Шанбе 16 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 28 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 5 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

Номае барои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Бо арзи салом ва эҳтиром хидмати ёри воқеъӣ ва дӯсти ҳақиқии имом Маҳдӣ, ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ

Хостам ба арзи муборакатон бирасонам ки ман ба навбаи худам аз шумо муташаккир ва мамнунам ки ба ин ҳаракати азим ва амали Худо писандона иқдом намудаед. Ин шоъ Аллоҳ Худованд ба зудӣ ба шумо нусрат ато фармояд. Ин ҷониб <<Ноҳид. М>> дар ҳоли ҳозир панҷ моҳ аст ки китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва куллияи матолиби дохили сайти шуморо мутолиъа кардаам ва хеле хушҳол ҳастам ки ба оромиши ҳақиқӣ ва фитрии худ расидаам. Куллияи матолиби шумо аз номаҳо гирифта то гуфторҳо ва аз нақдҳо ва баррасиҳо гирифта то пурсишҳо ва посухҳо, ҳамаи инҳо ҳар хатташ монанди гавҳарӣ арзишманд ва ноёб аст ки бо оби тилло навишта ва ба девори дил насб карда шавад, вале барои касе ки гавҳаршинос бошад ё кӯр набошад. Ман аз мутолиъаи матолиби китоби шумо ба ҳақиқати суфориши Паёмбар расидам ки фармуданд: <<Ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо боқӣ мегузорам ки ҳаргиз гумроҳ нашавед: Китобаллоҳ ва итратӣ>>. Ман шаҳодат медиҳам касоне ки дар ғайри роҳи шумо ва тариқе ки шумо дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> муъаррифӣ кардаед ба дунболи имом Маҳдӣ мегарданд дар хиёлот ва таваҳҳумот ба сар мебаранд. Дар воқеъ онҳо ба дунболи номи имом ҳастанд, на ба дунболи ҳақиқати имом ва имоми ҳақиқӣ! Онҳо ба дунболи имоме нестанд ки дар ин ҷаҳон ҳузури айнӣ ва воқеъӣ дорад ва мо бояд ҳавоъиҷи ӯро бидонем ва ба ёрияш бишитобем. Ман дарк мекунам касоне ки ба ғайри роҳе ки шумо нишон медиҳед мераванд, монанди марде ҳастанд ки дар хонаӣ торик даст ба пои фил мекашад ва мегӯяд ин сутун аст ва даст ба хартуми ӯ мекашад ва мегӯяд ин новадон аст ва ...!

Бале, ман аз вақте ки бо ҳидояти шумо ва бо баҳрагирӣ аз китобатон, аз торикиҳо ба рӯшаноӣ омадам, аммо худро он тавар ки ҳаст на он тавр ки ҷоҳилон тасвир кардаанд шинохтам ва ҳамакнун ба нуқтае аз маърифат расидаам ки бо дардҳои ӯ дард мекашам ва бо ранҷҳои ӯ ранҷ мебарам; Чароки имоми ман бар хилофи тасаввури сафиҳонае ки ӯро дар осойиш, дар ҷазираӣ дурдаст ва сарсабз мепиндоранд, аз тарси ҷонаш дар биёбонҳо ва ҷангалҳо ба сар мебарад ва дар интизори ёрии ман ва амсоли ман аст то бо ирода ва иқдоми муштараки худ по ба майдон бигзорем ва заминаи зуҳури ӯро фароҳам созем. Ҳамакнун ман вақте дар нуре ки шумо барои ман қарор додаед, Қурон мехонам, чизҳоеро аз он мефаҳмам ки қаблан намефаҳмидам; «وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ ۙ وَلَا يَزِيدُ الظَّالِمِينَ إِلَّا خَسَارًا». Воқеъан вақте ман аз ин қулла ки бар он истодаам, ба гузаштаи худам менигарам, дилам барои ҳамаи касоне ки ба хотири ғафлати худ ё фиреби иғвогарон, аз шумо ва роҳи шумо дурӣ гузидаанд, месӯзад. Ба ҳамин хотир, дӯст дорам таҷрибаи ширини худамро барои онон бинависам то шояд як нафар аз миёнашон бо гуфтаҳои мани ноқобил бедор шавад.

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ!

