Чоршанбе 18 июл 2018 мелодӣ баробар бо 5 зулқаъда 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English
Мансури Ҳошимии Хуросони
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

     
Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 11
Мавзӯъи фаръӣ:

Имон ва куфр; Шинохти адён, мазоҳиб ва фирқаҳо

Нависандаи пурсиш: Муртазоӣ Саворӣ Тарихи пурсиш: 21/01/2015

Банда як савол аз маҳзари эшон доштам. Паёмбар (с) мефармоянд: Баъд аз ман уммат ба 73 фирқа табдил мешавад ки фақат яке аз онҳо дуруст аст. Пас эшон чигуна иддаъо мекунанд ҳамаи онҳо дуруст нест ва фақат яке дуруст аст он ҳам оне ки алоъон эшон бо он омаданд ва исмашро Исломи холис гузоштаанд?

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 21/01/2015

Хабари мансуб ба Паёмбари Худованд салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи пайдоиши 73 фирқа пас аз ӯ ки яке аз онҳо <<Ноҷиа>> ва боқӣ оташанд, хабарӣ воҳид ва ғайри яқинӣ аст ва ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ адами ҳуҷҷияти чунин ахборро дар мавзӯъе аз китоби худ монанди мабҳаси <<Ривоҷи ҳадисгароӣ>> (с/171), ба тафсил табйин фармудааст. Фориғ аз онки бештари асноди ин ҳадис, дар назари аҳли ҳадис заъиф шумурда мешавад ва татиммаи машҳури он мабнӣ бар таърифи фирқаи ноҷиа ба <<Ҷамоъат>> ва таърифи ҷамоъат ба чизе ки <<Паёмбар ва асҳоби ӯ>> бар он будаанд, бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи шадиди ақвол ва афъоли асҳоби он ҳазрат, қобили илтизом нест, балки бӯӣ ҷаъл медиҳад. Афзун бар инки судури он бо воқеъияти маҳсус ва берунӣ созгорӣ надорад; Чароки пайдоиши 73 фирқа пас аз Паёмбари Худованд салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни мусалмонон собит нест, балки чи басо хилофи он собит бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фирқаҳои мусалмон ном бурда шуда дар кутуби фирқашиносӣ, бисёр бештар ё камтар аз ин теъдоданд ва ҳифзи бархӣ ва афзудани бархӣ дигар барои татбиқи онҳо бар ин теъдод, бидуни такаллуфи фаровон мумкин нест, балки навъан тарҷиҳи било мураҷҷаҳ аст. Аммо мазмуни ин ҳадис ба фарзи саҳҳати он, мунофоте бо гуфтумони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ надорад; Зеро гуфтумони эшон фирқаи ҷадиде нест, бал гуфтумони бозгашт ба китоби Худо ва суннати Паёмбари Ӯст ки аъиммаи аҳли байт дар тӯли тарихи Ислом мунодии он будаанд ва хавосси асҳоби онон бар он истиқомат доштаанд ва ҳамкнун Маҳдӣ алайҳи салом ва хавосси асҳоббаш бар он ҳастанд ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ онро зоҳир мекунад ва абъоди фаромӯш шудаи онро ба ёд меоварад, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мардум ба сабаби тӯли фитрат ва фосилае ки аз асри ҳузури Паёмбар ва хулафоъи ӯ гирифтаанд, онро гуфтумонӣ ҷадид ва бесобиқа мепиндоранд; Ҳамчунонки баъид нест дар сурати зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом низ гуфтумони ӯро гуфтумонӣ ҷадид ва бесобиқа бипиндоранд, дар ҳоле ки гуфтумони ӯ низ чизе ҷуз гуфтумони падаронаш нахоҳад буд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Суҳайл Нозирӣ
Тарихи
таълиқ:
09/01/2018

Шумо дар сайтатон ҳадиси марбут ба фирқаи ноҷиа ва 73 фирқаро заъиф донистаед, дар ҳоле ки ин ҳадис на танҳо саҳиҳ, балки мутавотир аст ва ҳаққонияти мазҳаби шиъа ва бутлони мазоҳиби дигарро собит мекунад ва нишон медиҳад ки мабнои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки мегӯяд ман на шиъа ва на суннӣ ҳастам дуруст нест; Чароки бино бар ин ҳадис, яке аз мазоҳиб ҳақ аст ва он ҳам шиъа аст ва боқӣ аҳли ҷаҳаннам ҳастанд.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 15/01/2018

Бародари гиромӣ!

