Шанбе 25 феврал 2017 мелодӣ баробар бо 29 ҷимоди-юл-уло 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 6 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

Ҳақиқат дар муҳосира...

Ҳақиқат дар муҳосира...

Аз як тараф шиъаёни ғолӣ ва мунҳариф! Аз як тараф сунниҳои носибӣ ва мутаъассиб! Аз як тараф басейҷиҳои дуоташа ва нодон! Аз як тараф чапиҳои сикулор ва бебовар! Аз як тараф қуръониҳои мунофиқ ва муртад! Аз як тараф муддаъиёни дурӯғин ва шайёд! Ҳама ва ҳама даст ба дасти ҳам додаанд то ин олими озода ва мазлумро аз миён бардоранд! Дар ҳоле ки ин олими озода ва мазлум ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, дар пртуви ақлонияти Исломӣ ва бо такя бар китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбараш ҳаракат мекунад ва таслими фишорҳо, тавҳинҳо, тӯҳматҳо ва шароратҳо намешавад ва барои хуш омадан ё бад омадани касе ҳаққеро зери по намегузорад ё бо ботиле созиш намекунад! Ба ростӣ касоне ки нисбат ба ин бузургвор буғз, кина, нафрат ва иънод доранд, оё аз худ намепурсанд ки чи гуноҳе аз ӯ сар задааст?! Оё гуноҳи ӯ сар фуруд наёвардан дар баробари тоғутҳо ва даъват ба сӯӣ ҳукумати Аллоҳ аст?! Оё гуноҳи ӯ даъват ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ, ба ҷои вилояти мутлақаи фақиҳ ва хилофати Абубарк Бағдодӣ ва демокросии ғарбӣ ва ҳампаймонони Рус ва Амрикост?! Оё гуноҳи ӯ таъкид бар зарурати таҳсили яқин дар ақойид ва аҳком, ба ҷои пайравӣ аз зунун, авҳом ва хурофот аст ё таъкид бар зарурати таҳқиқ ба ҷои тақлиди кӯр кӯрона аст?! Агар гуноҳи ӯ инҳост, бегумон ӯ аз инҳо даст бар намедорад, агар чи шиъаёни ғолӣ ва мунҳариф, сунниҳои носибӣ ва мутаъассиб, басейҷиҳои дуоташа ва нодон, чапиҳои секулор ва бебовар, қуръониҳои мунофиқ ва муртад, муддаъиёни дурӯғину шайёд ва дигарону дигарон, аз ҳар тараф ба ӯ фишор биёваранд ва тавҳин кунанд ва тӯҳмат бизананд ва озор бирасонанд; Зеро ӯ касе нест ки дар асари фишорҳо, тавҳинҳо, тӯҳматҳо ва озорҳои онон, ба Ислом пушт кунад ва тобеъи аҳвоъи онон шавад. Ман ӯро мешиносам ва солҳо дар маҳзари ӯ шогирдӣ кардаам. Аз ӯ шунидам ки дар васфи мароми хеш мефармояд:

<<Ман аз мардуме ҳастам ки сарзаниш бадандешӣ онҳоро аз роҳи Худо боз надорад ва аз маломати маломатгаре намеҳаросанд; Гуфторашон гуфтори ростон ва кирдорашон кирдори дурустон аст; Онон ки то ҳастанд раҳнамои гумгаштагонанд ва дар зинда кардани китоби Худованд ва суннати Паёмбараш мекӯшанд; На такаббур меварзанд ва на бартарӣ меҷӯянд; На зиёдат мехоҳанд ва на ба хиёнат мепардозанд; На ҳақро вомегузоранд ва на ба ботил мегароянд; Онон ки ҳеҷгоҳ хотир ба палидӣ намеолоянд; На чарбзабонии чоплус ононро мефиребад ва на буридани мардум ононро метарсонад; Дилҳошон пайваста дар маҳалли олӣ ба парвоз аст ва лабҳошон ҳамвора ба қавли аҳсан боз>>!

Ин хислати марде аст ки парчами Қуръон ва суннатро бар дӯши ақл ниҳода ва ба ҷанги ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофот бархостааст, то бидуни ҳеҷ иддаъо ва чашмдоште, заминаро барои зуҳури Маҳдӣ ва таҳаққуқи ҳокимияти Аллоҳ бар ҷаҳон фароҳам созад. Бо ин васф, касоне ки бо ӯ бидуни ҳеҷ узри муваҷҷаҳ ва далили қонеъ кунандае адоват меварзанд, бояд худро барои муъохизаи Худованд ва уқубати Ӯ дар дунё ва охират муҳайё созанд; Чароки бидуни шак аз маҳкамаи адли Ӯ раҳоӣ нахоҳанд ёфт ва ба зудӣ товони зулми худро хоҳанд пардохт; Чунонки фармудааст: «وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ»!

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.