Сешанбе 20 август 2019 мелодӣ баробар бо 18 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

   
Шумора: 13 Нависандаи нукта: Илёс Ҳакимӣ Тарихи нукта: 05/09/2018
Мавзӯъи нукта:

Як қадам монда ба субҳ[1]

Шаби торике буд. Бисёр торик ва тарснок. Марди ҷавон, худро ба таҷриба ва дониши ҷангии Муҳаммад Маҳдӣ супурда буд. Муҳаммад Маҳдӣ дигар аз марзи панҷоҳ солагӣ ҳам гузашта буд, аммо ҳамчунон қиброқ ва неруманд буд. Барои Миқдод ки тоза аз давраи омӯзиши низомии фишурда ба майдони ҷанг меомад, хаймаи шабонагоҳони тира, ваҳшатангез буд. Дар худ фурӯ рафта буд ва тарсу ларзи худро пинҳон намекард. Тарс аз ҷанг ва ларза аз сармои саҳро. Сангарӣ муваққатӣ ва намур буд. Медонист ки Муҳаммад Маҳдӣ мардӣ ҷанговар ва дунё дида аст ва то бо ӯ ҳаст, такягоҳӣ муҳкам дорад, аммо дар тамоми лаҳазот ки наметавонист бо ӯ бошад. Шояд коре пеш меомад ё ҳодисае; Ё ҳатто дастуре содир мешавад ва Миқдод маҷбур мешуд то аз ёвар ва фармондеҳ ва беҳтарин муррабии худ фосила бигирад. Ин низ барои ӯ изтиробӣ хуранда буд ки аъзояшро бар ҳам мерехт.

Онон бояд ба зудӣ онҷоро тарк мекарданд, аммо пас аз анҷоми амри бисёр муҳимме ки бар дӯши фармондеҳ буд ва албатта Миқдод; Амре ки Миқдод бо иштибоҳе ки дар субҳ аз ӯ сар зад, онро ба ақаб андохт...

Ҳечгоҳ касоне барои анҷоми маъмурияте ба ҷойе фиристода намешуданд, магар онки як фарди ботаҷрибатар ҳамроҳи онон ва масъул ва фармондеҳашон бошад. Тимҳо ва гурӯҳҳои эъзомӣ, маъмулан ду нафара, се нафара ё чаҳор нафара буданд ва гоҳе ҳам бештар. Аммо аз дувоздаҳ нафара таҷовуз намекунад. Чаро ки афроди муҷараб ва мавриди итминон ва тарбиятёфта ки имкони эъзоми онҳо буд, маҳдуд буданд. Теъдоди ёрон дар ҳоли афзойиш буд, аммо корҳо ҳам бисёр зиёд ва анбуҳ. Ин камии афрод ва фаровонии корҳо танҳо бо як ҳидоят ва фармондеҳӣ қудратманд ва Илоҳӣ метавонист роҳи худро барои фатҳи ҷаҳон боз кунад ва низ як чизи дигар: Ихлоси афроди пухта ва тарбият ёфта ки дар тӯли солҳо, барои ин рӯзҳо омода шуда буданд; Афроде ки аз сар то сари ҷаҳони Ислом фарохонда шуда буданд...

Фурсате даст дода буд ва оромишӣ нисбӣ бар сангар ҳоким буд. Муҳаммад Маҳдӣ баланд шуд ва силоҳашро ҳамойил кард ва ба намози шаб истод. Маъмулан вузу дошт. Ҳар куҷо ба обу ободӣ ва ҷӯйборе мерасидем, ӯ вузуӣ тоза мегирад. Ду ракаът аз намози шабро хонд ва сипас гуфт: “Агар ту ҳам мехонӣ бихон, аммо бояд ба навбат бихонем”. Миқдод вузу надошт ва ҳаво ҳам сард буд. Гуфт: “Вузу надорам. Шумо бихонед”. Муҳаммад Маҳдӣ таҳаҷҷудашро мухтасар кард ва ҳангоме ки аз он фориғ шуд, рӯ ба Миқдод гуфт: “Имрӯз иштибоҳи бузурге муртакиб шудӣ. Ман ба ту гуфтам махфиёна ба суроғи Муҳаммад Иброҳим дар Ноъур[2] бирав ва то ӯро наёфтӣ, бо аҳаде дар бораи маъмуриятамон сухан нагӯ, ҳатто агар маҷбур шудӣ; Чаро ки таҳаммули он ҷабр ва фирори аз он, осонтар аз кушта шудан аст! Ва ту дақиқан худатро табло кардӣ ва моро ба хатар андохтӣ ва корамонро ба таъхир кашидӣ! Магар ту намефаҳмӣ ки дар чи шароите ҳастем?! Корҳо ҳассос аст. Тағйирот ва таҳаввулот лаҳзаи аст. Фурсатҳо андак аст ва ёрон каманд. Онгоҳ ту инқадар бад амал мекунӣ. Тақрибан ноумедам кардӣ. Наздик буд моро ба куштан диҳӣ. Агар ман эҳтимоли шинохта шуданам дар онҷо набуд, худам мерафтам ва ин корро ба ту намесупурдам. Медонам ки ҷавонҳое монанди ту кори моро кунд мекунанд ва ҷуз харобкорӣ ҳунаре надоранд”!

Миқдод ки дигар наметавонист ба чашмони фармондеҳ нигоҳ кунад, сар ба зер андохт ва ҳамчунон меларзид.

Фармондеҳ: Ту масалан омӯзиш дидаи ва аз миёни чанд нафари дигар интихоб шудаи. Ҳол ба назари ту чи кунем ки ҳам ман натавонам биравам ва ҳам ту? Дар ҳоле ки бояд ин дидор сурат бигирад ва ман Муҳаммад Иброҳимро аз наздик бубинам. Медонӣ ки як иштибоҳи хурд дар тасмимгирӣ ва як хатои ҷузӣ дар муҳосибот ё як нофармони ба зоҳири беаҳмият дар ҷанг, метавонад ба ҳазимат тамоми лашгар мунтаҳӣ шавад? Ислом ҳамвора бо ҳамин хатоҳо зарба хӯрдааст; Аз рӯзи нахуст то кунун. Дар ҷангҳоӣ бас сарнавишсоз, афродӣ суст ва нодон ки сустӣ ва нодонишон бар тақво ва итоъаташон пешӣ гирифт ва фоҷеъа дуруст карданд. Аз касоне набош ки дар бизангоҳҳо шайтон ба онон даст меёбад ва дақиқан дар лаҳзае ки ниёз ба бедорӣ аст, хобат бибарад ё дар лаҳзае ки ба ҳушёрӣ ниёз дорӣ, ҳавосат парт шавад ё дар ҷойе ки ба неру эҳтиёҷ дорӣ, суст ва заъиф шавӣ ё дар ҷойе ки ба истиқомат ниёзмандӣ, ба тардид в шак бияфтӣ. Аз касоне набош ки хур ва хоб ва хашм ва шаҳват ва ҳирс ва тамаъ ва дунёталабиат дақиқан дар лаҳзаи анҷоми вазифа геребонатро бигирад ва чашмонатро кӯр кунад ва дастонатро ба занҷир кашад ва поятро бибандад ва саратро манг ва гиҷ кунад ва чашм боз кунӣ ва бубинӣ ки тамоми сипоҳро ба куштан додаи ва душманони Худоро бар фиристодаи Худо мусаллат гардондаи!!

