Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 23
Мавзӯъи фаръӣ:

Яқин ва занн; Зарурати китоби Худованд ва халифаи Ӯ ва таклифи касоне ки ба халифаи Ӯ дастрасӣ надоранд.

Нависандаи пурсиш: Саййид Маҳмуд Таботабоӣ Тарихи пурсиш: 05/04/2015

Ақидаи ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои ин ҷониб қобили тасдиқ аст. Мутобиқ бо ақидаи эшон он тавр ки банда аз китоби арзишмандашон бардошт кардам, аввалан занн ба аҳкоми шаръи барои мардум кофӣ нест ва яқин барои онҳо лозим аст ва сониян танҳо тариқи даст ёфтани онҳо ба яқин, руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин аст ва солисан руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин барои онҳо мумкин аст ва адами имкони он зотӣ нест ва дар сурати ирода ва иқдоми онҳо таҳаққуқ пайдо мекунад. Аммо суъоле ки барои банда боқӣ монда ин аст ки алъон ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаръии худам монанди намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закотро анҷом бидиҳам? Бо таваҷҷуҳ ба инки тақлид ва иҷтиҳоди мусталаҳ, ҳар ду манро ба занн мерасонанд ва занн бино бар фармоиши матини ин бузургвор ҳуҷҷат нест ва ирода ва иқдоми ман ба танҳоӣ низ барои дастрасӣ ба Маҳдӣ кифоят намекунад то битавонам бо руҷӯъ ба он ҳазрат яқин ба таколифи шаръии худам пайдо бикунам ва мумкин аст то замоне ки иддаи кофӣ аз мардум ба ман дар ин замина ҳамроҳ мешаванд ва ба ҷаноби Мансур мепайванданд то замина барои зуҳури Маҳдӣ фароҳам шавад муддати зиёде тӯл бикашад ва ман қоъидатан наметавонам дар ин муддат, таколифи шаръии худамро тарк кунам. Албатта ҷаноби Мансур ба дурустӣ фармудаанд ки бори гуноҳи ин адами яқин бар гардани худи ман аст ва ман ҳастам ки ба навбаи худам дар ин адам дастрасӣ ба Маҳдӣ нақш доштаам ва табъан худамро аз яқин ба аҳкоми шаръи маҳрум кардаам, вале бо ин ҳол ман ки алъон ба истилоҳ тавба кардаам ва даъвати ин бузургворро пазируфтаам ва дар садди заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ баромадаам, боз ҳам наметавонам яқин ба аҳкоми шаръи пайдо кунам; Чароки соири мардум бо ман ҳамроҳӣ намекунанд. Лизо суъоли бузург ин аст ки ман дар ин муддат чи хоке бояд ба сар бикунам ва бидуни тақлид ва иҷтиҳод ва руҷӯъ ба Маҳдӣ чигуна ба таколифи шаръиам амал кунам?! Оё бо инки ман ба сӯӣ Исломи холис бозгашт кардаам ва ҳақро шинохтаам ва ба ҷаноби Мансур пайвастам, вазъам аз ин ҷиҳат бо гузашта фарқе накарда ва бо дигароне ки ин корро накардаанд баробар аст?! Дар ин сурат, қабули даъвати ҷаноби Мансур сирфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фоидае барои ман аз ҷиҳати амал ба таколифи шаръӣ дорад?! Ман ҷавоби ҳамаи суъолотамро то кунун гирифтам ва ин охарин суъоле аст ки бароям боқӣ мондааст ва фикр мекунам ки агар ҷавоби ин суъоламро бидиҳед, ҳуҷҷат аз ҳар лиҳоз бар ман тамом мешавад ва метавонам ҷони худам ва ҳар чизи дигаре ки дорамро бо хушҳолӣ дар роҳи ин инсони бузург бидиҳам ин шоъАллоҳ.

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Бародари басир, фарҳехта ва борикбин!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед то посухи охарин суъоли хешро низ дарёфт кунед:

Аввалан касе ки даъвати Мансур ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро пазируфта, бо касе ки онро напазируфтааст, яксон нест; Зеро касе ки онро напазируфта, дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ <<Муқассир>> аст ва касе ки онро пазируфта, аз тақсир дар он хориҷ шудааст ва <<Қосир>> шумурда мешавад ва ин осори бисёр мутафовите барои ҳар як аз он ду дорад. Касе ки дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ муқассир аст, дар амал бар пояи занн маъзур нест; Чароки худаш мусаббаби адами дастрасиаш ба яқин шудааст, вале касе ки дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ қосир аст, дар амал бар пояи занн маъзур аст; Чароки худаш мусаббаби адами дастрасиаш ба яқин нашудааст, балки дигарон мусаббаби он шудаанд. Бо ин васф, касе ки даъвати Мансур ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро напазируфта, золим аст ва касе ки онро пазируфта, мазлум; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба сабаби зулми касе ки онро напазируфта, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум мондааст. Бинобарин, гуноҳи амали ӯ ба занн дар мавориде ки аз он ногузир аст, бар гардани касе аст ки даъвати Мансур ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро напазируфтааст.

