Панҷшанбе 29 июн 2017 мелодӣ баробар бо 5 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 40
Мавзӯъи фаръӣ:

Яқин ва занн; Ҳуҷҷияти ривоёти мутавотир ва адами ҳуҷҷияти ривоёти воҳид

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 02/09/2015

Оё дар набуди улгуӣ Паёмбар, аҳодиси мутавотир ҳуҷҷат аст? Яъне бо аҳодиси мутавотир мешавад наҳваи эъмоли диниро бардошт кард монанди наҳваи намоз хондан?

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Худованд дар оёти фаровоне аз китоби худ, бар зарурати итоъат аз авомири Паёмбараш таъкид карда ва ба унвони мисол фармудааст: «وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ» (Нисоъ/64); <<Ва ҳеҷ Паёмбареро нафиристодем магар барои онки ба изни Худованд итоъат шавад>> Ва фармудааст: «مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَنْ تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا» (Нисоъ/80); <<Ҳар кас аз Паёмбар итоъат кунад, аз Худованд итоъат кардааст ва ҳар кас рӯй бигирад туро ба унвони нигаҳбоне бар онон нафиристодем>> Ва фармудааст: «وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ» (Анфол/1); <<Ва аз Худованд ва Паёмбараш итоъат кунед агар мӯъмин ҳастед>> Ва фармудааст: «وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ» (Оли Имрон/132); <<Ва аз Худованд ва Паёмбар итоъат кунед, бошад ки мавриди раҳмат қарор бигиред>> Ва фармудааст: «وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ» (Нур/56); <<Ва аз Паёмбар итоъат кунед, бошад ки мавриди раҳмат қарор гиред>> Ва фармудааст: «فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ» (Нур/63); <<Пас бояд касоне ки аз амри Ӯ сарпечӣ мекунанд битарсанд ки ононро фитнае бирасад ё азобӣ дарднок бирасад>> Ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَكُمْ» (Муҳаммад/33); <<Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд итоъат кунед ва аз Паёмбар итоъат кунед ва аъмоли худро ботил насозед>> Ва фармудааст: «وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ» (Ҳашр/7); <<Ва ҳар чи Паёмбар ба шумо дод онро ахз кунед ва ҳар чи шуморо аз он наҳй кард худдори кунед ва аз Худо битарсед; Чароки иқоби Худо шадид аст>> Ва фармудааст: «لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا» (Аҳзоб/21); <<Ҳароина барои шумо дар Паёмбари Худо улгуӣ неку барои касе аст ки ба Худо ва рӯзи вопасин умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад>> Ва фармудааст: «وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ ۗ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا» (Аҳзоб/36); <<Ва ҳеҷ марди мӯъмин ё зани мӯъминеро намерасад ки чун Худованд ва Паёмбараш амреро содир карданд барояшон дар корашон ихтиёре бошад ва ҳар кас Худованд ва Паёмбарашро нофармонӣ кунад ҳароина ба гумроҳии ошкоре дучор омадааст>>. Бо ин васф, возеҳ аст ки амал ба чизе ки Паёмбар ба он амар карда ва тарки чизе ки Паёмбар аз он наҳй карда, воҷиб аст ва вуҷуби он аз заруриёти Исломи шумурда мешавад, сарфи назар аз инки айнан дар китоби Худованд омада бошад ё наёмада бошад; Чароки амр ва наҳйи он Ҳазрат, қатъан бо китоби Худовнад мунофоте надорад, балки табйин кунандаи он ба изни Худованд аст; Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ» (Наҳл/44); <<Ва Қуръонро ба сӯӣ ту нозил кардем то барои мардум чизе ки ба сӯяшон нозил шудро табйин кунӣ ва бошад ки онон андеша кунанд>>; Монанди инки Худованд амр ба намоз хонданро ба сурати ом дар Қуръон нозил кардааст то Паёмбараш чигунагии онро ба сурати ҷузъӣ барои мардум табйин кунад. Бале, он Ҳазрат илова бар инки тиловат кунандаи китоби Худованд бар мардум аст, таълим диҳандаи он ба онон ва таълим диҳандаи ҳикмат ба онон ва тазкия кунандаи онон низ шумурда мешавад ки ногузир аз тариқи суннати ӯ сурат мегирад; Чунонки Худованд дар ин бора фармудааст: «لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ» (Оли Имрон/164); <<Ҳароина Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод ки Паёмбаре аз худашонро дар миёнашон барангехт то оёти Ӯро бар онон бихонад ва ононро тазкия кунад ва китоб ва ҳикмат биёмӯзад агарчи пештар дар гумроҳии ошкоре буданд>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки <<Ҳикмат>> баъд аз <<Китоб>> ва <<Тазкияи мардум ва таълими китоб ба онон>> баъд аз <<Хондани оёти Худованд бар онон>> зикр шуда ки зоҳир дар тафовут ва муғойирати он ду бо якдигар аст ва мафҳуми <<Қуръон>> ва <<Суннат>> ро табйин мекунад. Аз инҷо дониста мешавад ки Қуръон ошкоро ба сӯӣ суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаро мехонад ва бар ҳуҷҷияти он далолат мекунад ва бо ин васф, касоне ки Қуръонро ҳуҷҷат медонанд, ногузир бояд ба ҳуҷҷияти суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гардан ниҳанд; Чароки адами эътиқод ба ҳуҷҷияти суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, тамарруд дар баробари Қуръон аст.

