Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 11 Коди пурсиш: 49
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Мансур ва заминасозии ӯ барои зуҳури Маҳдӣ

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 01/11/2015

Теъдодӣ дигар аз суъолҳои дӯстон тақдим мегардад:

1- Алломаи Хуросонӣ дар с314 китоби <<Бозгашт ба Ислом>> фармудааст: <<Ва ман агар дар замин тамаккун ёбам, онон [ҳокимони муҳориб ва муфсид] ро ба сазои аъмолашон хоҳам расонд; Чароки бардоштани онон аз сари роҳи Маҳдӣ, бар ҳар мусалмоне ки мутамаккин аз он бошад, воҷиб аст.>> Суъол ин аст ки оё эшон барои анҷоми ин кор аз ҳазрати Маҳдӣ изн доранд ва ё ба раъй ва иҷтиҳоди яқинии худ амал мекунанд? Манзур аз тамаккун ташкили ҳукумат аст? Дар ин сурат фарқи ин ҳукумат бо сойири ҳукуматҳои Исломӣ чист?

2- Дар яке аз гуфторҳо эшон худро бо ҳазрати Муслим ташбеҳ намудаанд. Ҳазрати Муслим аз имоми худ изн доштанд. Оё эшон аз ҳазрати Маҳдӣ изн доранд? Бархӣ аз уламо мисли имом Хумайнӣ низ ҳаракати инқилобии худро баргирифта аз қиёми имом Ҳусейн медонистанд, бо ин ҳол муддаъии изн аз ҳазрати Маҳдӣ набуданд ва ба раъй ва иҷтиҳоди худ амал менамуданд ки албатта тибқи назари аллома раъй ва иҷтиҳод ба танҳоӣ яқин эҷод намекунад.

3- Ҳамон тавар ки ҳазрати Маҳдӣ (а) мавъуд ҳастанд, даъват кунандагон ва заминасозони зуҳури эшон ба ҳукми ақли салим бояд мавъуд бошанд; Зеро ақл ҳукм мекунад ки Расули Худо ва сойири аъимаи аҳли байт ба онҳо башорат диҳанд ва мардумро ба сӯӣ онҳо суқут диҳанд. Ҳол чигуна аст ки алломаи Хуросонӣ исрор доранд фақат бар мавориди яқинии китоби <<Бозгашт ба Ислом>> такя кунем ва ба мавориде ки ба Хуросонии мавъуд дар аҳодиси мӯътабар ишора шуда такя накунем? Дар ин сурат чигуна ба яқини комил бирасем? Дар маҷмӯъ ривоёте ки аз Расули Худо (с) ва Амирул Мӯъминин ва сойири аъимаи аҳли байт нақл шуда ба сароҳат мавориди зкйл барои шинохти яке аз нойибони хосси ҳазрати Маҳдӣ (а) ишора шуда:

- Соҳиби парчамҳои сиёҳ

- Ҳошимӣ ва Хуросонӣ будан

- Фотимӣ будан

- Ҳасанӣ ё Ҳусейнӣ будан

- Ҷавони зебо рӯй

- Дар кафи дасти чаппаш хол аст.

- Пешопеши лашкараш Шуъайб ибни Солеҳи Тамимӣ аст.

- Ганҷҳои Толиқон ӯро иҷобат мекунанд.

- Бо банӣ Умаяи охири замон (Суфиёнӣ) ҷанг мекунад ва ӯро шикаст медиҳад.

- Ҳазрати Маҳдӣ дар лашкараш пинҳон аст ва ӯро ҳидоят мекунад ва ...

Ҳамаи маворид нишон аз он дорад ки Расули Худо ва аъиммаи аҳли байт нишонаҳоеро лозим дидаанд барои шиносойии ӯ матраҳ намуданд, ҳамон тавр ки Салмони Форсӣ ҳангоми вуруд ба Мадина нишонаҳоеро ки аз китоби осмонӣ бардошт карда буд бо Расули Худо татбиқ дод ва ба яқини комил расид ва ба ҳазрат имон овард. Лутфан дар ин маврид бештар тавзиҳ диҳед.

Посух ба Пурсиши шумораи: 11 Тарихи посух ба пурсиш:

Бародари фарҳехта!

Посухи пурсишҳои дӯстоннатон бо риъояти тартиби онҳо ба қарори зер аст:

1. Муроди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло аз <<Тамаккун дар замин>>, лузуман дастёбӣ ба ҳукумат нест, бал бархурдорӣ аз имконоти лозим барои дафъи фитнаи ҳокимони золим ва канор задани онҳо аз сари роҳи Маҳдӣ аст ки аъамми аз дастёбӣ ба ҳукумат аст ва чи басо бо ҳимояти шморӣ кофӣ аз мусалмонон муяссар мешавад; Чунонки худ сариҳан фармудааст: <<Бардоштани онон аз сари роҳи Маҳдӣ, бар ҳар мусалмоне ки мутамаккин аз он бошад, воҷиб аст>>, дар ҳоле ки рӯшан аст дастёбӣ ба ҳукумат, бар ҳар мусалмоне ки мутамаккин аз он бошад, воҷиб нест, балки ҷуз бо инзи қатъии Худованд машрӯъият намеёбад ва бо ин васф, тамаккун дар замин барои <<Расондани онон ба сазои аъмолашон>>, аъамми аз дастёбӣ ба ҳукумат аст. Ба ҳар ҳол, тардиде нест ки ҳар кас бидуни изни Худованд ки аз тариқи насси қатъии халифааш дар замин ё оётӣ баййина шинохта мешавад, ба ҳукумат бар мусалмонон даст ёзад, тоғут аст, агарчи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бошад.

