Панҷшанбе 21 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 1 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 61
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти Худованд; Сифоти Худованд ва афъоли Ӯ

Нависандаи пурсиш: Умар Тарихи пурсиш: 23/10/2016

Худо имони шуморо боз ҳам бо қувват кунад. Як савол дорад агар саволи ман бемаънӣ бошад бахшиши зиёд бародарони Исломӣ! Оё чеҳраи Худоро ҳабиби Худо бореҳам дидааст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Худованд ҷисм нест ва сурати ҷисмонӣ надорад то бо чашми ҷисмонӣ дида шавад; Зеро ҷисм падидае қобили таҷзия ва таркиб ва дороӣ ҷирм ва вазн аст ки дар чаҳор фози ҷомид, мойъе, гоз ва плозмо намуд меёбад ва ба андозаи тӯл, арз ва умқи худ фазоеро пур ва пиромуни онро холӣ мекунад ва қаҳран ҳаракат, дигаргунӣ ва фано мепазирад, дар ҳоле ки Худованд холиқи ҷисм аст ва табъан аз ҳамаи хусусиёт ва маҳдудиятҳои он муназзаҳ аст; Чунонки фармудааст: «لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ ۖ» (Шуро/11); <<Чизе чун монанди Ӯйе нест>> Ва бо ин васф, дидини Ӯ бо чашми ҷисмонӣ имкон надорад; Чунонки фармудааст: «لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الْأَبْصَارَ ۖ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ» (Анъом/103); <<Чашмҳо Ӯро дарк намекунанд ва Ӯ чашмҳоро дар мекунад ва Ӯ латифи огоҳ аст>>; Зеро чашми ҷисмонӣ танҳо қодир ба дидани аҷсоме аст ки бо он синхият ва таносуб доранд ва Худованд на ҷисм аст ва на бо чашми ҷисмонӣ синхият ва таносуб дорад ва бо ин васф, дидани Ӯ бо чашми ҷисмонӣ имконпазир нест; Чунонки фармудааст: «وَلَمَّا جَاءَ مُوسَىٰ لِمِيقَاتِنَا وَكَلَّمَهُ رَبُّهُ قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنْظُرْ إِلَيْكَ ۚ قَالَ لَنْ تَرَانِي وَلَٰكِنِ انْظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِ اسْتَقَرَّ مَكَانَهُ فَسَوْفَ تَرَانِي ۚ فَلَمَّا تَجَلَّىٰ رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَهُ دَكًّا وَخَرَّ مُوسَىٰ صَعِقًا ۚ فَلَمَّا أَفَاقَ قَالَ سُبْحَانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَأَنَا أَوَّلُ الْمُؤْمِنِينَ» (Аъроф/143); <<Ва чун Мӯсо барои миқоти Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ такаллум кард гуфт; Пармардигоро! Худатро ба ман нишон бидеҳ то ба ту назар кунам, фармуд: Ҳаргиз Манро нахоҳӣ дид, вале ба кӯҳ назар кун, пас агар дар ҷои худ пойдор монд Манро хоҳӣ дид! Пас чун Парвардигораш барои кӯҳ таҷаллӣ кард, онро ҳамвор сохт ва Мӯсо беҳуш афтод, пас чун ба ҳуш омад гуфт: Муназзаҳӣ! Ба сӯят тавба мекунам ва ман нахустини мӯъминон ҳастам>> Ва рӯшана аст ки «لَنْ تَرَانِي»; <<Ҳаргиз Манро нахоҳӣ дид>> Нафйӣ абадӣ аст ва бо итлоқи худ дунё ва охиратро