[Миқдод ки дигар дошт гиряаш мегирифт бо лаҳнӣ кӯдакона ва садойи наҳиф, дар миёни сӯҳбатҳои фармондеҳ, ба нишони таъйид ва шармандагӣ сар меҷунбонд ва як “бале”и хафиф мегуфт.]

Медонӣ ки дар Уҳуд чунин ҳодисаи ҳувлноке ба вуқуъ пайваст? Ғазваи хунбор ва мусибатвори Уҳуд таҷассуми заъфи дарунии афрод ва ғилёни разоъили нафсонӣ ва шиддати ҳамоқати онон аст.

[Миқдод чашмони пур ғуссаашро ба чашмони Муҳаммад Маҳдӣ андохт. Мехост бештар бишнавад. Бештар бидонад. Саргузашти Исломро беҳтар бубинад. Чеҳраи ором ва ҷиддии Муҳаммад Маҳдиро хуб нигарист то ӯ ҳарфашро идома диҳад ва қатъ нагардонад.]

Магар ғайр аз ин буд ки Уҳудро ҳамон мардони ноозмуда ва дунёталаб бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи божгун карданд? Он набарде ки мерафт то дуввумин пирӯзии бузурги Паёмбар ва ёронаш бар мушрикон бошад, табдил ба шикасти талх ва ногуворе шуд ки захмаш то муддатҳо тоза буд!

Паёмбари Худо, бо иқтидор ва бо азимат, тамоми сипоҳро муназзам намуд. Ҳама чиз, омодаи набардӣ тамом айёр буд. Мусалмонони ҷанговари Бадр тақрибан ҳама ҳозир буданд ва неруӣ пирӯзии ширини он рӯзи бузур, дар бозуҳошон буд. Касе дар қалбаш тарсе намеёфт; Чаро ки тарс дар рӯзи Бадр мурда буд! Рӯзе ки сесаду анде нафар дар баробари беш аз се баробари худ истоданд ва Худованд ҷалла ҷалолуҳ, бо гӯшае аз қудрати хеш, нерӯ ва ҳайманаи сипоҳ ононро ба беш аз се баробар афзойиш дод то бо камтарин талафот, мушриконро ба сахтӣ мағлуб намоянд; То ҳадде ки бозмондагони душман, танҳо ва танҳо гурехтанро чораи кор донистанд. Чи рӯзи пуршукуҳе буд рӯзи Бадр ва хотираи ширин барои аҳли Ислом ва панди шигарф дар сояи ҳузури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам; Мавъизае ъайнӣ ва амалӣ ва корбурдӣ барои ҳамаи тарихи мобаъди худ; Инки ёрии Худованд ба касоне мерасад ки аз фиристода ва халифаи Ӯ итоъат кунанд ва дар замоне мерасад ки пойдорӣ нишон дода ва натарсанд ва бойистанд. Худованд дар ғазваи Бадр мусалмононро ба силоҳи нусрат мусаллаҳ фармуд ва он рӯзро намунаи рӯшан барои фиристодани нусрати хеш намудор сохт; Нусрате ки монандашро ба зудӣ бар ёрони имом Маҳдӣ салавотуллоҳ ва салома алайҳи нишон хоҳад дод.

Гарчи бархӣ аз ёрон андаке музтариб ва тарсон буданд, аммо қалбашон ба вуҷуди Паёмбари Худо ором буд. Ширинии пирӯзии Бадр ҳанӯз дар коми ҳамагон буд. Бо итминон ба ёрии Худованд ва эътимод ба Паёмбари Худо ба Уҳуд рафта буданд. Офтоб монанди ҳамеша сӯзон буд ва кӯҳҳоро сурхтар аз ҳамеша нишон медод. Ҳис мекардӣ ки қалби бархӣ аз мусалмонон дар изтироб ва ташвиш аст, аммо воқеъан вуҷуди мубораки Паёмбар намегузошт нигаронии онон аз як ҳадде бештар шавад. Вуҷуди муқаддаси Расулуллоҳ ба шайтон ва ҳизбаш иҷозаи дастандозӣ намедод. Бисёрӣ аз афрод инро борҳо таҷриба карда буданд. Ба ҳамин хотир вақте тарс бар онон ғолиб мешуд, фавран бо чашм ба дунболи Паёмбар мегаштанд то қомати нозанинашро бубинанд ва қалбашон ором гирад. Вақте ҳазраташро медиданд ва салобат ва ҳаминаашро мушоҳида мекарданд, иғвои шаётин ва васвоси онон ва заъфи нуфусашон дар баробараш ранг мебохт. Дар тӯли азимат ба аҳади то пеш аз оғози набард, чандин бор ин ҳолот барои афрод пеш меояд. Мард хонаашро ба ёд меоварад, духтар ва писарони хурдсолаш дар назараш меомаданд ва чашмони гирёни ҳамсар қалби ӯро такон медод. Поҳо суст мешуд ва аз оғози ҷанг метарсид, аммо чун Паёмбари Худоро медид, ҳамаи фикр ва хиёлҳо аз зеҳни ӯ пок мешуд ва сухани Паёмбар ва асҳоби наздики эшон ба ёдаш меомад ки: Агар медонистед ки бо истиқрори Ислом бар тамоми ҷаҳон чи хайре насиби ҳамаи инсонҳо ва аз ҷумла хонаводаи худатон мешавад, як лаҳза аз ҷиҳод боз намеистодед ва даранг намекардед ва лаҳзае хаста намешудед ва то пирӯзии ниҳойии Ислом, гӯш ба фармони Худо ва Паёмбараш будед. Имрӯз занон ва кӯдакони шумо хушбахт нестанд, ҳар чи ҳам ки шумо пешашон бошед боз фосилаи зиёде то хушбахтӣ доранд. Оё зиндагии имрӯзро барои онон меписандед ё ҳаёти таййибае дар ҷойе монанди Биҳишти Одам ва Ҳаворо? Замин бо истиқрори Ислом ба як чунон Биҳиште мубаддал хоҳад шуд. Ҳар кадом аз шумо ки он рӯзро дур бипиндорад ва ба хотири нороҳатии имрӯзи хонаводааш, саъодати зоидул васфи дунё ва охирати ҳамаи инсонҳо, аз ҷумла хонаводаашро нодида бигирад, зиёни бузурге карда ва фиреби баде хӯрдааст!!

