Сешанбе 17 июл 2018 мелодӣ баробар бо 4 зулқаъда 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English
Мансури Ҳошимии Хуросони
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

     
Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 45
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми намоз

Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Оё гуфтани ҷумлаи <<Ашҳаду анна Алиян валиюллоҳ>> дар азон онро ибтол мекунад? Уламоъи шиъа ба иттифоқ онро ҷузъи азон намедонанд, вале аз гуфтани он низ наҳй намекунанд. (Истидлол ба ояи 55 сурати Моъида мекунанд.) Оё ҳукми ҳазрати Хуросонӣ ҳам ҳамин аст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Гуфтани <<Ашҳаду анна Алиян валиюллоҳ>> дар азон монанди гуфтани <<Ассалоту хайру минаннавм>> дар он, бидъат аст ва монанди сухан гуфтан дар миёни он, макруҳ шумурда мешавад вале мубтили он нест; Чунонки Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей (д.381қ) маъруф ба шайхи Садуқ аз олимони мутақаддими шиъа, дар китоби <<Манло яҳзарул фақиҳ>> (ҷ1, с290) гуфтани ин иборат дар азонро аз бидъатҳои <<Муфаввиза лаънаҳумуллоҳ>> донистааст ки худро ба дурӯғ дар миёни шиъа ҷо задаанд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Алӣ
Тарихи
таълиқ:
20/02/2017

Инҳо мегӯянд ки агар ба нияти ин гуфта шавад ки ҷузвӣ аз азон аст бидъат аст ва ишкол дорад вале агар сирфан барои зебойии он гуфта шавад ишколе надорад балки беҳтар аст. Оё чунин чизе дуруст аст? Ва оё дар иқома ҳам бадин гуна аст?

Ташаккур

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 23/02/2017

Ҳеҷ ибодате бо бидъат зебо ва беҳтар намешавад; Зеро чизе ки Худованд ташриъ кардааст зишт ва бадтар нест то бо орояҳои мардум зебо ва беҳтар шавад, балки дар камоли зебойи ва хубӣ аст. Ба унвони дигар, Худованд динашро ноқис нагузоштааст то мардум онро такмил кунанд, балки онро комил сохтааст ва бо ин васф, афзудани чизе бар он ҷуз ба ваҳни он намеанҷомад. Бинобарин, шаҳодати севвум ва тасвиб дар азон, монанди сухан гуфтан дар миёни он макрӯҳ аст ва ин дар сурате аст ки ҷузъӣ аз он пиндошта нашавад; Зеро агар ҷузъе аз он пиндошта шавад, қатъан ҳаром аст ва баъид нест ки ба бутлони он бианҷомад, балки агар ҷузъӣ аз он пиндошта нашавад низ мудовимат бар он ҷойиз нест; Зеро ноогоҳонро ба ин пиндор дучор мекунад ки ҷузъӣ аз он аст ва ин иғроъ ба ҷаҳл маҳсуб мешавад ва миёни азон ва иқома дар ин бора фарқе нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.