Чоршанбе 22 ноябр 2017 мелодӣ баробар бо 4 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 53
Мавзӯъи фаръӣ:

Илм ва ҷаҳл; Иртиботи илм ва амал

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 01/11/2015

Назари эшон дар мавриди улуми дигари ақлӣ (ғайр аз фалсафа) чист? Мисли илми мантиқ ва илми калом ва ... чун ишора доштаанд ки ба илми фалсафа алоқа надоранд; Зеро онро хеле таҷридӣ ва ғайри корбурдӣ медонанд. Оё дар мавриди илми калом ва илми мантиқ ва сойири улуми ақлӣ ки дар сатҳи ҳавзаҳо ва донишгоҳҳо тадрис мешавад ҳам ҳамин назарро доранд?

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Илми калом, илми корбурдӣ ва судманд аст ҳаргоҳ мақсуд аз он шинохти ақойиди Ислом аз рӯӣ бурҳон ва дифоъ аз онҳо дар баробари шубаҳоти мункирон бошад; Чунонки Худованд фармудааст: «ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ» (Наҳл/ 125); <<Бо ҳикмат ва андарзи неку ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба наҳвае ки беҳтар аст ҷидол намо>> Ва фармудааст: «قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ» (Бақара/ 111); <<Бигӯ бурҳони худро биёваред агар росгӯён ҳастед>>, на муҷодила аз тариқи муғолита ва бозӣ бо истилоҳот барои дифоъ аз ақойиде ки бурҳоне барои онҳо вуҷуд надорад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ» (Ҳаҷ/ 8); <<Ва аз мардум касоне ҳастанд ки дар бораи Худованд бидуни илме ё ҳидояте ё китобӣ рӯшангар муҷодила мекунанд>> Ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِ اللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ ۙ إِنْ فِي صُدُورِهِمْ إِلَّا كِبْرٌ مَا هُمْ بِبَالِغِيهِ ۚ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ» (Ғофир/ 56); <<Ҳароина касоне ки дар бораи оёти Худованд бидуни ҳуҷҷате ки ононро омада бошад муҷодила мекунанд дар синаҳошон ҷуз кибре ки ба он намерасанд нест, пас ба Худованд паноҳ бубар; Чароки Ӯ шунавои биност>>! Ҳамчунин, бахше аз илми мантиқ ки ба шинохти усули тафаккур ва истидлол кӯмак мекунад ва аз фирефта шудан ба муғолитот боз медорад, корбурдӣ ва судманд аст, вале бахшҳое аз он низ зоъад ва ғайри зарурӣ аст ва аз ин ҷиҳат, ба фалсафа шабоҳат дорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.