Вақте ки Паёмбарро медидӣ, мутмаъин мешудӣ ки агар кушта шавӣ, пирӯзӣ; Чаро ки дар зери парчами Худо ва Расулаш кушта шудаи ва агар зинда бимонӣ тавфиқи ёрии Паёмбар ҳамчунон насибат хоҳад шуд.

Насими мулойиме мевазид ва сипоҳи Ислом ба саф шуда буданд. Оромиши ҷангӣ дақиқ ва комил буд. Паёмбари Худо бо диққатӣ фавқулъода, нафаротро ба хат ва муназзам фармуд. Тавре ки монанди тирӣ соф ва рост дида мешуданд. Паёмбар хутбаӣ зебо ва ғарро ирод фармуданд ва ба ҷавононе ки дар миён ҳозир буданд, нерӯйи дучандон доданд. Итминон дар мусалмонон мавҷ мезад. Онон дил ба ваъдаҳои Худо ва Расулаш дода ва аз ҳар назар омода буданд. Заъфе дар сипоҳ дида намешуд, магар чизе ки дар бархӣ дарунҳо ҳанӯз шайтанат мекард: Мондан дар Мадина ва ҷангидан дар онҷо ба салоҳ буд, аммо Паёмбар кори дигаре карданд!!

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ҳамаи чизро таҳти кантрол доштанд ва чизе аз назарашон пинҳон намонда буд. Паёмбари Худо бо диққатӣ шигифт тамоми гӯша гӯашаӣ сипоҳро назар мефармуд. Ба так таки афрод таваҷҷуҳ менамуд. Бо нигоҳи нофизаш кӯчактарин нороҳатӣ ё нигаронии ёрон ва асҳобро дармеёфт ва иллати онро ҷӯё мешуд. Монанди ҳамеша бо руҳия ва хушҳол буд. Бо ҳайбати малакутияш ки дар ҷанг бештар ҷилва мекард, фармон медод ва ҳамагон бо диққатӣ фавқулъода гӯш ба фармон буданд. Дигар ҷанг буд ва ҷойи ҳеҷ тасомуҳ ва эҳмоле набуд.

Эшон ҳудуди 50 нафар аз тирандозонро ба фармондеҳии Абдуллоҳ ибни Ҷубайр ки Худояш раҳмат кунад, бар кӯҳҳе ки дар пушти сипоҳ воқеъ шуда буд, қарор дод то аз ҳеҷ сӯ, рихнае дар лашгаргоҳ воқеъ нашавад. Ба онон фармон дод таҳти ҳеҷ шароите, таҳти ҳеҷ шароите аз ҷойи худ наҷунбанд ва аз кӯҳ пойин наёянд, ҳатто агар дидданд ки бародаронашон дар размгоҳ кушта мешаванд ё мушрикон фирор кардаанд ё ҳатто ҷанг ба поён расидааст! Ва дар онҷо бимонанд то дастури баъдии Паёмбар ба онон бирасад.

... Пас аз раҷазхониҳо ва зӯрозмойиҳои тарафайн, ду сипоҳ имон ва куфр ба ҳам расида буданд ва фариштагон низ омодаи ёрии мӯъминин. Набарди тан ба тан оғоз шуд. Лашкари Ислом чунон шамшер мезад ва тир меандохт ки гӯйи доси зореъ аст ки алафҳои ҳарзи кофиронро дарав мекунад. Сипоҳи куфр бо суръатӣ чашмгир аз ҳам пошид ва хаймаву харгоҳро раҳо кард. Чи дидание буд фирори Маккиёни мушрик! Мусалмонон чунон бо қудрат ва истеҳком шуруъ карданд ки поёни ҷанг наздик менамуд. Вақте фирори душманро медиданд чунон суруре ба қалбашон роҳ меёфт ки монанде то он рӯз надошт. Ду пирӯзии бузург барои Ислом! Ду шикасти сангин барои мушрикон! Талофии ситамҳои Қурайш ба муҳоҷирон ва ансор! Интиқом ва қасоси хунҳойе ки аз мусалмонон рехтанд ва амволе ки аз онон ғасб ва ҳабс карданд. Гомӣ баланд барои фатҳи Макка ва тасаллути Паёмбари Худо бар Ҳиҷоз. Оре душманон ақаб нишастанд ва гусастанд. Ҳама чизашон бар замин монд ва худ ҷон ба дар бурданд ва саросима шуданд. Дидани манзараи дашти бесарбоз ва ҷангҷӯ, муждаи пирӯзии ҳамаҷониба медод. Ҳам пирӯзӣ ва ҳам ғанимат ва ҳам ризояти Худо ва Расулаш. Дигар чи мехостанд? Ба воқеъ ҳаяҷоновар буд, аммо на ба он андоза ки тирандозони мустақар дар кӯҳ, фармони Расули Худоро зери пой бигзоранд!! Нофармонӣ аз Расули Худо?!! Ба чи қимате?! Чигуна як инсон метавонад ба худаш иҷоза диҳад ки бар фармони Худо дар ҷанг исён кунад?! Алъаёзу Биллоҳ. Худованд ба итоъати ҳамаҷониба аз Расули Худо фаромн дода буд ва ҷанг ва ғайри ҷанг матраҳ набуд, аммо дар ҷанг, қатъан шароит печидатар ва ҳассостар аст ва бояд беш аз ҳар ҷойе итоъат кард. Ин идда коре карданд ки пирӯзии қатъии мусалмонон, ба шикастӣ сахт бадал шуд.

