Шанбе 16 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 28 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 3 Коди пурсиш: 4
Мавзӯъи фаръӣ:

Илм ва ҷаҳл; Мавонеъи таҳсили илм (тақлил, таъассуб, такаббур, хурофагароӣ ва ...)

Нависандаи пурсиш: Форуқи Муллозеҳӣ Тарихи пурсиш: 02/01/2015

Оё ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ моро аз салаф олимтар ва фозилтар медонад?!

Посух ба Пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш:

Агар манзури шумо аз <<Мо>> шахси шумо ё ашхоси хосси дигаре дар пиромуни шумост, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дарбораи шумо иттилоъ ва табъан қазовати хоссе надорад ва ба олимтар ва фозилтар будан ё набудани шумо аз салаф ҳукм намекунад, вале агар манзуратон <<Навъи ояндагон>> аст, эшон олимтар будан ва фозилтар будани <<Навъи ояндагон>> аз <<Навъи гузаштагон>> ро бо таваҷҷуҳ ба далоилӣ ақлӣ ва шаръӣ ки дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> (с 48 то 50) зикр фармудааст, <<Мумкин>> медонад ва мӯътақид аст ки олимтар будан ва фозилтар будани мутлақи салаф аз мутлақи ояндагон, бар хилофи пиндори касоне ки онро бадеҳӣ мепиндоранд, бадеҳӣ нест ва қатъӣ шумурда намешавад ва бо ин васф, тақлид аз онон бар пояи занн ба олимтар будан ва фозилтар буданашон, назар ба адами эътибори занн дар ислом, воҷиб балки ҷоиз нест. Ба ҳар ҳол, рӯшан аст ки салаф, ба маънои мусалмонони се насли нахуст, Паёмбаронӣ маъсум набуданд ки олимтар будан ва фозилтар буданашон аз ояндагон бадеҳи ё қатъӣ бошад ва тақлид аз онон воҷиб ё ҷойиз шумурда шавад.

Бо ин ҳол, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ имкони олимтар будани онон аз ояндагонро мепазирад, вале интиқоли илми онон ба ояндагон ба сурати саҳиҳ ва комилро машкук балки мардуд мешуморад ва мӯътақид аст ки мавонеъи сиёсӣ ва мазҳабии фаровоне барои он вуҷуд доштааст ки ҷойе барои яқин ба сиҳҳат ва камоли он боқӣ намегузорад ва занн ба сиҳҳат ва камоли он низ бо таваҷҷуҳ ба адами эътибори занн дар Ислом кофӣ нест. Ҳамчунонки фозилтар будани мусалмонони нахустин аз ояндагонро аз лиҳози аҷри ухравӣ медонад ва онро далиле барои тақлид аз онон намеёбад.

Бинобарин, ҳосили сухани эшон дарбораи салаф ин аст ки аввалан олимтар будан ва фозилтар будани онон аз ояндагон ба сурати мутлақ, қатъӣ нест ва аз ақл ва шаръ собит намешавад ва танҳо мӯҳтамал аст ва ин эҳтимол барои лузуми тақлид аз онон кофӣ нест ва сониян ба фарз олимтар будани онон аз ояндагон, қатъӣ нест ки илми онон ба сурати саҳиҳ ва комил ба ояндагон расида бошад то тақлид аз онон бар пояи он мумкин ва зарури бошад ва ба фарзи фозилтар будани онон, фазлашон ба маънои бештар будани аҷрашон дар охират аст ки мусталзими тақлид аз онон дар дунё нест.

Бинобарин, аз назари ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, мусалмонон бояд ба ҷои салаф, аз китоби Худованд ва суннати қатъии Паёмбари Ӯ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам табаъият кунанд; Ҳамчунонки салаф низ мекӯшиданд ки ҳамин корро анҷом диҳанд ва худ аз салафашон табаъият намекарданд ва аз халаф намехостанд ки тобеъи онон бошанд ва ин воқеъияте аст ки бар аҳли иттлоъ пӯшида нест.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи тарки таъассуб ва тақлид ва илтизом ба Исломи холис ва комил барканор аз ҳамаи аҳвоъ ва мазоҳибро арзонӣ дорад.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.