Сониян касе ки ба сабаби тақсири худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, пеш аз онки мукаллаф ба намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закот бошад, мукаллаф ба заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат аст. Пас агар ба заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат иқдом кунад, дар амал ба намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закоти худ бар пояи занн, маъзур аст ва агар ба заминасозӣ барои зоҳири он ҳазрат иқдом накунад, намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закоти ӯ бар пояи занн, қобили қабул нест. Бинобарин, заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, воҷиби фардӣ аст ва бар соири воҷибот тақаддум дорад.

Солисан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар ҳамаи мавзуъот ногузир аз амал бар пояи занн нест; Зеро дар бораи бархӣ мавзуъот, оёте аз Қуръон вуҷуд дорад ки амал бар пояи онҳо ҷоиз аст ва дар бораи бархӣ мавзуъот, ахбори мутавотире вуҷуд дорад ки амал бар пояи онҳо ҷоиз аст ва ба назар мерасад ки аркони намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закот, аз ҷумлаи ҳамин мавзуъотанд ва бо ин васф, амал ба онҳо дар замони адами дастрасӣ ба Маҳдӣ мумкин аст ва амал бар пояи занн шумурда намешавад. Ин ба он маъност ки қосир дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ, набояд дар талаби илм ба ахбори мутавотир ва амал бар пояи онҳо тақсир кунад; Чароки агар дар он тақсир кунад, дар амал бар пояи занн маъзур нест, агарчи дар адами дастрасӣ ба Маҳдӣ қосир бошад.

Робиъан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар мавзуъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, муҷоз ба амал бар пояи ахбори воҳид нест; Чароки занни ҳосил аз ахбори воҳид, бо занни ҳосил аз ғайри ахбор яксон аст ва занни ҳосил аз ғайри ахбор, монанди шак дониста мешавад. Бо ин васф, касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар мавзуъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд дорад, хоҳ ахбори воҳиде дар бораи онҳо вуҷуд дошта бошад ва хоҳ вуҷуд надошта бошад, ба <<Усули амалии ақлӣ>> руҷӯъ мекунад ва онҳо иборат аз бароъат, эҳтиёт, истесҳоб ва тахйиранд ки уқало дар мавориди шак, барои бурунрафт аз бунбаст дар пеш мегиранд; Ба ин тартиб ки ҳаргоҳ дар асл таклифи шак доранд, бароъат ва ҳаргоҳ дар мавзуъи он шак доранд, эҳтиёр ва ҳаргоҳ дар бақоъи он шак доранд, истесҳобро ҷорӣ мекунанд ва ҳаргоҳ миёни ду таклифи мутаъораз мураддаданд ва қодир ба ҷамъи миёни он ду нестанд, ба тахйир рӯй меоваранд. Бинобарин, касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, дар мавзуъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, бар пояи асли бароъат, эҳтиёт, истесҳоб ва тахйири амал мекунанд, то ҳангоме ки ба он ҳазрат дастрасӣ ёбад.

Хомисан касе ки ба сабаби қусури худ, аз дастрасӣ ба Маҳдӣ маҳрум аст, ҳаргоҳ бар пояи далоили ақлӣ ва шаръӣ монанди бархӣ ахбори мутавотир бо мазмуни «فَأتُوهُ فَبایِعُوهُ ولو حَبْواً عَلَی الثِّلْج» <<Ба сӯӣ ӯ бишитобед ва бо ӯ байъат кунед агарчи чаҳор дасту по бар рӯӣ барф>>, қатъ пайдо карда бошад ки ҷаноби Мансур аз ҷониби Худованд ва Паёмбари Ӯ мансуб аст, метавонад то дастрасӣ ба Маҳдӣ аз ӯ табаъият кунад; Чароки табаъият аз чунин касе, ба иқтизои интисоби ӯ аз ҷониби Худованд ва Паёмбараш, муҷзӣ аст; Вале ҳаргоҳ қатъ ба он пайдо накарда бошад ва танҳо ба эътибори қиёми ин бузургвор ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ бо ӯ ҳамроҳӣ карда бошад, чорае ҷуз рурҷӯъ ба ахбори мутавотир дар мавзуъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо ҳаст ва усули амалии ақлӣ дар мавзуъоте ки ахбори мутавотире дар бораи онҳо нест, надорад.