Бубин Миқдод ки чигуна як иштибоҳ метавонад як торихро дигаргун созад ва чунон заработе ворид оварад ки қобили ҷуброн набошад! Мқдод! Ту мумкин аст имрӯз мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шуда бошӣ ва пушаймон ҳам бошӣ ва дар садади ҷуброн баройи ва иттифоқан ҳам ин шоъ Аллоҳ битавонӣ ҷуброн кунӣ, аммо нигарони рӯзе бош ки иштибоҳи ту охирин иштибоҳ бошад ва саранҷоми он, ғайри қобили ислоҳ ва ҷуброн! Иштибоҳе накун ки тамом кунанда бошад! Монанди он тирандозони сусти бунёди.

Ҳарчи фармондеҳи тирандозон фарёд зад, дармони дарди дунёталабии ононро накард. Чи бигӯям? Бигӯям Худояшон наёмӯрзад? ...

Онон посух доданд: “Ҳама чиз тамом шудааст ва касе дар майдон нест. Мо низ барои худ матоъе бардорем”.

Абдуллоҳ фармони Расули Худоро ёдоварӣ кард ва гуфт: “Магар Паёмбар нафармуд ҳар иттифоқе ки афтод, кӯҳро тарк накунед. Ҳанӯз ки ҷанг тамом нашудааст. Ҳанӯз ки Паёмбар фармони бозгашт аз кӯҳро надодаанд. Наравед эй нофармонон!” Аммо ҷуз чанд нафар бо ӯ намонданд. Худояшон раҳмат кунад.

Ва дақиқан мушрикин, монанди бабрҳои захмӣ ва хашмгин, давр то даври лашгаргоҳи Паёмбарро меҷуриданд то рихнае биёбанд ва ҷилави шикасти қатъиро бигиранд ва ба сӯӣ хайма ва доройиҳои хеш бозгарданд, ва он рихнаро ёфтанд. Онон барои ҷуброни шикасти муфтазаҳонаи Бадр омада буданд. Онон ба қасди поён додан ба кори амузодаи худ омада буданд. Онон омада буданд то Худои Муҳаммадро мағлуб созанд ва омодаи ҷашн ва шодӣ буданд ки инчунин захм хӯрданд. Чашмони малъунашон ки то абад дар оташ сӯзон бод, бо тезбинии каркасгун, рӯзане ёфтанд ва аз ҳамон ҷо йӯриши сахте оварданд ва тирандозони андакро бо фармондеҳашон ки то охирин тир тиркаши худро ба сӯӣ онон андохт, тору мор карданд ва аз пушт, ханҷарӣ заҳрогин бар пайкари сипоҳи Худо заданд. Пайкари сипоҳ беонки фурсати фарёде ба даст оварад, чун зарфи шишаӣ шикаст ва хурд шуд. Ҳамлаи онон чунон ғайримунтазира буд ки мусалмонон ба якбора фуру рехтанд ва нақши замини биёбон шуданд. Онон ки ба эътимоди пушти сар ва пеши рӯ, аз ҳолати ҷангӣ хориҷ шуда буданд, ба тарзи баде ғофилгир шуда ва кантроли авзоъ ба куллӣ аз дасташон хориҷ шуд ва ба шиддат бесомон ва пароканда гаштанд. Бисёрӣ аз онон кушта ва захмӣ шуданд. Кофирон ҷонӣ тоза гирифтанд ва гурӯҳ гурӯҳ бозгаштанд. Ин шуд ки мусалмонон аз ду сӯ таҳти фишор қарор гирифтанд ва хурда мешуданд. Амуйи бузургвори Паёмбар ки гарми ҷиҳод буд бо найрангӣ нангин дар ҳамин дақоиқ ба шаҳодат расид ва мардони сипоҳи Ислом намедонистанд ба рос бираванд ё ба чап. Гиҷ ва сардаргум меҷангиданд. Намедонистанд пеши рӯ душман аст ё пушти сар ё чап ва рост. Монанди нобиноён шамшер мезаданд. Саворони душман комилан бар пиёдагони мусалмонон мусалат буданд ва шамшерҳо ва найзаҳо буд ки бар ҷавореҳи ёрони Набӣ фуру мешуд. Арса бар Паёмбар танг шуд. Чунон авзоъ ба ҳам рехт ки куффор қасди ҷони Паёмбар карданд дар ҳоле ки афроди пиромуни Паёмбар ба бист нафар намерасиданд! Чи лаҳазоти нафасгир ва ҳувлноке фарорсида буд! Малъунон барои куштани Паёмбари Худо аз якдигар пешӣ мегирифтанд ва ба ҳар ҳарба ва ҳилае мутавассил мешуданд ва забонҳои олудаашон ба гуфтани қасдашон дароз буд ва онро фарёд мезаданд. Чи озмуни сангине дар кор буд ва чи уқубати сахте дошт нофармонии ёрон! Чи рӯзи баде буд рӯзи Уҳуд! Чи расвойии бузурге!

[Муҳаммад Маҳдӣ сукут кард ва оҳ кашид. Гӯйи худро дар он рӯз меёфт. Садояш сангин шуда буд. Чашмони Миқдод ба даҳону чашмони фармондеҳ дӯхта шуда буд. Дигар сарморо аз ёд бурда буд. Намеларзид. Гармои рӯзи Уҳуд, бар сармои шаби саҳро чира шуда буд. Миқдод монанди ташнагони мунтазир ва муштоқ, ба ҳарфҳои Муҳаммад Маҳдӣ гӯш супурда буд.]

Он ҳама шодӣ ва хушҳолӣ дар арзи ним соъат ба фоҷеъа расида буд. Чи тавр мумкин аст ин қадар сариъ иттифоқ афтода бошад? Чи хашен ва бераҳм аст ин дунё ва ҳаводисаш! Гӯйи дар як қадамии Биҳиш, ногаҳон зери поят холӣ шавад ва ба қаъри дарраи оташин бияфтӣ! Чи зарбати сангине аст ин шок! Монанди марг мемонд. Маргӣ нобаҳангом ва албатта ногаҳонӣ. Марг бо зарбате ки ҳатто фурсат намекунӣ онро таҳлил кунӣ ва пеш аз дарки комили он, ҷонатро аз тан берун мекунад. Монанди асобати як гулулаи тӯп ба мағзи инсон! Дунёи мо тарснок ва бераҳм ва басо интиқомҷӯст. Раванд ва риволи худро дорад. Вақте шамшер фуруд меояд, ҳар ҷондоре ки зери теғааш бошадро хоҳад бурид. Пас, аз фитнаҳо ва чангу дандон нишон додани дунё эмин набош. Ман ва ту ки аз Паёмбари Худо назди Худованд азизтар ва шарифтар нестем ки дунё бо мо коре надошта бошад. Вақте бо ҳайбати Худо он кард, ману ту ки ҷойи худ дорем. Пас осуда ва фориғ аз зарбатҳо ва ҳайлаҳо ва бозиҳои дунё набош..!

