Чоршанбе 22 ноябр 2017 мелодӣ баробар бо 4 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 55
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми ҳаҷ, умра ва зиёрат

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 01/11/2015

Оё ҳузури аллома Хуросонӣ дар боргоҳи имомзода Яҳё ибни Зейд ибни Алӣ ибни Ҳусейн (а) бадин маъно аст ки зиёрати имомзодагон аз назари эшон било монеъ аст? (Бар хилофи назари ваҳҳобиҳо ки онро ширк медонанд.)

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ба манзури ёд кардан аз онон ва дуруд фиристодан бар онон ва дуъои хайр барои онон ва таваҷҷуҳ ба охират, суннат аст, вале зиёрати қубури кофирон ва мунофиқон ва золимон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰ أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَىٰ قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ» (Таба/ 84); <<Ва ҳаргиз бар аҳаде аз онон ҳангоме ки мурд намоз нагузор ва бар қабри ӯ найист; Зеро онон ба Худованд ва Паёмбараш куфр варзиданд ва дар ҳоле мурданд ки фосиқ буданд>>! Ҳамчунин, сафар кардан ба манзури зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ва низ сохтани масҷид дар наздики қабри онон барои ибодати Худованд, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар достони асҳоби Каҳф фармудааст: «إِذْ يَتَنَازَعُونَ بَيْنَهُمْ أَمْرَهُمْ ۖ فَقَالُوا ابْنُوا عَلَيْهِمْ بُنْيَانًا ۖ رَبُّهُمْ أَعْلَمُ بِهِمْ ۚ قَالَ الَّذِينَ غَلَبُوا عَلَىٰ أَمْرِهِمْ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيْهِمْ مَسْجِدًا» (Каҳф/ 21); <<Ҳангоме ки миёни худ низоъ мекарданд, пас гуфтанд ки бар онон баное (ба ёдбуб) бисозед, Парвардигорашон ба онон донотар аст, касоне ки бар корашон чира шуданд гуфтанд: Ҳароина бар онон масҷиде мегирем>>, аммо намоз гузордани перомуни қубури онон дар ҷойе ки қубури онон дида мешавад ва низ гардидан ба гирди қубури онон, шойиста нест; Чунонки Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ ٱلْمَنْصُورَ عَنْ زِیارَةِ قَبْرِ ٱلْحُسَیْنِ فَقالَ: زُرْهُ وَ سَلِّمْ عَلَیْهِ وَ سَلِ اللّهَ حاجَتَکَ! قُلْتُ: کَیْفَ أُسَلِّمَ عَلَیْهِ عِنْدَ قَبْرِهِ؟ قالَ: قُلْ: السَّلامُ عَلَیْکَ یا أَبا عَبْدِ اللّهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَٱبْنَ رَسُولِ اللّهِ، أَشْهَدُ أَنَّکَ أَقَمْتَ ٱلصَّلاةَ وَ آتَیْتَ ٱلزَّکاةَ وَ أَمَرْتَ بِٱلْمَعْرُوفِ وَ نَهَیْتَ عَنِ ٱلْمُنْکَرِ وَ جاهَدْتَ فِي اللّهِ حَقَّ جِهادِهِ حَتّیٰ أَتاکَ ٱلْیَقینُ، فَلَعَنَ اللّهُ مَنْ قَتَلَکَ وَ لَعَنَ اللّهُ مَنْ أَمَرَ بِهِ وَ لَعَنَ اللّهُ مَنْ بَلَغَهُ ذٰلِکَ فَرَضِيَ بِهِ، أَنا إِلَی اللّهِ مِنْهُمْ بَرِيء! قُلْتُ: فَأَطُوفَ بِقَبْرِهِ؟ قالَ: لا وَ لا تُصَلِّ بَیْنَ یَدَیْهِ وَ لٰکِنْ تَنَحَّ ناحِیَةً وَ صَلِّ فِي بَعْضِ ٱلرُّواقات!»; <<Аз Мансур дар бораи зиёрати қабри Ҳусейн пурсидам, пас фармуд: Онро зиёрат кун ва бар он ҳазрат салом бидеҳ ва ҳоҷататро аз Худованд бихоҳ! Гуфтам: Чигуна бар он ҳазрат дар қабраш салом диҳам? Фармуд: Бигӯ: Салом бар ту эй Або Абдуллоҳ! Салом бар ту эй писари Расули Худо! Гувоҳи медиҳам ки ту намозро бар по доштӣ ва закотро пардохтӣ ва ба маъруф амр кардӣ ва аз мункар боз доштӣ ва дар роҳи Худо чунонки шойиста буд ҷиҳод кардӣ то он гоҳ ки марг ба ту расид, пас Худованд лаънат кунад касеро ки туро кушт ва Худованд лаънат кунад касеро ки ба он амр кард ва Худованд лаънат кунад касеро ки аз он огоҳӣ ёфт ва ба он розӣ шуд, ман ба сӯӣ Худованд аз онон безорам! Гуфтам: Оё қабри ӯро тавоф кунам? Фармуд: На ба дар пеши рӯӣ он намоз нагузор, балки ба каноре бирав ва дар бархӣ ривоқҳо намоз бигзор!>> (Гуфтори 41).

