Якшанбе 23 апрел 2017 мелодӣ баробар бо 26 раҷаб 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ахлоқ

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 38
Мавзӯъи фаръӣ:

Ахлоқи иҷтимоъӣ

Нависандаи пурсиш: Маҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 18/08/2015

Ҷиҳати татбиқ ва ислоҳи эътиқодотам суъоле доштам:

Салом дар Ислом чи мафҳуме дорад?

Оё саломи ҷоҳил бо саломи арвоҳ мутафовит аст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

<<Салом>> дар луғат аз решаи <<Салим>> ва ба маънои <<Саломат>> аст ва <<Саломат>> ба дурӣ аз офот ва шурур гуфта мешавад ва дар Қуръон низ ба ҳамин маъно ба кор рафтааст ва бо ин васф, <<Доруссалом>> дар он (Анъом/127; Юнус/25) ба маънои <<Сарои саломати>> аст ки аз номҳои биҳишт аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар он офот ва шуруре нест ва <<Субулуссалом>> дар он (Моъида/16) ба маънои <<Роҳҳои саломат>> аст ки ба роҳҳои дурӣ аз офот ва шурури дунявӣ ва ухравӣ гуфта мешавад ва <<Салом алайкум>> дар он (Анъом/54; Аъроф/46; Раъд/24; Наҳл/32; Зумар/73) ба ин маъност ки <<Саломат бар шумо бод>> аз боби дуъои хайр ё <<Саломат барои шумост>> аз боби хабари хуш ҳаргоҳ бим аз офот ва шуруре биравад ва ба ҷоҳилон аз ин ҷиҳат гуфта мешавад (Фурқон/63; Қасас/51) ки чун ҷаҳолат варзида бошанд бими интиқом ва ҷанг меравад, пас ба онҳо гуфта мешавад: <<Салом алайкум>> ба ин маъно ки аз интиқоми мо саломат ҳастед ва моро бо шумо ҷанге нест ва ба Худованд <<Салом>> гуфта шуда (Ҳашр/23) аз ин ҷиҳат ки аз ҳамаи офот ва шурур муназзаҳ аст ё маншаъи саломати бандагон аз офот ва шурури дунё ва охират аст.

Ҳамчунин, мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا» (Нисоъ/94) ин аст ки ба касе ки аз шумо саломати яъне амон хост нагӯйед ки ту мӯъмин нестӣ то моли ӯро ғанимат бигиред ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «وَتَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَامٌ ۚ» (Юнус/10) ва «تَحِيَّتُهُمْ يَوْمَ يَلْقَوْنَهُ سَلَامٌ ۚ» (Аҳзоб/44) ин аст ки эҳтироми Худованд ба биҳиштиён дар биҳишт ва дар рӯзи қиёмат, саломат доштани онон аз ҳамаи офат ва шурур аст ё дуъои онон барои якдигар дар онҷо ва дар он рӯз, саломатӣ аз ҳамаи офот ва шурур аст ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «قِيلَ يَا نُوحُ اهْبِطْ بِسَلَامٍ مِنَّا» (Ҳуд/48) ин аст ки гуфта шуд: Эй Нуҳ! Ба саломатӣ аз ҷониби Мо фуруд ой; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба фазли Худованд аз офот ва шурури тӯфон ба саломат монд ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «وَلَقَدْ جَاءَتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَىٰ قَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ ۖ» (Ҳуд/69) ин аст ки чун фариштагони Худованд ба назди Иброҳим алайҳи салом омаданд ба ӯ гуфтанд: <<Саломат бошӣ>> ё <<Саломат ҳастӣ>> ба ин маъно ки аз ҷониби мо ба ту офот ва шарре намерасад ва Иброҳим алайҳи салом низ мутақобилан ба онон чунин гуфт ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ آمِنِينَ» (Ҳаҷар/46) ин аст ки бо саломат ва амният ба биҳишт дохил шавед ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «وَسَلَامٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا» (Марям/15) ва «وَالسَّلَامُ عَلَيَّ يَوْمَ وُلِدْتُ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا» (Марям/33) ин аст ки Яҳё ва Исо алайҳимо салом дар саломатӣ аз офот ва шурури маънавӣ мутаваллид шуданд ва дар саломатӣ аз офот ва шурури маънавӣ аз дунё рафтанд ва дар саломатӣ аз офот ва шурури маънавӣ мабъус хоҳанд шуд ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «قُلْنَا يَا نَارُ كُونِي بَرْدًا وَسَلَامًا عَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ» (Анбиёъ/69) ин аст кигуфтем: Эй оташ! Барои Иброҳим сард ва саломат бош; Ба ин маъно ки ӯро офат ва шарре нарасон ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «وَالسَّلَامُ عَلَىٰ مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَىٰ» (Тоҳо/47) ин аст ки ҳар кас аз ҳидоят пайравӣ кунад, аз офот ва шурури ухравӣ ба саломат мемонад ва мурод аз сухани Худованд ки фармудааст: «لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا تَأْثِيمًا ۝ إِلَّا قِيلًا سَلَامًا سَلَامًا» (Воқеъа/25 ва 26) ин аст ки аҳли биҳишт дар он на сухани беҳудае мешунаванд ва на сухани озордиҳандае, бал танҳо сухане ки мешунаванд <<Саломат ҳастед>> ва <<Саломат бошед>> аст ва мурод аз сойири суханони мушобеҳи Худованд низ ба ин минвол дониста мешавад ва салом додан ба мурдагон –ҳаргоҳ муроди шумо аз <<Саломи арвоҳ>> аст– ба маънои орзуӣ саломати барои онон дар охират аст; Ҳамчунонки маънои салом додан ба ҷоҳилон –ки гӯё муроди шумо аз <<Саломи ҷоҳил>> аст– низ рӯшан шуд ва ситойиш барои Худост ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.