Шанбе 22 июл 2017 мелодӣ баробар бо 28 шаввол 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 2 Нависандаи нукта: Тарихи нукта:
Мавзӯъи нукта:

Дарсе ки аз Ҳусейн омӯхтем

Дарсе ки аз Ҳусейн омӯхтем

Салом бар озод марди тарих; Салом бар Ҳусейн; Салом ба омӯзгори мактаби хунини Карбало ки бо сурхии хунаш бар варақҳои тарих, паёми омадани адолат густари ҷаҳониро навид дод ва салом бар мунтақими хуни ӯ Маҳдии маъуд.

Хоҳар ва бародари муслмонам! Ман ва шумо, Ҳусейн ва хонадони арҷумандашро мешиносем, аммо биёйед борӣ дигар ин шиносномаи мутаҳҳарро мурур кунем. Пас бишнавед хутбаи Ҳусейн идни Алӣ (а) ро ки мефармояд: Ман омадаам барои зинда кардани мардум на барои куштанашон; Ман омадаам ба мардум ҳаёт бибахшам на инки аз ҳаёт соқиташон кунам; Ман омадаам барои биҳиштӣ кардани мардум на ба ҷаҳаннам гусел карданашон; Ман омадаам ки халоиқро аз ҷаҳолат бираҳонам ва ба растгорӣ бирасонам, на ин ки ба зӯри найза ва зарби шамшер бар онон ҳукумат кунам. Агар иродаи Илоҳӣ дар бораи мардум, ҳидоят ба зӯр ва бо икроҳ буд ва агар иродаи Худо ҳидояти онон ба ҳар қайимае буд, таҳаққуқи он барояш бисёр осон буд. Ин забон ҳол Ҳусейн ибн Алӣ (а) аст: Он талаб ки дар <<هل من ناصر ینصرنی>> аст, барои ёрии ман нест, балки ман мардумро ба ёрии худашон фаро хондам; Ман мардумро ба ёфтани худашон даъват кардам; Ман сариштаи Илоҳии мардум ҳастам ки дар дашти ғафлаташон фаромӯш шудаам; Ман он <<فطرت الله>> ҳастам ки <<فطرالناس علیها>>; Ман он худи ҳақиқатӣ мардум ҳастам ки маҳҷур мондаам; Ман омадаам то он паймони пешини мардумро ва он посухи <<الست بربّکم>> ро ба ёдашон биёварам.

Эй мардум! <<ارجعوا إلی انفسکم و عاتبوها>>; Ба худ боз кардед ва ба хештан руҷӯъ кунед ва аз фитрат ва виҷдонатон бипурсед ки оё куштани ман барои шумо равост? Оё хонавода ва аҳли байтам сазоворанд ба ҳатки ҳурмат? Магар ман фарзанди Паёмбари шумо нестам? Магар ман фарзанди васӣ ва писари амуӣ Паёмбаратон нестам? Магар падари ман авалин имон оварда ва тасдиқ кунандаи Паёмбари шумо нест? Оё Паёмбари акрам (с) дар бораи ман ва бародарам нафармуд: Ин ду фарзанди ман сайиди ҷавонони аҳли биҳиштанд?

   Ман фарзанди он падаре ҳастем ки ҳозир набуд ҳукумат бар ҷаҳонҳои ҳафт гонаро бипазирад ба баҳои онки пӯсти ҷавверо ба ситам аз даҳони мӯрчае бигирад ва фармуд: <<Ба Худо савганд агар ҳафт иқлими ҷаҳонро ба ман биспоранд ва маро бар ҳар чи дар зери осмон аст ҳоким кунанд дар изоӣ инки пӯсти ҷавверо аз даҳони мӯрчае ба ситам биситонам намепазирам>>. Пас инки ман бархостаам ки уммати ҷаддамро ба масири дуруст бозгардонам: <<إنّما خرجت لطلب الإصلاح في امة جدّي>>; Чароки акнун боварҳои мардум ба дини ҷаддам суст шуда ва корвони умматаш аз сироти мустақим инҳироф ёфта ва ман омадаам ки ин корвони гум шударо ба масири саъодат ва растгорӣ баргардонам.

