Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 8 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

<<کتاب الله و عترتي أهل بیتي>>

کتاب الله و عترتي أهل بیتي

Ҳамаи мо бо ҳадиси мутавотири Сақалайн ошно ҳастем; Ҳадисе ки дар эътибор ва сиҳҳати он ҳеҷ тардиде ҷойиз нест ва барои ҳар мусалмоне қобили пазириш аст, аммо барои ман ин суъол пеш омад ки оё мо ба ин ҳадиси мутавотир ки васияти Паёмбар (с) дар бораи Қуръони карим ва аҳли байташ маҳсуб мешавад, амал кардаем ва ҳаққи ин ду амонати набавиро адо намудаем?

Ман шахсан ба ҳоли худам афсус мехӯрдам ки дар ҷавоби ин суъол фақат метавонам бигӯям: На! Чун ҳақиқат он аст ки мо на танҳо ҳаққи Қуръон ва итрати Паёмбар (с) ро адо накардаем, балки бо он ду душманӣ варзидаем; Ба ин тартиб ки ба таъбири алломаи Хуросонӣ, Қаръонро пушти сар андохтаем ва итратро ба ғайбат водоштаем... дар ҳоле ки агар ба ончи Расули Худо (с) дар ҳадиси сақалайн фармуд, амал мекардем, имрӯз ҳол ва рӯзи беҳтаре доштем ва даврони беҳтареро сипарӣ мекардем ва ин гуна бераҳбар ва беёвар набудем. Моро чи шудааст ки ба таъбири алломаи бузургвор аз Қуръон фақат рӯхонӣ ва аз итрат фақат равзахониро омӯхтаем?! Танҳо коре ки ба заъми худ барои Қуръон ва итрат мекунем гирифтани хатм ва суфра аст, дар ҳоле ки Қуръон нозил шудааст то роҳнамои зиндаии мо бошад ва итрат омадааст то чароғи роҳнамо бошад.

Ҳамакнун дар моҳи мубораки рамазон ҳастем; Моҳи нузули Қуръон... аммо тамоми эҳтимоми хешро ба хатми Қуръон масраф намудаем. Тамоми шабакаҳои тиливизунӣ, ҳар кадом дар як соъати мушаххас аз шабонарӯз як ҷузъи аз Қуръонро пахш мекунанд; Тибқи одат ҳар сола ва раволӣ такроре бидуни онки таъаммул ва тадаббуре пушти он бошад... албатта дар фазилати тиловати Қуръон шакке нест; Аммо бидуни шак ҳадаф аз тиловати Қуръон фаҳми он ва амал ба он аст. Аз ин рӯ, фаҳми Қуръон агарчи рӯзе як оя бошад, бетар аст аз тиловати як ҷузъ ки аз ҳалқи инсон болотар наравад. Ҳамин Қуръон ба сӯӣ аҳли байт фаро хондааст, аммо мебинем ки имрӯз дар канори онҳо нестем! Ин нишон медиҳад ки мо ҳам аз Қуръон ҷудо шудаем ва ҳам аз аҳли байт; Чароки Қуръон ва аҳли байт бар асоси ҳадиси Сақалайн аз ҳам ҷудо намешаванд ва ҳол ки мо аз аҳли байт ҷудо шудаем, маълум мешавад ки аз Қуръон ҳам ҷудо шудаем ва худамон хабар надорем!

Ҳамаи инҳо аз он рӯст ки мо ба расми пешиниёнамон, дар арзӣ иродат ба Қуръон ва итрат забонамон дароз аст, аммо дар ҳимоят ва итоъат аз онон, дастҳои кӯтоҳ ва бехайр дорем ва ин яъне онки дар амал ба васияти Паёмбар дучори хиёнати ошкор шудаем. Имрӯз ҳам торих дар ҳоли такрор аст... нидокунандае аз машриқ бо номи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ ризои оли Муҳаммад ва байъат бо имом ва мавлоямон Маҳдӣ фаро мехонад ва ҳукуматро танҳо аз они ӯ мехонад ва мардумро ба ҳимоят аз ӯ таҳриз мекунад, аммо гурӯҳе аз мардум бо ӯ душманӣ мекунанд ва даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдии оли Муҳаммадро инҳироф ва залолат мехонанд, дар ҳоле ки худ дар залолатӣ ошкор ҳастанд ва бо ин рафтори худ монеъӣ барои зуҳур!

Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Сардори Хуросон ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ Сақалайн фаро мехонад; Ба сӯӣ Қуръон ва ба сӯӣ Маҳдӣ; Дар ҳоле ки дигарон моро ба сӯӣ худ фаро мехонанд... фақиҳ ба сӯӣ вилояти худ ва подшоҳ ба сӯӣ салтанати худ... шайх ва шоҳ дар ин миён фарқе намекунанд ва ҳар ду дар қиёс бо Маҳдӣ яксонанд. Ҳар вилояте ва ҳар ҳукумате ба ғайр аз ҳукумати Маҳдӣ, пазируфтанӣ нест ва моро ба салоҳ ва фалоҳ намерасонад; Ҳачунонки то имрӯз нарасонда ва моро ба завол ва инҳитот наздиктар сохтааст. Дигар бояд ин ҳақиқатро бовар кунем.

Бор Парвардигоро! Ёриямон кун ки як зиндагии Қуръонӣ ва Маҳдавӣ дошта бошем ва сарбаланд аз ин озмуни бузург ба сӯӣ Ту боз гардем!

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.