Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 34
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Паёмбарон ва шуъуни онон

Нависандаи пурсиш: Ҳасан Алӣ Тарихи пурсиш: 26/06/2015

Чанд суъол:

Дар саҳифаи 251 китоб, аз куҷои сариҳи оёти Қуръон истинбот шуда ки Довуд бо доштани наваду нӯҳ завҷа аз бародараш хост ки ягона завҷаашро талоқ диҳад то бо ӯ издивоҷ кунад? Агар манзур, маънии кинояомези калимаи <<Наъҷа>> аст ки бо сиёқи оёт ва амл ба зоҳир ва ҳуҷҷияти онҳо созгор нест!! Ва агар дигаре аст бандаро мутталеъ фармойед.

Агар бар асоси ҷумалоти саҳифаи 269 китоб, ҳар гуна инҳирофе барои хулафои мансуб шуда баъд аз Паёмбар тавассути Худо мафруз нест, пас чигуна аст ки бархӣ инҳирофот агарчи хурд барои Паёмбар ки ба тариқи авло бояд маъсум бошад мутассавир аст?!

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Шоиста аст ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Ҳазрати аллома нафаруда ки Довуд алайҳи салом аз бародараш, <<Сариҳи оёти Қуръон>> аст, бал онро зоҳири оёти Қуръон дониста ва зоҳири оёти Қуръон, чунонки дар мабҳаси <<Ҳуҷҷияти зоҳир ва умумоти Қуръон>> (с232) фармуда, ҳуҷҷат аст ва шакке нест ки зоҳири аз оёти Қуръон аст ва ваҷҳӣ зоҳиртар аз он, барои танаббуҳ ва истиғфори Довуд алайҳи салом вуҷуд надорад ва вуҷуҳи иддаъое ки дар бархӣ ривоёти воҳид ва заъиф бо ҳадафи таъвили он расида, дар ғоят такаллуф аст ва бо услуби Қуръон созгор нест; Бал аҳли луғат, аз дер боз тасриҳ кардаанд ки ба зан <<Наъҷа>> мегӯянд ва ин киноя дар миёни Араб шойеъ будааст (нигоҳ кун ба: Халил ибни Аҳмад, Ал-аъйни, ҷ1, с222; Ибни Анборӣ, Ал-зоҳир фи маъонӣ калимотиннос, с223; Ибни Манзур, Лисонул Араб, ҷ2, с380; Нувайрӣ, Ниҳоятул араб фи фунул адаб, ҷ14, с64; Зубайдӣ, Торихул аърус, ҷ3, с501); Ҳамчунон асли ин қисса дар миёни аҳли китоб машҳур будааст ва мусалмонон низ ҳаминро аз он бардошт кардаанд; Ҷуз инки гурӯҳе аз онон дар бархӣ ҷузъиёти он дучори иштибоҳ шудаанд ва ҳазрати аллома ин иштибоҳро тасҳиҳ фармуда ва он иборат аз нисбатҳои зиште аст ки дар атрофи ин қазия ба Довуд алайҳи салом додаанд, монанди рафтани ӯ дар пайи кабӯтар ва чашмчаронии ӯ дар хонаи ҳамсоя ва ба ҷанг фиристодани Уриё ки ҳеҷ як аз зоҳири оёти Қуръон бардошт намешавад ва ҷанбаи <<Як калоғ чиҳл калоғ>> доштааст; Зеро чизе ки аз зоҳири оёти Қуръон бардошт мешавад танҳо дархости он ҳазрат аз бародараш барои талоқ додани зани ӯ ба қасди никоҳ бо ӯст, бе онки амалӣ шудани ҳамин низ собит бошад.

Бардоштҳои шумо аз ибороти рӯшани ҳазрати аллома, гоҳе бадбинона, балки то ҳадде муғризона ба назар мерасад. Рӯшан аст ки эшон ҳеҷ <<Инҳирофоте агарчи хурд>> ро ба Паёмбари Худованд нисбат надодааст то аз хулафоъи Худованд нафй карда бошад, бал сирфан саҳве ки муқтазои башарият астро бино бар оёти Қуръон барои ӯ ва табъан соири хулафоъи Худованд ҷойиз донистааст. Вонгаҳе Паёмбарони Худованд низ дар китоби эшон аз хулафоъи Худованд шумурда шудаанд ва бо ин васф, вуҷуди тамоюз миёни онон дар ин замина, маҳзи таваҳҳум аст. Ба шумо пешниҳод мекунем ки ибороти рӯшани ин олими бузургворро бо нигариши айбҷӯёна мутолиъа накунед; Чароки чунин нигарише боъиси сӯъи бардошт ва вуқуъ дар иштибоҳоти бузург мешавад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.