Сешанбе 17 июл 2018 мелодӣ баробар бо 4 зулқаъда 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English
Мансури Ҳошимии Хуросони
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

     
Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 6 Коди пурсиш: 47
Мавзӯъи фаръӣ:

Илм ва ҷаҳл; Мавонеъи таҳсили илм (тақлид, таъассуб, такаббур, хурофагароӣ ва ...)

Нависандаи пурсиш: Ҳомид Муқаддам Тарихи пурсиш: 26/10/2015

Бо дуруд ва эҳтиром ба соҳати олими олимақом ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, лутфан бифармойед ки оё тақлид аз олимон дар сурати илм ба далойили онҳо ҷойиз аст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 6 Тарихи посух ба пурсиш: 26/10/2015

Чуононки аз сареҳи ибороти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с 45) дониста мешавад, мурод аз тақлид амал ба гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст ва бо ин васф, амал ба гуфта ё кардаи дигарӣ бо далил, тақлид шумурда намешавад, балки итоъат аз далил аст. Бинобарин, амал ба фатвои олимон дар сурате ки далоили қонеъ кунандае барои он аз китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар ё ақлӣ салим иқома кунанд, ҷойиз аст, балки чи басо воҷиб шумурда мешавад; Чароки амал ба он дар чунин сурате, амал ба китоби Худо ё суннати мутавотири Паёмбар ё ақли салим аст.

Оре, дар сурате ки далойили олимон барои фатвояшон, ғайри яқинӣ ва аз хабари воҳид ё иҷмоъ ё шӯҳрат бошад, амал ба он ҷойиз нест; Чароки занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва бо ин васф, руҷӯъи мустақим ба китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар ё ақли салим ба манзури фаҳс аз далойили яқинӣ дар сурате ки эҳтимоли он вуҷуд дошта бошад, воҷиб аст ва дар сурате ки эҳтимоли он вуҷуд надошат бошад ё фаҳс аз далойили яқинӣ ба натиҷае наянҷомад, руҷӯъ ба усули аввалӣ монанди асли ибоҳа ва ҳузур ё усули амалӣ монанди бароъат ва эҳтиёт ва тахйир ва истисҳоб, мутаъаййин аст; Машрут ба инки иқомаи лозим барои дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин анҷом шуда бошад; Чароки руҷӯъ ба усули аввалӣ ё амалӣ дар сурате ки чунин иқомае анҷом нашуда бошад, монанди руҷӯъ ба онҳо дар мавориди вуҷуди далил аст ки кофӣ шумурда намешавад ва иқдоми лозим барои дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин, иҷобат ва ёрии Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки даъват кунандае ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасози зуҳури ӯ аз тариқи маъқул ва машрӯъ аст ва Худованд танҳо аз парҳезкорон мепазирад.

Ин сироти мустақиме аст ки ҳар кас ба он гом ниҳода, комёб шуда ва ҳар кас аз он рӯй гирифта, дар гумроҳӣ аст ва оқибат барои парҳезкорон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.