Магар намебинед ки ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил наҳй намешавад? Ва магар намебинед ки фазоили ахлоқӣ дар миёни уммати Ислом нобуд шуда ва ҷои худро ба разоъил бахшидааст? Пас дар ин шароит ман аз ҷо бар мехезам то агар битавонам ҳуккоми фосид ва ситамкрро сари ҷояшон бинишонам. Албатта ибтидо ононро ба роҳи салоҳ ва фалоҳ фаро мехонам ва аз уқубати аъмоли шайтонмадор ва ҳалокати осорашон метарсонам. Ман талош мекунам ки суннати амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро дар миёни уммати ҷаддам эҳё ва тасбит ва тарвиҷ кунам. Талош мекунам ки бо баландтарин садо ба гӯши ояндагоне ки маро имоми худ медонанд ва табаъият аз маро фариза мешуморанд бирасонам ки дар чунин шароите муваззафанд ҳамонанди ман амал кунанд; Зеро агар мувафақ шаванд диагронро аз инҳироф ва зулм ва иҷҳоф боз доранд ки дар ин сурат ба таколифи худ амал кардаанд ва хайру саъодати ҳар ду ҷаҳонро ба каф овардаанд ва агар мувафақ нашаванд ҳақ надоранд ки тан ба зиллат диҳанд ва дасти байъат дар дасти ситамкорон бигузорад; Чунонки Ҳусейн (а) фармуд: <<Дар чунин шароите ба Аллоҳ савганд ки на ҳозирам дасти байъат ба шумо биспорам ва на чун бардагон аз муқобилатон бигурезам>>.

Ой мардуми ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо! Чун маро бар торики тарих бубинанд ва сармашқ бигиред. Магар Паёмбаратон ба сароҳат нафармуд: <<حسین منّی و أنا من حسین>>? Ва магар Худованд дар Қуръонаш нафармуд: <<Дар Паёмбар барои шумо усваи ҳасана аст>>? Инки ман аз шумо мехоҳам ки маро сармашқи худ қарор диҳед ва аз ман пайравӣ кунед ва аз ман ёд бикунед ки дар муқобили ҳукумати ситам ҷам нашавед ва нашканед; Балки бимиред вале хиффати байъат бо ситамкоронро напазиред.

Ой мардуми ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо! Касе мисли ман бо касе мисли Язид байъат намекунад. Ин худи ман баҳои мондгорӣ паём ва калом ва рафторам. Ман ба ҳар забоне ки битавонам фарёд мезанам то мардумро аз ин хоби хатарнок бедор кунам ва аз ин зулмати муҳлик бираҳонам ва ба мӯъмин фитрат бозашон гардонам; Зеро ман қавл додаами ки худамро ва ҳар ончи азиз медонам ва маҳбуб мешуморамро фидя кунам то башарият ба Исломи ростин боз гарданд ва ба ҳидояту наҷот ва растгори даст ёбад.