шомил мешавад. Вонгаҳе дидиани Худованд дар дунё ё охират, ба маънои иҳотаи илмӣ ба Ӯст; Зеро иҳотаи илмӣ ба чизе аз ду тариқ таъаққул ва ҳис ҳосил мешавад ва ҳис аз панҷ тариқ биноӣ, шунавоӣ, чашоӣ, бӯёӣ ва басовоӣ (ломиса) анҷом мешавад ва бо ин васф, чизе ки дар дунё ё охират дида ё шунида ё чашида ё бӯйида ё ламс мешавад, ба иҳотаи илмӣ дар меояд, дар ҳоле ки иҳотми илмӣ ба Худованд муҳол аст; Чунонки фармудааст: «وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا» (Тоҳо/110); <<Ва ба Ӯ иҳотаи илмӣ намеёбанд>>! Аз инҷо дониста мешавад ки дидани Худованд –на дар дунё ва на дар охират– мумкин нест ва ривоёте ки онро дар охират мумкин медонанд, бар хилофи умумот ва муҳкамоти Қуръон ва бар хилофи ақли салим ҳастанд ва ба дастури ҳокимони золиме монанди Мутаваккили Аббосӣ (д.247қ) дар қарни севум ривоҷ ёфтаанд (нигоҳ кунед ба: Хатиби Бағдодӣ, Тарихи Бағдод, ҷ10, с68; Заҳабӣ, Тарихул Ислом, ҷ17, с13), балки монади исроъилиёт хостгоҳӣ яҳудӣ доранд; Зеро интизор дидани Худованд бо чашми ҷисмонӣ, интизори гурӯҳе аз яҳудиён буда ки Худованд ононро ба сабаби он ҳалок карда; Чунонки фармудааст: «يَسْأَلُكَ أَهْلُ الْكِتَابِ أَنْ تُنَزِّلَ عَلَيْهِمْ كِتَابًا مِنَ السَّمَاءِ ۚ فَقَدْ سَأَلُوا مُوسَىٰ أَكْبَرَ مِنْ ذَٰلِكَ فَقَالُوا أَرِنَا اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ بِظُلْمِهِمْ ۚ» (Нисо/153); <<Аҳли китоб аз ту мехоҳанд ки барои онон китобе аз осмон фуруд оварӣ, ҳароина аз Мӯмо чизӣ бузургтар аз ин хостанд, пас гуфтанд: Худоро ошкор ба мо нишон бидеҳ, пас соъиқа ононро ба сабаби зулмашон гирифт>> Ва хитоб ба онон фармудааст: «وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نُؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْكُمُ الصَّاعِقَةُ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ» (Бақара/55); <<Ва ҳангоме ки гуфтед: Эй Мӯсо! Ҳаргиз ба ту имон намеоварем то он гоҳ ки Худоро ошкор бубинем, пас соъиқа шуморо гирифт дар ҳоле ки нигоҳ мекардед>>! Ин дар ҳоле аст ки агар дидани Худованд бо чашми ҷисмонӣ дар охират мумкин ва матлуб буд, мутолибаи он дар дунё мустаҳаққи чунин муҷозоте набуд! Аз ин рӯст ки ҳазарти аллома Мансури Ҳонимии Хуросноӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло мефармояд:

   «أَلا یَخافُ ٱلَّذِینَ یُرِیدُونَ رُؤْیَةَ ٱللّهِ کَرُؤْیَةِ ٱلْقَمَرِ لَیْلَةَ ٱلْبَدْرِ أَن یَأخُذَهُمْ ما أَخَذَ سُفَهاءَ بَنِي إِسْرائیلَ؟! قالُوا أَرِنَا اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ»; <<Оё касоне ки мехоҳанд Худоро монанди моҳи шаби чаҳордаҳум бубинанд наметарсанд ки ононро чизе бигирад ки сафҳоъи банӣ исроъилро гирифт?! Гуфтанд: Худоро ошкор ба мо нишон бидеҳ, пас соъиқа ононро гирифт>>!