Куффор, ба Паёмбар ва муҳофизонаш даст ёфтанд. Шуморашон бисёр зиёд буд. Гоҳ то ду қадамии Паёмбар мерасиданд!! Диловарони атрофи Паёмбар чун сипарӣ мустаҳкам, фиристодаи Худояшонро ҳифозат мекарданд. Ҳифозати Расулуллоҳро ба Аллоҳ вогузор накарданд, балки бо амалашон фарёд заданд ки: <<Худоё! Ба василаи мо Расули худро ҳифз фармо вагарна ту қодирӣ ки бо реги биёбон аз Паёмбарат ҳифозат кунӣ ва ҳоҷате ба мо надорӣ>>. Ин дониш ва ҳикматӣ бузург буд дар назди онон! Дар ҳоле ки медонистанд Худо, ҳофизи Паёмбараш аст, боз чунон бар ҷони Паёмбар нигарон буданд ки хуну хашм дар баробари кофирон, ҷилваи чашмонашонро гирифта буд ва мисли шеронӣ бузург ва қавӣ гирдогирди Паёмбарро гирифта буданд.

Ҳамеша дар аҷабам аз ҳолати он рӯзи ёрони ҳамроҳи Паёмбар. На корро барои Худо ва фариштагонаш мегузоштанд ки Паёмбарашро худаш ҳифозат кунад ва на худро дар амри ҳифозати Паёмбар чизе ба ҳисоб меоварданд ва ҳамаи неруҳоро ба дасти Худо медонистанд. Ло ҳавло ва ло қувватаи иллоҳ биллоҳ. Зеботарин калом ҳамон аст ки: Худованд ба воситаи имон ва яқин ва бозуҳо ва поҳои ин гурӯҳи андак, Паёмбарашро ҳифз фармуд ва агар онон набуданд, боз дасти Худованд аз ёрии Паёмбараш баста набуд...

Паёмбар ва муҳофизони андакаш бар асари ҳуҷуми ғайри қобили тасаввури мушрикони мусаллаҳ ва хунхор, ба канораи кӯҳ кашонда шуданд ва сипас ҳаминтавр аз доманаи кӯҳ ба самти қулла, боло мерафтанд то душманон ба Расули Худо даст наёбанд. Шамшер мезаданд ва кофирон буданд ки пас зада мешуданд ва боз монанди галлаи говҳои ваҳшӣ ҳуҷум меоварданд. Мӯъминон ва Паёмбар боло ва болотар мерафтанд ки ногоҳ... ногоҳ Паёмбар ба лабаи чуқур дар домана расид ва аз фарти набари шадид, мутаваҷҷеҳи чуқур нашуданд ва ба даруни он суқут карданд. Паёмбар сипаре ба ҳамроҳ доштанд ва вақте ки ба замин бархӯр карданд, сипар ба рӯйи Ҳазрат қоъим шуд ва онро шикофт ва дандони мубораки эшонро шикаст!! Ва Паёмбар беҳуш шуд. Наъузу биллоҳи раббил оламин. Кор бар он даҳ –дувоздаҳ нафар чунон мушкил шуд ки мехостӣ бар ҳолашон зор бизанӣ. Тарсӣ азим бар муҳофизон соя афканд. Хун аз рӯйи Паёмбар ҷорӣ шуд. Лаънат бар қавми кофире ки Паёмбари Худоро ба чунин сахтӣ ва тангное афканданд; Пайғомоваре ки барояшон хушбахтиро оварда буд. Уф бар ин қавми нафриншуда! Замин ва замон бар сари ёрон чархид ва хашмашонро даҳ барбар кард. Паёмбари Худоро чи шуд? Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Чи хоке бар сар кунем? Ин дигар чи мусибате буд?! Чаро ин ҷаҳаннами кубро поён намегирад? Худоё! Ба фарёдамон бирас! Агар барои Расули Худо иттифоқе бияфтад чи хоке бар сар кунем? Чигуна посухи Худоро дар маҳшар бидиҳем? Худоё! Бар мо бечорагон раҳм фармо!

Инбор агар бо Худо намебуданд, ва Худо бо онон намебуд, қолиб таҳия мекарданд, аммо он ёлон, чун кӯҳи Уҳуд по бар ҷо ва муқовим монданд ва хам ба абру наёварданд. Чи далермардони ноёбе буданд барои Расули Худо ва динаш! Ту гӯйи “Маҷмуаҳои пӯлод” буданд. Захмҳошон хун мерехт ва сарҳошон гиҷ ва чашмҳошон сиёҳӣ мезад ва комашон хушк ва сӯзон ва талх шуда буд, аммо магар куфр метавонист аз ҳифози онон убур кунад ва ба Паёмбар наздик шавад? Ҳайҳот! Ҳаргиз! Фавран Паёмбарро бо эҳтиёти фаровон аз чуқури хориҷ карданд. Паёмбар нима ҳушёр буд. Ёрон бо тасмими зираконаи худ ё Паёмбарашон, фавран либоси рӯйин ва зиреҳу ҷомаи ҷангии эшонро бо яке аз худашон табдил карданд ва дар воқеъ бадале барои вуҷуди мубораки Паёмбар сохтанд то душмани наздик нафаҳмад чи шудааст ва натавонад шахси Паёмбарро ташхис диҳад ва ба ӯ даст ёбад ва касе ки Паёмбарро бар дӯш гирифта буд, ҳадаф қарор диҳад. Бо ҳамин шароит дар арзи домана дифоъ мекарданд ва андак аз кӯҳ боло рафтанд то дастрасии мушриконро кам кунанд ва бар тасаллути худ ба онон бияфзоянд то ки кӯмаке бирасад.

Дар ҳамин лаҳазоти хавфангез садои шуме бархост...: Қатли Муҳаммад! Қатли Муҳаммад! Муҳаммад кушта шуд. Муҳаммад кушта шуд!

Худованд медонад ки бо ин бонги хабиси лаънатӣ, чи бар сари сипоҳ омад! Гуйи тири халос буд!

