст; Чароки бинобар ҳадиси мутавотири Сақалайн, аҳли байти он Ҳазрат ҳаргиз аз Қуръон ҷудоӣ намепазиранд ва аз ин рӯ, тарҷиҳ медиҳанд ки барои онон ба сабаби хитобаҳошон истиғфор кунанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ أَبِي بَکْرٍ وَ عُمَرَ، فَقالَ: اسْتَغْفِرْ لَهُما فَإِنِّي أَسْتَغْفِرُ لَهُما وَ ما کانَ أَحَدٌ مِنْ أَهْلِ الْبَیْتِ إِلّا وَ هُوَ یَسْتَغْفِرُ لَهُما، فَقُلْتُ: إِنَّهُمْ يَزْعُمُونَ أَنَّ هٰذا مِنْکُمْ تَقِيَّةٌ، فَقالَ: لَوْ کُنْتُ مُتَّقِیاً أَحَداً لَاتَّقَیْتُ هٰذِهِ الْجَبابِرَةَ وَ أَنَا أَلْعَنُهُمْ عَلیٰ رُؤُوسِ الْأَشْهادِ»; <<Аз Мансур дар бораи Абубакр ва Умар пурсидам, пас фармуд: Барои он ду истиғфор кун; Чароки ман барои он ду истиғфор мекунам ва ҳеҷ як аз аҳли байт набуд магар инки барои он ду истиғфор мекард, пас гуфтам: Онон мепиндоранд ки ин аз шумо тақия аст, пас фармуд: Агар мехостам аз касе тақия кунам аз ин ҷабборон тақия мекардам, дар ҳоле ки ононро дар баробари шоҳидон лаънат мекунам>>!

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «دَخَلْتُ عَلَی الْمَنْصُورِ لِأَسْأَلَهُ عَنْ أَبِي بَکْرٍ وَ عُمَرَ، فَوَجَدْتُ عِنْدَهُ قَوْماً، فَصَبَرْتُ حَتّیٰ خَرَجُوا مِنْ عِنْدِهِ، فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداكَ، ما تَقُولُ فِي أَبِي بَکْرٍ وَ عُمَرَ؟ فَقالَ: خَیْراً، قُلْتُ: إِنِّي أَلْعَنُهُما، قالَ: لِماذا؟ قُلْتُ: لِأَنَّهُما ظَلَماکُمْ أَهْلَ الْبَیْتِ، قالَ: وَلٰکِنّا نَسْتَغْفِرُ لَهُما»; <<Ба ҳазрати Мансур расидам то аз ӯ дар бораи Абубакр ва Умар бипурсам, пас назди ӯ гурӯҳеро ёфтам, пас сабр кардам то онон берун рафтанд, пас ба ӯ гуфтам: Фидоят шавам, дар бораи Абубакр ва Уамар чи мефармоӣ? Пас фармуд: Хайр, гуфтам: Ман он дуро лаън мекунам, фармуд: Барои чи? Гуфтам: Барои инки он ду ба шумо аҳли байт ситам карданд, фармуд: Вале мо барои он ду истиғфор мекунем>>.

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «وَجَدْتُ الْمَنْصُورَ فِي غارٍ وَ قَدْ هَرَبَ مِنْ أَعْدائِهِ وَ الْعَرَقُ یَسِیلُ مِنْهُ کَالْمِیزابِ، فَلَمّا رَأَیْتُهُ بَکَیْتُ فَقُلْتُ: فَعَلَ اللّهُ بِرَجُلَیْنِ أَقاماكَ هٰذَا الْمَقامَ! فَقالَ لِي: یا بُنَيَّ! لا تَقُلْ هٰذا فَإِنَّهُما ما عَلِما أَنَّ الْأَمْرَ یَبْلُغُ هٰذَا الْمَبْلَغَ وَلٰکِنْ قُلْ: غَفَرَ اللّهُ لَهُما فَإِنَّهُ خَیْرٌ لَكَ وَ لِي وَ لِجَمِیعِ الْمُسْلِمِینَ»; <<Мансурро дар ғоре ёфтам, дар ҳоле ки аз душманонаш гурехта буд ва арақ аз ӯ монанди новадон мерехт, пас чун ӯро дидам гиряам гирифт, пас гуфтам: Худовнад бо он ду мард ки туро дар ин вазъ қарор доданд чи кунад! Пас ба ман фармуд: Эй писарам! Инро нагӯ; Зеро он ду намедонистанд ки кор ба инҷо мерасад, вале бигӯ: Худованд он дуро бибахшояд; Зеро ин барои ту ва барои ман ва барои ҳамаи мусалмонон беҳтар аст>>.