Балки чунин интизоре дар назари он ҷаноб, монанди интизори кофирон, мустакбирон, туғёнгарон ва муҷримон аст; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا الْمَلَائِكَةُ أَوْ نَرَىٰ رَبَّنَا ۗ لَقَدِ اسْتَكْبَرُوا فِي أَنْفُسِهِمْ وَعَتَوْا عُتُوًّا كَبِيرًا ۝ يَوْمَ يَرَوْنَ الْمَلَائِكَةَ لَا بُشْرَىٰ يَوْمَئِذٍ لِلْمُجْرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجْرًا مَحْجُورًا» (Фурқон/21 ва 22); <<Ва касоне ки умеде ба лиқоъи Мо надоранд мегӯянд: Чаро фариштагон ба мо нозил нашуданд ё Парвардигорамонро намебинем?! Ба ростӣ ки дар худҳошон истикбор варзиданд ва туғёнӣ бузург карданд! Рӯзе ки фариштагонро мебинанд дар он рӯз башорате барои муҷримон нест ва мегӯянд: (Моро аз азоб) дур доред ва боз доред>> Ва ин чизе аст ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

   «قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّهُمْ یَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ یَرَوْنَ رَبَّهُمْ یَوْمَ ٱلْقِیامَةِ کَما یَرَوْنَ ٱلْقَمَرَ في ٱلسَّماءِ! قالَ: لا یَزْعُمُونَ إِلّا کَما زَعَمَ ٱلَّذِینَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَأَنْزَلَ ٱللّهُ تَکْذِیبَهُمْ في ٱلْقُرآنِ فَقالَ: <لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الْأَبْصَارَ ۖ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ>! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ <لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ> قَبْلَ یَوْمِ ٱلْقِیامَةِ! قالَ: کَذَبُوا! لَوْ أَرادَ ٱللّهُ ذٰلِكَ لَقالَهُ! أَما بَلَغَهُمْ قَوْلُهُ تَعالیٰ: <وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا الْمَلَائِكَةُ أَوْ نَرَىٰ رَبَّنَا ۗ لَقَدِ اسْتَكْبَرُوا فِي أَنْفُسِهِمْ وَعَتَوْا عُتُوًّا كَبِيرًا ۝ يَوْمَ يَرَوْنَ الْمَلَائِكَةَ لَا بُشْرَىٰ يَوْمَئِذٍ لِلْمُجْرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجْرًا مَحْجُورًا>؟! فَیَقُولُ: <يَوْمَ يَرَوْنَ الْمَلَائِكَةَ> وَ لا یَقُولُ: <يَرَوْنَ رَبَّهُمْ> وَ إِنَّما سَأَلُوا رُؤْیَتَهُ فَلَوْ کانُوا یَرَوْنَهُ یَوْمَ ٱلْقِیامَةِ لَقالَ: <يَوْمَ يَرَوْنَ رَبَّهُمْ>! قُلْتُ: إِنَّهُمْ أَکْثَرُ شَيْءٍ جَدَلاً یَقُولُونَ إِنَّما یَراهُ ٱلْمُؤْمِنُونَ! قالَ: إِذاً یَرَوْنَهُ بِقُلُوبِهِمْ وَ لا یَرَوْنَهُ بِأَبْصارِهِمْ! قُلْتُ: لِماذا؟! قالَ: لِقَوْلِ ٱللّهِ تَعالیٰ: <فَإِنَّهَا لَا تَعْمَى الْأَبْصَارُ وَلَٰكِنْ تَعْمَى الْقُلُوبُ الَّتِي فِي الصُّدُورِ>! فَلَوْ کانَ شَیْئاً یَراهُ ٱلْمُؤْمِنُونَ بِأَبْصارِهِمْ لَرآهُ ٱلْکافِرُونَ بِأَبْصارِهِمْ لِأَنَّها لا تَعْمیٰ أَبْصارُهُمْ وَلَٰكِنْ تَعْمیٰ قُلُوبُهُمُ الَّتِي فِي صُدُورِهِمْ! قُلْتُ: أَلَیْسَ ٱللّهُ تَعالیٰ یَقُولُ: <كَلَّا إِنَّهُمْ عَنْ رَبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَمَحْجُوبُونَ>؟ فَلَعَلَّهُمْ لا یَرَوْنَهُ بِأَبْصارِهِمْ لِأَنَّهُمْ مَحْجُوبُونَ عَنْهُ! قالَ: ٱقْرَأ ما یَقُولُ قَبْلَ هٰذا! فَقَرَأتُ: <كَلَّا ۖ بَلْ ۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ مَا كَانُوا يَكْسِبُونَ>! قالَ: فَلا یَرَوْنَهُ بِقُلُوبِهِمْ إِذْ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَحُجِبُوا عَنْهُ بِرَیْنِ ٱلْقُلُوبِ! قُلْتُ: هٰذا وَاللّهِ ٱلْحِکْمَةُ وَ فَصْلُ ٱلْخِطابِ»; <<Ба ҷаноби Мансур гуфтам: Онҳо мепиндоранд ки Парвардигорашонро дар рӯзи қиёмат мебинанд ҳамон гуна ки моҳро дар осмон мебинанд! Фармуд: Намепиндоранд манар ҳамон гуна ки касоне пеш аз онҳо мепиндоштанд, пас Худованд такзиби онҳоро дар Қуръон нозил кард, пас фармуд: <Чашмҳо Ӯро дарк намекунанд ва Ӯ чашмҳоро дарк мекунад ва Ӯ латифи огоҳ аст> (Анъом/103)! Гуфтам: Онҳо мегӯянд: <Чашмҳо Ӯро дарк намекунанд> пеш аз рӯзи қиёмат! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд! Агар Худованд инро ирода карда буд онро мефармуд! Оё сухани Ӯ ба онҳо нарасидааст ки мефармояд: <Ва касоне ки умеде ба лиқоъи Мо надоранд мегӯянд: Чаро фариштагон бар мо нозил нашуданд ё Парвардигорамонро намебинем?! Ба ростӣ ки дар худҳошон истикбор варзиданд ва туғёнӣ бузург карданд! Рӯзе ки фариштагонро мебинанд дар он рӯз башорате барои муҷримон нест ва мегӯянд: (Моро аз азоб) дур доред ва боз доред> (Фурқон/21 ва 22)?! Пас мефармояд: <Рӯзе ки фариштагонро мебинанд> ва намефармояд: <Парвардигорашонро мебинанд>, дар ҳоле ки онҳо дидани Ӯро хостанд, пас Ӯро дар рӯзи қиёмат медиданд мефармуд: <Рӯзе ки Парвардигорашонро мебинанд>! Гуфт: Онҳо беш аз ҳар касе ҷидол мекунанд, мегӯянд ки танҳо мӯъминон Ӯро мебинанд! Фармуд: Дар ин сурат Ӯро бо дилҳои худ мебинанд ва бо чашмҳои худ намебинанд! Гуфтам: Чаро?! Фармуд: Ба хотири сухани Худованд ки мефармояд: <Бегумон чашмҳо кӯр нестанд, бал дилҳое ки дар синаҳост кӯр аст> (Ҳаҷ/46)! Пас агар чизе буд ки мӯъминон онро бо чашмҳои худ медиданд, бегумон кофирон низ онро бо чишмҳои худ медиданд; Чароки чашмҳои онҳо кӯр нест, бал дилҳои онҳо ки дар синаҳошон аст кӯр аст! Гуфтам: Оё на ин аст ки Худованд мефармояд: <Чунин нест, ҳароина онҳо дар он рӯз аз Парвардигорашон дар ҳиҷобанд> (Мутаффифин/15)? Пас шояд (кофирон) ба ин хотир Ӯро бо чашмҳои худ намебинанд ки аз Ӯ дар ҳиҷобанд! Фармуд: Чизе ки пеш аз ин мефармоядро бихон! Пас хондам: <Чунин нест, бал чизе ки касб мекарданд дилҳошонро пӯшонидааст> (Мутаффифин/14)! Фармуд: Пас Ӯро бо дилҳошон намебинанд; Чароки дилҳошонро пӯшонидааст, пас бо пӯшиши дилҳо аз Ӯ дар ҳиҷобанд! Гуфтам: Ин ба Худо савганд ҳикмат ва сухани охар аст>>!