Содиқона аз заҳамоти шабонарӯзӣ шумо ва ёрони мазлуматон мамнунам ки маро бо нури ҳақиқат ошно кардед. Ман қабл аз ошноӣ бо шумо ва пойгоҳи иттлоърасонитон, дар тӯли шабонарӯз барои чизе ки савоб медонистам, панҷ баробари ҳозир заҳмат мекашидам; Ба ин тартиб ки аз ин маҷлис ба он маҷлис медавидам ва аз ин мазор ба он мазор мерфтам, вале ҳеҷ маърифате касб намекардам ва эҳсоси рушде ба ман даст намедод. Аз Қуръон ҷуз хатти онро намешинохтам ва агар маънии онро ҳам мехондам чизи зиёде намефаҳмидам, аммо ҳамакнун эҳсос мекунам ки дар як рӯшаноӣ ва басирати хос қарор гирифтаам, ба наҳве ки Худовандро дар канори худам ва дар лаҳза лаҳзаи зиндагиам эҳсос мекунам. Ҳар чанд ман қаблан аъмоли мустаҳаббӣ бештаре анҷом медодам, вале монанди касоне будам ки ба фармойиши Қуръон карим, аъмолашон ба саробе мемонд ки дар биёбон аст ва инсони ташналаб гумон мекунад ки он об аст ва вақте ба назди он меравад онро чизе намеёбад, вале Худоро назди он меёбад ки ҳисоби ӯро комилан медиҳад ва Худо сариъул ҳисоб аст, ё монанди торикии шадиде дар дарёӣ амиқ ва паҳновар ки мавҷе болои мавҷӣ дигар онро пӯшонда ва болои он абри сиёҳе ки бар рӯӣ якдигар қарор гирифтааст, то ҷойе ки вақте дасти худро берун меоварад мумкин нест онро бибинад ва касе ки Худо барои ӯ нуре қарор надиҳад, нуре барои ӯ нахоҳад буд. Худоро шукр ки барои мо дар ин торикиҳо нуре қарор дода ва он нур шумо ҳастед ва ман феълан дар рӯшаноии овезаҳои ноби шумо ҳаракат мекунам. Китоби шуморо қабул дорам ва ба назароти ҳакимонаи шумо арҷ мениҳам ва молу ҷонамро ки ноқобил аст вақфи роҳи шумо ки роҳи рӯшан ба Маҳдӣ аст мекунам; Чароки дӯст надорам дар ояндаи наздик сарнавиште дошта бошам ки Худованд онро тавсиф карда ва фармудааст: <<Рӯзе ки ситамгар дасти худро бо дандон мегазад ва мегӯяд эй кош роҳеро бо Пайғабар иттихоз мекардам ва эй кош фалониро дӯсти худ намегирифтам; Қатъан маро баъд аз онки зикр бароям омада буд, гумроҳ кард ва шайтон ҳамеша хор кунандаи инсон будааст>> ва ман ҳаргиз дӯст надорам ки дар рӯзи қиёмат Паёмбар аз ман шикоят кунад ва бифармояд: <<Парвардигоро! Қавми ман ин Қуръонро танҳо гузоштанд>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки манзури он Ҳазрат ҳам Қуръони сомит аст ва ҳам Қуръони нотиқ ки таълим диҳадаи он аст; Чароки ин ду аз якдигар ҷудо намешаванд ва яке бидуни дигарӣ ҳаргиз нур намедиҳад; Ҳамчунонки ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ин суфориши муҳимми Паёмбарро ки ба ҳадиси Сақалайн машҳур аст, ёдоварӣ кардаанд.

Бар ин асос, аз ҳамаи бародарон ва хоҳаронам ки ин номаи манро мутолиъа мекунанд мехоҳам ки манро хоҳари дилсӯз ва хайрхоҳи худ бидонанд ва аз таҷрибае ки барояшон навиштам истифода кунанд ва панд бигиранд; Чароки ман пас аз панҷ моҳ таъаммул ва таъаммуқ дар ин амр, Худоро шукр мекунам ки феълан рӯз ба рӯз шоҳиди рушди фикрӣ ва ақлии худ ҳастам ва эҳсос мекунам ҳақоиқеро мефаҳмам ки қабл аз ин мутаваҷҷеҳ набудам. Ман бо роҳнамоиҳои китоби <<Бозгашт ба Ислом>> мавонеъи шинохтро канор гузоштам ва ба ҳақиқати «اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ» расидам ва бо гӯши дил садои маъбудамро мешунавам ки мефармояд: <<Бигӯ Худоро итоъат кунед ва Расулашро итоъат кунед, пас агар рӯй бигардонед ҷуз ин нахоҳад буд ки бар ӯҳдаи Паёмбар он чизе аст ки ба дӯш кашида ва ба ӯҳдаи шумо он чизе аст ки мукаллаф ва ӯҳдадор шудаед ва агар аз ӯ итоъат кунед, ҳидоят мешавед ва бар Паёмбар, вазифае ҷуз расондани ҳақойиқ ба таври ошкор нест>>.

Пас эй хоҳарон ва бародарони имонии ман! Ончи дар китоби арзишманди <<Бозгашт ба Ислом>> бо такя бар китоби Худо ва суннати қатъии Паёмбараш ва ақли салиме ки дар фитрати мо ниҳода шуда, барои ҳидояти мо табйин ва ташриҳ шудаастро тасдиқ кунед; Чароки ҳамаи хайрот дар ин сироти мустақим ва тариқаи вусто аст.

Биёйед то ҳама бо ҳам дар ин роҳи рост ва ҳамвор гом бардорем то ба зудӣ таҳаққуқи ваъдаҳои Худовандро ба назора бинишинем. Худованд касонеро ки имон овардаанд ва амали солеҳ кардаанд, ваъда додааст ки қатъан онҳоро ҷонишиноне дар рӯӣ замин қарор хоҳад дод ва баъд аз хавфе ки доштанд, онҳоро ба амният хоҳад расонд, ба наҳве ки ҳамаи онҳо Худоро ибодат кунанд ва чизеро шарики он зоти Мутаъол қарор надиҳад ва касе ки баъд аз он кофир шавад онҳо ҳамон фосиқон хоҳанд буд.

Умедворам ки хоҳарон ва бародарони динии ман, ба ғайр аз Худои худ аз чизе натарсанд ва гомҳои худашонро дар ин роҳи нуронӣ ва сироти мустақим қарор диҳанд ва таҷрибаҳои ширини хоҳарашонро ба зудӣ барои худ ҳосил кунанд.

Ба умеди он рӯз ...

Ноҳид. М

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.