Аммо табиъӣ аст ки вуҷуби итоъат аз амр ва наҳйи Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, мубтанӣ бар яқин ба он аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки занни ба он бинобар қоъидаи «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» (Юнус/36) кофӣ шумурда намешавад ва яқин ба он зотан ва табиъатан ҳуҷҷат аст ва бо ин васф, ҳар кас яқин ба амр ва наҳйи он Ҳазрат пайдо кунад, воҷиб аст ки аз он итоъат кунад ва яқин ба он аз ду тариқ ҳосил мешавад: Шунидани он аз худи он Ҳазрат барои касе ки дар назди ӯ ҳозир аст ё шунидани хабари он аз иддаи касире ки табонишон бар кизб ва иҷмоъашон бар хато ақлан мумкин нест ва ин мурод аз сухани Худованд аст ки фармудааст: «إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِمَنْ كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ» (Қоф/37); <<Ҳароина дар он мояи тазаккуре барои касе аст ки барои ӯ ақле ҳаст ё гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳуҷҷияти хабари мутавотир аз он Ҳазрат ақлӣ аст ва ҳуҷҷияти шунидан аз он Ҳазрат танҳо барои касе аст ки ба ӯ гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст. Бо ин ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт ки ин сухани Худованд, иршод ба як ҳукми ақлӣ аст; Чароки ҳуҷҷияти хабари мутавотир, моҳияти ақлӣ дорад; Ба ин маъно ки ақл, бо лиҳози касрат ва ҳамоҳангии ровиёни он, эҳтимоли кизб будан ё хато будани онро намедиҳад ва ба сиҳҳати он қатъ пайдо мекунад; Ҳамчунонки дар бораи алфози Қуръон ин корро анҷом медиҳад ва асолати онҳоро бо лиҳози ривояти онҳо ба сурати мутавотир аз Паёмбар, мепазирад ва қатъӣ медонад.

Ҳосил онки суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳаргоҳ қатъ ба судури он аз тариқи ҳиссӣ ё ақлӣ вуҷуд дошта бошад, ҳуҷҷат аст ва табъан метавонад ба унвони табйин кунандаи умумоти Қуръон, мабнои ақойид ва аъмоли мусалмонон воқеъ шавад; Чунонки ба унвони намуна, теъдоди ракаъоти намоз ва аркони он, ба сурати ҷузъӣ дар Қуръон наёмада, вале ба сурати мутавотир аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шуда ва аз ин рӯ, амал бар тибқи он бар мусалмонон воҷиб аст ва дар айни ҳол, амал бар тибқи Қуръон шумурда мешавад; Чароки Қуръон амал бар тибқи суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар сурати яқин ба он воҷиб карда ва ин ҳадди эътидоле аст ки ҳар кас аз он пеш афтода ё пас монда, гумроҳ шудааст ва пеш афтодан аз он, эътиқод ба ҳуҷҷияти ахбори воҳид ва ғайри яқинӣ аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва пас мондагон аз он, эътиқод ба адами ҳуҷҷияти ахбори мутавотир ва яқинӣ аз он Ҳазрат аст ки мисдоқи ифрот ва тафрит шумурда мешавад ва дар ҳар ду сӯ, таволии фасод ва хатарнокӣ дорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.