Аз инҷо дониста мешавад ки ривоёти мазкур –дар сурати сиҳҳаташон– ҳовии истиъора ва киноя ҳастанд; Бо ин тақрир ки муродашон аз дидани Худованд дар рӯзи қиёмат, дидани оёти бузурги Ӯст «عَيْنَ الْيَقِينِ» ва ба наҳве аст ки ҳеҷ шакку шубҳае дар бораи Ӯ боқӣ намемонад, на дидани зоти номаҳсусаш бо чашми маҳдуд ки ақлан мумкин нест ва бар хилофи нусуси сариҳи Ӯ дар Қуръон аст; Чунонки мурод аз нозир будани рӯйҳои мӯъминон ба сӯӣ Худованд дар ояи «وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَاضِرَةٌ ۝ إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ» (Қиёмаҳ/22 ва 23); <<Рӯйҳое дар он рӯз шодобанд, ба сӯӣ Парвардигорашон нозиранд>>, мутаваҷҷеҳ будани онҳо ба сӯӣ Ӯст; Чунонки фармудааст: «إِنِّي وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ حَنِيفًا ۖ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ» (Анъом/79); <<Ман холисона рӯӣ худро мутаваҷҷеҳи касе кардам ки осмонҳо ва заминро падид овард ва ман аз мушрикон нестам>> Ва гуфта мешавад: <<Манзури мо Худованд аст>> ё <<Мо ба Худованд назар дорем>>; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки «نَاظِرَةٌ» дар ояи мазкур сифате барои «وُجُوهٌ» аст, на сифате барои «أبصار» ва нозир будани рӯйҳо ба сӯӣ Худованд мутаваҷҷеҳ будани онҳо ба сӯӣ Ӯ ё раҳматаш бар хилофи касоне аст ки ба Ӯ ё раҳматаш пушт доранд; Чунонки фармудааст: «أَفَمَنْ يَمْشِي مُكِبًّا عَلَىٰ وَجْهِهِ أَهْدَىٰ أَمَّنْ يَمْشِي سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ» (Мулк/22); <<Оё пас касе ки афтода бар рӯяш роҳ меравад ҳидоятёфтатар аст ё касе ки ростқомат бар роҳӣ рост гом мениҳад?!>> Ва рӯшан аст ки ин таъвиле бидуни далил нест, бал ҳосили ҷамъи ин ояи муташоба бо оёти муҳкамоте монанди «لَا تُدْرِكُهُ الْأَبْصَارُ»; <<Чашмҳо Ӯро дарк намекунанд>> Ва «لَنْ تَرَانِي»; <<Ҳаргиз Манро нахоҳи дид>> аст.