Лутфан аз аҷала, содаингорӣ ва бедиққатӣ бипарҳезед ва ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан мо дар сайт, ҳамаи асноди ин ҳадисро заъиф надонистаем, балки сариҳан гуфтаем: <<Бештари асноди ин ҳадис, дар назари аҳли ҳадис заъиф шумурда мешавад>> ва ин яъне бархӣ асноди он дар назари онон саҳиҳ шумурда мешавад. Аммо заъфи бештари асноди он дар назари онон, бар аҳли татаббуъ пӯшида нест; Зеро ба унвони намуна, дар яке аз асноди он (Муснади Аҳмад, ҷ3, с145) Ибни Луҳайъа аст ки заъиф шумурда шуда ва дар санади дигари он Уббод ибни Юсуф аст ки ҳеҷ кас ҷуз Ибни Моҷа аз ӯ ҳадисе ривоят накарда ва Ибни Моҷа низ танҳо ҳамин ҳадисро аз ӯ ривоят карда (бингаред ба: Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1322) ва дар санади дигари он Абдурраҳим ибни Зиёди Африқоӣ ва дар санади дигари он Касир ибни Абдуллоҳ Мазнӣ аст ки матрук ҳастанд ва Ҳокими Нешобурӣ дар бораяшон гуфтааст: «لا تَقُومُ بِهِمَا الْحُجَّةُ» (Ал-Мустадрак, ҷ1, с128); <<Ҳуҷҷат бо ин ду барпо намешавад>> ва дар санади дигари он Язиди Рақошӣ аст ки ҷумҳур ӯро заъиф шумурдаанд (Ҳайсамӣ, Маҷмаъул Завоъид, ҷ6, с226) ва дар санади дигари он Абу Маъшари Наҷиҳ ва дар санадӣ дигари он Абу Ғолиб ва дар санади дигари он Мӯсо ибни Убайдаи Рабазӣ ва дар санади дигари он Касир ибни Марвон ва дар санади дигари он Лайс ибни Абӣ Сулайм ва дар санади дигари он Абдулҳамин ибни Иброҳим аст ки ҳамагӣ заъиф шумурда шудаанд (ҳамон, ҷ7, с258, 259 ва 324) ва дар санади дигари он Валид ибни Муслим аст ки мудаллис аст (Ибни Абӣ Осим, Ал-Сунна, с36) ва дар санади дигари он Қутн ибни Абдуллоҳ аст ки маҷҳулул ҳол аст (ҳамон, с34) ва дар санади дигари он Ақил Ҷаъдӣ аст ки бисёр заъиф ва мункирул ҳадис шумурда шуда (ҳамон, с35), бал ҳақ он аст ки ҳеҷ як аз асноди ин ҳадис холӣ аз мақол нест, магар ду санади мунтаҳӣ ба Муъовия ибни Абӣ Сӯфиён ва Абу Ҳурайра (Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с390) ки аҳли ҳадис он дуро бидуни мақол саҳиҳ шумурдаанд, дар ҳоле ки Муъовия ибни Абӣ Сӯфиён ва Абу Ҳурайра худ муттаҳам ба кизб ё нисён ҳастанд ва васоқаташон собит нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки худ ба мазмуни ин ҳадис мултазим набудаанд ва аз ҷамоъати мусалмонон дар замони Алӣ ибни Абӣ Толиб ҷудо шудаанд ва бо ин васф, эҳтимолан ин ҳадисро танҳо баъд аз замони Алӣ ибни Абӣ Толиб ва дар замони ҳокимияти худ ривоят кардаанд то фирқаи ноҷиаро ба ҷамоъати худ таъбир кунанд ва ҷамоъати мухолифонашоро фирқаҳои аҳли оташ бишморанд ва ин эҳтимолӣ қавӣ аст ки ривояташонро аз эътибор меандозад.