2. Ташбеҳи касе ба касӣ дигар, лузуман ба маънои ташобаи он ду дар ҳамаи ҷиҳот нест; Чунонки Худованд Исо алайҳи саломро ба Одам алайҳи салом ташбеҳ кард ва фармудааст: «إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ» (Оли Имрон/ 59); <<Ҳароина масали Исо назди Худованд чунон масали Одам аст ки ӯро аз хок офарид, пас ба ӯ фармуд бош пас шуд>>, дар ҳоле ки рӯшан аст Исо алайҳи салом модар дошта ва Одам алайҳи салом модар надошта ва бо ин васф, ташобаи он ду дар ҳамаи ҷиҳот набуд. Аз инҷо дониста мешавад ки ташбеҳи Мансур ба Муслим бини Ақил лузуман ба маънои бархурдории Мансур аз изни Маҳдӣ монанди бархурдории Муслои аз изни Ҳусейн нест, агарчи имкони он вуҷуд дорад ва бо ин васф, барои огоҳӣ аз он, бояд ба чизе ҷуз ташбеҳи мазкур муроҷиъа кард. Қадри мутаяққан ин аст ки заминасозии Мансур барои омадани Маҳдӣ аз тариқи гирифтани байъат барои ӯ ва омодасозии шуморӣ кофӣ барои ҳимоят аз ӯ, шабеҳи кори Муслим барои Ҳусейн аст ва ҳамин барои сиҳҳати ташбеҳи он ду ба якдигар кофӣ аст.

3. Ривоёт дар бораи зуҳури марде аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ ки ба сӯӣ Маҳдӣ фаро мехонад ва барои ҳокимияти ӯ заминасозӣ мекунад, мутавотир аст ва агар касе эҳтимол медиҳад ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло назар ба иҷтимоъи сифоти мазкур, ҳамон мард аст, набояд дар интизори иддаъои ӯ биншинад, балки бояд дар бораи ӯ таҳқиқ кунад ва таҳқиқ дар бораи ӯ, бо руҷуъ ба ӯ ё руҷуъ ба касоне мумкин аст ки ба ӯ руҷуъ доранд то дар бораи нишонаҳои ӯ иттилоъ ҳосил кунад; Чароки шинохти Хуросонии мавъуд мутаваққиф бар иддаъои ӯ нест, бал мутаваққиф бар нишонаҳое аст ки барони ӯ ривоят шудааст, хоҳ ӯ онро иддаъо кунад ва хоҳ ба далойиле аз иддаъои он худдорӣ кунад; Зеро дар ривоёт наёмадааст ки Хуросонии мавъуд, худро Хуросонии мавъуд мешуморад, бал танҳо нишонаҳое барои ӯ омада ва рӯшан аст ки ин нишонаҳо, барои шинохти ӯ тавассути дигарон қатъи назар аз иддаъои ӯ кофӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар қатъи назар аз иддаъои ӯ кофӣ набошад, бо назар ба иддаъои ӯ низ кофӣ нахоҳад буд; Зеро иддаъо барои касе ки нишонаҳои Хуросонии мавъудро надорад судманд нест, ҳамчунонки тарки иддаъо барои касе ки нишонаҳои Хуросонии мавъудро дорад, зиёнбор нест. Аз ин рӯ, Буҳайрои насронӣ Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салломро пеш аз онки иддаъо кунад, бо нишонаҳояш шинохт ва ин аз боби он буд ки гуфтаанд; <<Офтоб омад далили офтоб>> ва гуфтаанд: <<Ҳунар биёр ва забоноварӣ макун Саъдӣ/ чи ҳоҷат аст бигӯяд шакар ки шининам!>>

Бо ин ҳол, тавзиҳоти бештаре дар ин бора дар посух ба нақди <<Ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори ҳазрати Маҳдӣ>> (Нақд ва баррасӣ 11) мунташир шуда ки мутолиъаи он барои шумо судманд аст. Ба илова, қаблан ба иттилоъи шумо расид ки метавонед дар сурати узвияти фаъол дар ин пойгоҳи Исломӣ, бо бархӣ касоне ки ба ҳазрати аллома руҷуъ дорад иртиботи мустақим дошта бошед то тавзиҳоти бештаре дар бораи бархӣ масоъил дарёфт кунед ин шоъ Аллоҳ.

Тавфиқи шумо ва дӯстонатонро аз даргоҳи Худованди меҳрубон масъалат дорем.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.