Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 4 Коди пурсиш: 54
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти Худованд; Вуҷуди Худованд ва тавҳиди Ӯ

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 01/11/2015

Ба кор бурдани унвони <<Имом>> барои ғайри Расули Худо ва дувоздаҳ ҷонишинаш чи ҳукме дорад?

Посух ба Пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш:

<<Имом>> ба маънои касе аст ки аз ӯ табаъият мешавад ва бо ин васф, касе ба наҳви мутлақ <<Имом>> хонда намешавад магар онки ба наҳви мутлақ аз ӯ табаъият шавад; Зеро итлоқи <<Имом>> бар касе ки ба наҳви мутлақ аз ӯ табаъият намешавад, дурӯғ аст, агарчи <<Имом>> хондани ӯ ба наҳви муқайяд монанди <<Имоми ҳадис>>, <<Имоми фақиҳ>>, <<Имоми луғат>> ва <<Имоми ҷамоъат>> рост бошад ва бо ин васф, касе ки худро бидуни тақйид <<Имом>> мехонад ё дигарон ӯро бидуни тақйид <<Имом>> мехонанд ва ӯ ононро аз ин кор боз намедорад, аз ду ҳол берун нест; Ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн дода ки дар ин сурат, <<Имом>> хонанд ӯ парастиши Худованд аст, ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн надода ки дар ин сурат, <<Имом>> хондани ӯ парастиши тоғут аст; Чароки <<Имом>> дар китоби Худованд бар ду кас итлоқ шудааст; Касе ки ба амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا» (Анбиёъ/ 73); <<Ононро имомоне қарор Додем ки ба амри Мо раҳбарӣ мекунанд>> Ва касе ки бидуни амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ» (Қасас/ 41); <<Ва ононро имомоне қарор Додем ки ба сӯӣ оташ фаро мехонанд>> бидуни қайди «بِأَمْرِنَا» ва бо ин васф, <<Имом>> хондани касе ҷуз халифаи Худованд дар замин, агар бо эътиқод ба вуҷуби табаъият аз ӯ монанди табаъият аз халифаи Худованд дар замин бошад, ширк аст ва агар бидуни ин эътиқод бошад, сӯъи таъбир ва ташаббуҳ ва мушрикон шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ» (Тавба/ 30); <<Ин сухани онон бо даҳонҳошон аст, шабеҳи сухани касонеро мегӯянд ки пештар кофир шуданд, Худованд ононро бикушад, ба куҷо инҳироф меёбанд?!>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.