Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Аҳком

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 28
Мавзӯъи фаръӣ:

Аҳкоми закот, хумс, садақа, ҳибба, қарз, вақф ва ория

Нависандаи пурсиш: Беҳном Тарихи пурсиш: 03/06/2015

1. Агар қарор буд закот бар банӣ Ҳошим ҳаром бошад оё Худованд дар оёти Қуръон бар он таъкид намекард? Оё нагирифтани закот дар садри Ислом тавассути эшон нишонаи зуҳд ва қаноъати ин хонадон набудааст?

2. Исбот кунед ки се шашуми хумсе ки ба ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагон мерасад ҳатман ҳамагӣ инон бояд аз хонадони Ҳошимӣ бошанд.

3. Оё пардохти хумс ба закот ҳамсӯ бо соири аҳкоми ҷазоии Қуръон ки иқомаи онҳо мушрут ба хилофати халифаи Худо дар замин аст мебошад?

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Посухи пурсишҳои шумо ба қарори зер аст:

1. Ҳаром будани закот бар банӣ Ҳошим мубтанӣ бар суннати мутавотир ва мавриди иҷмоъи мусалмонон аз ҳами мазоҳиб аст; Чунонки касоне чун Шариф Муртазо (Ал-Интисор, с222), Ҷаъфар ибни Ҳасан маъруф ба Муҳаққиқи Ҳаллӣ (Ал-Мӯътабар, ҷ2, с583), Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар маъруф ба алломаи ҳаллӣ (Таҳрирул аҳком, ҷ1, с411; Мунтаҳал матлаб, ҷ8, с371; Ниҳоятул аҳком, ҷ2, с397), Зайнуддин ибни Алӣ маъруф ба шаҳиди сонӣ (Мисоликул аҳфом, ҷ5, 410) ва дигарон аз Имомия ва Аҳмад Муртазо (Шарҳул азҳор, ҷ1, с521) ва бархӣ дигар аз Зайдия ва Нававӣ (Ал-маҷмӯъ, ҷ6, с227), ибни Қудома (Ал-муғнӣ, ҷ2, с519), Абу Ҳаҷар (Фатҳул Борӣ, ҷ3, с280), Баҳутӣ (Кашшофул Қиноъ, ҷ2, с335), Шавконӣ (Найлул автор, ҷ4, с241) ва дигарон аз аҳли суннат, ба иҷмоъи мусалмонон бар он тасриҳ кардаанд ва бо ин васф, рабте ба зуҳд ва қаноъати ин хонадон надоранд; Чароки Худованд ва Паёмбараш онро бар онон ҳаром кардаанд на худашон бо майли худашон; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ва Паёмбараш кароҳат доштаанд аз инки онон фузулоти амволи мардумро бихуранд ва ин метавонад яке аз фуруъи ояи татҳир бошад ки фармудааст: «إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا» (Аҳзоб/33); <<Ҷуз ин нест ки Худованд мехоҳад ҳар олоишеро аз шумо аҳли байт дур кунад ва шуморо комилан покиза гардонад>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки хӯрдани фузулоти амволи мардум гуноҳи <<Олойиш>> маҳсуб мешавад; Ҳамчунонки метавонад яке аз фуруъи ояи Маваддат бошад ки фармудааст: «قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَىٰ ۗ» (Шуро/ 23); <<Бигу ман аз шумо музде наметалабам магар маваддат нисбат ба наздиконамро>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки пардохти кароъими амволи худ ба онон ба ҷойи фузулоти он, муқтазои маваддат нисбат ба онон маҳсуб мешавад. Оре, истифодаи онон аз закот дар сурати ниёзмандӣ ва адами кифояти хумс ва ҳамчунин закоти бархӣ аз онон барои бархӣ дигар, ҷойиз аст ва ин метавонад ба маънои умумияти ояи закот ва адами тахсиси он нисбат ба онон бошад; Чароки онон низ фил ҷумла муҷоз ба гирифтани закот ҳастанд ва танҳо чанду чуни он тавассути суннати мутавотир маҳдуд шуда; Ҳамчунонки чанду чуни намоз ва рӯза ва ҳаҷ тавассути суннати мутаватир маҳдуд шудааст.