Оре, Худованд дар сураи Таквир пас аз онки Қуръонро каломи фиристодаи гиромӣ, неруманд, фармонраво ва амин яъне Ҷабраъил алайҳи салом дониста, фармудааст: «وَمَا صَاحِبُكُمْ بِمَجْنُونٍ ۝ وَلَقَدْ رَآهُ بِالْأُفُقِ الْمُبِينِ» (Таквир/22 ва 23); <<Ва ҳамнишини шумо (Паёмабар) девона нест ва ҳароина ӯро дар уфуқи рӯшан дид>>, дар ҳоле ки возеҳ аст мурод аз <<Ӯ>> дар он Худованд нест, бал Ҷабраъил алайҳи салом аст ки дар оёти пешин ба ӯ ишора карда; Ҳамчунонки дар сураи Наҷм, пас аз зикри нузули Ҷабраъил алайҳи салом бар Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, фармудааст: «مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَىٰ ۝ أَفَتُمَارُونَهُ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ ۝ وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَىٰ ۝ عِنْدَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهَىٰ ۝ عِنْدَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَىٰ ۝ إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَىٰ ۝ مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ» (Наҷм/11-17); <<Дил чизеро ки дид дурӯғ надонист, оё пас бо ӯ дар бораи чизе ки мебинад муноқиша мекунед?! Ва як бори дигар низ ӯро дид, назди дарахти сидри мунтаҳо ки назди он биҳишти барин аст, ҳангоме ки чизӣ фарогир дарахти сидрро фаро мегирифт, чашм ҳаргиз фуру намонд ва фаротар нарафт>>, вале рӯшан аст ки аввалан диданд дар ояи «مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَىٰ»; <<Дил чизеро ки дид дурӯғ надонист>> ба <<Дил>> нисбат дода шудааст, на ба <<Чашм>> ва дидани дил ба маънои идроки ақлӣ аст, на ҳиссӣ; Чунонки аз ибни Аббос ривоят шудааст ки дар тафсири он гуфт: «رَآهُ بِقَلْبِهِ»; <<Ӯро бо дилаш дид>> Ва гуфт: «رَآهُ بِفُؤادِهِ مَرَّتَيْنِ»; <<Ӯро ду бор бо дилаш дид>> (Нигоҳ кунед ба: саҳиҳ Муслим, ҷ1, с109; Сунанул Тирмизӣ, ҷ5, с70) ва аз Абу Зар ривоят шудааст ки гуфт: «رَأَی ٱلنَّبِيُّ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ سَلَّمَ رَبَّهُ تَبارَكَ وَ تَعالیٰ بِقَلْبِهِ وَ لَمْ یَرَهُ بِبَصَرِهِ» (Насоъӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ6, с472); <<Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам Парвардигораш таборак ва таъоллоро бо дилаш дид ва бо чашмаш надид>>; Сониян марҷаъи замир дар ояи «وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَىٰ»; <<Ва як бори дигар низ ӯро дид>>, Худованд нест, бал Ҷабраъил алайҳи салом аст ки дар оёти пешин аз дидори нахусти ӯ бо Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сухан ба миён омадааст; Чунонки аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст ки дар тафсири он гуфт: «رَأیٰ جَبْرَئیلَ»; <<Ҷабраъилро дид>> Ва аз Масруқ ривоят шудааст ки гуфт: «كُنْتُ مُتَّكِئاً عِنْدَ عائِشَةَ، فَقالَتْ: يا أَبا عائِشَةَ! ثَلاثٌ مَنْ تَكَلَّمَ بِواحِدَةٍ مِنْهُنَّ فَقَدْ أَعْظَمَ عَلَى ٱللّهِ ٱلْفِرْيةَ، قُلْتُ: ما هُنَّ؟ قالَتْ: مَنْ زَعَمَ أَنَّ مُحَمَّداً صَلَّى ‌ٱللّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَأَى رَبَّهُ فَقَدْ أَعْظَمَ عَلَى ٱللّهِ ٱلْفِرْيةَ، قالَ: وَكُنْتُ مَتَّكِئاً فَجَلَسْتُ فَقُلْتُ: يا أُمَّ ٱلْمُؤْمِنينِ! أَنْظِرِيني وَلا تَعْجَلِيني، أَلَمْ يَقُلِ ٱللّهُ عَزَّ وَجَلَّ: <وَلَقَدْ رَآهُ بِالْأُفُقِ الْمُبِينِ> <وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَىٰ>؟! فَقالَتْ: اَنَا أَوَّلُ هٰذِهِ ٱلْأُمَّةِ سَأَلَ عَنْ ذٰلِكَ رَسُولَ ٱللّهِ صَلَّى ٱللّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقالَ: إِنَّما هُوَ جِبْرِيلُ لَمْ أَرَهُ عَلَى صُورَتِهِ ٱلَّتِي خُلِقَ عَلَيْها غَيْرَ هاتَيْنِ ٱلْمَرَّتَيْنِ رَأَيْتُهُ مُنْهَبِطاً مِنَ ٱلسَّماءِ سادّاً عَظُمَ خَلْقِهِ ما بَيْنَ ٱلسَّماءِ إِلَى ٱلْأَرْضِ، فَقالَتْ: أَوَ لَمْ تَسْمَعُ اَنَّ ٱللّهَ يَقُولُ: <لا تُدْرِكُهُ ٱلْاَبْصارُ وَهُوَ يُدْرِكُ ٱلْاَبْصارَ وَهُوَ ٱللَطيفُ ٱلْخَبيرُ>؟! أَوَ لَمْ تَسْمَعُ اَنَّ ٱللّهَ يَقُولُ: <وَما كانَ لِبَشَرٍ اَنْ يَكَلِّمَهِ ٱللّهُ اِلّا وَحْياً أَوْ مِنْ وَراءِ حِجابٍ أَوْ يُرْسِلَ رَسُولاً فَيُوحِيَ بِاِذْنِهِ ما يَشاءُ اِنَّهُ عَلِيٌّ حَكِيمٌ>؟! قالَتْ: وَمَنْ زَعَمَ أَنَّ رَسُولَ ‌ٱللّهِ صَلَّى ٱللّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَتَمَ شَيْئاً مِنْ كِتابِ ٱللّهِ فَقَدْ أَعْظَمَ عَلَى ٱللّهِ ٱلْفِرْيةَ وَٱللّهُ يَقُولُ: <يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ> قالَتْ: وَمَنْ زَعَمَ أَنَّهُ يُخْبِرُ بِما يَكوُنُ فِي غَدٍ فَقَدْ أَعْظَمَ عَلَى ٱللّهِ ٱلْفِرْيةَ وَٱللّهُ يَقُولُ: <قُلْ لَا يَعْلَمُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ>» (Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ6, с50; Саҳиҳ Муслим, ҷ1, с110; Сунанул Тирмизӣ, ҷ4, с328); <<Назди Оъиша такя дода будам, пас гуфт: Эй або Оъиша! Се чиз аст ки ҳар кас яке аз онҳоро бар забон биёрад, ифтироъи азиме бар Худованд бастааст! Гуфтам: Он се чистанд? Гуфт: Ҳар кас гумон кунад ки Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам Парвадигорашро дида, ифтироъи азиме бар Худованд бастааст! (Масруқ) гуфт: Ман такя дода будам, пас рост нишастам ва гуфтам: Эй уммул мӯъминин! Ба ман фурсат бидеҳ ва аҷала накун, оё Худованди аззаваҷал нафармудааст: <Ва ҳароина ӯро дар уфқи рӯшан дид> <Ва ҳароина як бори дигар ӯро дид>? Пас гуфт: Ман нахустин касе аз ин уммат ҳастам ки дар ин бора аз Расури Худо салаллоҳу алайҳи ва саллам суъол кардам, пас фармуд: Ӯ сирфан Ҷабарил буд, ӯро ҷуз ҳамин ду бор бо сурате ки бар он офарида шудааст надидам, ӯро дар ҳоли фуруд омадан аз осмаон дидам ки бузургии хилқаташ осмон то заминро пӯшонида буд, сипас (Оъиша) гуфт: Оё нашунидаи ки Худованд мефармояд: <Чашмҳо Ӯро дарк намекунанд ва Ӯ чашмҳоро дарк мекунад ва Ӯ латифи огоҳ аст> ва ё нашунидаи ки Худованд мефармояд: <Ҳеҷ башареро намерасад