Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 41
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи аҳли байти Паёмбари хотам салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва шуъуни онон

Нависандаи пурсиш: Довуд Тарихи пурсиш: 13/09/2015

Дар хусуси илми ғайб суъолоте доштам:

1. Оё Паёмбар илми ғайб доштанд?

2. Оё аъиммаи [аҳли байт] илми ғайб доштанд?

3. Дар сурати доштани илми ғайб вақте ки ман мутаваҷҷеҳ шудам халифа ё ... дорои илми ғайб аст, читавар метавонам бо ихтиёр аъмоли хуб анҷом диҳам ва аз аъмоли бад дурӣ кунам? Инҷо ҳеҷ рушде сурат намегирад.

Бо ташаккур

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Мурод аз <<Илми ғайб>>, илм ба мавзӯъоте аст ки илм ба онҳо барои инсон аз тариқи табиъӣ мумки нест, монанди илм ба ҳаводисӣ дар гузашта ки нақл нашудаанд ва ҳаводисӣ дар ҳол ки аз чашм ва гӯши инсон пӯшидаанд ва ҳаводисӣ дар оянда ки асбоби онҳо дар ҳоли ҳозир маълум нест, на монанди илм ба тулуъи хуршед дар фардо ё вазъияти ҳаво дар чанд рӯзи дигар ё бардошти маҳсул дар фасле аз сол ки асбоби онҳо дар ҳоли ҳозир маълум аст ва аз ин рӯ, илми ба ғайб шумурда намешаванд.

Бо ин васф, рӯшан аст ки илми ба ғайб танҳо барои Худованд аст; Зеро танҳо Ӯст ки комил аст ва ба иқтизои камоли худ, ба ҳар чизе доност ва танҳо Ӯст ки азалӣ ва абадӣ аст Холиқи асбоб ва ҳаводис аст ва табъан ба махлуқоти худ дар гузашта, ҳол ва оянда иҳота дорад ва чизе дар берун аз хилқати Ӯ воқеъ намешавад то аз Ӯ пинҳон бимонад; Чунонки фармудааст: «فَقُلْ إِنَّمَا الْغَيْبُ لِلَّهِ» (Юнус/20); <<Пас бигӯ ғайб танҳо барои Худованд аст>> Ва фармудааст: «وَعِنْدَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لَا يَعْلَمُهَا إِلَّا هُوَ ۚ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ ۚ وَمَا تَسْقُطُ مِنْ وَرَقَةٍ إِلَّا يَعْلَمُهَا وَلَا حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الْأَرْضِ وَلَا رَطْبٍ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُبِينٍ» (Анъом/59); <<Ва калидҳои ғайб назди Ӯст ки касе ҷуз Ӯ онҳоро намедонад ва чизе ки дар хушкӣ ва дарёстро медонад ва ҳеҷ барге намеафтад магар инки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тар ва хушке нест магар инки дар китобӣ Рӯшангар аст>> Ва фармудааст: «قُلْ لَا يَعْلَمُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ ۚ» (Намл/65); <<Бигӯ ҳеҷ касе ки дар осмонҳо ва замин аст ҷуз Худованд ғайбро намедонад>> Ва бо ин васф, табиъӣ аст ки инсон олим ба ғайб нест ва наметавонад бошад; Чароки ақл ва ҳисси ӯ қодир нест ҳаводисӣ дар гузаштаро дарк кунад ки барои ӯ нақл нашудаанд ё ҳаводисӣ дар ҳолро дарк кунад ки аз чашм ва гӯши ӯ пӯшидаанд ё ҳаводисӣ дар ояндаро дарк кунад ки асбоби онҳо дар ҳоли ҳозир барои ӯ маълум нест ва ин муқтазои табиъати ӯст ки бар он офарида шуда ва ба ҳамин ҷиҳат аст ки Худованд аз боби инкор ва истибъод фармудааст: «أَعِنْدَهُ عِلْمُ الْغَيْبِ فَهُوَ يَرَىٰ» (Наҷм/35); <<Магар назди ӯ илми ғайб аст, пас ӯ мебинад?!>> Ва фармудааст: «أَمْ عِنْدَهُمُ الْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ» (Тур/41); <<Ё ғайб пеши онҳост, пас онҳо менависанд?!>> Ва табъан дар ин бора, фарқе миёни Паёмбарон ва дигарон нест; Чароки олим набудан ба ғайб, муқтазои башар будани онҳо ва маҳдуд будани қувоӣ башарӣ аст ки миёни Паёмбарон ва дигарон муштарак аст; Чунонки Худованд фармудааст: «قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ» (Фуссилат/6); <<Бигӯ ман танҳо башарӣ монанди шумо ҳастам>> Ва фармудааст: «قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ لَكُمْ إِنِّي مَلَكٌ ۖ» (Анъом/50); <<Бигӯ ман ба шумо намегӯям ки ганҷинаҳои Худованд назди ман аст ва ғайб намедонам ва ба шумо намегӯям ки ман як фариштаам>> Ва фармудааст: «قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ ۚ» (Аъроф/188); <<Бигӯ ман барои худам суд ё зиёнеро молик нестам магар чизе ки Худованд бихоҳад ва агар ғайб медонистам бар хайр меафзудам ва ба ман шар намерасид>> Ва бо ин васф, аъиммаи аҳли байт низ ба тариқи авлое олими ба ғайб нестанд; Чароки онҳо низ башарӣ монанди сойири мардум ҳастанд ва башар аз он ҳайс ки башар аст, зарфияти илми ба ғайбро надорад.