Ин сабр ва гузаштии шинохта шуда аз аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки Худованд онро «لَمِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ» (Шӯро/ 43); <<Аз корҳои устувор>> дониста ва Алӣ ибни Абӣ Толиб бунёни онро ниҳодааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: لَوْ أَنَّ عَلِیّاً ظَفِرَ بِمُعاوِیَةَ یَوْمَ الصِّفِّینَ لَمَلَأَ الْأَرْضَ قِسْطاً وَ عَدْلاً کَما مُلِئَتْ ظُلْماً وَ جَوْراً وَلٰکِنْ مَنَعَهُ الْخَوارِجُ فَأَخَّرَ اللّهُ ذٰلِكَ إِلیٰ رَجُلٍ مِنْ ذُرِّیَّتِهِ یُقالُ لَهُ الْمَهْدِيُّ فَسَیَخْرُجُ فَیُحارِبُ رَجُلاً مِنْ ذُرِّیَّةِ مُعاوِیَةَ فَیَظْفَرُ بِهِ فَیَمْلَأُ الْأَرْضَ قِسْطاً وَ عَدْلاً کَما مُلِئَتْ ظُلْماً وَ جَوْراً! ثُمَّ أَخَذَ الْمَنْصُورُ فِي ذِکْرِ یَوْمِ الصِّفِّینَ فَقالَ: لَمَّا اخْتَلَفَتِ الْأَسِنَّةُ وَ ماجَتْ لُبُودُ الْخَیْلِ خَرَجَ مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طالِبٍ وَ خَرَجَ إِلَيْهِ عُبَيْدُ اللّهِ بْنُ عُمَرَ بْنِ الْخَطّابِ فِي جَمْعَيْنِ عَظِيمَيْنِ فَاقْتَتَلُوا كَأَشَدِّ الْقِتالِ، ثُمَّ إِنَّ عُبَيْدَ اللّهِ بْنَ عُمَرَ أَرْسَلَ إِلىٰ مُحَمَّدِ بْنِ الْحَنَفِيَّةِ أَنِ اخْرُجْ إِلَىَّ أُبارِزُكَ، فَخَرَجَ إِلَيْهِ يَمْشِي، فَبَصُرَ بِهِ عَلِيٌّ، فَقالَ: مَنْ هٰذانِ الْمُتَبارِزانِ؟ فَقِيلَ لَهُ: ابْنُ الْحَنَفِيَّةِ وَ ابْنُ عُمَرَ، فَحَرَّكَ عَلِيٌّ دابَّتَهُ ثُمَّ دَعا مُحَمَّداً فَوَقَفَ لَهُ فَقالَ: أَمْسِكْ دابَّتِي، فَأَمْسَكَها لَهُ ثُمَّ مَشىٰ إِلَيْهِ فَقالَ: أَنَا أُبارِزُكَ فَهَلُمَّ إِلَيَّ، فَقالَ: لَيْسَ لِي فِي مُبارَزَتِكَ حاجَةٌ، فَرَجَعَ ابْنُ عُمَرَ وَ أَخَذَ ابْنُ الْحَنَفِيَّةِ يَقُولُ لِأَبِيهِ: مَنَعْتَنِي مِنْ مُبارَزَتِهِ، فَوَاللّهِ لَوْ تَرَكْتَنِي لَرَجَوْتُ أَنْ أَقْتُلَهُ، فَقالَ: يا بُنَيَّ! لَوْ بارَزْتُهُ أَنَا لَقَتَلْتُهُ وَلَوْ بارَزْتَهُ أَنْتَ لَرَجَوْتَ أَنْ تَقْتُلَهُ وَ ما كُنْتُ آمَنُ أَنْ يَقْتُلَكَ، فَقالَ مُحَمَّدٌ: يا أَبَهْ! أَتَبْرُزُ بِنَفْسِكَ إِلىٰ هٰذَا الْفاسِقِ اللَّئِيمِ عَدُوِّ اللّهِ؟ وَاللّهِ لَوْ أَبُوهُ يَسْأَلُكَ الْمُبارَزَةَ لَرَغِبْتُ بِكَ عَنْهُ، فَقالَ: يا بُنَيَّ! لا تَذْكُرْ أَباهُ وَ لا تَقُلْ فِيهِ إِلّا خَيْراً، يَرْحَمُ اللّهُ أَباهُ»; <<Шунидам Мансур мефармояд: Агар Алӣ дар рӯзи Сиффин бар Муъовия чира мешуд, ҳароина заминро аз адлу дод пур мекард ҳамон тавр ки аз зулм ва ситам пур шуда буд, вале хавориҷ ӯро боз доштанд, пас Худованд онро то марде аз зуррияи ӯ ба таъхир андохт ки ба ӯ Маҳдӣ гуфта мешавад, пас ба зудӣ хуруҷ мекунад, пас бо марде аз зуррияи Муъовия меҷангад, пас бар ӯ чира мешавад, пас заминро аз адлу дод пур мекунад ҳамон тавр ки аз зулм ва ситам пур шудааст! Сипас Мансур ба тавсифи рӯзи Сиффин пардохт ва фармуд: Ҳангоме ки найзаҳо ба ҳам хӯрд ва зини асбҳо каҷ шуд, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абӣ Толиб берун омад ва Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб ба сӯӣ ӯ хориҷ шуд дар ду ҷамъи азим, пас ба сахтарин шева бо якдигар ҷангданд, сипас Абдуллоҳ ибни Умар ба Муҳаммад ибни Ҳанафия фармуд ки ба сӯӣ ман берун биё то бо ту мубориза кунам, пас (Муҳаммад) пиёда ба сӯӣ ӯ берун шуд, пас чашми Алӣ ба ӯ афтод, пас фармуд: Ин ду мубориз кистанд? Гуфта шуд: Ибни Ҳанафия ва Ибни Умар, пас Алӣ асби худро ҳаракат дод ва сипас Муҳаммадро фаро хонд, пас ба назди ӯ омад, пас фармуд: Асби манро нигоҳ дор, пас асби ӯро нигоҳ дошт, сипас он Ҳазрат пиёда ба сӯӣ ибни Умар рафт ва фармуд: Ман бо ту мубориза мекунам, пас ба сӯӣ ман биё! Пас ӯ гуфт: Манро ба мубориза бо ту ҳоҷате нест! Пас ибни Умар бозгашт ва ибни Ҳанафия рӯ ба падари худ кард ва гуфт: Манро аз мубориза бо ӯ боздоштӣ, дар ҳоле ки ба Худо савганд манро вомегузоштӣ умед доштам ки ӯро бикушам, пас он Ҳазрат фармуд: Писарам! Агар ман бо ӯ мубориза мекардам ӯро мекуштам ва агар ту бо ӯ мубориза мекардӣ умед доштӣ ки ӯро бикушӣ ва ман эмин набудам ки ӯ туро бикушад, пас Муҳаммад гуфт: Падар! Оё худатро бо ин фосиқи паст ва душмани Худо рӯбарӯ мекунӣ?! Ба Худо савганд агар падари ӯ (Умар) туро ба мубориза металабид туро аз ӯ волотар медонистам (ки ба масофаш биравӣ), пас он Ҳазрат фармуд: Писарам! Падари ӯро ёд накун ва дар борааш ҷуз хайр нагӯ, Худованд падари ӯро биёмӯрзад>>!

