Душанбе 27 март 2017 мелодӣ баробар бо 29 ҷимоди-юл-сони 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 22
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Нишонаҳои зуҳури Маҳдӣ ва фитнаҳои охирул замон

Нависандаи пурсиш: Ҳамоюни Дониш Тарихи пурсиш: 2015/04/03

Банда як суъол аз шумо доштам ва он ин аст ки шахсияте ба номи ... ки суханрониҳояш умдатан ба англисӣ аст, ривоёте мегӯяд ки аз ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад ки фармудааст: Даҷҷло барои чиҳил рӯз дар замин ҳукумат хоҳад кард ки як рӯзи он баробари як сол, рӯзи дувум баробари як моҳ ва рӯзи севум бароабри як ҳафта мебошад ва дигар рӯзҳояш монанди рӯзҳои маъмули аст.

Лутфан шумо ин ривоятро возеҳтар тафсир кунед. Оё ин ривоят мӯътабар аст?

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Ахбори расида дар бораи даҷҷол, дар маҷмӯъ мутавотиранд, вале хабари расида дар бораи муддати ҳукумати ӯ, хабарӣ воҳид аст ки Аҳмад, Муслим, инбни Моҷа ва абу Довуд ба санади худ аз Навос ибни Самъони Келобӣ аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд ва табъан муҷиби яқин намешавад ва аз ин рӯ, қобили иттико нест; Чароки занн дар Ислом ҳуҷҷият недорад; Чунонки фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا» (Юнус/36); <<Ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>. Вонгаҳе таъвили фарди мавриди ишораи шумо аз ин хабар мабнӣ бар инки манзур аз ин се рӯз, се давраи ҳокимияти қудратҳои ғарбӣ дар ду қарни охир аст низ монанди худи он заннӣ аст; Чароки далили ақлӣ ва шаръии яқиноваре барои он вуҷуд надорад ва рӯшан аст ки занне бар рӯӣ заннӣ, зулумот бар рӯӣ зулумот шумурда мешавад.

Бале, ин таъвил, дар муқоиса бо бархӣ таъвилҳои дигар аз ин хабар, маъқултар ба назар мерасад ва дурустии он баъид нест; Ҷуз инки бар хилофи бардошти худи ровӣ аз он аст; Чароки Навос ибни Самъони Келобӣ аз ин хабар бардоштӣ муҷозӣ ва тмсилӣ надошта, то ҳадде ки муддаӣ аст аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи ҳукми намоз дар ин муддат пурсида ва он ҳазрат посухи ӯро бар тибқи ин бардошт додааст ва ин тақрири ӯ бар ин бардошт шумурда мешавад. Ҳар чанд мӯҳтамал аст ки он ҳазрат, дар ин замина мутаносиб бо сатҳи доноӣ ва гироии ӯ посух дода бошад, вале мӯҳтамал аст ки ин тавр низ набуда бошад ва бо ин васф, наметавон таъвили мавриди ишораро созгор бо зоҳири хабар донист.

Ба ҳар ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт ки эътиқод ба асли зуҳури даҷҷол дар охирул замон ва фитнаангезии ӯ дар ҷаҳон бо ҳолотӣ ғайри оддӣ, мутаваққиф бар ин хабар нест ва ин хабар танҳо муддати ҳукумронии ӯро таъйин мекунад ки эътиқоди ба он зарурат надорад ва фарзия пардозӣ дар бораи он беҳосил аст. Чизе ки қатъӣ ба назар мерасад ва аз бархӣ ибороти ҷаноби Мансур низ бардошт мешавад ин аст ки бештар ахбори тавсиф кунандаи даҷҷол, ҳовии намодҳо ва гузораҳои тамсилӣ ҳастанд; Чароки аз як сӯ маҷмӯъан мутавотир ва қатъиул судуранд ва аз сӯӣ дигар завоҳирӣ номаъққул ва ғайри қобили илтизом доранд; Монанди инки ӯ дар як дасташ оташ ва дар дасти дигараш биҳишт аст ва бар пешониаш навишта аст <<Куфр>> ё <<Кофир>> ва мурдаро зинда мекунад ва кӯрро шифо медиҳад ва барои ӯ харе аст ки ҷаҳонро дар менавардад ва бо ин васф, чорае ҷуз намодин ва тамсилӣ донистани онҳо нест.

Ҳосил онки ин қабил ахбор, ба таври қатъи намодин ва тамсилӣ ҳастанд, вале барои қатъ ба маънои онҳо бояд ба халифаи Худованд дар замин руҷӯъ кард ва пеш аз руҷӯъ ба ӯ, қатъ ба маънои онҳо имкон надорад. Ҳарчанд дар бораи кистии даҷҷол, огоҳиҳои Қуръонӣ ва маъқуле аз ҷаноби Мансур расида ки то ҳадди зиёде рӯшан кунандаи маънои ин қабил ахбор аст. Ин огоҳиҳо ҳикоят аз он дорад ки <<Даҷҷол>> унвонӣ ом монанди <<Фиръавн>> аст ки дар ҳар замон, дар олитарин мақоми шабакаи шайтонӣ итлоқ мешавад ва бо ин васф, <<Даҷҷол>> падидаи навзуҳур нест; Балки ҳар замонеро даҷҷоле аст, ҳарчанд вопасини онҳо, аз ҳамаи онҳо бузургтар аст ва ӯ ҳамон даҷҷоле аст ки бино бар ахбори мутавотир, пас аз зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом, тавассути Масеҳ алайҳи салом кушта хоҳад шуд; Валлоҳу аълам.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.