Шанбе 16 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 28 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Ақойид

Шумораи пурсиш: 2 Коди пурсиш: 9
Мавзӯъи фаръӣ:

Шинохти халифаи Худованд дар замин; Аҳволи Мансур ва заминасозии ӯ барои зуҳури Маҳдӣ

Нависандаи пурсиш: Ношинос Тарихи пурсиш: 20/01/2015

Дар сурате ки ҳокими яке аз кишварҳои Исломӣ пешниҳоди ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросониро қабул кунад чигуна ҳукуматро таҳвили ҳазрати Маҳдӣ медиҳанд? Оё эшон бо ҳазрати Маҳдӣ иртибот дошта ва мулоқот доранд? Барномаи иҷроии эшон чист?

Посух ба Пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш:

Иртибот бо ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ба маънои мулоқоти мавридӣ бо он ҳазрат бинобар қавл ба вуҷуди ӯ дар ҳоли ҳозир, ақлан ва шаръан мумкин аст ва зоҳиран барои бархӣ аз мусалмонон воқеъ шудааст, вале ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ муддаъӣ иртибот бо он ҳазрат нест, ба ин маъно ки ё бо он ҳазрат иртиботе надорад ва ё онро бар мало намекунад. Дар ҳар ҳол, чи эшон бо он ҳазрат иртиботе дошта бошад ва чи иртиботе надошта бошад, тардиде нест ки ҳаргоҳ ҳокими яке аз кишварҳои Исломӣ пешниҳоди эшон мабнӣ бар канорагири аз қудрат ва интиқоли он ба Маҳдӣ алайҳи саломро воқеъан ва аз рӯӣ ихлос ва на иддаъоан ва аз рӯӣ фиреб қабул кунад ва иқдомоти амалии лозим барои исботи садоқати худ ва тасҳили зуҳури он ҳазратро ба тартибе ки дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> табйин шудааст анҷом диҳад, Худованд роҳи онро барои ӯ аз ноҳияи ҳар касе ки бихоҳад мегушояд; Чароки Ӯ ба бандагони худ ситамкор нест; Чунонки фармудааст: «وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ» (Оли Имрон/182) Ва чизеро барои қавме тағйир намедиҳад то он гоҳ ки онон худ заминаи тағйирашро фароҳам созанд; Чунонки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ» (Раъд/11) Ва аз анҷоми коре ки барои онон лозим аст нотавон нест; Чунонки фармудааст: «إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ» (Талоқ/3) Ва фармудааст: «بَلْ يَدَاهُ مَبْسُوطَتَانِ يُنْفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ» (Моъида/64); Бал ҳақ он аст ки пас аз таҳсили ин муқаддамот тавассути ҳокимӣ мусалмон ва таъйиди он тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба унвони коршинос ва нозири бетараф ва қобили эътибор дар қолиби иқдомӣ муштарак, ниёзе ба иртиботи эшон бо Маҳдӣ алайҳи салом нахоҳад буд, балки Маҳдӣ алайҳи салом худ бо эшон иртибот хоҳад гирифт; Чароки ҳидояти эшон дар ин марҳала вазифаи Худованд хоҳад буд ва тайӣ ин марҳала тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бинобар қоъидаи «إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّي سَيَهْدِينِ» (Соффот/99); <<Ман ба сӯm Парвардигорам равандаам манро ҳидоят хоҳад кард>> анҷом мешавад; Чунонки худ дар бахшӣ аз китоби бузурги <<Бозгашт ба Ислом>> (с 292 ва 293) бо ишора ба ин марҳала фармудааст:

