Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 8 Коди пурсиш: 29
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Мансур ва заминасозии ӯ барои зуҳури Маҳдӣ

Нависандаи пурсиш: Назарӣ Тарихи пурсиш: 10/06/2015

Ин китоб, Исломи нобро бо истифода аз мутуни мутқан аз ҷумла Қуръони карим ва ривоёти мутавотир аз дидгоҳи нависандаи мутабаҳҳираш муъаррифӣ мекунад ки ба масоъили рӯзи кишварҳои Исломӣ ҳам пардохтааст. Аз ин лиҳоз дидгоҳи сиёсӣ ва ҳукуматӣ ҳам дорад. Бинобарин дархост дорам ба суъолоти зейл посух дода шавад:

1. Аз дидгоҳи эшон дар як кишвари Исломӣ бо марзҳои мушаххасе ки дорад мисли Эрон бо Афғонистон ё Арабистон ё ҳар кишвари дигар, чи навъи ҳукумате шакл бигирад то шаръӣ ва Исломӣ талаққӣ шавад? Яъне мушаххасан дидгоҳи Исломро дар ин замина мехоҳам бидонад.

2. Эшон касонеро ки ба эшон алоқаманд шудаанд ташвиқ ба муҳоҷират ба маҳзарашон мекунанд. Оё мехоҳанд ҳукумат ташкил диҳанд ё ҳизбе, ташаккуле ва чизе дар ҳамин мояҳо ва оё имом Маҳдӣ дар давраи интизори иҷозаи ташкили чунин гурӯҳ ва ҳукумат ва аҳёнан қиёмеро содир фармудаанд ё на? Далойил?

3. Оё дар давраи интизор ташкили ҳукумати шаръӣ ва динӣ имконпазир аст ё на?

Посух ба Пурсиши шумораи: 8 Тарихи посух ба пурсиш:

Лутфан ба нукоти зер ки пештар дар бахшҳои мухталифи пойгоҳ тафсилан тавзиҳ дода шудааст ва дар инҷо аз боби ёдоварӣ унвон мешавад, таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дар мабоҳиси хатире аз китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>, монанди мабҳаси <<Ихтилофи мусалмонон>> (с133), мабҳаси <<Ҳокимияти ғайри Худованд>> (с151) ва мабҳаси <<Тавҳиди Худованд дар таҳким>> (с309), мабнои <<Ҳукумати Исломӣ>> ро <<Изни Худованд>> ва интисоби ҳоким аз ҷониби Ӯ шумурда ва ба унвони намуна, фармудааст:

<<Бозгашти ҳокимият дар Ислом, ба изни Худованд аст, балки ҳеҷ амре аз умур, ҷуз бо мунтаҳӣ шудан ба изни Ӯ машруъият надорад ва ин аз муҳимтарин қавоъиди бунёдин дар Ислом аст; Чунонки борҳо ва бо таъакид фармудааст: «أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ» (Шӯро/53); <<Огоҳ бошед ки ҳамаи корҳо ба Худованд боз мегарданд>> ... Аз инҷо дониста мешавад ки ҳукумат дар Ислом, танҳо барои касе машрӯъият дорад ки Худованд ӯро ба ниёбат аз хеш барои он ихтиёр ва мансуб кардааст ва ин чизе ғариб ё тоза нест, бал суннате аз суннатҳои Ӯст ки дар умматҳои пешин низ ҷараён дошта ва то дунё боқӣ аст, ҷорӣ хоҳад буд; Чунонки фармудааст: «سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا» (Аҳзоб/62); <<Суннати Худованд дар касоне ки пештар гузаштанд, ҳамин буд ва ҳаргиз барои суннати Худованд табдиле нахоҳӣ ёфт>>! Оре, ҳақ он аст ки лузуми интисоби ҳоким аз ҷониби Худованд ва муъаррифии ӯ тавассути Паёмбараш ё аз тариқи оятӣ баййина, аз возеҳот ва заруриёти ҳамаи адёни Илоҳи буда ва дар ҳеҷ уммате аз умматҳои гузашта, мавриди тардид ва ихтилоф набуда ва бо ин васф, танҳо дар ин уммат мавриди тардид ва ихтилоф қарор гирифтааст!>> (с136 ва 137).

