Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 11 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

Бар табли имон; Андар ҳикояти мусалмононе аз аҳли ташаюъ ки тазоҳур ба имон мекунанд!

Бар табли имон

Ҳама ташна, обҳомон дар замин фуру рафта, аммо иддае бар сари кӯзаҳои шикаста меҷанганд ва дар ин миён танҳо шайтонро аз хуни якдигар сероб мекунанд!

Чи андоза ҷоҳилона аст ки иддае аз саббу лаъни мурдагон, зинда шудани ҳаққи зиндагонро интизор мебаранд! Агар қарор бар гирифтани ҳаққе бошад, гирифтани ҳаққи имоми мазлуми ҳозир заруритар, сазовортар ва ақлонитар аст то гирифтани ҳаққи имоми гузашта ва лаъни ғосибони ҳаққаш! Аз ин даста бояд пурсид ки оё ғараз аз лаъни гузаштагон, тахлияи уқдаҳои манҳатти шахсӣ ва дамидан дар оташи ихтилофоти фирқаи ва мазҳабӣ аст ё ҷудо кардани сафи худ аз сафи золимони кунунӣ ва ёрии ҷабҳаи халифаи ҳаййи Илоҳӣ?!

Аҷаб аз мардуме ки дар замони ғасби хилофати Маҳдӣ зиндагӣ мекунанд ва ба он эътиное надоранд ва дар амал коре барои ҳаллаш намекунанд, аммо дар торих гир кардаанд ва ҳанӯз андар хами кӯчаи ғасби ҳаққи имомони пешин боқӣ мондаанд!

Монанди Куфиёне ки иддаъои ҳубби Алӣ ва ташаюъашон, гӯши фалакро кар карда буд, аммо ҳаргиз имоми ҳозири хешро ёрӣ накарданд ва ҳамвора ӯро хор сохтанд. Ташаюъи Куфӣ, ташаюъе аст ки танҳо дар забон аст ва худро дар наъра задан ба ҳангоми осойиш нишон медиҳад, аммо вақте навбат ба ҷиҳод дар роҳи Худо ва Карбалойи шудан мерасад, ҳамон наъразанон ва лаън кунандагон, мушҳойе дар сӯрох мешаванд ва дар дахмаи хонаҳо пуши занони хеш пинҳон мегарданд ва ё бадтар инки ба сафи душмани ғаддор мепайванданд!

Гурҳе аз инон чунон дар тахаюлот ва авҳоми худ ғӯтаваранд ки гӯйи мехоҳанд бо мошини замон ба гузашта боз гарданд ва ҳаққи аҳли байтро аз гузаштагон пас бигиранд! Дар ҳоле ки имрӯз бо аҳли байти замони худ ҳамон кореро мекунанд ки Куфиён бо Алӣ ва авлоди Алӣ дар замони худ карданд. Пас ошкор аст ки инҳо худро фиреб медиҳанд ва нисбате бо аҳли байт надоранд.

Эй мусалмонони таваҳҳумзада ки бар табли имон менавозед, дар ҳоле ки баҳрае аз он надоред! Ҳушёр шавед ва бедор! Худованд аз шумо дар мавриди имоми замонатон хоҳад пурсид ки чаро барои эҳқоқи ҳаққаш коре накардед; Ҳамчунонки аз касоне ки дар даврони аъимаи аҳли байт буданд низ дар мавриди имоми замонашон хоҳанд пурсид. Пас оё ғасби ҳаққи имомони гузаштаро мебинед ва ғасби ҳаққи имоми ҳозирро намебинед?! Ё аз ин ҳам бадтар, гузаштагонро ба иттиҳоми ғасби ҳаққи имомони пешин лаън мекунед ва худатон ҳаққи имоми кунуниро ғасб мекунед?! Оё бо ин шева, мехоҳед худро бифиребед ё Худоро?!

Худованд ҳукми таклифи мо ва шумо дар мавриди гузаштагонро таъйин карда, онҷо ки дар китобаш фармудааст: «تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ»[1]; <<Онон гурӯҳе буданд ки дар гузаштанд, барои онон чизе аст ки касб карданд ва барои шумо чизе аст ки касб кардед ва шумо аз коре ки онон мекарданд бозхост намешавед>>. Пас баҳонаи дигаре барои шумо боқӣ намемонад.

Имрӯз касоне дар ҷойи имом Маҳдӣ нишастаанд ки худро ба дурӯғ, мансуб аз ҷониби Худованд ба вилояти амри мусалмонон мешуморанд, дар ҳоле ки саҳоба дар даврони баъд аз Расули Худо ҳаргиз чунин иддаъое дар мавриди худ надоштанд, балки ба далили ғафлат ё саҳв ё нисён ҳукуматро ба ҷойи аҳлаи байти Паёмбар дар даст гирифтанд, беонки худро гумоштаи Илоҳӣ ва соҳиби вилояти мутлақи Илоҳи бидонанд. Пас чи шудааст ки иддаи шиъанамои мутаъассиб, вилояти амр ва ниёбати оммаро ки ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол мекунанд ва ба ин тартиб, мин дуниллоҳ парастиш мешавандро раҳо кардаанд ва дар иваз ба торих овезон шудаанд?!

