Душанбе 21 август 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ахлоқ

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 39
Мавзӯъи фаръӣ:

Ахлоқи фардӣ

Нависандаи пурсиш: Ҳодӣ Ҳунарҷу Тарихи пурсиш: 01/09/2015

Суъоле доштам. Оё тавассул кардан ба имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аз назари ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ кори дурусте мебошад ё на? Ва агар кори дурусте аст чи тавассулеро ин бузургвор пешниҳод мекунад? Лутфан иршод бифармойед.

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Тавассул ба касе, ба маънои васила қарор додани ӯ барои таҳсили чизе аст ва бо ин васф, тавассул ба имом Маҳдӣ алайҳи салом, пеш аз ҳар чиз васила қарор додани ӯ барои таҳаққуқи ҳукумати Худованд ва иқомаи дини холис дар ҷаҳон аст ки бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст; Чароки он ҳазрат бинобар хабари мутавотири Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, халифаи Худованд дар замин аст ва аз ин рӯ, танҳо василаи мавҷуд барои таҳаққуқи ҳукумати Худованд ва иқомаи дини холис дар ҷаҳон шумурда мешавад ва ҷойгузине барои ӯ мавҷуд нест то аз ӯ бениёз кунад ва бо ин васф, васила қарор додани ӯ бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст, агарчи мусталзими заминасозӣ барои зуҳураш бошад ва ин нкутае аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, дар мабҳаси <<Вуҷуби зоҳир кардани Маҳдӣ бар мардум>> аз китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> (с 289), ба тафсил табйин фармудааст.

Ба илова, тавассул ба имом Маҳдӣ алайҳи салом ба маънои васила қарор додани он ҳазрат барои омурзиши гуноҳон дар даргоҳи Худованд низ аз он ҳазрат ки халифаи Худованд дар замин аст, коре мустаҳаб ва мандуб аст, балки вуҷуби он бар мусалмонон баъид нест; Чароки васила қарор додани Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои омурзиши гуноҳон дар даргоҳи Худованд ба унвони халифаи Ӯ дар замин, мустаҳаб ва мандуб, балки чи басо воҷиб будааст; Чунонки Худованд дар китоби худ фармудааст: «وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّابًا رَحِيمًا» (Нисоъ/64); <<Ва агар онон ҳангоме ки ба худашон ситам карданд ба назди ту меомаданд ва аз Худованд омурзиш мехостанд ва Паёмбар барояшон омурзиш мехост, ҳатман Худовандро Тавбапазирӣ Меҳрубон меёфтанд>> Ва фармудааст: «وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا يَسْتَغْفِرْ لَكُمْ رَسُولُ اللَّهِ لَوَّوْا رُءُوسَهُمْ وَرَأَيْتَهُمْ يَصُدُّونَ وَهُمْ مُسْتَكْبِرُونَ» (Мунофиқун/5); <<Ва чун ба онон гуфта шавад ки биёйед то Расули Худо бароиятон омурзиш бихоҳад сарҳошонро мегардонданд ва мебинишон ки боз медоранд дар ҳоле ки бузургӣ меҷӯянд>>! Албатта манзур аз ин тавассул -чунонки пайдост- он аст ки мусалмонон ба назди халифаи Худованд дар замин биёянд ва аз ӯ бихоҳанд ки барояшон аз даргоҳи Худованд омурзиш бихоҳад, на инки дар гӯшаҳои дур аз ӯ бинишинанд ва ӯро зери лаб ё бо овози баланд бихонанд то ҳоҷаташонро дар даргоҳи Худованд бароварда созад; Чароки ин кор, бо вуҷуди шеваъи он дар миёни омма, асле дар шаръ надорад ва бар хилофи сирати оқилон аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки шаръ, илми ба ғайб ва бароварда кардани ҳоҷати ниҳонро аз хусусиёти Худованд шумурда ва барои халифаи Ӯ дар замин зарурӣ надониста ва ба унвони мисол фармудааст: «قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ» (Анъом/50); <<Бигӯ ман ба шумо намегӯям ки ганҷинаҳои Худованд назди ман аст ва ғайб намедонам>> Ва фармудааст: «قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ ۚ» (Аъроф/188); <<Бигӯ ман барои худам суд ё зиёнеро молик нестам магар чизе ки Худованд бихоҳад ва агар ғайб медонистам бар хайр меафзудам ва шарре ба ман намерасид>> Ва оқилон низ якдигарро дар ғиёб намехонанд, балки ба назди якдигар мераванд ва ниёзи худро ҳузуран изҳор медоранд. Аз ин рӯ, бар мусалмонон воҷиб аст ки ба назди Маҳдӣ алайҳи салом бираванд ва аз ӯ бихоҳанд ки барояшон дуъо ва истиғфор кунад ва агар ин кор ҳамакнун барояшон мақдур нест, ба сабаби тақсири худашон дар таъмини муқаддамоти он аст ва бо ин васф, бар онон воҷиб аст ки фавран муқаддамоти онро таъмин кунанд, на инки ба нишастан дар гӯшае ва хондани Маҳдӣ алайҳи салом аз дур басанда кунанд ва таъмини муқаддамоти он бо иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз онон барои ҳифозат ва ҳимоят аз он ҳазрат мумкин аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъалло парчами онро барафроштааст ва ба сӯӣ он даъват мекунад.

Бале, дуъои мусалмонон ба даргоҳи Худованд бо васила қарор додани ваҷоҳат ва ҳурмати Маҳдӣ алайҳи салом ба ин тартиб ки аз Худованд бихоҳанд то ба ваҷоҳат ва ҳурмати он Ҳазрат, гуноҳонашонро бибахшад ва ҳоҷаташонро бароварда созад, ишколе надорад; Зеро чизе ки сабаби истеҳбоб ё вуҷуби талаби дуъо ва истиғфор аз он Ҳазрат аст, ваҷоҳат ва ҳурмати ӯ назди Худованд аст ва бо ин васф, васила қарор додани он дар дуъо ба даргоҳи Худованд, мунофӣ бо ақл ва шаръ нест; Ҷуз онки дуъои мушаххас ва мӯътабаре барои ин кор ривоят нашуда ва дуъоҳои расида, ғолибан фоқиди санад аст; Фориғ аз авроди ғарибе ки хитоб ба Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам омада ва умуман сохтагӣ аст ва хондани онҳо бо эътиқод ба расиданашон аз он Ҳазрат ё падарони бузугворашон ҷойиз нест, балки муроқибат бар онҳо ба унвони амалӣ ибодӣ аз масодиқи бидъат шумурда мешавад ва бо ин васф, беҳтар аст ки ҳар мусалмоне бо ибороти худ ба даргоҳи Худованд дуъо кунад ва аз Ӯ бихоҳад ки ба ваҷоҳат ва ҳурмати Маҳдӣ алайҳи салом, гуноҳони ӯро бибахшад ва ҳоҷаташро бароварда созад; Ҳамчунонки шойиста аст бо ибороти худ ба даргоҳи Худованд дуъо кунад ва аз Ӯ бихоҳад ки ба фазлу раҳматаш, Маҳдӣ алайҳи саломро аз ҳамаи офот ва шарур ҳифз кунад ва мусалмононро ҳар чи зудтар ба заминасозӣ барои зуҳури он Ҳазрат ҳидоят фармояд; Чароки бисёр Бахшоянда ва Мерубон аст ва ганҷинаҳои эҳсонашро поёне нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.