Эшон дар фарози дигаре аз ин китоби шариф, фармудааст:

<<Ҳокимият дар Ислом ба ду гуна аст ва гунаи севуме надорад; Яке ҳокимияти Худованд ва дигарӣ ҳокимияти тоғут; Аммо ҳокимияти Худованд, ҳокимияти касе аст ки ба амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳокимияти оли Иброҳим  ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا» (Анбиёъ/73); <<Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба амри мо ҳидоят мекунанд>> Ва аммо ҳокимияти тоғут, ҳокимияти касе аст ки бидуни амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳокимияти оли фиръавн ки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ» (Қасос/41); <<Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба сӯӣ оташ даъват мекунанд>>! Ба ин тартиб, ҳокимияти касоне ки Худованд ӯро барои он гумошта, ҳокимияти Худованд ва ҳокимияти касе ки Худованд ӯро барои он нагумошта, тоғут аст ва ин қоъидае аст ки ба ғоят сода ва баййин аст.>> (с155)

Бо ин васф, <<Ҳокимияте ки бояд дар ҷаҳон шакл бигирад то Исломӣ талаққӣ шавад>>, мунҳасиран ҳокимияти касе аст ки Худованд Ӯро барои он изн дода ва мансуб карда ва ӯ дар ҳоли ҳозир, бино бар далоили қатъӣ ва шаръӣ, Маҳдӣ аст ва ин дидгоҳи расмии Ислом шумурда мешавад.

Сониян яке аз муҳимтарин ҳақоиқи табйин шуда тавассути ҷаноби Мансур дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ки метавон онро мабнои назарӣ инқилоби ҷаҳонии Маҳдӣ ва нуқтаи азимат ба сӯӣ зуҳури он ҳазрат донист, имкони зуҳури он ҳазрат дар сурати иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат ва ҳимоят аз ӯст. Бар ин асос, ҳадафи ҷаноби Мансур, ташкили ин иҷтимоъ ва расондани он ба Маҳдӣ аст то битавонад бо ёрии он зуҳур кунад. Бо ин васф, ҳукумате ки ҷаноби Мансур дар садади ташкили он аст, ҳукумати Маҳдӣ аст ки монанди ҳар ҳукумати дигаре, дар сурати таҳаққуқи заминаҳои ин қобили ташкил аст ва машрӯъияти таҳаққуқи заминаҳои он бо меҳварияти ташкили иҷтимоъи мазкур, аз тавобеъи машрӯъияти ҳукумати Маҳдӣ аст; Ба ин маъно ки вақте ҳукумати Маҳдӣ машрӯъ аст, заминасозӣ барои он машрӯъият дорад ва ин аз боби таҳсил муқаддамаи воҷиб аст ки ақлан воҷиб маҳсуб мешавад, то ҳадде ки имкони наҳй аз он тавассути шореъ вуҷуд надорад; Чароки наҳй аз воҷиби ақлӣ қабеҳ аст, монанди наҳй аз таҳияи об барои ғусл ва таййи тариқ барои ҳаҷ ва ин сарфи назар аз он аст ки амри шаръӣ барои он ба ҷаноби Мансур расида бошад ё нарасида бошад.

Солисан ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ, ҳаргоҳ ба маънои ташкили ҳукумати он ҳазрат аз тариқи заминасозӣ барои он ба тартибе ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> табйин шудааст бошад, мумкин аст, ҷуз онки дар ин сурат, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ маҳсуб намешавад, балки ташкили он бо рафъи ғайбати ӯ маҳсуб мешавад ва ҳар гоҳ ба маънои ташкили ҳукумате ҷуз ҳукумат Маҳдӣ бошад, мумкин нест ва ин мумкин набудан, аз аворизи тақсири мардум дар ҳифозат ва ҳимоят аз он ҳазрат аст ки сабаби ғайбати ӯ буда ва бо ин васф, масуълияти табаъоти он бар уҳдаи онон аст. Ҳосил онки ташкили ҳукумати Исломӣ дар ҳар замоне бо зоҳир сохтани Маҳдӣ мумкин аст ва бо ин васф, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати он ҳазрат маъно надорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.