Ҳеҷкас надонист он садо аз куҷо баланд шуд ва чи касе онро бар забон овард! Гӯйи сояи сиёҳ ва ғазабнок ба миёни майдон омада буд ва ин фарёдро ба гӯши мусалмонон хонда буд: Иблис!

Он ноқуси марг, монанди тӯппи оташини вайронгаре ки миёни лашкар афтода бошад, ҳамаро пароканда кард. Мусалмонон дигар на танҳо намеҷангиданд, ки фирор мекарданд!

Вой аз ин садо ва хабар! Агар дақойиқӣ пеш камари сипоҳ шикаст ва аз пушт чайчӣ шуд, бо ин ғурриш забҳ шуд ва сараш аз танаш ҷудо гашт. Шайтанате дар чашмҳо роҳ ёфт ва тарсӣ афзун. Қалбҳо ларзид ва имонҳо бар бод рафт. Дастҳо ва поҳо суст шуд ва машқҳои ҷанг аз ёд рафт. Тардид ва ваҳшат ғолиб гашт ва нафароти боқи монда по ба фирор гузоштанд. Чи лаҳзоти сахт ва бунёнкане буд. Ҳеҷ кас ҳеҷгоҳ онро аз ёд набурд. Торих ҳам ҳеҷгоҳ онро аз ёд нахоҳад бурд ва ҳаминтавр ояндагон. Бисёрӣ аз мусалмонон, ногаҳон худро дар сафи фирор кунандагон диданд! Дар ҳоле ки бо худ мегуфтанд: Пас Ислом чи мешавад? Ваъдаҳои Худо чи мешавад? Таклифи мо баъд аз Паёмбар чи мешавад...?

Оре инҷо буд ки имони мусалмонон озмуда шуд ва қалбҳо аз ҳувл ва даҳшат ба гулугоҳ расид; Даҳшате ки ҳувли қиёматро ба ёд меовард, ончунон ки Худованд фармудааст: «وَأَنْذِرْهُمْ يَوْمَ الْآزِفَةِ إِذِ الْقُلُوبُ لَدَى الْحَنَاجِرِ كَاظِمِينَ»;[3] <<Ва бимашон деҳ рӯзи наздикро ҳангоме ки қалбҳо ба гулугоҳ мерасад ва ту онро фуру медиҳӣ то ба ҷойаш бозгардад (Козимин)>> ...

Аҷиб фитнаи вайронгаре буд! Аҷиб озмуни тоқатфарсое буд!! Оё Паёмбари Худо кушта шуд? Яъне ҳама ҷиз тамом шуд?! Он ҳама ваъдаҳои Худо пуч шуд? Пирӯзиҳо ва фатҳи Макка чи шуд ки Расули Худо ваъдаашро дода буд! Накунад ...! Накунад ...! Бемории қалбҳо ва заъфи имонҳо ва тардиди дилҳо рӯ омада буд! Фитна ҳамин корро мекунад. Фитна, кафгири деги дунё аст. Онқадар ҳам мезанад ки ҳар чи нохолисӣ ва сӯхтагӣ ва таҳгирфтагӣ аст рӯ мекунад.

Ҳол мо чи кунем? Таклифи Мадина чи мешавад? Қурйш ки моро як луқма мекунад ва фуру медиҳад. Бо аҳлу аёл чи кунем ки бесарпаноҳанд. Ба куҷо паноҳ бибарем? Пас аз Расули Худо чи бар сари мо хоҳад омад? Оё... оё ӯ воқеъан воқеъан Расули Худо буд?!! Пас чаро ёрӣ нашуд?! Чаро ҳифозат нашуд?! Чаро Худо ӯро ёрӣ накард? Чаро зинда намонд??! Чаро ... чаро... ва чаро?

Ба дунболи ин фарёд, лашгар шикаст қитъаӣ хурд ва чунон аз ҳам гусихта ки дар торих, бесобиқа боқӣ монд! Ҳеҷ рамқе барои мусалмонон намонда буд ва низ руҳияе. Аммо «وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُلُ ۚ أَفَإِنْ مَاتَ أَوْ قُتِلَ انْقَلَبْتُمْ عَلَىٰ أَعْقَابِكُمْ ۚ وَمَنْ يَنْقَلِبْ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ فَلَنْ يَضُرَّ اللَّهَ شَيْئًا ۗ وَسَيَجْزِي اللَّهُ الشَّاكِرِينَ»[4].

Ҳатто бархӣ суст унсурон дар чашм барҳам заданӣ ба фикри амон хостан аз лашгари куфр афтоданд! Ва низ бархӣ чунон диданд ва аз майдон гурехтанд ва дур шуданд ки дигар дида намешуданд!

Аммо Паёмбари Худо асҳоб ва ёрони муҳкам ва неруманде дошт ки бо ҳамаи ин ҳаводис дар майдон монданд ва ақабнишинонро таҳрези намуданд ва ба ҳар васила ва бо каломи нерубахши хеш, ононро ба баргаштан ва идомаи набард фарохонданд ва худро ба галлаи мушрикони пойи кӯҳ расонданд ва он кафторонро рам медоданд ва мутафарриқ мекарданд ва медариданд. Онқадар ин корро идома доданд то мушрикон аз идомаи корзор мунсариф шуданд ва Паёмбарро даст наёфтанӣ ёфтанд ва даст кашиданд.

Ҳар ду лашгар талафоти сангине доданд, аммо лашгари Ислом ба шикаст наздиктар буд. Хун, саҳнаи набардро гирифта буд. Далерони Ислом бар хок шаҳид ғалтида буданд. Чакочаки шамшерҳо ва наъраи ҳанҷараҳо ва фарёду раҷазҳои ҷанговарон ва тохту тоз ва шейҳаи асбҳо хомӯш шуда буд. Шаб наздик мешуд ва дардҳоро бо худ меовард...

Мебинӣ Миқдод ки чиқадар иштибоҳ дар ҷанг гарон тамом мешавад?! Ҳеҷгоҳ фаромӯш накун ки захмҳои тану сар ва сурати мубораки Паёмбари Худо, нобудии пирӯзӣ, кушта шудани бузургони асҳоб, аз даст рафтани ғаноъим, аз даст рафтани маркабҳо ва силоҳҳо ва доройиҳо, ҳама, бо як хатои муҳосиботӣ рух дод; Ва бо як сарпечӣ аз фармон.

