Сешанбе 22 январ 2019 мелодӣ баробар бо 16 ҷимоди-юл-уло 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нома

     
Шумора: 21
Мавзӯъ:

Номае аз он ҳазрат дар бораи аҳкоми намози маййит

أَخْبَرَنَا الْحَسَنُ بْنُ مُحَمَّدصادِقٍ الْإِصْفَهانِيُّ، قالَ: ماتَ رَجُلٌ مِنْ أَهْلِ بَیْتِي فَکَتَبْتُ إِلَی الْمَنْصُورِ أَسْأَلُهُ عَنِ الصَّلاةِ عَلَی الْمَیِّتِ، فَکَتَبَ لِي:

«السُّنَّةُ فِیها خَمْسُ تَکْبِیراتٍ وَ لَوْ نَقَصْتَ واحِدَةً أَوْ زِدْتَ فَلا بَأْسَ وَ لَیْسَ فِیها دُعاءٌ مُوَقَّتٌ فَتَقُومُ بِحِذائِهِ مُسْتَقْبِلاً لِلْقِبْلَةِ فَتُکَبِّرُ فَتَقُولُ:

بِسْمِ اللّهِ وَ بِاللّهِ وَ إِنّا لِلّهِ وَ إِنّا إِلَیْهِ راجِعُونَ أَشْهَدُ أَن لا إِلٰهَ إِلّا اللّهُ وَحْدَهُ لا شَرِیكَ لَهُ وَ أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ أَرْسَلَهُ بِالْهُدَىٰ وَ دِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَ لَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ،

ثُمَّ تُکَبِّرُ فَتَقُولُ:

الْحَمْدُ لِلَّهِ وَ سَلَامٌ عَلَى عِبَادِهِ الَّذِينَ اصْطَفَى آللَّهُ خَيرٌ أَمَّا يشْرِكُونَ اللّهُمَّ صَلِّ عَلیٰ مُحَمَّدٍ وَ عَلیٰ آلِ مُحَمَّدٍ کَما صَلَّیْتَ عَلیٰ إِبْراهِیمَ وَ عَلیٰ آلِ إِبْراهِیمَ وَ بارِكْ عَلیٰ مُحَمَّدٍ وَ عَلیٰ آلِ مُحَمَّدٍ کَما بارَکْتَ عَلیٰ إِبْراهِیمَ وَ عَلیٰ آلِ إِبْراهِیمَ إِنَّكَ حَمِیدٌ مَجِیدٌ،

ثُمَّ تُکَبِّرُ فَتَقُولُ:

رَبَّنَا إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيا ينَادِي لِلْإِيمَانِ أَنْ آمِنُوا بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَ كَفِّرْ عَنَّا سَيئَاتِنَا وَ تَوَفَّنَا مَعَ الْأَبْرَارِ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَ لِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَ لَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ رَبَّنَا اغْفِرْ لِحَيِّنا وَ مَيِّتِنا وَ ذَكَرِنا وَ أُنْثانا وَ شاهِدِنا وَ غائِبِنا وَ صَغِيرِنا وَ كَبِيرِنا اللّهُمَّ مَنْ أَحْيَيْتَهُ مِنّا فَأَحْيِهِ عَلَى الْإسْلامِ وَ مَنْ تَوَفَّيْتَهُ مِنّا فَتَوَفَّهُ عَلَى الْإيمانِ،

ثُمَّ تُکَبِّرُ فَتَقُولُ:

اللّهُمَّ هٰذا عَبْدُكَ ابْنُ عَبْدِكَ تَوَفَّیْتَهُ وَ هُوَ مُحْتاجٌ إِلیٰ رَحْمَتِكَ وَ أَنْتَ غَنِيٌّ عَنْ عَذابِهِ فَارْحَمْهُ وَ لا تُعَذِّبْهُ فَإِنَّهُ کانَ مِنَ الْمُؤْمِنینَ وَ أَنْتَ کَما قُلْتَ بِالْمُؤْمِنینَ رَحِیمٌ فَاغْفِرْ لَهُ ذُنُوبَهُ وَ کَفِّرْ عَنْهُ سَیِّئاتِهِ وَ تَقَبَّلْ مِنْهُ حَسَناتِهِ وَ أَدْخِلْهُ الْجَنَّةَ بِرَحْمَتِكَ یا أَرْحَمَ الرّاحِمِینَ،

ثُمَّ تُکَبِّرُ وَ تَنْصَرِفُ.»