Бале, мумкин аст Худованд башаре ки ба ӯ ваҳй мекунадро аз ҳодисаи дар гузашта ки барои ӯ нақл нашудааст ё ҳодисаи дар ҳол ки аз чашм ва гӯши ӯ пӯшидааст ё ҳодисаи дар оянда ки асбоби он барои ӯ маълум нест хабар диҳад; Чунонки фармудааст: «وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُطْلِعَكُمْ عَلَى الْغَيْبِ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَجْتَبِي مِنْ رُسُلِهِ مَنْ يَشَاءُ ۖ» (Оли Имрон/179); <<Ва Худованд касе нест ки шуморо аз ғайб мутталеъ кунад, вале Худованд ҳар кас аз Паёмбаронашро ки мехоҳад бар мегузинад>> Ва фармудааст: «عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَىٰ غَيْبِهِ أَحَدًا * إِلَّا مَنِ ارْتَضَىٰ مِنْ رَسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا» (Ҷин/26 ва 27); <<Олим ба ғайб аст, пас аҳадеро аз ғайби худ огоҳ намекунад; Магр касе аз Паёмбаронро ки биписандад, пас аз пеши рӯи ӯ ва аз пушти сараш дидабоне бар меангезад>>; Ҷуз онки аз як сӯ ин огаҳ сохтани Паёмбар ба ғайб тавассути Худованд, корӣ ҳамешагӣ ва қобили таваққуъ нест, бал махсус ба мавоқеъи зарурат ё маслиҳат аст ки Худованд ба он донотар аст; Чунонки намунаҳои фаровоне аз ноогоҳии Паёмбарон дар бораи ғайб вуҷуд дорад; Монанди ноогоҳии Одам алайҳи салом аз нияти иблис ҳангоме ки ӯро ба хӯрдани аз шаҷараи мамнӯъа даъват кард ва ноогоҳии Нӯҳ алайҳи салом аз инки фарзандаш растгор намешавад то он гоҳ ки ғарқ шуд ва ноогоҳии Иброҳим ва Лут алаҳйи салом аз кистии фариштагон то он гоҳ ки худро муъаррифӣ карданд ва ноогоҳии Яъқуб алайҳи салом аз саргузашти Юсуф алайҳи салом ва макони ӯ то он гоҳ ки ӯ худро ба бародаронаш муъаррифӣ кард ва ноогоҳии Мӯсо алайҳи салом аз кори ду бонуи Мадян то ҷое ки аз он ду пурсид: «مَا خَطْبُكُمَا ۖ» (Қисас/23); <<Кори шумо дуто чист?>> Ва ноогоҳии Аюб алайҳи салом аз инки ҳамсараш муртакиби фаҳшо шудааст то ҳадде ки савганд хӯрд ӯро сад тозиёна бизанад ва ноогоҳии Юнус алайҳи салом аз инки қавмаш имон меоварданд то ҳадде ки бо хашм ононро тарк намуд ва аз сӯӣ дигар ин огоҳи сохтани Паёмбар ба ғайб тавассути Худованд, илми ғайбе барои Паёмбар шумурда намешуд, балки дар воқеъ илми ғайбе барои Худованд аст; Чароки Худованд Паёмбарро аз он огоҳ сохтааст; Ҳамчунонки агар Паёмбар дигаронро аз он огоҳ кунад, илми ғайбе барои дигарон шумурда намешавад; Чароки Паёмбар ононро аз он огоҳ сохтааст ва <<Илми ба ғайб>> бар касе ки тавассути дигарӣ аз ҳодисаи пинҳон огоҳӣ ёфтааст, сидқ намекунад; Чунонки аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам монанди бархӣ саҳобаи ӯ, аз тариқи ӯ дар бораи бархӣ ҳаводиси оянда огоҳӣ ёфтанд, вале ҳаргиз ба сабаби он, иддаъои илми ба ғайб накарданд, балки сариҳан онро аз худ нафй намуданд.