ки Худованд бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз пушти ҳиҷоб ё фиристодаеро бифиристад пас ба изни Ӯ чизе ки мехоҳадро бирасонад, ҳароина Ӯ волоӣ ҳаким аст>! Гуфт: Ва ҳар кас гумон кунад ки Расури Худо салаллоҳу алайҳи ва саллам чизе аз китобро кетмон карда, ифтироъи азиме бар Худованд бастааст, дар ҳоле ки Худованд мефармояд: <Эй Паёмбар! Чизе ки аз Парвардигорат ба сӯӣ ту нозил шудро иблоғ кун ки агар накунӣ рисолати Ӯро иблоғ накардаи>! Гуфт: Ва ҳар кас гумон кунад ки аз ончи дар фардо аст хабар медиҳад, ифтироъи азиме бар Худованд бастааст, дар ҳоле ки Худованд мефармояд: <Ва касе ки дар осмонҳо ва замин аст ҷуз Худованд ғайбро намедонад>!>>; Солисан мурод аз «مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ»; <<Чашм ҳаргиз фуру намонд ва фаротар нарафт>>, ба дидани Худованд ишора надорад, бал ба дидани оёти бузурги Ӯ ишора дорад ки ояи псин дар бораи онҳо сухан гуфта ва фармудааст: «لَقَدْ رَأَىٰ مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَىٰ» (Наҷм/18); <<Ҳароин бархӣ аз оёти бузурги Парвардигорашро дид>>; Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Шақиқи ривоят шудааст ки гуфт: «قُلْتُ لِأَبي ذَرٍّ: لَوْ رَأَيْتُ رَسُولَ ٱللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ سَلَّمَ لَسَأَلْتُهُ، فَقالَ: عَنْ أَيِّ شَيْءٍ كُنْتَ تَسْأَلُهُ؟ قالَ: كُنْتُ أَسْأَلُهُ هَلْ رَأَيْتَ رَبَّكَ؟ قالَ أَبو ذَرٍّ: قَدْ سَأَلْتُ فَقالَ: رَأَيْتُ نُوراً» (Саҳиҳ Муслим, ҷ1, с111; Саҳиҳи ибни Ҳиббон, ҷ1,с 255); <<Ба Абу Зар гуфтам: Агар Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва салламро медидам аз ӯ мепурсидем, гуфт: Чи чизе мепурсидӣ? Гуфтам: Мепурсидам ки оё Парвардигоратро дидаи? Абу Зар гуфт: Ман пурсидам, пас фармуд: Нуреро дидам>>!

Ҳосил онки бар хилофи пиндори бисёрӣ аз мусалмонон, дидани Худованд бо чашм дар дунё ё охират мумкин нест ва табъан Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ Ӯро бо чашм надидааст ва эътиқод ба дидани Ӯ бо чашм дар дунё ё охират, аз эътиқодоти мушрикон ва яҳудиён аст ки Ӯро монанди ҷисм ва дорои сурат мепиндоранд, вале дидани Худованд бо дил ба маънои «عِلْمَ الْيَقِينِ» дар бораи Ӯ ва «عَيْنَ الْيَقِينِ» дар бораи ваъда ва ваъидаш мумкин, балки қатъӣ аст ва мурод аз «لِقَاءَ اللَّهِ» ҳамин аст.

Тавфиқи ҳами мусалмонон дар бозгашт ба дини холис ва комилро аз даргоҳи Худованд масъалат дорем; Ҳамон дине ки дар бораи он фармудааст: «أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ ۚ» (Зумар/3); <<Огоҳ дошед ки дин холис барои Худованд аст>> Ва фармудааст: «الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ» (Моъида/3); <<Имрӯз динатонро бароятон комил кардам>>, на ҳамин дине ки Умавиён, Аббосиён, яҳудиён ва аҳли ҳадис барои онон сохтаанд!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.