Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 8 Коди пурсиш: 62
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯ

Нависандаи пурсиш: Ахӣ Тарихи пурсиш: 03/05/2017

Ҳамин имом Маҳдӣ ки меояд мардҳоро мекушад ва шиками занҳои ҳомиларо пора мекунад! Ҳамин мардҳое ки мекушад чи касоне ҳастанд?

Посух ба Пурсиши шумораи: 8 Тарихи посух ба пурсиш:

Ин <<Гумони баде>> дар бораи имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки воқеъият надорад; Чароки бинобар ривоёти мутавотири Исломӣ, имом Маҳдӣ алайҳи салом халифаи Худованд ва халифаи Паёмбари Ӯст ва бо ин васф, ҳаргиз бар хилофи китоби Худованд ва бар хилофи суннати Паёмбари Ӯ амал намекунад ва табъан ҳеҷ бегуноҳеро намекушад ва шиками ҳеҷ зани ҳомилаеро пора намекунад! Чунин ҷиноёте танҳо аз халифаҳои мардум сар мезанад ки ҷаббор ва ситамгар ҳастанд ва барои касб ва ҳифзи қудрат, хуни бегуноҳонро мерезанд ва дар замин табоҳӣ меангезанд; Монанди халифаҳои Умавӣ ва Аббосӣ дар гузашта ва халифаи доъиш ва ҳокимони мустабидди дигар дар замоне ки аз ҳеҷ ҷинояте барои касб ва ҳифзи қудрат фуругузори накардаанд, дар ҳоле ки имом Маҳдӣ алайҳи салом тавассути Худованд ва Паёмбари Ӯ мансуб шудааст ва он ду бар хилофи мардум, ҷабборӣ ситамгарро мансуб намекунанд то хуни бегуноҳонро бирезад ва дар замин табоҳӣ ангезад. Аз ин рӯ, вақте фариштагон низ монанди шумо чунин гумони баде ёфтанд ва тарсиданд ки халифаи Худованд дар замин дар он табоҳӣ ангезанд ва хуни бегуноҳонро бирезад, Худованд тарси ононро нобаҷо донист ва ёдоварӣ кард ки Ӯ беҳтар медонад чи касеро халифаи Худ дар замин қарор диҳад; Чунонки фармудааст: «وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ» (Бақара/ 30); <<Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам, гуфтанд: Оё дар он касеро қарор медиҳӣ ки дар он табоҳӣ меангезанд ва хунҳо мерезанд?! Дар ҳоле ки мо ба ситойиши Ту тасбеҳ мегӯйем ва Туро тақдис мекунем, Гуфт: Ман чизе медонам ки шумо намедонед>> Ва сипас номи ҳамаи хулафоъи худ дар заминро ба иттилоъи онон расонд то бидонанд ки онон ҳамагӣ имомони ҳидоят ва адолат ҳастанд ва ҳеҷ кофир ё золиме дар миёни онон нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللّهِ تَعالیٰ: <وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَٰؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ> ما کانَتْ تِلْكَ الْأَسْماءُ؟ فَقالَ: کانَتْ أَسْماءَ خُلَفاءِ اللّهِ فِي الْأَرْضِ لِأَنَّهُ لَمّا قالَ لِلْمَلائِکَةِ: <إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ>؟! فَعَلَّمَ آدَمَ أَسْماءَ خُلَفائِهِ فِي الْأَرْضِ کُلَّها لِیُنْبِأَ الْمَلائِکَةَ فَیَعْلَمُوا أَنَّهُ لا یَجْعَلُ فِیها مَنْ یُفسِدُ فِیها وَ یَسْفِكُ الدِّماءَ خَلِیفَةً وَلٰکِنْ یَجْعَلُ النَّبِيينَ وَ الصِّدِّيقِينَ وَ الشُّهَدَاءَ وَ الصَّالِحِينَ وَ حَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقاً! <فَلَمَّا أَنْبَأَهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ>؟! وَ کانَ الْمَهْدِيُّ وَاللّهِ مِنْ تِلْكَ الْأَسْماءِ»; <<Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: <Ва ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт, сипас ононро бар фариштагон арза кард, пас Гуфт: Манро аз номҳои инон хабар диҳед агар рост мегӯйед> (Бақара/ 31), он номҳо чи буд? Пас фармуд: Номҳои хулафоъи Худованд дар замин буд; Зеро Ӯ ҳангоме ки ба фариштагон фармуд: <Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам, гуфтанд: Оё дар он касеро қарор медиҳӣ ки дар он табоҳӣ меангезанд ва хунҳо мерезад?!> (Бақара/ 30), пас ҳамаи онмҳои хулафоъи худ дар заминро ба Одам омӯхт то ба фариштагон хабар диҳад, пас бидонанд ки Ӯ дар он касе ки дар он табоҳӣ меангезад ва хунҳо мерезадро халифа қарор намедиҳад, бал Паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳонро қарор медиҳад ва онон неку рафиқоне ҳастанд! <Пас онҳоро аз номҳои онон огоҳ кард Гуфт: Оё ба шумо нагӯям ки Ман ниҳони осмонҳо ва заминро медонам ва чизе ки ошкор мекунед ва чизеро ки пинҳон медоредро медонам?!> (Бақара/ 33) ва ба Худо савганд ки Маҳдӣ яке аз он номҳо буд>>!