Ин гуна Худованд барои касе ки тақво пеша мекунад, роҳе қарор медиҳад; Чунонки фармудааст: «وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا» (Талоқ/2); <<Ва ҳар кас аз Худованд тақво пеша гирад барои ӯ роҳи бурунрафте қарор медиҳад>> Ва касоне ки дар бораи Ӯ талош мекунандро ба роҳҳои худ раҳнамун мешавад; Чунонки фармудааст: «وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا ۚ» (Анкабут/69); <<Ва касоне ки дар бораи Мо талош мекунандро ҳатман ба роҳҳои Худ раҳнамун мешавем>>, вале касоне ки золиманд ва аз талош дар бораи Ӯ фуру мегузорандро бечора мекунад ва барояшон ҳеҷ роҳе қарор намедиҳад; Чунонки фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَظَلَمُوا لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَلَا لِيَهْدِيَهُمْ طَرِيقًا ۝ إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ» (Нисоъ/168 ва 169); <<Ҳароина касоне ки куфр варзиданд ва ситам кардадро Худованд ҳаргиз намеомӯзад ва ба ҳеҷ роҳе раҳнамун намешавад; Магар роҳи ҷаҳаннам>>; Чароки Ӯ бисёр бахшанда ва меҳрубон ва дар айни ҳол, бисёр ҳисобгар ва сахтгир аст ва ҳаргиз некукоронро монанди бадкорон қарор намедиҳад; Чунонки фармудааст: «أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ» (Ҷосия/21); <<Оё касоне ки бадиҳоро пеша карданд пиндоштанд ки ононро монанди касоне қарор медиҳем ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, зиндагӣ ва маргашон монанди ҳам аст?! Бад қазоват мекунанд!>> Ва фармудааст: «أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ» (Сод/28); <<Ё касоне ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардандро монанди фасод кунандагон дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди фоҷирон қарор медиҳем?!>>.

Худованд ҳамаи мусалмононро тавфиқи пайвастан ба наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ арзонӣ дорад то аз бечорагӣ раҳоӣ ёбанд; Чароки ҳеҷ роҳе ҷуз он барои раҳоии онон аз бечорагӣ нест. Агарчи шарқ то ғарби ҷаҳонро бикованд ва ситойиш барои Худованде аст ки чунин хоста ва чунин муқаррар доштааст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Саъйидӣ
Тарихи
таълиқ:
20/07/2016

Шумо дар посух ба нақди шумораи 27 [ва пурсиши шумораи 38], ниҳоятан амал ба <<Усули амлии ақлӣ>> ро барои қосир муҷзӣ ва амал ба <<Ахбори воҳид>> ро барои ӯ ғайри муҷзӣ донистайед. Суъол ин аст ки фарқ миёни <<Ахбори воҳид>> ва <<Усули амалии ақлӣ>> чист? Магар ҳар ду ифодаи занн намекунанд? Пас чаро амал ба <<Усули амалии ақлӣ>> барои қосир ҷоиз аст, вале амал ба <<Ахбори воҳид>> барои ӯ ҷоиз нест?!

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 21/07/2016

<<Ахбори воҳид>> ва <<Усули амалии ақлӣ>> ҳар ду муфиди занн ба ҳукми воқеъӣ ҳастанд вале <<Усули амалии ақлӣ>> бар хилофи <<Ахбори воҳид>>, муфиди қатъ ба ҳукми зоҳирӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки иқоби било баён ақлан қабеҳ аст ва занн, ба иқтизои «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ» (Юнус/36), баён маҳсуб намешавад ва бо ин васф, таклифи мукаллаф дар ҳолати адами қатъ ба ҳукми воқеъӣ, ҳаргоҳ дар он <<Муқассир>> набошад, амал ба бароъат, эҳтиёт, истесҳоб ва тахйир аст; Зеро иқоби ӯ дар чунин ҳолате, иқоби било баён маҳсуб мешавад ки мумкин нест, дар ҳоле ки амали <<Муқассир>> ба бароъат, эҳтиёт, истесҳоб ва тахйир дар ҳолати адами қатъ ба ҳукми воқеъӣ, монанди амали ӯ ба онҳо дар ҳолати қатъи ба он аст ки ваҷҳе надорад; Чароки баён нисбат ба ӯ мавҷуд аст ва ӯ худ барои вусул ба он иқдом намекунад ва аз инҷо дониста мешавад ки ӯ амали <<Қосир>> ба <<Усули амалии ақлӣ>> дар мавзуъоте ки оёти Қуръон ва ахбори мутавотире дар бораи онҳо вуҷуд надорад, маҷзӣ аст ва табъан ҷойе барои ӯ ба <<Ахбори воҳид>> боқӣ намемонад, вале амали <<Муқассир>> ба <<Усули амалии ақлӣ>> монанди амали ӯ ба <<Ахбори воҳид>>, дар ҳар ҳол муҷиби бароъати зиммаи ӯ аз таклиф намешавад ва ин бунбасте аст ки худ бо сӯъи ихтиёраш падид овардааст ва табъан мунофӣ бо лутфи Худованд нест, бал мутобиқ бо қавонини Ӯст ки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ» (Моъида/51); <<Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад>> Ва фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُصْلِحُ عَمَلَ الْمُفْسِدِينَ» (Юнус/81); <<Худованд амали муфсидонро дуруст намекунад>> Ва фармудааст: «إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ» (Моъида/27); <<Худованд танҳо аз парҳезкорон қабул мекунад>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.