Ба унвони намуна, Абу Амр Муҳаммад ибни Умар ибни Абдулазиз Кашшӣ аз муҳаддисони қарни севуми ҳиҷрӣ, дар китоби риҷоли худ ки Абу Ҷаъфари Тувсӣ (д.46қ) онро талхис карда, ба санади саҳиҳ аз Абдуллоҳ ибни Муғайра ривоят кардааст ки гуфт: «كنتُ عندَ أبي الحسنِ عليه السلام أنا و يحيى بنُ عبدِ اللهِ بنِ الحسنِ عليه السلام، فقال يحيى: جُعلتُ فداكَ إنّهم يَزعُمونَ أنّك تَعلمُ الغيب؟ فقال: سبحان الله! سبحان الله! ضَع يَدَكَ على رأسي، فواللهِ ما بَقِيَتْ في جسدي شعرةٌ و لا في رأسي الا قامَتْ! ثمّ قال: لا واللهِ ما هي الا وراثةٌ عن رسولِ اللهِ صلى الله عليه وآله» (Тувсӣ, Ихтиёр маърифатул риҷол, ҷ2, с587; Муфид, Алъамолӣ, с23); Яъне: <<Ман ва Яҳё ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан (бини Алӣ) алайҳи салом назди Абул Ҳасан (Мӯсо ибни Ҷаъфар) алайҳи салом будим, пас Яҳё гуфт: Фадоят шавам, онҳо гумон мекунанд ки шумо илми ба ғайб доред! Фармуд: Субҳоналлоҳ! Субҳоналлоҳ! Дастатро бар рӯӣ сарам бугзор! Ба Худо савганд ҳеҷ мӯйе бар танам ва сарам намонд магар инки рост шуд! Сипас фармуд: На ба Худо савганд, он ҷуз варосате аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест>>.