2. Ҳақ он аст ки мурод аз ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагон дар ояи хумс, чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ фармудааст, ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ ҳастанд; Чароки аввалан атф ба наздикони Паёмбар шудаанд ва ин метавонад ношӣ аз вуҷуди иштирок миёни онҳо дар наздик будан ба Паёмбар ва аз бобои зикри хос баъд аз ом бошад; Сониян Худованд барои ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони ғайри Ҳошимӣ закотро қарор додааст ва бо ин васф, ваҷҳе надорад ки хумсро ҳам барои онҳо қарор диҳад, дар ҳоле ки барои ятимон ва мискинон ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ закотро ҳаром кардааст ва бо ин васф, ҷо дорад ки хумсро барои онҳо ба унвони ҷойгузи он қарор бидиҳад; Солисан ихтисоси се шашумаи хумс ба ятимон ва мискинин ва дар роҳ мондагони Ҳошимӣ, қавли аҳли байти Паёмбар аст ва қавли онон бино бар ҳадиси мутавотири Сақалайн ҳуҷҷат аст.

3. Пардохти хумс ва закот аз муҷозотҳои Ислом маҳсуб намешавад, балки монанди намоз ва рӯза ва ҳаҷ аз фароъизи Ислом аст ва аз онҷо ки мубтанӣ бар Қуръони карим ва суннати мутавотир аст амали ба он, амали ба занн маҳсуб намешавад ва воҷиб аст. Оре, пардохти се шашуми хумс ки мутаъаллиқ ба халифаи Худованд аз банӣ Ҳошим аст дар замони ғайбати ӯ амалӣ нест ва бо ин васф, адами пардохти он барои касоне ки дар робита бо ғайбати ӯ қосиранд, монанди ёрони ҷаноби Мансур бухшидааст; Чунонки равобити фаровоне долли бар бухшудагии он барои амсоли онон расидааст (нигоҳ кун ба: Ал-кофӣ, ҷ1, с408 ва 546; Ман ло яҳзаруҳул фақиҳ, ҷ2, с43; Ал-истебсор, ҷ2, с57 то 59; Таҳзабул аҳком, ҷ4, с136), вале барои касоне ки дар робита бо ғайбати ӯ муқассиранд монанди соири мардум, гуноҳ маҳсуб мешавад. Албатта ёрони ҷаноби Мансур, саҳми имом аз хумсро ба ҷаноби Мансур мепардозанд то дар роҳи заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ масраф кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар дар ин замон ба Маҳдӣ мепардохтанд низ масаллан дар роҳи заминасозӣ барои зуҳури худ масраф мекард ва ин тариқе аст ки Худованд ба фазли худ барои онон гушудааст то аз он ба сӯӣ Ӯ тақарруб пайдо кунанд; Чароки Ӯ ҳар касро бихоҳад ба сӯӣ худ ҳидоят мекунад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Беҳном
Тарихи
таълиқ:
05/06/2015

Хумс ва кӯмакҳои мардумӣ мӯъминон ки ба ҷаноби Мансур ва наҳзатаи Бозгашт ба Ислом таҳвил дода мешавад дар чи мавориде масраф мешавад? Дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> барои заминасозии зуҳури Маҳдӣ (а) ҳамонгуна ки бар рӯӣ таҷаммуъи нафар ва силоҳ таъкид шуда, бар рӯйи моли ҳам таъкид шудааст. Мешуд бештар дар ин бора тавзеҳ диҳед? Шояд битавонам бо ҷамъоварии кӯмакҳои мардумӣ дар канори таблиғ кори муфиде анҷом дода бошам. Илтимоси дуъо

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 06/06/2015

Вуҷуҳоти шаръӣ ва кӯмакҳои мардумӣ мӯъминон ки барои ҷаноби Мансур ирсол мешавад, тавассути нуввоби он ҷаноб дар кишварҳои мухталиф дарёфт ва зери назари эшон сарф таъмини ҳазинаҳои таблиғи Исломи ноби Муҳаммадӣ дар ҷаҳон ва таҳяи имконоти лозим барои ҳимоят аз Маҳдӣ алайҳи салом ва низ кумак ба муҳоҷирон дар роҳи Худованд ки шаҳрҳо ва кишварҳои худро барои ёрии он ҷаноб тарк мекунанд мешавад. Аз ин рӯ, бисёрӣ аз аҳли вараъ, додани вуҷуҳоти шаръии худ ба ғайри он ҷанобро ҷойиз намедонанд, балки монанди рехтани он ба дарё медонанд ва аз ин рӯ, хумс ва закоти худро танҳо ба он ҷаноб мепардозанд; Чароки мӯътақиданд ин беҳтарин шева барои пардохти вуҷуҳоти шаръӣ дар ин замон аст, балки дар ҳукми пардохти он ба Маҳдӣ алайҳи салом аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мустақиман сарфи масолеҳи он ҳазрат ва таҷҳизи ёрон ва дафъи душманонаш мешавад ва заминаи ҳукуматашро фароҳам месозад.

Худованд шуморо ба сабаби нияти хубатон подоши неку диҳад ва ба ҷиҳод дар роҳаш бо мол ва ҷон мувафақ гардонад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.