Ин аст каромат ва хулқи азими аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки мисдоқи «الْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ ۗ» (Оли Имрон/ 134); <<Фуру хурандагони хашм ва аф кунандагон аз мардум>> Ва муъаддаб ба таъдиби Худованд ҳастанд ки фармудааст: «وَقُلْ لِعِبَادِي يَقُولُوا الَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ إِنَّ الشَّيْطَانَ يَنْزَغُ بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلْإِنْسَانِ عَدُوًّا مُبِينًا» (Исроъ/ 53); <<Ва ба бандагонам бигӯ чизеро бигӯянд ки он некутар аст; Чароки шайтон миёнашонро бар ҳам мезанад, ҳароина шайтон барои инсон душманӣ ошкор аст>> Ва фармудааст «فَاصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَامٌ ۚ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ» (Зухруф/ 89); <<Аз онон бигзар ва бигӯ салом, пас ба зудӣ хоҳанд донист>>, на даҳон гушудан ба суханони зишт ва фитнаангези ки дар бархӣ ҷоҳилони муддаиъӣ ташаюъ ривоҷ ёфта ва боъиси душманӣ ва кина миёни мусалмонон шудааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки саб асосан ҷойе дар Ислом надорад ва ҳатто нисбат ба бутҳои мушрикин ки тоғут ва наҷас ҳастанд, ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ» (Анъом/ 108); <<Ва касоне ки ҷуз Худованд мехонандро саб накуед, пас Худовандро бидуни илм саб мекунанд>> Ва бо ин васф, саб кардан дигарон –хусусан асҳоби Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам– ба тариқи авло ҳаром аст; Вонгаҳе ин ҳукм дар бораи Оиша ҳамсари Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шадитар аст; Чароки ӯ бинобар ояи «وَأَزْوَاجُهُ أُمَّهَاتُهُمْ» (Аҳзоб/ 6), ба манзалаи модари мӯъминон аст ва Худованд дар китоби худ фармудааст: «وَإِنْ جَاهَدَاكَ عَلَىٰ أَنْ تُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا ۖ وَصَاحِبْهُمَا فِي الدُّنْيَا مَعْرُوفًا ۖ» (Луқмон/ 15); <<Ва агар падар ва модарат бо ту дар кӯшиш шуданд ки барои Ман чизеро шарик гирӣ ки ба он илме надорӣ аз он ду итоъат накун, вале бо он ду дар дунё ба некӣ мусоҳибат кун>> Ва бо ин васф, итоъат аз Оиша дар хатоҳояш ҷойиз набуда, вале эҳтиром ба ӯ монанди эҳтиром ба модар воҷиб аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «دَخَلَ عَلَی الْمَنْصُورِ رَجُلٌ مِنْ أَهْلِ إِیرانَ، فَسَأَلَهُ عَنْ أَشْیاءَ فَأَجابَهُ ثُمَّ قالَ الرَّجُلُ: أَوْصِنِي، فَقالَ لَهُ الْمَنْصُورُ: لا تَسُبَّ أُمَّكَ! فَتَغَیَّرَ الرَّجُلُ وَ قالَ: وَ هَلْ یَسُبُّ أَحَدٌ أُمَّهُ؟! فَقالَ الْمَنْصُورُ: نَعَمْ، یَسُبُّ بَعْضَ أَزْواجِ النَّبِيِّ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ فَیَسُبُّ أُمَّهُ! قالَ الرَّجُلُ: إِنَّ هٰؤُلاءِ لَیَقُولُونَ إِنَّما سَمّاهُنَّ اللّهُ أُمَّهاتٍ لِتَحْرِیمِ نِکاحِهِنَّ، فَقالَ الْمَنْصُورُ: کَذَبُوا لَوْ کانَ کَما یَقُولُونَ لَسَمّاهُنَّ أَخَواتٍ، قالَ الرَّجُلُ: إِنَّ الَّتِي تَذْکُرُها حارَبَتْ عَلِیّاً وَ فَعَلَتْ وَ فَعَلَتْ، فَقالَ الْمَنْصُورُ: وَ هَلْ جاهَدَتِ النّاسَ عَلیٰ أَنْ یُشْرِکُوا بِاللّهِ ما لَیْسَ لَهُمْ بِهِ عِلْمٌ؟! قالَ الرَّجُلُ: لا، فَقالَ الْمَنْصُورُ: أَلا وَاللّهِ لَوْ جاهَدَتِ النّاسَ عَلیٰ أَنْ یُشْرِکُوا بِاللّهِ ما لَیْسَ لَهُمْ بِهِ عِلْمٌ لَکانَ واجِباً عَلَیْهِمْ أَنْ یُصاحِبُوها فِي الدُّنْیا مَعْرُوفاً، أَتَدْرِي لِمَ ذٰلِكَ؟ قالَ الرَّجُلُ: لِمکانِ الْآیَةِ؟ قالَ الْمَنْصُورُ: لِأّنَّ سَبَّها کانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ کَما یُؤْذِيکُمْ سَبُّ أَزْواجِکُمْ»; <<Марде аз аҳли Эрон бар Мансур ворид шуд ва аз ӯ дар бораи чизҳое пурсид, пас ӯ посух дод, сипас мард гуфт: Манро васият кун, пас Мансур ба ӯ фармуд: Модаратро дашном надеҳ! Пас мард мутағайир шуд ва гуфт: Магар касе модарашро дашном медиҳад?! Мансур фармуд: Оре, бархӣ аз ҳамсарони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дашном медиҳад, пас модарашро дашном медиҳад! Мард гуфт: Инҳо мегӯянд ки Худованд ононро фақат барои таҳрими никоҳашон модар номидааст, Мансур фармуд: Дурӯғ мегӯянд, агар чунон буд ки мегӯянд ононро хоҳар меномид (на модар), мард гуфт: Зане ки ту ёд мекунӣ бо Алӣ ҷангид ва чунину чунон кард, пас Мансур фармуд: Ва оё бо мардум дар кӯшиш шуд ки барои Худованд чизеро шарик гиранд ки ба он илме надоранд?! Мард гуфт: На, Мансур фармуд: Огоҳ бош ки ба Худо савганд агар бо мардум дар кӯшиш мешуд ки барои Худованд чизеро шарик гиранд ки ба он илме надорад, боз ҳам бар онон воҷиб буд ки дар дунё бо ӯ ба некӣ мусоҳибат кунанд, оё медонӣ барои чи? Мард гуфт: Барои оя? Мансур фармуд: Барои инки дашном додан ба ӯ Паёмбарро меозорад ҳамон тавр ки дашном додан ба ҳамсаронатон шуморо меозорад>>!

Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки аз ӯ суханоне нақл шудааст ки аз надомат ва тавбаи ӯ пеш аз марг ҳикоят дорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سُئِلَ الْمَنْصُورُ عَنْ عائِشَةَ فَقالَ: إِنَّ عِيسَى بْنَ دِينارٍ سَأَلَ عَنْها أَبا جَعْفَرٍ فَقالَ: اسْتَغْفِرِ اللّهَ لَها، أَما بَلَغَكَ أَنَّها کانَتْ تَقُولُ: يا لَيْتَنِي كُنْتُ شَجَرَةً يا لَيْتَنِي كُنْتُ حَجَراً يا لَيْتَنِي كُنْتُ مَدَرَةً؟ قالَ: وَ ما ذٰاكَ مِنْها؟ قالَ: تَوْبَةٌ»; <<Аз Мансур дар бораи Оиша сӯъол шуд, пас фармуд: Исо ибни Динор дар бораи ӯ аз Абу Ҷаъфари (Боқир) суъол кард, пас фармуд: Барои ӯ аз Худованд омӯрзиш бихоҳ, оё ба ту нарасидааст ки ӯ мегуфт: Эй кош дарахт будам! Эй кош санге будам! Эй кош кулӯхе будам! (Исо ибни Динор) гуфт: Ин сухан аз ӯ чи буд? Фармуд: Тавба>>.

Ин ҳикмати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло аст ки бо он мардумро таълим медиҳад ва тазкия мекунад ва ба сӯӣ Қуръон ва суннат боз мегардонад ва барои ёрии имом Маҳдӣ алайҳи салом омода ва муттаҳид месозад ва бо ин васф, аз як сӯ бар бародарони аҳли ташаюъ воҷиб аст ки нидои ӯро бишнаванд ва аз увҳому аҳвоъи худ берун оянд ва даст аз тафрит дар бораи саҳоба ва ҳамсарони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва саббу лаъни онон бардоранд ва аз сӯӣ дигар бар бародарони аҳли суннат воҷиб аст ки нидои ӯро бишнаванд ва аз увҳом ва аҳвоъи дерини худ берун оянд ва даст аз ғулув дар бораи саҳоба ва ҳамсарони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тақлиди кӯр кӯрона аз онон бардоранд ва бо пайравӣ аз касоне монанди Салом, Абузар, Миқдод ва Аммор ба ҳукумати Худованд ва халифаи Ӯ дар замин гардан ниҳанд. Ин парчами ҳидояте аст ки Худованд барафрошта ва дар васат қарор дода ва бо ин васф, ҳар кас аз он пеш афтад, зиёдаравӣ карда ва ҳар кас аз он паш афтад, кӯтоҳӣ карда ва барои ҳар ду кайфарӣ дарднок аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.