Инон бо ин беъэтиноӣ ва сукуташон ва бо ин ҳаҷм аз сафоҳат ва бебасиратӣ дар зоҳир набудани халифаи Худованд ҳазрати Маҳдӣ шарик ва муқассир ҳастанд. Инҳо ҳастанд ки имрӯз ба ҷойи рӯшангароӣ дар мавриди Маҳдӣ ва зарурати заминасозӣ барои ӯ, роҳашро бо ин даст ихтилоф афканиҳои аҳмақона ва беҳосил мегиранд ва иттиҳоду ҳамбастагии умматро махдуш мекунанд.

Инон худ, ғосиби ҳаққи Маҳдӣ ва хоъин ба ӯ ҳастанд, ҳол чигуна валии дамми аҳли байт шудаанд ва мехоҳанд ҳаққи ононро аз торих биситонанд?! Масали инон, масали касе аст ки худаш ҳадде аз ҳудуи Илоҳиро бар зимма дорад, аммо бо ин ҳол мехоҳад ҳадди Худоро бар дигарон иҷро кунад!

Агар аз инон бипурсед: Шумо ки ин қадар оташин ва пур ҳарорат ҳастед, чаро ин ҳароратро дар қабули ҳукумати тоғути имрӯз ва ғосиби ҳаққи Маҳдӣ эъмол намекунед? Хоҳанд гуфт: Маслиҳат нест, тақия мекунем! Оё ин дурӯйиву фиребкорӣ нест ки сукут бар зулми ошкори имрӯзро ба хотири ҳифзи ҷонатон маслиҳат мешуморед, аммо фарёд бар хатои дирӯзро ки хатаре бароятон надорад воҷиб медонед?! Пас маълум мешавад шумо сирфан ба фикри масолеҳи худ ҳастед на масолеҳи дини Худо!

Шумо мисли касе ҳастед ки мехоҳед ба зӯр ба мурдае об бидиҳед, дар ҳоле ки тифле дар канораш аз аташ месӯзад ва дасту по мезанад!

Шумо сирфан мехоҳед бо истифода аз номи аъимаи гузашта ва иддаъои дифо аз ҳаққи онон, тазоҳур ба имон кунед ва ба заъми худатон Худоро ҳам фиреб диҳед ва бидуни инки дар дунё коре барои имоми ҳозир карда бошед аз торих косибе намойед! Шумо ҷоҳилона тасаввур мекунед агар муддаъии ҳубби Алӣ ва оли Алӣ шавед ва саҳобаи Расули Худо ва ҳамсарони он Ҳазратро лаън кардед ва саб намудед, бо билети як тарафа ба биҳишт хоҳед рафт, дар ҳоле ки сахт дар гумроҳӣ ва ҷаҳолати ошкор ҳастед.

Паноҳ мебарем ба Худо аз замоне ки мӯҳр бар қалбҳо мезанад ва гумроҳиро барои аҳлаш менависад....

Оре, эй бародарон ва хоҳарони мусалмон!

Ин гуна мешавад ки Маҳдӣ, имоми ғариби мо дар хонаи ҷаҳли дастони ҷоҳилаш зиндонӣ мешавад; Ҳамон ҷаҳле ки олими олӣ мақом ва муъаллими фарзонаи мо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло онро уммул фасод ва бузургтарин монеъи шинохти ҳақ дониста ва бо он ҷонона ба ситез бархоста ва ҳамон дӯстони ҷоҳиле ки он ҳазрат ононро бузургтарин душмани Маҳдӣ шумурда ва дар бораашон фармудааст: «أَلا وَٱللّهِ لَقَدْ أَمْسیٰ وَ ما أَحَدٌ أَعْدىٰ لَهُ مِمَّنْ يَنْتَحِلُ مَوَدَّتَهُ»; <<Огоҳ бош ки ба Худо савганд (Маҳдӣ) шом кардааст дар ҳоле ки аҳаде бо ӯ душмантар аз касоне нест ки худро дӯстдори ӯ мешуморанд>>! Ба ҳамин хотир, ин олими содиқ ва вафодор ба Маҳдӣ, ҷиҳоди кабиреро алайҳи мавонеъи шинохт аз ҷумла ҷаҳл, тақлид, таъассуб, такаббур, хурофагароӣ ва ... оғоз фармудааст ва тардиде нест ки ҳар кас вафодор ба Ислом ва арзишҳои инсонӣ аст ва ақлро чироғи роҳи худ қарор додааст ба эшон мепайвандад ва ҳамсафари эшон дар ин масири муқаддас мешавад. Ин ҳаракати бузург ва наҳзати инқилобӣ, ба сӯ Маҳдӣ дар ҳоли ҳаракат аст ва бо эҷоди эътилоф миёни мусалмонон ва фаро хондани онон барои иттиҳод дар зери парчами халифаи Худованд, заминаро барои ҳукумати Маҳдӣ ва басти яди ӯ фароҳам мекунад, агарчи кофирон ва мунофиқони шарур хуш надошта бошанд.

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1]. Бақара/ 141

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.