Тарҷумаи нома:

Ҳасан ибни Муҳаммади Содиқи Исфаҳонӣ моро хабар дод, гуфт: Марде аз хонаводаи мо даргузашт, пас барои Мансур навиштам ва аз ӯ дар бораи намоз бар маййит пурсидам, пас бароям навишт:

<<Суннат дар он панҷ такбир аст ва агар яке кам кунӣ ё бияфзойи ишколе надорад ва дар он дуъои муъаяне нест, пас муқобили ӯ дар ҳоле ки рӯй ба Қибла дорӣ меистӣ, он гоҳ такбир мегӯйи пас мегӯйи:

Ба номи Худованд ва бо Худованд ва мо барои Худованд ҳастем ва ба сӯӣ Ӯ боз мегардем, гувоҳӣ медиҳам ки ҷуз Худованд худойе нест, ягона аст ва шарике надорад ва гувоҳи медиҳам ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст ки ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод то ӯро бар ҳар дине пирӯз гардонад агарчи мушрикон кароҳат дошта бошанд,

Сипас такбир мегӯйи пас мегӯйи:

Ситойиш барои Худованд ва дуруд бар он бандагонаш ки ононро баргузид, оё Худованд беҳтар аст ё чизе ки шарик қарор медиҳанд?! Худовандо! Бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад салавот фирист чунонки бар Иброҳим ва бар оли Иброҳим салавот фиристодӣ ва бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад баракат фирист чунонки бар Иброҳим ва бар оли Иброҳим баракат фиристодӣ, ба ростӣ ки Ту сутуда ва шукуҳмандӣ,

Сипас такбир мегӯйи пас мегӯйи:

Парвардигоро! Мо шунидем нидо диҳандаеро ки нидо медод ба Парвардигоратон имон оваред, пас имон овардем, Парвардигоро! Пас гуноҳонамонро биёмӯрз ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро ба ҳамроҳи некон бимирон, Худовандо! Мо ва бародаронамон ки дар имон бар мо пешӣ гирифтандро биёмӯрз ва дар дилҳомон кинае аз касоне ки имон оварданд қарор надеҳ, Парвардигоро! Ба ростӣ ки Ту раъуф ва меҳрубонӣ, Парвардигоро! Зиндагон ва мурдагон ва мардон ва занон ва ҳозирон ва ғойибон ва кӯчакон ва бузургони моро биёмӯрз, Худовандо! Ҳар кас аз мо ки ӯро зинда медорӣ бар Ислом зинда бидор ва ҳар кас аз мо ки ӯро мемиронӣ бар имон бимирон,

Сипас такбир мегӯйи пас мегӯйи:

Худовандо! Ин бандаи Ту писари банди Туст, ӯро аз дунё бурдӣ ва ӯ ниёзманд ба раҳмати Туст ва Ту аз азоби ӯ бениёзӣ, пас ӯро раҳмат кун ва азоб накун; Чароки ӯ аз мӯъминон буд ва Ту чунонки фармудӣ бо мӯъминон меҳрубон ҳастӣ, пас гуноҳони ӯро биёмӯрз ва бадиҳои ӯро бипӯшон ва некиҳои ӯро қабул кун ва ӯро ба Биҳишт даровар, бо раҳматат эй меҳрубонтарини меҳрубонон,

Сипас такбир мегӯйи ва бар мегардӣ>>.

Шарҳи нома:

Барои хондани шарҳи ин номаи нуронӣ, ба пурсиш ва посухи 338 муроҷиъа кунед.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?