Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 7 Коди пурсиш: 20
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Мансур ва заминасозии ӯ барои зуҳури Маҳдӣ

Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Тарихи пурсиш: 09/03/2015

Бо салом ва арзи адаб ва эҳтиром. Мехоҳам назари шуморо дар бораи пешравиҳои артиши Ироқ дар вилоятҳои таҳти султаи доъиш ва шикасти доъиш дар Ироқ ва саркӯби он дар Сурия ҷӯё шавам. Ба назаратон бо нобудии доъиш дар Ироқ ва Сурия оё боз ҳам далиле барои ҷиҳод ҳаст? Чун шумо роҳи худро баён накардайед ё комилан рӯшан баён нанамудайед. Бо фароҳам намудани неру дар Осиёи миёна бояд аз Эрон убур кунед ки иҷоза нахоҳанд дод. Баъд бояд ба Ироқ биравед ва баъд ба Сурия ва Фаластин. Оё ин чунин роҳе ҳаст ё на? Ҳадаф чи манотиқе аст? Шумо аз мубориза сӯҳбат кардед вале аз каммият ва кайфияти он на. Бо чи абзоре? Фақат абзори фарҳангӣ кофӣ аст ё на? Агар ҳадаф исроъил аст ки ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи он ниёз ба ҳимояти ҳама ҷонибаи мусалмонон дорад ки дар ғайри ин сурат бо ҳимояти ҳама ҷонибаи ғарб аз исроъил муваҷҷаҳ хоҳем шуд. Назари шумо дар ин бора чист?

Посух ба Пурсиши шумораи: 7 Тарихи посух ба пурсиш:

Бародари гиромӣ!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан аз мо ва шумо хоста нашудааст ки ба пешгӯии ҳаводиси оянда бипардозем; Бал аз мо ва шумо хоста шудааст ки вазифаи худ дар ҳоли ҳозирро анҷом бидиҳем ва он ин аст ки ҳақро дар рӯшаноии ақл ва бар пояи китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш бишносонем ва ёрӣ кунем, қатъи назар аз инки ба натиҷаи дилхоҳамон дар дунё мерасад ё намерасад; Чароки мо ва шумо молики кори худ ҳастем ва молики натиҷаи он нестем ва натиҷаи он дар дасти Худованд аст. Бо ин васф, касоне ки ба ҷои шинохти ҳақ ва ёрии он, ба пешгӯии ҳаводиси оянда машғуланд, дар хатоӣ ошкоранд. Аз онон касоне ҳастанд ки бар асоси ҳадсиёт ва зеҳниёти худ, тасвир аз оянда тарсим кардаанд ва онро чунон меъёре барои шинохт гирифтаанд; То ҷойе ки агар таҳарруке дар минтақа, бо тасввури мавриди назари онон аз оянда созгор бошад, бидуни баррасӣ онро таъйид мекунанд в агар таҳарруке дар минтақа, бо тасаввури мавриди назаи онон аз оянда созгор набошад, бидуни баррасӣ онро рад мекунанд! Возеҳ аст ки ин инҳирофӣ ошкор аст; Чароки мусалламан ҳадсиёт ва зеҳниёти онон, заннӣ беш нест ва занн дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا» (Наҷм/28); <<Ва ононро ба он илме нест, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва фармудааст: «إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ» (Анъом/116); <<Онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҷуз тахмин намезананд>>!

