Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 7 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

Ба муносибати филтир шудани пойгоҳи алломаи Хуросонӣ дар Эрон

Чанд рӯз аст ки шунидаам баъзе золимҳои шайтонсифат дар Эрон, одраси ҷадиди пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро низ монанди одреси қаблии он филтир кардаанд. Бо шунидани ин хабар хеле нороҳат шудам ва барои ғурбати имом Маҳдӣ гиристам: Гиристам аз инки дар ин мамлакат ба истилоҳ Исломӣ, ҳар ботиле ки аз гӯшае сар дар меоварад, ҳимояти молӣ ва ҷонӣ мешавад, вале як сойти интирнетӣ барои зуҳури Маҳдии Фотима наметавонад озодона таблиғ кунад! Тиливизун дар ин мамлакат як коналро ба варзиш, коноли дигареро ба ханда бозор ва коноли дигареро ба филмҳои бемуҳтаво ва ғайри Исломӣ ихтисос додааст, аммо дар ин миён ҳеҷ фазо ва коноле барои имом Маҳдӣ вуҷуд надорад! Ҷои таъассуф аст ки барои як тӯби гирд ва замини сабз, милиордҳо туман харҷ мекунанд ва солона ба доварон ва мураббиёне ки аз билоди куфр меоваранд, милиордҳо долар пул медиҳанд, вале будиҷа ва сармояе нест ки барои имом Маҳдӣ харҷаш кунанд...! Дар тиливизунашон ҳар шабакаеро ки мезанӣ як фарди салладор нишастааст ки ӯро <<Руҳонӣ>> меноманд, дар ҳоле ки нафсоният ва ҷаҳолат дар ӯ мавҷ мезанад ва натанҳо кори мусбате барои <<Руҳи>> мардум анҷом намедиҳад, балки ононро ба тадриҷ аз ҳақиқати Ислом дур мекунад ва бо қироъати инҳирофии худ аз Ислом маънус месозад ва натиҷаи таълимоти ӯ ин аст ки ҳар рӯз ба омори бадҳиҷобӣ, фаҳшо, қатл ва дуздиҳои калон ва чанд милиордӣ афзуда мешавад!

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ!

Ман туро ёри воқеъии имом Маҳдӣ ва дилсӯзтарин фард дар ҷаҳони Ислом ёфтаам.

Эй мазлуми даврон!

Бигзор то пойгоҳатро филтир кунанд ва талош кунанд то садди роҳи ҳақиқат шаванд! Аммо ба ростӣ чи касе метавонад нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунад?! Чи касе метавонад ҷилавӣ тулуъи хуршед ва тобиши партуви нуронии онро бо дасти худ бигирад?! Чи касе метавонад чашмаи зулол ва ҷушонро бо пойи худ масдуд намояд, дар ҳоле ки агар аз як ҷо ҷилавашро бигирад ва роҳашро банд кунад, аз ҷойи дигаре роҳи худро пайдо мекунад ва ба берун меҷушад; «وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ»!

   «اللهم إنّا نشکو إلیک فقد نبیّنا و غیبة ولیّنا و کثرة عدوّنا و قلّة عددنا و شدّة الفتن بنا و تظاهر الزّمان علینا».

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.