Шанбе 17 август 2019 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсиш ва посух

   
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 51
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Али Розӣ Тарихи пурсиш: 01/11/2015

Шиъаён барои намоз аз мӯҳр истифода мекунанд. Назари эшон чист? Оё саҷда бар турбати имом Ҳусейн (а) ва бар хоки Карбало мустаҳаб аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 03/11/2015

Саҷда бар хок ва сангреза суннат аст ва саҷда бар гилҳои пухта ки аҳли ташаюъ месозанд ва онро <<Мӯҳр>> меноманд, ишколе надорад, вале навиштаи асмоъи муқаддаса ба он бо таваҷҷуҳ ба инки бар рӯӣ замин ва зери поҳо қарор мегирад, хуб нест, бал беҳтар аст ки аз рӯӣ он маҳв шавад ва саҷда бар хок ва сангрезаи амокине монанди Масҷидул Ҳаром ва Масҷидул Набӣ ва Машҳадул Ҳусейн бо назар ба баракати онҳо, хуб аст ва саҷда бар пашму нах ва пару катон ва мӯюу пӯст ва абрешим, хуб нест; Чароки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар онҳо саҷда накард ва саҷда бар онҳо пас аз Ӯ ройиҷ шуд ва саҷда бар чӯбу коҳ ва баргу алаф, ишколе надорад ва беҳтарин саҷдагоҳ хок ва сангрезаҳое аст ки дар макони намоз мавҷуд аст; Чароки ба суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наздиктар аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Шумораи
таълиқ:
1
Нависандаи
таълиқ:
Содиқ
Тарихи
таълиқ:
01/04/2019

Оё саҷда бар тикаҳои санг ва ҳамчунин музойик, кошӣ (кафел) ва сиромик дар қисматҳои бидуни ранги онҳо ишкол дорад? Варақи коғаз чи тавр дар сурате ки маншаъи гиёҳӣ ва на санъатӣ дошта бошад? Мамнун аз сабр ва ҳавсалаи шумо азизон

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 06/04/2019

Бештари мазоҳиби Исломӣ бар онанд ки саҷда бар ҳар чизи собите ҷойиз аст; Чароки Худованд дар китоби худ ба саҷда амр карда ва он бо гузоштани пешонӣ бар ҳар чизи собите таҳаққуқ меёбад, вале ҳамаи онҳо иқрор доранд ки саҷда бар замин беҳтар аст; Чароки ба маротиб хошиъонатар аст ва Худованд хушуъ дар намозро сутуда ва фармудааст: «الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ» (Мӯъминун/ 2); <<Касоне ки дар намозашон хошеъ ҳастанд>> Ва аз Паёмбар саллаллоҳа алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «جُعِلَتْ لِيَ الْأَرْضُ مَسْجِداً وَ طَهُوراً» (Муснади Аҳмад, ҷ1, с301; Сунани Доремӣ, ҷ2, с224; Саҳеҳел Бухорӣ, ҷ1, с113; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с188; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с56; Сунани Насоъӣ, ҷ1, с210); <<Замин барои ман саҷдагоҳ ва пок кунанда қарор дода шуд>>. Аз ин рӯ, дар ривоёт омадааст ки саҳоба дар ҳавои гарм, сангрезаҳоро барои саҷда хунук мекарданд (нигоҳ бунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ3, с327; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с100; Сунани Насоъӣ, ҷ2, с204; Сунани Байҳақӣ, ҷ2, с105) Ва ин бар он аст ки саҷда бар заминро ба саҷда бар чизҳои дигар тарҷеҳ медоданд, агарчи холӣ аз машаққат набошад.