Сониян рӯшан аст ки ҳаводиси оянда, лузуман ба гунае ки шумо таваққу доред, воқеъ нахоҳад шуд; Чароки Худованд муқаддароти худро дорад ва аз муқаддароти мардум табаъият намекунад; Чунонки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا» (Талоқ/3); <<Худованд кори худашро анҷом медиҳад; Худованд барои ҳар чизе андозае қарор додааст>>; Ҳамчунонки ба хотир аҷалаи онон аҷала намекунад ва коре ки ҳанӯз замонаш нарасидаастро анҷом намедиҳад; Чунонки фармудааст: «أَتَىٰ أَمْرُ اللَّهِ فَلَا تَسْتَعْجِلُوهُ ۚ» (Наҷм/1); <<Кори Худованд меояд, пас дар он аҷала накунед>> Ва фармудааст: «خُلِقَ الْإِنْسَانُ مِنْ عَجَلٍ ۚ سَأُرِيكُمْ آيَاتِي فَلَا تَسْتَعْجِلُونِ» (Анбиёъ/37); <<Инсон аз аҷала офарида шуд! Нишонаҳоямро нишонатон хоҳам дод; Пас аҷала накунед>>! Бо ин васф, касоне ки барои ҳаводиси оянда, вақт таъйин мекунанд, дурӯғ мебанданд ва касоне ки барои таҳаққуқи онҳо аҷала доранд, ба фитна меафтанд; Чунонки борҳо бар забони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҷорӣ шудааст: «کَذَبَ الوَقَّاتُون و هَلَکَ المُستَعجِلُون و نَجَی المُسَلِّمُون و إلَینا یَصیرُون»; <<Таъйин кунандагони вақт дурӯғ мегӯянд ва аҷала кунандагон ҳалок мешаванд ва таслим шавандагон наҷот меёбанд ва ба сӯӣ Мо боз мегарданд>>! Бале, агар таъйин кунандагони вақт ва касоне ки аҷала доранд, ба сабр бозгарданд ва ба ҷои муташобеҳот аз муҳкамот пайравӣ кунанд ва ба ҷои кунҷковӣ дар бораи оянда, вазифаи феълии худро анҷом диҳанд, Худованд дар фараҷи онон таъҷил мекунад ва бархӣ чизҳое ки бар онон пӯшида астро ошкор мегардонад; Чароки Ӯ бисёр бахшанда ва меҳрубон аст.

Солисан нақшаи роҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҷуз ин нест ки дар ҳар замоне ба вазифаи худ дар он амал кунад ва вазифаи ӯ дар ҳар замон, тобеъӣ аз тавоноии ӯст ки бо ҳимояти мардум аз ӯ шакл мегирад; Чароки Худованд ҳеҷ касро бештар аз тавоноишон муваззаф намекунад ва тавоноии пешвоён, аз ҳимояти пайравонашон моя мегирад. Бо ин васф, агар амсоли шумо ҳамон ҷо бойистаед ва танҳо назорагар бошед ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ чи мекунад, ӯ коре ҷуз ин ки акнун мекунад анҷом намедиҳад ва он ҳамон шиносондани Исломи холис ва комил ба мардум ва таълиму тазаккури онон бар пояи китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбари Ӯ дар рӯшаноии ақл аст ки корӣ фарҳангӣ шумурда мешавад; Вале агар амсоли шумо қабули заҳмат бифармойед ва ба ҳимоят аз ин олими муслеҳ ва муҷоҳид бипардозед, ӯ корҳои бисёре метавонад анҷом диҳад то замина барои зуҳури Маҳдӣ омода шавад ва ин тафсири номи ӯ <<Мансур>> аст; Чароки <<Мансур>> ба маънои <<Ёрӣ шаванда>>, бо ёрии ӯ маъно меёбад ва бидуни <<Носир>>, <<Мансуре>> низ зуҳур намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِينَ ۝ إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنْصُورُونَ» (Софот/171 ва 172); <<Ва ваъдаи Мо барои бандагони фиристодаямон пешӣ гирифтааст ки онон ҳамоно ёрӣ шаванда хоҳанд буд>>!

Робиъан мумкин аст ҳаводиси Шом ва Ироқ, сароғози ҳаводисе бошад ки аз пеш ваъда дода шудааст; Зеро ҳеҷ балое нест ки мустадом бошад, магар балои дузах ки костӣ намепазирад; Чунонки Худованд дар бораи он фармудааст: «خَالِدِينَ فِيهَا ۖ لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ» (Бақара/162); <<Ҷовидон дар он мемонанд; На азоб аз онҳо тахфиф дода мешавад ва на мӯҳлат меёбанд>> Ва бо ин васф, фароз ва фуруди фитнаҳои дунё табиъӣ аст. Пас ҳангоме ки дар фарозанд ноумед нашавед ва ҳангоме ки дар фуруданд эмин нагардед; Онгоҳ ки Худованд фараҷатонро бирасонад ва заминро аз адолат пур кунад пас аз онки аз зулм пур шуда бошад ва оқибат барои прҳезкорон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.