Бале, эй бародар ва хоҳари мсалмонам! Имрӯз мо роҳи тарихӣ худро барои <<Бозгашт ба Ислом>> бо эътиқоде ки ба китоби Худо ва аҳли байти Паёмбармон гиреҳ хӯрдааст ва бо раҳбари ворисе аз ворисони Ҳусейн (а) оғоз кардаем ва дар ин роҳи пур фароз ва нишеб ва дар ин гузаргоҳи пурранҷи тарих, кохҳои салотини ситам бар аҷсоди бародарон ва хоҳаронамон бано шудааст то мероси Ҳусейн (а) ба рағми саркӯби Язидиён боқӣ бимонад, аммо афсӯз ки ин мероси ҷовидон, ҳанӯз барои бисёрӣ аз мардум шинохта нест ва ҳанӯз зарурати сиёнат аз онро чунон ки бояд дарк накардаанд, дар сурате ки бояд ҳар чи зудтар онро бишносанд ва зарурати сиёсат аз онро дарк кунанд то ин шинохт ва дарки амиқ, ҷаҳони моро аз ин рукуди фикрӣ ва инҳитоти фарҳангӣ наҷот диҳад ва ба интизорӣ мусбит ва созанда барои зуҳури имомамон савқ диҳад. Ҳамаи мо бояд ба чигунагии интизорамон барои ӯ биандешем ва бидонем ки интизори матлуб он аст ки моро ба ҳаракат водорад; Чи ин ки дар як ҷо истодан дар ҳамон ҷо мондан аст ва истодан, оби рокидро мегандонад ва оби он ҷойе ки ҳаракат мекунад ҳаёт ва зиндагӣ мебахшад ва он ҷойе ки сокин мемонад, на танҳо мутаъаффун мешавад, балки ҳар он чизеро ҳам ки бо ӯ ҳаҷаворӣ дошта бошад мемиронад. Бегумон касе ки роҳро бишносад ва ҳамеша пушти сари роҳнамо ҳаракат кунад, ҳаргиз ба бероҳа нахоҳад рафт.

Бародарон ва хоҳарони мунтазир! Инак дар партуви раҳнамудҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, асбоби ҳаракат муҳаёст ва заминаи шинохт фароҳам аст. Муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ гузашт, вале наҳзате ки Ҳусейн ибни Алӣ (а) оғоз кард, ҳамчунон идома дорад ва мардони амал ҳанӯз дар майдони корзори хубиҳо ва бадиҳо дар ситезанд то бо чигунагӣ бар торикиҳо ба рӯшаноӣ бирасанд. Инка ҳар як аз мо бояд аз худ бипурсем ки кадом тарафи ин майдонро бармегузинем?

Бо мутолиъа дар аҳволи имом Ҳусейн (а) ва имом Маҳдӣ (а) ба шабоҳатҳои бисёре даст пайдо мекунем; То ҷойе ки метавонем бигӯйем қиёми ҳар ду бузургвор аз суннатҳои Илоҳӣ аст; Чунон ки ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар номае хитоб ба яке аз ёрони худ мефармояд: <<Ба Худо савганд Маҳдӣ барои чизе қиём мекунад ки Ҳусейн барои он қиём кард ва ҳар кас Маҳдиро ёрӣ кунад монанди касе аст ки Ҳусейнро ёрӣ карда>> (номаи/9); Ҳамчунон ки имом Ҳусейн (а) бо нисори тамоми ҳастии худ дар канори ёрони вафодораш Исломи Муҳаммадӣ (с) ро зинда кард, ҳазрати Маҳдӣ (а) бо қиёми худ роҳи ҷаддаш Ҳусейн (а) ро идома медиҳад. Он ҳазрат бо заминасозии ёрони воқеъии худ ва ташкили ҳукумати адли ҷаҳонӣ, ба хостаи Худо бар ситамгарони ҷаврпеша чира мешавад ва ин ҳамон ваъдаи тахаллуф нопазире аст ки дар Қуръон ва суннат омадааст. Ҳар чанд мо имрӯз шоҳиди сангандозиҳо ва монеътарошиҳои бисёре аз ҷониби ҳокимони ситамкор ва ҳокимони кӯрдилашон ҳастем, вале баҳамдуЛиллоҳ ва миннати бо раҳбарии ҳазари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ба баракати китоби рӯшангари <<Бозгашт ба Ислом>>, ҳаракатамон ба сӯӣ ормони муқаддас ва волои ин китоб ки заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ (а) аст идома дорад ва ба фазли Худованди карим ва бинобар ваъдаи ҳатмии Ӯ ба натиҷа хоҳад расид ин шоъАллоҳ.

Ба умеди наҷоти ҷаҳон дар сояи ҳукумати адли Маҳдии мавъуд (а)

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.