Оре, бино бар ривоёти мутавотир, саҷда бар чизҳойе ки аз замин мерӯянд, дар ҳукми саҷда бар замин аст, машрут ба инки хӯрданӣ ё пӯшиданӣ набошанд; Чунонки аз Ҳишом ибни Ҳакам ривоят шудааст ки гуфт: «قُلْتُ لِأَبي عَبْدِ اللّهِ عَلَيْهِ السَّلامُ: أَخْبِرْني عَمّا يَجُوزُ السُّجُودُ عَلَيْهِ و عَمّا لا يَجُوزُ؟ قالَ: السُّجُودُ لا يَجُوزُ إلّا عَلَى الْأَرْضِ أَوْ ما أَنْبَتَتِ الْأَرْضُ إِلّا ما أُكِلَ أَوْ لُبِسَ، فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداكَ ما الْعِلَّةُ في ذٰلِكَ؟ قالَ: لِأَنَّ السُّجُودَ هُوَ الْخُضُوعُ لِلّهِ عَزَّ وَجَلَّ فَلا يَنْبَغِي أَنْ يَكُونَ عَلىٰ ما يُؤْكَلُ وَ يُلْبَسُ لِأَنَّ أَبْناءَ الدُّنْيا عَبِيدُ ما يَأْكُلُونَ وَ يَلْبَسُونَ وَ السّاجِدُ في سُجُودِهِ في عِبادَةِ اللّهِ تَعالىٰ فَلا يَنْبَغِي أَنْ يَضَعَ جَبْهَتَهُ في سُجُودِهِ عَلىٰ مَعْبُودِ أَبْناءِ الدُّنيَا الّذِينَ اغْتَرُّوا بِغُرُورِها وَ السُّجُودُ عَلَى الْأَرْضِ أَفْضَلُ لِأَنَّهُ أَبْلَغُ فِي التَّواضُعِ وَ الْخُضُوعِ لِلّهِ عَزَّ وَجَلَّ» (Ибни Бубувей, Илалул Шаройеъ, ҷ2, с341); <<Ба Абӣ Абдуллоҳи (имом Ҷаъфари Содиқ) алайҳи салом гуфтам: Манро аз чизҳойе ки саҷда бар онҳо ҷойиз аст ва чизҳойе ки саҷда бар онҳо ҷойиз нест хабар бидеҳ, фармуд: Саҷда ҷуз бар замин ё чизе ки аз замин мерӯяд магар чизе ки хӯрда ё пӯшида мешавад ҷойиз нест, ба ӯ гуфтам; Фидоят шавам, иллати он чист? Фармуд: Барои инки саҷда хоксорӣ барои Худованди аззаваҷал аст, пас шойиста нест ки бар рӯйи хӯрданиҳо ва пӯшиданиҳо бошад; Зеро фарзандони дунё бандаи чизҳойе ҳастанд ки мехуранд ва мепӯшанд, дар ҳоле ки саҷда кунанда дар саҷдаи худ, дар ҳоли бандагии Худованди баладмартаба аст, пас шойиста нест ки пешонии худро дар саҷдааш бар рӯйи маъбуди фарзандони дунё ки ба он фирефта шудаанд бигзоранд ва саҷда бар замин беҳтар аст; Чароки дар фурутанӣ ва хоксорӣ барои Худованди аззаваҷал расотар аст>>. Аз инҷо дониста мешавад ки саҷда бар маводди санъатӣ ва ғайри табиъӣ низ шойиста нест; Зеро бо таваҷҷуҳ ба инки тавассути башар истеҳсол шуда ва тағйири моҳият додаанд, замин ё чизӣ рӯйида аз он дониста намешаванд ва илова бар ин, монанди хӯрданиҳо ва пӯшиданиҳо маъбуди фарзандони дунё маҳсуб мешаваднд. Аз ин рӯ, дар ривоёти аҳли байт, аз саҷда бар тилло, нуқра, қир, соруҷ ва шиша наҳй шуда (никоҳ кунед ба: Ал-Кофӣ, ҷ3, с331 ва 332; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с334; Ҳамон, Таҳзибул аҳком, ҷ2, с304) ва зоҳир он аст ки сиромик, кошӣ (кафел) ва анвоъи музойик ҳам аз ин қабил ҳастанд; Бар хилофи коғази чӯбӣ ки саҷда бар он –хусусан ҳаргоҳ навиштае бар он набошад– мубоҳ дониста шудааст (нигоҳ кунед ба: Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с373; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ3, с332; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарал фақиҳ, ҷ1, с270; Табарӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с334).

Ҳосил онки шойиста аст намозгузор ба Паёмбар ва асҳоби ӯ иқтидо кунад ва бар рӯйи хок, санг, чӯб, барг ва алаф саҷда намояд ва аз саҷда бар рӯйи чизҳои хӯрданӣ, пӯшиданӣ ва санъатӣ бипарҳезад, магар инки барои ӯ усру ҳараҷ дошта бошад; Чароки дар ин сурат, метавонад бар рӯйи ҳар чизи собите саҷда кунад; Чунонки Худованд фармудааст: «يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ» (Бақара/ 185); <<Худованд бар шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо сахтӣ намехоҳад>> Ва фармудааст: «مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ» (Моъида/ 6); <<Худованд намехоҳад ки барои шумо тангнойе қарор диҳад>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?