Ҳамчунонки издиҳом барои истиломи қубури онон, шойиста нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «رَأَیْتُ عِنْدَ قَبْرِ عَلِيِّ بْنِ مُوسیٰ شابّاً هاشِمیّاً وَجْهُهُ کَدائِرَةِ ٱلْقَمَرِ وَ هُوَ یَقُولُ لِلْمُزْدَحِمینَ: ما بِهٰذا أُمِرْتُمْ!»; <<Наздики қабри Алӣ ибни Мӯсо ҷавонӣ Ҳошимиро дидам ки рӯяш чун қурси моҳ буд ва ба издиҳом кунандагон (пиромуни қабр барои тавоф ва истиломи он) мефармуд: Ба ин (кор) амр нашудаем>>!

Ҳамчунонки сохтани бино бар рӯӣ қубур ва оростани онҳо бо тилло ва нуқра, бидъати подшоҳон аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «نَهَی ٱلْعالِمُ عَنْ تَرْفیعِ ٱلْقَبْرِ وَ ٱلْبَناءِ عَلَیْهِ وَ قالَ: هٰذا ما أَخَذَ ٱلنّاسُ مِنْ مُلُوکِهِمْ وَ إِنَّ مُلُوکَهُمْ کانُوا مُسْرِفِینَ»; <<Олим аз баланд сохтани қабрҳо ва бино ниҳодан бар рӯӣ онҳо наҳй кард ва фармуд: Ин чизе аст ки мардум аз подшоҳонашон фаро гирифтанд, дар ҳоле ки подшоҳонашон масруф буданд>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ризо Хонҷонӣ
Тарихи
таълиқ:
04/11/2015

Дар посух ба пурсише дар бораи зиёрати қубури аҳли байт фармудаед:

<<Сохтани масҷид дар наздики қубури онон барои ибодати Худованд, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар достони асҳоби Каҳф фармудааст: «إِذْ يَتَنَازَعُونَ بَيْنَهُمْ أَمْرَهُمْ ۖ فَقَالُوا ابْنُوا عَلَيْهِمْ بُنْيَانًا ۖ رَبُّهُمْ أَعْلَمُ بِهِمْ ۚ قَالَ الَّذِينَ غَلَبُوا عَلَىٰ أَمْرِهِمْ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيْهِمْ مَسْجِدًا» (Каҳф/ 21); <<Ҳангоме ки миёни худ низоъ мекарданд, пас гуфтанд ки бар онон биное (ба ёдбуд) бисозед, Парвардигорашон ба онон донотар аст, касоне ки бар корҳошон чира шуданд гуфтанд: Ҳароина бар онон масҷиде мегирем>>, аммо намоз гузордани перомуни қубури онон дар ҷойе ки қубури онон дида мешавад ва низ гардидан ба гирди қубури онон, шойиста нест>>.

Дар робита бо ин посух, чанд суъол барои банда эҷод шудааст ки мамнун мешавам иноят бифармойед ва посух диҳед:

Якум инки оё истинод ба кор меравад дар робита бо қубури асҳоби Каҳф ки наздики онҳо масҷиде сохтаанд саҳиҳ аст, дар ҳоле ки маълум нест ин мардум чи касоне будаанд ва оё корашон ҳуҷҷат будааст ё на?

Дувум инки оё ҷавози сохтани масҷид дар наздики қубури аҳли байт бо адами ҷавози намоз гузордан пиромуни онҳо ки ҳазрати аллома баён фармудаанд, мунофот надорад?

Бо ташаккур

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 04/11/2015

Бародари арҷманд!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан китоби Худованд як ровии бетараф нест ки танҳо дар мақоми гузориши корҳои мардум бидуни арзёбии онҳо бошад, бал китобӣ ҳидоятгар аст ки бо ҳадафи таълими пиромуни худ, корҳои мардумро гузориш мекунад ва ҳеҷ якеро бидуни рад ё таъйид боқӣ намегузорад. Бо ин васф, коре ки Худованд аз мардум дар замони асҳоби Каҳф гузориш карда, аз назари Ӯ бидуни ишкол будааст; Чароки агар ишколе дар он вуҷуд дошт, ба ҳеҷ ваҷҳ онро тақрир намекард, балки ҳатман онро рад мефармуд. Дар ҳоле ки натанҳо онро рад нафармуда, балки бо тавсифи аҳли он ба унвони касоне ки «غَلَبُوا عَلَىٰ أَمْرِهِمْ», онро ба наҳви зимнӣ таъйид фармудааст. Аз инҷо дониста мешавад ки дар посухи мазкур, ба <<Кори мардум>> истиноде нашуда, балки ба тақрир ва таъйиди Худованд истинод шудааст.

Сониян мурд аз сохтани масҷид дар наздики қубури солеҳон, сохтани масҷид бар рӯӣ қубури онон ба наҳве ки қубури онон дар масҷид воқеъ шавад нест; Зеро ба сароҳат гуфта шудааст ки намоз гузордан пиромуни қубури онон дар ҷойе ки қубури онон дида мешавад ва бино ниҳодан бар рӯӣ онон шойиста нест. Бо ин васф, сохтани масҷид дар наздики қубури онон ба наҳве ки қубури онон берун аз масҷид воқеъ шавад ва қобили рӯъят барои намозгузорон набошад, ишколе надорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки асл, ҷавози сохтани маҷид дар ҳар ҷойе аст магар ҷойе ки далойиле аз шаръ барои адами ҷавози он расида бошад ва он танҳо сохтани масҷид бар рӯӣ қубур аст; Ҳамчунонки бино ниҳодан бар рӯӣ қубур низ шойиста нест ва ҳазрати аллома Мансури Ҳошиаии Хуросонӣ онро <<Бидъати подшоҳон>> шумурдааст ки бар рӯӣ қубури худ биноҳо месохтанд.

Худованди меҳрубон бар тавфиқи шумо бародари арҷман бияфзояд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.