Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани пурсишҳо ва посухҳо

Мавзӯъи аслӣ:

Муқаддамот

Шумораи пурсиш: 1 Коди пурсиш: 1
Мавзӯъи фаръӣ:

Илм ва ҷаҳл; Мавонеъи таҳсили илм (тақлил, таъассуб, такаббур, хурофагароӣ ва ...)

Нависандаи пурсиш: Ношинос Тарихи пурсиш: 26/12/2014

Лутфан дар хусуси тақлид ва ҷойгоҳи он дар Ислом иршод бифармойед.

Посух ба Пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш:

Қоъидаи бисёр муҳиме ки ҳар мусалмоне бояд бидонад ва ба он таваҷҷуҳ дошта бошад, адами ҳуҷияти занн дар Ислом аст. Худованди мутаъол дар оёти мухталифе аз Қуръон таъкид фармудааст: «إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا» (Юнус/36) яъне <<Занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва касонеро ба хотири пайравӣ аз занн некуҳиш карда ва фармудааст: «إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ» (Юнус/66) яъне <<Ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҷуз тахмин намезананд>>! Ин ба он маъност ки ақида ва амали мусалмон бояд ҳамвора мубтанӣ бар яқин бошад ва ақида ва аъмоле ки мубтанӣ бар занн аст саҳиҳ ва мавриди қабули Худованд нест. Ин дар ҳоле ки тақлид аз дигарон дар ақойид ва аъмол ба маънои табаъият аз гуфта ва кардаӣ онҳо бидуни огоҳӣ аз далилашон, ба иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон танҳо муҷиби занн мешавад ва муҷиби яқин намешавад ва бо ин васф, бинобар сареҳи сухани Худованд дар Қуръон <<Чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>. Аммо далили касоне ки тақлид дар аъмолро ҷойиз медонанд ин аст ки аъмолро бо ақойид мутафовит мепиндоранд, дар ҳоле ки чунин тафовуте дар Ислом собит нест ва сухани Худованд дар Қуръон ом аст ва шомили ақойид ва аъмол мешавад. Ин ба он маъност ки ҳар мусаломне бояд ҳамонтавр ки хондан ва навиштан ва соири заруриёти зиндагии худро фаро мегирад, ақойид ва аъмоли Исломии худро низ фаро бигирад ва ҳеҷ ақида ва амалеро ҷуз бо далили қатъӣ ва яқинӣ напазирад ва анҷом надиҳад. Далили қатъӣ ва яқинӣ дар Ислом низ ҳамонтавре ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> табйин фармуда, оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотир ва албатта шунидан аз халифаи Худованд дар замин аст ва ин Исломи холис ва комил шумурда мешавад ки ба зунун олуда нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Навиштани пурсиш

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.