Миқдод гуфт: Бале оқо Муҳаммад Маҳдӣ! Ҳақ бо шумост. Ман дар зикру таҳаҷҷуд ва ибодот ва таҳзиби нафсам кӯтоҳиҳои фаровон доштаам. Натиҷаашро имрӯз дидам. Асосан дасти инсонҳои ғофил аз Худо, бештар хато мекунад ва забонашон норасотар аст ва амалашон заъифтар ва нофармонияшон бузургтар. Ман тамоми тамаркузам бар омӯзишҳои низомӣ буд, дар ҳоле ки пеш аз он, нафсӣ муҳаззаб лозим дорам. Ман ин нуктаи бисёр муҳимро нафаҳмида будам.

Муҳаммад Маҳдӣ идома дод: Оре Миқдод. Ту агар худро ислоҳ накунӣ ва ҳавосатро хуб ҷамъ ва мутамаркиз накунӣ ва аз ҳама муҳимтар Худоро фаромӯш кунӣ ва дар ҳоли дуъо ва истиғфор ва ниёйиши мудовим бо Ӯ набошӣ, ҳатто агар шайтон ҳам фурсат наёбад суроғи ту биёяд, аъмолат геребонатро мегирад. Нафасат ва заъфҳоят аз ту салби мувафақият мекунад. Он вақт санге ба чоҳ меандозӣ ки сад оқил наметавонанд онро берун бикашанд! Хуб таваҷҷуҳ кун ки имрӯз дар куҷо ҳастӣ ва чи мекунӣ. Мултафит бош ки дар сипоҳи чи касе ҳастӣ. Аз ёд набар ки барои фарзанди ҳамон Расули Худо ки онгуна дар роҳи Ислом хуни дилҳо кашид ва захмҳо хӯрд ва ҷон фасурд, ҷиҳод мекунӣ. Дар сипоҳи Маҳдӣ алайҳи салом, омӯзиши низомӣ, бидуни таҳзиб кор намекунад. Таҳзиби нафс, чизе аст ки дақиқан душманони мо ба куллӣ фоқиди он ҳастанд ва ҳамин, нуқтаи заъфи бузурги онон аст. Нуқта ки чи арз кунам, шикофе ба тӯли девори Чин! Маҳдӣ салавотулоҳи алайҳ бо Худост, вале онон алайҳи Худо! Маҳдӣ бо Худост ва теъдоди ёронаш кам аст, вале онон чун мӯру малах мешуморанд ва мункири Худои Маҳдӣ. Мо дар барбари анбуҳи лашкариёни шарқ ва ғарб ва силоҳҳои махфишон, ҳамчунон ёрони Бадрийм ва имконоти андакаш, вале Худованд ба шарти итоъат аз Маҳдӣ ва пойдорӣ дар имон ва амал, бо нусратҳои хеш моро ғолиб хоҳад намуд ва ақаллияти мустазъафи ин заминаи фосид шударо бар аксарияти мустакбири он пирӯзи хоҳад фармуд ва Маҳдӣ алайҳи саломро ҳокими мутлақи он ва Исломи комилро дини саросарӣ ҷаҳони хоҳад кард ва калимаи тавҳидро бар замин мустақар хоҳад намуд. Он ҳангом, башари исён зада, ором хоҳад гирифт ва касофоти хешро хоҳад зудуд ва Худоро хоҳад парастид. Фарзандои мо ва фарзандони фарзандони мо Худоро хоҳанд парастид ва ширк решакан хоҳад шуд. Чи наздик аст ки тамоми замин пушти сари Маҳдӣ ба намоз бойистанд...!

Миқдод: Худованд ҳофизи халифаи худаш Маҳдӣ бошад ва ӯро аз шарури ин башари нофаҳми носипос дар амон бидорад ва моро дар ҷиҳод дар зери парчами муқаддасаш ёрӣ фармояд. Бале фармондеҳ. Наслҳои зиёде мунтазири чунин рӯзҳойе будаанд ва ин кори сангин ва душвор, имрӯз бар ӯҳдаи ман ва амсоли ман ва дар ин насл гузошта шудааст. Ман ки медонам шойистаи он набудам, аммо аз Худованд мехоҳам маро лоиқи ин амри азим гардонад. Аз имшаб, ин дуъои ҳамешагии ман хоҳад буд. Аз имшаб умеди рӯшанӣ дар қалбам пайдо шуд. Бовар кунед эҳсос мекунам метавонам ҳамон тавр бошам ки мегӯйед. Ман метавонам тағйир кунам ин шоъ Аллоҳ.

Муҳаммад Маҳдӣ ки ба нишони таъйиди ҳарфҳои Миқдод сар такон медод ва лабханде бар лаб дошт, идома дод: Ҷангҳои азими охируззамон дар ҳоли вуқуъ аст ва фармондеҳи ту, Маҳдӣ, наводаи поки Расули Худост! Дигар фурсате барои иштибоҳ кардан надорем ва вақте барои таҷриба кардан намонда. Аз таҷрибиёти худат ва дигарон бештарин баҳраҳоро бибар ва пеш аз онки ибрати дигарон шавӣ, аз дигарон ибрат бигир. Роҳи зиёде то фатҳи ҷаҳон тавассути имоми куҳансоҳи мо халифатуллоҳ Маҳдӣ ки ҷонамон ба фидояш бод, намондааст. Ақлу гӯш ва қалбатро ба ӯ биспор ва сару баданатро ба Худо; Ва аз имомат итоъат кун. Итоъат кун ки ӯ ба суръат кори хешро анҷом диҳад. Ӯ медонад чи бояд бикунад ва аз сӯӣ Худованд ҳидоят мешавад. Ӯ мутталеътарин фарди ҷаҳон ба авзоъи ҷаҳон аст. Ба ҳамин далил дар вақти муддати замони кӯтоҳе корашро тамом хоҳад сохт ва поёни ин ҷангҳо, пиӯзии хуби Маҳдӣ аст; Ҳизби Худо. Итоъат кун ва мунтазири таҳаққуқи ваъдаҳои Худо бош; Чаро ки итоъат аз ӯ, тамоми ёриҳои Худовандро ошкор хоҳад сохт.