Ҳамчунин, ба санади саҳиҳ аз Абу Басир ривоят кардааст ки гуфт: «قلتُ لأبي عبدِ اللهِ عليه السلام: إنّهم يقولون! قال: و ما يقولون؟ قلتُ: يقولون تَعلَمُ قَطْرَ المطرِ و عددَ النّجومِ و وَرقَ الشّجرِ و وزنَ ما في البحرِ و عددَ التّراب! فَرفَعَ يدَهُ إلى السّماءِ و قال: سبحان الله! سبحان الله! لا واللهِ ما يَعلَمُ هٰذا الّا الله!!» (Тувсӣ, Ихтиёр маърифатул риҷол, ҷ2, с588); Яъне: <<Ба Абу Абдуллоҳ (Ҷаъфар ибни Муҳаммад) алайҳи салом гуфтам: Онҳо (чизҳое) мегӯянд! Фармуд: Чи мегӯянд? Гуфт: Мегӯянд ки шумо қатраҳои борон ва шумораи ситорагон ва баргҳои дарахт ва вазни чизе ки дар дарёст ва шумораи хошокро медонед! Пас он ҳазрат дасти худро ба осмон баланд кард ва фармуд: Субҳаналлоҳ! Субаҳаналлоҳ! На ба Худо савганд, инро касе ҷуз Худованд намедонад>>!

Ҳамчунонки, Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ (д.328қ) дар китоби маъруф Ал-Кофӣ (ҷ1, с257) ба санади худ аз Судайри Сайрафӣ ривоят кардааст ки гуфт: «كنتُ أنا و أبو بصير و يحيى البزّازِ و داودُ بنُ كثيرٍ في مجلسِ أبي عبدِ اللهِ عليه السلام إذ خرجَ إلينا و هو مُغْضِبٌ، فلمّا أَخَذَ مجلسَهُ قال: يا عَجَباً لِأقوامٍ يَزعمونَ أنّا نَعلَمُ الغيبَ، ما يَعلَمُ الغيبَ إلّا اللهُ عزّوجلّ، لَقَدْ هَمَمْتُ بِضَربِ جاريتي فلانةٍ، فَهَرَبَتْ منّي فما عَلِمْتُ في أيِّ بُيوتِ الدّارِ هي»; Яъне: <<Ман ва Абу Басир ва Яҳёӣ Базоз ва Довуд ибни Касир дар маҷлиси Абу Абдуллоҳ (Ҷаъфар ибни Муҳаммад) алайҳи салом будем ки ногоҳ ба сӯӣ мо берун омад дар ҳоле ки хашмгин буд, пас чун дар ҷои худ нишаст фармуд: Шигифто аз касоне ки мепиндоранд мо ғайб медонем! Ғайбро ҷуз Худованди Аззаваҷал намедонад! Ҳароина ман хостам канизам фалониро бизанам, пас аз ман фарор кард ва ман надонистам ки дар кадом як аз утоқҳои хона пинҳон шудааст>>!