Ин аст сухани касоне аз мардум ки чун ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунем мегӯянд: Оё ӯ касе аст ки <<Мардҳоро мекушад ва шиками занҳои ҳомиларо пора мекунад>>?! Дар ҳоле ки посухи мо ба онон мубтанӣ бар посухи Худованд ба фариштагон аст ва он инки Худованд Маҳдиро халифае дар замин қарор додааст ва Худованд чизе медонад ки шумо намедонед; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло фармудааст: <<Ҳароина хулафоъи Худованд дар замин касоне ҳастанд ки ба қадри ҳар чизе дар он ва ҷояш ҳидоят шуда ва аз ҳар зулме покиза гардидаанд, то ҳар чиз дар онро ба пуштивонаи покизагиашон, дар ҷойе ки Худованд барои он қарор додааст қарор диҳад, то бадин сон адолат варзанд ва зулмро аз миён бардоранд>> (Номаи 11).

Бо ин васф, Маҳдӣ танҳо бо касоне меҷангад ки бо Худованд ва Паёмбари Ӯ ҷанг доранд ва онон касоне аз кофирон, мунофиқон ва золимонанд ки бо сӯъи истифода аз қудрат ва сарвати худ, ба ҳифзи ҳокимияти тоғут ва ҷилавгирӣ аз ҳокимияти Худованд мепардозанд ва ҷуз иҷбор даст аз фитнаангезӣ ва фасод бар намедоранд. Маҳдӣ донотарини мардум ба Қуръон ва суннат аст ва танҳо барои татбиқи он ду зуҳур мекунад ва аз ин рӯ, танҳо касонеро мекушад ки куштани онҳо бинобар Қуръон ва суннат ҷойиз аст. Ӯ душмани мустакбирон ва дӯсти мустазъафон аст ва сулҳ, амният ва оромишро барои мазлумон ба армуғон меоварад ва имконотро аз инҳисори табақаи золим хориҷ мекунад ва ҷаҳонро ҳамон тавр ки аз зулм пур шудааст аз адолат пур месозад; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло фармудааст: <<Оромиши шабҳо ва хуррамии рӯзҳои ту Маҳдӣ аст. Шодии мондагор ва ширинии рӯзгори ту Маҳдӣ аст. Хушбахтии дунё ва растгории охирати ту Маҳдӣ аст>> (Гуфтори 1) Ва фармудааст: <<Аҳкоми Худовандро дар миёнашон ҷорӣ хоҳад сохт ва адолати мутлақро дар пастуӣ хонаҳо ва оғули гӯсфандонашон дохил хоҳад намуд, бал ононро ба сарзаминҳои мавъуде хоҳад расонд ки дар онҳо шир ва асал ҷорӣ аст ва хокаш зарфарони сойида ва сангрезааш алмос ва марворид аст>> (Гуфтори 113) Ва фармудааст: <<[Худованд] ба касоне аз шумо ки ҳаққро бишносад ва бар сари он истодагӣ кунанд ваъда додааст ки ононро дар замин мекнат диҳад ва ойини писандидаашонро барояшон бигустаронад ва тарсашонро пас аз дере ба амният табдил намояд, то Ӯро ба пиростагӣ бипарастанд ва касеро бо Ӯ шарик насозанд. Онгоҳ касоне ки бар Худованд дурӯғ бастанд аз раҳмати Ӯ нумед хоҳанд шуд ва хоҳанд донист ки Ӯро дар замин оҷиз натавонанд кард ва Худованд ба ваъдаи худ вафо мекунад ва Ӯро нуре аст ки густаронандаи он аст, ҳар чанд кофирон хуш надоранд>> (Номаи 12).

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.