Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 26
Мавзӯъи фаръӣ:

Яқин ва занн; Зарурати китоби Худованд ва халифаи Ӯ ва таклифи касоне ки ба халифаи Ӯ дастрасӣ надоранд.

Нависандаи пурсиш: Соҳил Озодӣ Тарихи пурсиш: 15/05/2015

Банда суъоле доштам. Дар замони ҳазрати Паёмбар ва хулафоъи ӯ, иддае аз мардум дар ҷои дур аз онон сокин буданд ва дастрасӣ ба онон надоштанд то динашонро фаро бигиранд ва суъолоташонро бипурсанд. Бинобарин Паёмбар ва хулафоъи ӯ, як фардро ба унвони намояндаи худ дар он шаҳр ё минтақа муъаррифӣ мекарданд ва мардум аз ӯ динашонро фаро мегирифтанд. Ҳол суъол инҷост: Оё он фарди мансуб шуда, маъсум буда? Оё мумкин набудааст ки иштибоҳ посух диҳад? Бинобарин читавр мардум ба гумроҳӣ кашида намешуданд? Чигуна ҳидояти Худованд бо вуҷуди як воситаи ғайри маъсум бидуни каммӣ ва костӣ ба мардум мерасадааст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш:

Бародари гиромӣ!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан иддаъои шумо мабнӣ бар инки Паёмбар ва хулафоъи ӯ, дар шаҳрҳо намояндагоне мансуб мекарданд то мардум дини худро аз онҳо бигиранд, асле надорад; Чароки онон намояндагоне барои ин манзур мансуб намекарданд, балки сирфан намояндагоне барои гирифтани хароҷ ва ҷамъоварии закот ва иқомаи намоз ва муқобила бо душман ва иҷрои фармонҳои худ мансуб мекарданд ва аз ин рӯ, бисёрӣ аз намояндагонашон олимтарини мардум ба дин набуданд ва бархӣ аз онҳо ба хиёнат мегароиданд ва тавассути онон муъохиза ё азл мешуданд. Бо ин васф, шубҳаи шумо аз асл мунтафӣ аст.

Бале, мумкин буд касоне тавассути Паёмбар ва хулафоъи ӯ ба васоқат дар ривоят аз онҳо ситойиш шаванд, вале чунин касоне низ намояндагони онҳо барои инки дини худро аз онҳо бигиранд маҳсуб намешуданд, бал танҳо ровиёни қобили эътимоде маҳсуб мешуданд ки ривоёташон аз Паёмбар ва хулафоъи ӯ барои аҳли замонашон мӯътабар буд, беонки ороъашон камтарин эътиборе барои онон дошта бошад ё лузуман дар бораи ҳамаи масоъили мавриди ниёзи онон ривояте дошта бошанд ва ба ин тартиб, ононро аз муроҷиъа ба Паёмбар ва хулафоъи ӯ бениёз намоянд; Зеро тавсиқи ин ровиён тавассути Паёмбар ва хулафоъи ӯ, танҳо метавонист ба ин маъно бошад ки онон бар Паёмбар ва хулафоъи ӯ амдан дурӯғ намебанданд ва бо ин васф, агар гуфта ё кардаеро аз онҳо дар замони ҳаёташон ривоят кунанд, метавон ба ривояташон то замони дастрасӣ ба онҳо эътимод кард.

Сониян вазифаи касоне аз мардум ки дур аз Паёмбар ва хулафоъи ӯ будаанд, дар қадами нахуст ҳиҷрат ба сӯӣ онон буда; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُمْ مِنْ وَلَايَتِهِمْ مِنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا ۚ» (Анфол/72); <<Ҳароина касоне ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо молҳо ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва касоне ки ҷо доданд ва ёрӣ расонданд, онон дӯстони якдигаранд ва касоне ки имон оварданд вале ҳиҷрат накарданд шуморо ҳеҷ дӯстӣ бо онон нест то он гоҳ ки ҳиҷрат кунанд>> Ва фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا» (Нисоъ/97); <<Ҳароина касоне ки фариштагон дар ҳоли золим будани онҳо ба худашон ҷонашонро мегиранд, ба онҳо гӯянд: Дар чи ҳол будед? Гӯянд: Дар замин мустазъаф будем (ба наҳве ки имкони огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми динро надоштем)! Гуянд: Оё замини Худованд густарда набуд то дар он ҳиҷрат кунед?! Пас онҳо ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад бозгаштгоҳе аст>>! Аммо дар қадами дувум, касоне аз мардум ки воқеъан қосир будаанд ва иститоъати ҳиҷратро надоштаанд, муваззаф будаанд ки дастае аз худро барои огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми дин ба назди Паёмбар ва хулафоъи ӯ равона кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: «إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا» (Нисоъ/98); <<Магар мустазъафоне аз мардон ва занон ва кӯдакон ки чорае наметавонанд ва роҳе пайдо намекунанд>> Ва фармудааст: «وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ» (Тавба/122); <<Ва мӯъминон касоне набуданд ки ҳамагӣ кӯч кунанд, пас чаро (дасти кам) аз ҳар гурӯҳе дастае кӯч накунанд то дар бораи дин огоҳӣ касб кунанд ва қавми худро ҳангоме ки боз мегарданд бим диҳанд бошад ки онон бимнок шаванд?!>> Ва рӯшан аст ки ривояти ин <<Даста>> аз як сӯ мутавотир аст; Чароки бештар аз се нафар ҳастанд ва аз сӯӣ дигар танҳо барои қавмашон ки аҳли замонашон ҳастанд ҳуҷҷият дорад, на барои касоне ки дар қарнҳои баъди меоянд; Чароки вазифаи онон низ ҳиҷрат ба сӯӣ халифаи замонашон ё равона кардани дастае аз худ ба сӯӣ ӯст ва ин қоъида то рӯзи қиёмат ҷараён дорад.

Ҳосил онки ҳеҷ кас ҷуз маъсум нметавонад марҷаъи мардум дар ахзи дин бошад ва ногузир ҳар марҷаъи дигаре ғайр аз ӯ бояд бо қайди яқин ба ӯ мунтаҳӣ шавад ва ин қоъидае аст ки мутлақан қобили тахсис нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.