Сониян агарчи дар ҳадиси мутавотир, адолати ровиён шарт нест, вале ҳақ он аст ки ин ҳадисро наметавон мутавотир донист; Чароки ҳар чанд афзун бар Муъовия ва Абу Ҳурайра, бо аснодӣ қобили муноқиша аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, Саъд ибни Абӣ Ваққос, Анас ибни Молик, Абу Умома ва Авф ибни Молик низ ривоят шудааст, вале бисёр машкук ва таъаммулбарангез менамояд ки ҳамаи онон дар дӯстӣ бо Муъовия ва душманӣ бо Алӣ ибни Абӣ Толиб иштирок доштаанд; Ба ин тартиб ки Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ҳамроҳи падарш ба Муъофия пайваст ва дар ҷанги Сиффин фармондеҳӣ майманаи лашкари ӯро бар ӯҳда дошт ва дар замони ҳукумати Муъовия, муддате ҳукмрони Куфа буд ва пас аз марги падараш, аз сӯӣ Муъовия ба ҳукумати Миср мансуб шуд ва Саъд ибни Абӣ Воқиф –падари Умари Саъд– аз касоне буд ки бо Алӣ ибни Абӣ Толиб байъат накарданд ва аз ёрии ӯ дар ҷангҳояшон сар боз заданд ва Анас ибни Молик аз зумраи онон буд ва илова бар он, ҳозир нашуд ба сиҳҳати ҳадиси Ғадири Хум шаҳодат диҳад ва аз ин рӯ, Алӣ ибни Абӣ Толиб ӯро нафрин кард ва Абу Умома низ робитаи ҳасанае бо ҳокимони Умавӣ дошт ва –бино бар шавоҳиди торихӣ– аз ҳамроҳи бо Алӣ ибни Абӣ Толиб дар Сиффин худдорӣ кард ва Авф ибни Молик низ аз аҳли Шом дар замони ҳукумати Муъовия ва ёрони Амр ибни Ос ва Язид ибни Муъовия дар ҷангҳои Искандария ва Қустатания буд ки аҳодисеро дар вуҷуби итоъат аз умароъ ривоят мекард. Инон ровиёни аслии ин ҳадис аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будаанд ва бо ин васф, бисёр мӯҳтамал ба назар мерасад ки ривояти он тавассути онон, танҳо дар замони ҳукумати Муъоваия ва бо ангезаи ҳимоят аз ӯ анҷом шуда; Чароки ривояти он тавассути онон дар замини ҳукумати Алӣ ибни Абӣ Толиб, дар таноқуз бо рӯйкарди онон будааст; Чунонки ба унвони намуна, аз Язиди Рақошӣ ривоят ривоят шудааст ки гуфт: «قُلْتُ لِأَنَسٍ: يا أَبا حَمْزَةَ! فَأَيْنَ الْجَماعَةُ؟ قالَ: مَعَ أُمَرائِكُمْ مَعَ أُمَرائِكُمْ» (Муснади Абӣ Яъло, ҷ7, с156); <<Ба Анас (ибни Молик яке аз ровиёни ин ҳадис) гуфтам: Эй Або Ҳамза! Ҷамоъат (ки дар ин ҳадис фирқаи ноҷиа шумурда шуда) куҷост? Гуфт: Ба ҳамроҳи амиронатон, ба ҳамроҳи амиронатон>>! Оре, ин ҳадис аз Алӣ ибни Абӣ Толиб низ ривоят шуда, вале бо санадӣ бисёр заъиф ва матне ки иртиботи он бо дӯстони Муъовия ва душманони Алӣ ибни Абӣ Толибро ошкортар мекунад; Чароки дар он омадааст: «تَفَرَّقَتِ الْيَهُودُ عَلىٰ إِحْدىٰ وَ سَبْعِينَ فِرْقَةً وَ النَّصارىٰ عَلىٰ ثِنْتَيْنِ وَ سَبْعِينَ فِرْقَةً وَ أَنْتُمْ عَلىٰ ثَلاثٍ وَ سَبْعِينَ فِرْقَةً وَ أَنَّ مِنْ أَضَلِّها وَ أَخْبَثِها مَنْ يَتَشَيَّعُ أَوِ الشِّيعَةُ» (Ибни Абӣ Осим, Ал-Сунна, с467); <<Яҳудиён ба ҳафтоду як фирқа ва Масеҳиён ба ҳафтоду ду фирқа тақсим шуданд ва шумо ба ҳафтоду се фирқа тақсим мешавед ки гумроҳтарин ва хабистарини онҳо касоне ҳастанд ки ба ташаюъ мегароянд ё шиъа ҳастанд>>! Ин ба маънои он аст ки ҳадис, як <<Ҳадиси Умавӣ>> буда ки тавассути ҳизби Муъовия бо ангезаҳои сиёсӣ ривоят шудааст ва бо ин васф, наметавон онро мутавотир донист; Зеро ровиёни мутаъаддиди як ҳадис танҳо ҳангоме муҷиби яқини уқало ба судури он мешаванд ки вобаста ба якдигар дар як гурӯҳи зий нафъ набошанд; Чунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дар ин бора фармудааст: «و لا یَكُونَ بَعْضُهُمْ قُرَناءَ بَعْضٍ فَیُتَّهَمُوا في رِوایَتِهِمْ»; <<Ва бархишон ҳамнишини бархӣ дигар набошанд то дар ривояташон (ба ахз аз якдигар ё табонӣ бо ҳам) муттаҳам шаванд>> (Гуфтори 13), балки ба сурати хос дар бораи аҳодиси Умавӣ ҳушдор дода ва фармудааст: «إِنَّ مَوالِيَ بَني أُمَیَّةَ قَدْ أَفْسَدُوا عَلَیْكُمُ الْحَدِیثَ فَدَعُوهُ وَ أَقْبِلُوا عَلیٰ كِتابِ اللّهِ وَ خَلِیفَتِهِ فِیكُمْ فَإِنَّهُما یَهْدِیانِكُمْ إلیٰ صِراطٍ مُسْتَقیم! أَلا إِنِّي لا أَقُولُ لَكُمْ حَسْبُكُمْ كِتابُ اللّهِ و لكنْ أقولُ لَكُمْ حَسْبُكُمْ كتابُ اللّهِ و خَلیفَتُهُ فِیكُمْ»; <<Ҳамоно дӯстдорони банӣ Умая ҳадисро бар шумо хароб кардаанд, пас онро вогузоред ва ба китоби Худованд ва халифааш дар миёнатон рӯй оваред; Чароки он ду шуморо ба роҳӣ рост раҳнамун хоҳанд шуд! Огоҳ бошед ки ман ба шумо намегӯям: Китоби Худованд шуморо бас аст, балки ба шумо мегӯям: Китоби Худованд ва халифааш дар миёнатон шуморо бас аст>> (Гуфтори 8, фақараӣ 3). Ба илова, адами мухолфати як ҳадис бо Қуръон низ дар яқиновар будани он шарт аст, дар ҳоле ки ин ҳадис ошкоро бо Қуръон ва ақл мухолифат дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фирқаи ноҷиаро <<Ҷамоъат>>, <<Саводи аъзом>> ва <<Пайравони Паёмбар ва асҳоби ӯ>> шумурда, дар ҳоле ки Қуръон ошкоро аксариятро дар хато дониста ва аз пайравии онон наҳй карда ва фармудааст: «وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ» (Анъом/ 114); <<Ва агар аз аксари касоне ки дар замин ҳастанд пайравӣ кунӣ туро аз роҳи Худованд гумроҳ мекунанд, онон ҷуз аз зан пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд>> Ва ақл низ на миёни ҷамоъат ва фирқаи ноҷиа талозиме меёбад ва на миёни Паёмбар ва асҳоби ӯ; Ҳамчунонки миёни асҳоби Паёмбар низ ҳамоҳангӣ ва ваҳдати назари ва амалӣ намеёбад; Фориғ аз онки наметавон 73 фирқаро дар уммат мушоҳида кунад; Чароки агар мурод аз фирқа маҳзаб бошад, бисёр камтар аз ин теъдод мазҳаб дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва агар мурод аз фирқа гурӯҳ бошад, бисёр бештар аз ин теъдод гурӯҳ дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, касе қодир ба шумурдаи 73 фирқа дар миёни онон нест, дар ҳоле ки хабари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз амрӣ айнӣ ва хориҷӣ, наметавонад бо ҳиссу виҷдон мунофот дошта бошад ва аз ин рӯ, яқин ба судури ин ҳадис аз ӯ ҳосил намешавад. Беҳуда нест ки бархӣ аз аҳли ҳадис ва ҳанафия низ дар он ишкол кардаанд (бингаред ба: Ибни Таймия, Минҳоҷил сунна, ҷ2, с101 ба нақл аз Ибни Ҳазм ва дигарон; Албонӣ, Зилолил ҷаннаҳ фӣ тахриҷул суннатил ибни Абӣ Осим, с33 ба нақл аз бархӣ ҳанафия).