Ман тавассути фармондеҳи мустақими худ ин маъмуриятро анҷом медиҳам ва ӯ фармонашро аз имомони Маҳдӣ мегирад. Аз рӯзе ки он саййид ва чанд нафар, бо фарзанди Расули Худо дар шибҳа ҷазира дидор доштанд ва оёти Худоро мушоҳида карданд ва Маҳдии умматро шинохтанд ва бо ҳазраташон байъат намуданд то кунун, танҳо 4 мартаба фармондеҳи худро ки яке аз он сардорони рӯзи дидор буд, дидаам. Аз бас ки корҳо фишурда аст ва хатарот наздик ва амният нопоядор! Аз он рӯз ҳудуди ду моҳ мегузарад. Акнун ҳар кас аз мусалмонон ва бар одамиён дар рӯӣ кураи хокӣ ки зинда аст ва бедор, ба сипоҳи Маҳдӣ хоҳад пайваст ва бо нусратҳои парвардигор таҳти раҳбарии халифаи Расули Худо заминро аз кофирон ва золимон поксозӣ мекунем; Ин шоъ Аллоҳ. Бидон ки ҳамаи мо пайравон ва ёрони имом низ, ҳамчун мусалмонони садри Ислом, фитнаҳое бас сахттар аз ончи онон аз сар гузарондаандро таҷриба хоҳем кард. Мутмаъин бош. Пас тасаввур накун озмунҳоят тамом шуда ё ту бо ҳамин миқдор зарфияти кунунӣ, тоқати ҳамаро хоҳӣ дошт! Ҳамеша омодаи рӯз ва шабҳойи сахттар ва ҷонфарсотар аз рӯзу шабе ки дар он ҳастӣ бош.

Миқдод: Бале фармондеҳ.

Муҳаммад Маҳдӣ: Мебинӣ ки авзои Маҳдӣ алайҳи салом дар тамоми қораҳо, балки то қутби ҷануб ҳам танин афканда ва душманони Маҳдӣ ки муддатҳо барои чунин рӯзе омода мешаванд, чигуна дар садади аз миён бардоштани эшон ва ёронашон ҳастанд. Ахбори ҷануби Русия ва таҳвилоти Осиёи дур ҳокӣ аз он аст ки ба зудӣ хатар ва таҳдид силоҳҳои куштори ҷамъӣ, бузургтарин чолиши пеши рӯи мо хоҳад буд. Агар ҳар чи зудтар ба мақосиди ҳазрати имом даст наёбем, шаройити ҷаҳон рӯ ба вахомат хоҳад рафт. Бо ин ҳол, мебинӣ ки кори Маҳдӣ чигуна суръат мегирад ва дар тӯли ҳамин муддати кӯтоҳ, чи артише барои ӯ омода шудааст. Гӯйи ҳар рӯз барои Маҳдӣ ба андозаи як моҳ аст. Зуҳури эшон, поёни фурсати башар буд ва ҳазраташон чун шаҳобӣ нуронӣ, ба суръат манозили заминро дархоҳад навардид ва ба қуллаи фатҳ хоҳад расид. Ҳазрат, муъаттали ман ва ту нахоҳад шуд ва корашро ба анҷом хоҳад расонд; «إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ»[5] пас мувозиб бош ки бо сустӣ ва заъфҳоят ақаб намонӣ. Ман ба ту қавл медиҳам: Аз ҳамин имрӯз як сол истодагӣ кун ва кам нагузор, соли баъд ҳамин мавқеъ барои замин, ҳокиме ҷуз Маҳдӣ намебинӣ!

Миқдод хандид ва чеҳрааш шукуфт. Осори ризоят дар вуҷудаш намоён шуд. Чи ваъдаи наздике! Гӯйи бӯйи хуше ба машомаш расида буд; Ройиҳаи зистан дар адолати Маҳдӣ...

***

... Артиши Маҳдӣ алайҳи салом, аз як сӯ дар ҳоли муқовимат дар Осиёи миёна буд ва аз сӯӣ дигар чандин амалиётро дар ҷиҳати муттаҳид кардани мусалмонон ва таҷмиъи силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ анҷом медод. Ҳамалоти заминӣ ва ҳавойии душманони ӯ корро бисёр душвор карда буд, аммо бо дарояти бемисоли имом ва ҳидояти Илоҳӣ эшон дар ҷангҳойе ки рӯз ба рӯз шиддат мегирифт, фармондеҳон ва сипоҳиёни эшон аз як тараф дар баробари ҳамалоти куффор дифоъи ҷононае мекарданд ва аз тарафи дигар, ҳисобшуда бар онҳо мезаданд ки бисёриро дар мабдаъи ҳаракати худ фалаҷ месохт.

Муҳаммад Маҳдӣ ва Миқдо пас аз чанд рӯз, кори худро билохира ба поён бурданд ва пас аз он, чун ду бародари хунӣ ҳамроҳи якдигар буданд ва тақрибан дар тамоми амалиётҳо ва маъмуриятҳо бо якдигар ҳузур доштанд то онки пас аз рашодатҳо ва анҷоми корҳойе бас душвор ва муъассир барои ҳарби Худо, дар набардӣ азим, наздики Масҷидул Ақсо ба шаҳодат расиданд, аммо самараи хуби онон ва садҳо марди дигар дар артиши якпорчаи Маҳдӣ, фатҳи Байтул Муқаддас буд. Қиблаи нахусти мусалмонон ки дар он рӯзҳо ба пойгоҳи бузург ва аслии яҳуд ва неруҳои аҳриманашон табдил шуда буд, тавассути артиши Худо боз пас гирӣ шуд; Дақиқан ҳамонтавр ки аҳли байти Паёмбари Худо ваъдаашро ба мусалмонон дода буданд; Ва пас аз қарнҳо, фитнаи яҳудиён аз рӯӣ замин маҳв шуд. Онҷо буд ки камар ва гардани куфр шикаст ва талияъи пирӯзии ниҳойии Маҳдӣ алайҳи салом, бар ҷаҳониён намудор шуд...

↑[1] . Баргирифта аз омӯзаҳои шафоҳӣ ва гаронсанги ҳазрати аллома Мансури Ҳршимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло.

↑[2] . Яке аз шаҳрҳои Урдун воқеъ дар устони Уммон.

↑[3] . Ғофир/ 18

↑[4] . <<Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҷуз як Паёмбар нест ки пеш аз ӯ низ пайғомбароне буданд ва даргузаштанд, оё агар ӯ ба марг ё шаҳодат даргузашт шумо ба ақаб бармегардед?! Ва ҳар кас ки ба ақаб бозгардад, пас зиёне ба Худо намерасонад ва Худо ҷазои нек ба шукргузорон ато кунад.>> (Оли Имрон/ 144)

↑[5] . <<Худованд корашро ба анҷом мерасонад.>> (Талоқ/ 2)

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?