<<Бале, инсоф он аст ки дастрасӣ мардум ба Маҳдӣ, дар сурате ки монеъи онро рафъ кунанд, бидуни ҳидояте аз ҷониби ӯ мумкин нест; Чароки онон аз вуҷуд ё ҷои ӯ дар сурати вуҷудаш огоҳӣ надоранд ва табъан ба сахтӣ метавонанд ӯро аз тариқи ҷустуҷӯяш, ҳар чанд бо такия бар нишонаҳои ривоёт шуда барои ӯ, биёбанд. Аз ин рӯ, бар Маҳдӣ воҷиб аст ки имкони дастрасӣ ба худро пас аз рафъи монеъи он тавассути мардум, барои онон эҷод кунад ва он метавонад аз тариқи фиристодани сафир ё навиштани номае барои онон ё аз тариқӣ дигар баста ба имкон ва муносибати он анҷом шавад. Бо ин васф, рафъи монеъи дастрасӣ ба Маҳдӣ ки пеш аз ҳар чиз, фиқдони амнияти лозим барои ӯст, бар мардум воҷиб аст ва ҳаргоҳ онро анҷом диҳанд, бар Маҳдӣ воҷиб мешавад ки дастрасӣ ба худро барои онон тасҳил кунад ва ӯ ба иқтизои таҳораташ аз ҳар гуна риҷс ва адами ҷудойиаш аз китоби Худованд, ин корро анҷом медиҳад ва адами анҷоми ин кор тавассути ӯ то кунун, далили бар он аст ки мардум то кунун монеъи дастрасӣ ба ӯро рафъ накардаанд ва амнияти лозими ӯро ба вуҷуд наёвардаанд>>.

Рӯшан аст ки ин ваъдаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест то эҳтимоли тахаллуфи он биравад, балки ваъдаи Худованд аст ва таҳаққуқи ваъдаи Худованд ҳатмӣ аст, ҳар чанд чанду чуни он бари бештари мардум маълум набошад; Чунонки фармудааст: «أَلَا إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ» (Юнус/55) <<Огоҳ бошед ки ваъдаи Худованд ҳақ аст, ҳар чанд бештари онон илм надоранд>>; Ҳамчунонки таҳаққуқи ваъдаи Ӯ дарбораи қиёмат ҳатмӣ аст, ҳар чанд камми ва кайфии он ба таври дақиқ маълум нест; Чунонки фармудааст: «وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ۝ قُلْ لَكُمْ مِيعَادُ يَوْمٍ لَا تَسْتَأْخِرُونَ عَنْهُ سَاعَةً وَلَا تَسْتَقْدِمُونَ» (Сабоъ/29 ва 30); <<Ва мегӯянд ки ин ваъда кай хоҳад буд агар рост мегӯйед?! Бигӯ барои шумо мийъод рӯзе аст ки як соъат аз он пас ё пеш намеафтед>> Ва фармудааст: «وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ۝ قُلْ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِنْدَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُبِينٌ» (Мулк/25 ва 26); <<Ва мегӯянд ки ин ваъда кай хоҳад буд агар росгӯ ҳастед?! Бигӯ илм танҳо назди Худованд аст ва ман танҳо бим диҳандаи ошкорам>>.

Бинобарин, ҳақ он аст ки бояд заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи саломро бо имон ба ваъдаи Худованд анҷом дод ва набояд ба сабаби ҷаҳл ба бархӣ ҷузъиёти каммӣ ё кайфии он, дар лозим ва муфид будани он тардид раво дошт ва даъват кунандаи ба сӯӣ онро ба газофагӯӣ муттаҳам намуд. Ба ҳар ҳол, мӯъзали ғиёби Маҳдӣ алайҳи салом мӯъзали печидае аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳоли талош барои ҳалли он ба сурати амалӣ ва майдонӣ аст ва барои ин кори душвор ва нафасгир, дасти кам ба ҳимояти яке аз кишварҳои Исломӣ ва ҳокимони мусалмон ниёз дорад.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи дарки ин ҳикматҳо ва ҳақоиқи гаронсангеро арзонӣ дорад ва дилҳои ҳокимони мусалмонро барои қабули он нарм гардонад то ҳар чи зудтар замина барои зуҳури оқоямон Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад ва масоъиб ва мӯъзалоти ҷаҳони Ислом поён пазирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоност ва бисёр Бахшанда ва Меҳрабон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.