Шанбе 16 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 28 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 32
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Нависандаи пурсиш: Ормин Тарихи пурсиш: 22/06/2015

Хеле дӯст дорам [кӯмаке бикунам.] Медонам ки роҳи ҳазрати аллома ҳақ аст ва ҳақ мегӯяд. Мани бехабарро роҳнамойи кунед. Мани ноқобил чи метавонам анҷом диҳам ва чунончи кӯмакӣ моддӣ доштам чигуна метавонам дар ихтиёр қарор диҳам? Шояд амсоли ман зиёд бошанд. Аз заҳмати шабонарӯзӣ ва аз худ гузаштагии ҳазрати аллома ва ёрони бо вафояшон ки дур аз ватан, хона ва кошонаро раҳо карда ва бо ишқ хидмат мекунанд ташаккур мекунам. Албатта ман ки короӣ нестам ва як бандаи ноқобил [ҳастам]. Подошатон бо мавлоямон Маҳдӣ алайҳи салом. Илтимоси дуъо дорам. Мани ҳақирро роҳнамойи кунед.

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Бародари фурутан ва озода!

Ҳамдилии шумо бо мо дар роҳи муқаддасе ки дар пеш гирифтаем, аз сафоии даруни шумо ҳикоят дорад ва нияти хубатон барои мо бисёр арзишманд аст; Зеро касоне ки дилҳошон дар кашокаши тақлидҳо ва таъассубҳо олуда шуда ва нияташон дар гиру дори дунёгароиҳо ва хоҳишҳои нафсонии палиде ёфтааст, аз ҳамдилӣ бо мо дар ин роҳи муқаддас дариғ меварзанд, балки бо забонҳои худ моро меозоронад ва бо дастҳошон моро ба заҳмат меандозанд ва онон бегумон аз зиёнкороннанд. Бо ин ҳол, таваҷҷуҳи шумо бародари ҳамдилро ба чанд нукта ҷалб мекунем:

1. Бегумон <<Ҳамдилӣ>> бо аҳли ҳақ зарурӣ аст, вале кофӣ нест; Зеро Худованд се чизро дар робита бо онон воҷиб карда ва он <<Ҳамдилӣ>>, <<Ҳамзабонӣ>> ва <<Ҳамкорӣ>> аст ки онро <<Таваллӣ>>, <<Иавосӣ>> ва <<Таъовун>> номида; Чунонки фармудааст: «وَمَنْ يَتَوَلَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَالَّذِينَ آمَنُوا فَإِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْغَالِبُونَ» (Моъида/55); <<Ва касоне ки Худованд ва Паёмбараш ва касоне ки имон овардандро дӯсти худ бигиред, ҳароина ҳизби Худованд пирӯзмандонанд>> Ва фармудааст: «وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ» (Аср/3); <<Ва якдигарро ба ҳақ тавсиа кунанд ва якдигарро ба сабр тавсиа кунанд>> Ва фармудааст: «وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ» (Моъида/2); <<Ва якдигарро дар некӣ ва парҳезкорӣ ёрӣ расонед>>; Балки дар як оя аз китоби худ, ҳар серо гирд оварда ва фармудааст: «وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ» (Тавба/71); <<Ва мардон ва занони мӯъмин бархӣ дӯстони бархӣ дигаранд, ба маъруф амр мекунанд ва аз мункар боз медоранд ва намозро барпо медоранд ва аз Худованд ва Паёмбараш фармон мебаранд, ононро Худованд раҳмат хоҳад кард, ҳар оина Худованд иззатманд ва ҳаким аст>>! Аз инҷо дониста мешавад ки дӯст гирифтани аҳли ҳақ, гоми нахустин ва ҳамнаво шудан бо онон дар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар гоми дувум ва ҳамкорӣ бо онон дар итоъат аp Худованд ва Паёмбараш ва заминасозӣ барои зуҳури халифааш дар замин гоми севуми мӯъминон шумурда мешавад ва ҳар се бо ҳам ононро ба раҳмати Худованд мерасонад.

2. Аз мӯъминон касоне ҳастанд ки худро аз ёрии ҳақ нотавон мешуморанд, бал хурдтар аз он мепиндоранд ки ба ёрони ҳақ бипайванданд, дар ҳоле ки ин васвасае аз ҷониби шайтон аст то ононро аз анҷоми вазифаашон боз дорад ва аз хайри бузург маҳрум созанд; чароки Худованд дар китоби худ ҳамаи мӯъминонро хитоб карда ва фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا أَنْصَارَ اللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ لِلْحَوَارِيِّينَ مَنْ أَنْصَارِي إِلَى اللَّهِ ۖ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ ۖ» (Саф/14); <<Эй касоне ки имон овардед! Ёрони Худованд бошед, ҳамон тавр ки Исо ибни Марям ба ҳавориҳо гуфт: Чи касоне ёрони ман ба сӯӣ Худованд ҳастанд, ҳавориҳо гуфтанд: Мо ёрони Худованд ҳастем>>! Бо ин васф, ҳеҷ мӯъмине набояд худро дасти кам бигирад ва аз ёрии Худованд нотавон бипиндорад; Чароки имони ӯ ба Ӯ каромат хоҳад дод ва монанди руҳе дар ҷавореҳаш ба ӯ неру хоҳад бахшид; Чунонки Худованд фармудааст: «أُولَٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُمْ بِرُوحٍ مِنْهُ ۖ» (Муҷодила/22); <<Онон ҳастанд ки имонро дар дилҳошон навишт ва ононро бо руҳе аз он неру бахшид>>! Бегумон ҳар мӯъминеро истеъдоде ҳаст ки дар мӯъминони дигар нест ва он ӯро барои ҷойе аз ҷаҳон зарурӣ мегардонад; Ба наҳве ки агар дар ҷои худ ҳозир нашавад, халаъе дар ҷаҳон падид меоварад ва ба камоли он хилал ворид мекунад ва ҳеҷ кас ҷои дигариро пур нахоҳад кард.

3. Ҳар мӯъмине дар ҷаҳон метавонад бо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин наҳзати Исломӣ ҳамроҳ шавад то дар заминасозӣ барои иқомаи Исломи холис ва комил ва таҳаққуқи ҳокимияти Худованд дар замин, мутаносиб бо тавоноӣ ва истеъдоди худ, нақшеро бар ӯҳда бигирад ва барои ин кор кофӣ аст ки форми узвияти фаъол дар ин пойгоҳро пур кунад то мо аз тариқӣ муносиб бо ӯ тамос бигирем ва роҳнамоиҳои лозимро ба ӯ бирасонем ин шоъ Аллоҳ.

Худованд ҳамаи мӯъминоро ба роҳи худ ҳидоят фармояд ва тавфиқи ҷиҳод дар он бо мол ва ҷонро арзонӣ дорад; Чароки бисёр бахшоянда ва меҳрубон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.