Инҳо намунае аз ривоёте аст ки маъноӣ онҳо ба сурати мутавотир аз аъиммаи аҳли байт расида ва мувофиқ бо китоби Худованд ва ақли солим аст ва ба ҳамин далил, ҳатто олимони бузурги шиъа ба он иқрор доштаанд ва эътиқод ба илми ғайб барои аъимми аҳли байтро мисдоқи ғулув дар бораи онон ва ҳатто куфр ва ширк шумурдаанд; Чунонки ба унвони намуна, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей маъруф ба Шейхи Садуқ (д.371қ) аз олимони бузурги шиъа, дар китоби Камолу Дин ва Тамому неъма (с106) гуфтааст: «مَن يَنحَلُ لِلأئمةِ علمَ الغَيبِ، فهٰذا كفرٌ بِاللهِ و خروجٌ عَنِ الإسلامِ عندَنا»; Яъне: <<Ҳар кас илми ғайбро ба аъимма нисбат бидиҳад, ин куфри ба Худованд аст ва дар назари мо хуруҷ аз Ислом шумурда мешавад>> Ва дар ҷойи дигари аз ҳамон китоб (с116), гуфтааст: «و الغيبُ لا يَعلَمُهُ إلّا اللهُ و ما ٱدّعاهُ لِبشرٍ إلّا مشركٌ كافر»; Яъне: <<Ва ғайбро ҷуз Худованд намедонад ва онро барои башаре иддаъо намекунад магар мушрикӣ кофир>>. Ҳамчунонки, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нӯъмон маъруф ба Шейхи Муфид (д.413қ) аз олимони бузурги шиъа, дар китоби Авоъилул мақолот (с67) гуфтааст: «فأمّا إطلاقُ القَولِ عليهم بأنّهم يَعلمونَ الغَيبَ فهو مُنْكَرٌ بيّنُ الفَسادِ، لأنَّ الوَصفَ بذلكَ إنّما يَسْتَحِقُّهُ مَن عَلِمَ الأشياءَ بِنَفسِهِ لا بِعلمٍ مُستَفادٍ و هٰذا لا يكونُ إلّا اللهُ عزّوجل و علىٰ قولي هٰذا جماعةُ أهلِ الإمامةِ إلّا مَن شَذَّ عنهم مِنَ المُفوِّضَةِ و مَنِ ٱنتَمىٰ إليهم مِنَ الغُلاة»; Яъне: <<Аммо гуфтани ин сухан дар бораи аъиммаи аҳли байт ки онон илми ғайб доранд, нодуруст ва возеҳул бутлон аст; Зеро ин васф танҳо сазовори касе аст ки худаш ба зоти худ ашёъиро медонад на бо илме ки (аз дигарӣ) истифода кардааст ва ин ҷуз барои Худованди Аззаваҷал нест ва ҳамаи мӯътақидон ба имомати (аҳли байт) ба истиснои шуморӣ андак аз муфавваза ва ғолиёне ки ба онон боз мегарданд, бар ин ақидаи ман ҳастанд>>.

Аз инҷо дониста мешавад ки илми ба ғайб, танҳо барои Худованд аст ва ба касе ҷуз Ӯ нисбат дода намешавад ва ин мавриди иҷмоъи мусалмонон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ ба истиснои шуморе аз ғолиёни шиъа ва сӯфиёни суннӣ аст ва мабнои он китоби Худованд ва суннати мутавотир дар рӯшанойии ақли солим аст, на ин таваҳҳум ки агар халифаи Худованд дар замин илми ба ғайб дошта бошад, ихтиёр аз мукаллаф бардошта мешавад; Чароки чунин таваҳҳуме бебунёд аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки илми халифаи Худованд ба ғайб, аз илми Худованд ба он бузургтар нест ва бо ин васф, вақте илми Худованд ба он бо ихтиёри мукаллаф мунофоте надорад, илми халифаи Ӯ ба он ба тариқи авло мунофӣ бо ихтиёри мукаллаф нест ва албатта илми Худованд ба ғайб, барои иҷтиноби мукаллаф аз гуноҳон кифоят мекунад; Чунонки фармудааст: «وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِ خَبِيرًا بَصِيرًا» (Исроъ/17); <<Ва Парвардигорат ба унвони касе ки ба гуноҳони бандагонаш огоҳ ва биност, кофӣ аст>> Ва агар касе аз илми Худованд парво надошта бошад, парвои ӯ аз илми дигарон суде ба ӯ намерасад; Чунонки Худованд фармудааст: «يَسْتَخْفُونَ مِنَ النَّاسِ وَلَا يَسْتَخْفُونَ مِنَ اللَّهِ وَهُوَ مَعَهُمْ إِذْ يُبَيِّتُونَ مَا لَا يَرْضَىٰ مِنَ الْقَوْلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطًا» (Нисоъ/108); <<Аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худованд пинҳон намедоранд, дар ҳоле ки Ӯ бо онон аст вақте шабона суханоне мегуянд ки намеписанданд ва Худованд ба ончи мекунанд муҳит аст>>!

Ин Исломи холис аст ки дар гузори қарнҳо аз ёдҳо рафтааст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ёдоварӣ мекунад, бошад ки мусалмонон онро ба ёд оваранд ва оқибат барои парҳезконон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.