Солисан ин ҳадис дар сурати тавотур, ҳеҷ далолате ба <<Ҳаққонияти мазҳабӣ шиъа ва бутлони мазоҳиби дигар>> надорад, балки билакс бар бутлони мазҳаби шиъа ва ҳаққонияти аҳли суннат ва ҷамоъат далолат дорад; Зеро чизе ки аз тариқи ровиёни мутаъаддид расида, биҳиштӣ будани <<Ҷамоъат>>, <<Саводи аъзам>> ва <<Пайравон Паёмбар ва асҳоби ӯ>> ва дӯзахӣ будани соири мусалмонон аст, дар ҳоле ки шиъа бо таваҷҷуҳ ба ақалияти ошкораш, ҳеҷ гоҳ мисдоқи ҷамоъат ва саводи аъзам набуда ва бо таваҷҷуҳ ба эътиқодаш дар бораи асҳоби Паёмбар, ҳаргиз иддаъои пайравӣ аз ононро надошта ва бо ин васф, тавотури ин ҳадис, ба маънои биҳиштӣ будани аҳли суннат ва ҷамоъат ва дузахӣ будани аҳли ташаюъ аст ки ошкоро аз ҷамоъат ва саводи аъзам ҷудо шудаанд ва ба ҷои пайравӣ аз асҳоби Паёмбар, ба табаррӣ аз онон рӯй овардаанд. Ба ҳамин далил будааст ки касоне аз аҳли ташаюъ, гоҳ ба таъвили ин ҳадис ва гоҳ ба табдили он кӯшидаанд то худро аз зери теғи он канор бикашанд; Ба ин тартиб ки гоҳе муддаъӣ шудаанд мурод аз асҳоби Паёмбар, аҳли байти ӯ ва мурод аз ҷамоъат ва саводи аъзам аҳли ҳақ ҳастанд, агарчи дар ақаллият бошанд; Ғофил аз онки иродаи аҳли байти Паёмбар аз асҳоби ӯ ва иродаи аҳли ҳақ аз ҷамоъат, иғроъ ба ҷаҳл аст ва гоҳе ба ҷои ҷамоъат, саводи аъзам ва пайравони асҳоби Паёмбар, шиъаён ва пайравони аҳли байти ӯро қарор додаанд; Ғофил аз онки ривояти онон бо ин лафз, мутавотир нест, бал ривоятӣ воҳид ва заъиф аст ки ногузир пас аз ривоҷи ривояти машҳур, барои муқобила бо он сомон дода шудааст.

Робиъан судури ин ҳадис –бидуни дар назар гирифтани зайли он ва бархӣ алфозаш– ҳаргоҳ ба маънои вуқуъи ихтилофи бештар миёни мусалмонон ва саъодати ҳидоят ёфтагон ва хусрони гумроҳонашон ба қадри ҳидоят ва гумроҳишон бошад, ишколе надорад ва метавонад аз Паёмбар содир шуда бошад, вале нишон намедиҳад ки мабнои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дуруст нест; Зеро ӯ намегӯяд ки шиъа ба маънои пайрави аҳли байти Паёмбар ё суннӣ ба маънои пайрави суннати ӯ, бал мегӯяд ки шиъа ё суннӣ ба манъони ройиҷ нест ва миёни ин ду фарқи бисёре вуҷуд дорад; Чароки шиъа ба маънои ройиҷ, дар бисёрӣ аз ақойид ва аъмоли худ пайрави аҳли байти Паёмбар нест ва аз ақойид ва аъмоли онон фосила гирифтааст; Ҳамчунонки суннӣ ба маънои ройиҷ, дар бисёрӣ аз ақойид ва аъмоли худ пайрави суннати Паёмбар нестанд ва аз ақойид ва аъмоли ӯ фосила гирифтааст, дар ҳоле ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳамаи ақойид ва аъмоли худ –бидуни тақия ва таъассуб ба як мазҳаби хос– пайрави ақойид ва аъмоли Паёмбар ва аҳли байти ӯст ва бо ин васф, табиъатан шиъа ё суннӣ ба маънои ройиҷ маҳсуб намешавад (дар ин бора, бингаред ба: Пурсиш ва посухи 310). Бегумон фирқаи ноҷиа, касоне монанди ӯ ҳастанд ки дар ҳамаи ақойид ва аъмолашон, аз ақойид ва аъмоли Паёмбар ва аҳли байташ пайравӣ мекунанд, агарчи бар хилофи ақойид ва аъмоли шиъаён ва сунниён бошад ва онон ҳамон мӯъминон ва ҳамон мусалмонони ҳаниф ҳастанд ки барои Парвардигорашон дар таквин ё ташриъ ё таҳким шарике намегиранд ва барои ҳукумати халифааш дар замин заминасозӣ мекунанд ва онон ҳамон ҳидоят ёфтагонанд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои посухгӯӣ бар ҳар пурсиш, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани пурсишҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин пурсишҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули посух дода мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.