Душанбе 10 декабр 2018 мелодӣ баробар бо 2 рабеъ-ул-сони 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нома

     
Шумора: 14
Мавзӯъ:

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

<<Ҳон эй мардум! Аз ман бишнавед, агар гӯши шунаво доред; Чароки барои шумо масале мезанам: Ҳароина масали шумо дар зиндагии дунё масали кӯдаке будааст ки модари хешро дар анбӯҳи ҷамъият гум карда бошад, пас ба умеди даст ёфтан бар ӯ ба домони ҳар зане чанг мезанад ва муддате дар пайи ӯ равон мегардад, то он гоҳ ки аз ӯ бемеҳрӣ мебинад ва дар меёбар ки ӯ модар нест, пас шевонкунон ӯро во мегузорад ва ба домони дигарӣ меовезад, то он гоҳ ки торикии шаб ӯро фаро мегирад ва сармои он ӯро талаф мекунад, дар ҳоле ки ёрӣ кунандае барои ӯ нест! Ин будааст масали шумо дар зиндагии дунё ки ба умиди даст ёфтан бар адолат, ба ҳар ҳукумате дил бастаед ва муддате аз он пайравӣ кардаед, то он гоҳ ки аз он зулм дидаед ва дарёфтаед ки дар он адолат нест, пас фарёдкунон онро бар андохтаед ва ба ҳукумати дигарӣ рӯй овардаед! Пас ин гуна, дар ҷустуҷӯӣ адолат, гоҳе ба шарқ майл кардаед ва гоҳе ба ғарб; Гоҳе ба чап давидаед ва гоҳе ба рост; Гоҳе ба Зайд рӯй овардаед ва гоҳе ба Амр; Гоҳе ба салтанат дил бастаед ва гоҳе ба ҷумҳврият! Дар ҳоле ки адолат, на дар шарқ будааст ва на дар ғарб; На дар чап будааст ва на дар рост; На дар Зайд будааст ва на дар Амр; На дар салтанант будааст ва на дар ҷумҳурият! Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст, аммо шумо аз раҳмати Ӯ ноумед ва аз Маҳдии Ӯ ғофил шудаед ва аз ин рӯ, ҳукумате ки Ӯ барои Маҳлияш хостаастро ба касоне супурдаед ки Ӯ ҳукумате барои онон нахостааст! Ту гӯйи ҳукумат, мероси падаронатон аст ки онро аз ҳар кас мехоҳед мегиред ва ба ҳар кас мехоҳед медиҳед ва гӯйи аз они Худованд нест ки фармудааст: «قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ» [Оли Имрон/ 26]; <<Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас мехоҳӣ медиҳӣ ва ҳукуматро аз ҳар кас мехоҳӣ мегири>> Ва Ӯ онро ба Иброҳим дода ва аҳдӣ бо одилони зуррияаш сохта ва фармудааст: «وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِنْ ذُرِّيتِي قَالَ لَا ينَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ» [Бақара/ 124]; <<Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте омӯрзид, пас чун онҳоро ба анҷом расонд, фармуд: Ман туро барои мардум имоме қарор диҳандаам, гуфт: Ва аз зуррияам? Фармуд: Аҳди ман ба золимон намерасад>> Ва одилони зуррияи ӯ касоне ҳастанд ки Худованд хостааст ҳар нопокиро аз онон бизудояд ва ононро комилан пок гардонад ва онон дар китоби Худованд аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд [Аҳзоб/ 33] Ва аз инҷо дониста мешавад ки Маҳдии Худованд, аз оли Иброҳим алайҳи салом ва аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва ҳар кас ҳокиме ҷуз ӯ ихтиёр кунад, ба гумроҳии дуре дучор шудааст.

Шигифто ки мардуми ҳар замон дасти байъат бо касе додаанд ва ақди вилоят бо касе бастаанд ва надонистаанд ки ҳеҷ кас ҷуз касе ки Худованд ӯро барои ин кор ҳидоят карда ва тавоно сохтааст, аз ӯҳдаи он бар намеояд ва ҳаққи онро адо намекунад! Онон адолатро назди касоне ҷустаанд ки адолат назди онон набуда ва аз ҳокимони худ таваққуъи кореро доштаанд ки дар тавони онон набудааст! Чигуна адолат варзад касе ки қадри мардумро намедонад ва ҷои ононро намешиносад, бал қадри худро нашинохта ва аз ҷои худ берун аст?! Чигуна адолат варзад касе ки худ золим аст ва дар ҷои дигарӣ нишастааст ва чигуна ислоҳ кунад касе ки худ фосид аст ва ҷаҳонро ба фасод кашидааст?! Оё мардумон дар замин сайр накарданд ва дар саргузашти падаронашон назар наяндохтанд ки ба гадойии ҷуръаи адолат дар баробари ҳар ҳукумате зону задаанд ва дасти ҳар ҳокимеро буса додаанд, аммо ҳеҷ як бар ташнагии онон раҳм накард ва ононро ҷуръанӯши адолат нанамудааст?! Дар ҳоле ки ба Худо савганд, онон ташнатар аз он будаанд ки ба ҷуръае сероб шаванд ва ҷуз наҳрӣ азим ононро сероб натавонад кард! Пас бо ин васф, чи шудааст ки аз рӯзи нахуст то имрӯз, авлиёъи Худо ҳамвора маҳкум будаанд ва авлиёъи шайтон ҳамвора ҳоким! Фарзандони анбиё ҳамвора хонанишин будаанд ва фарзандони адъиё ҳамвора минбарнишин! Аъиммаи имон ҳамвора беёвар будаанд ва аъиммаи куфр ҳамвора пурёвар! Агар кохе буда ҳамвора барои золимон будааст ва агар кухе буда ҳамвора барои покизагон! Агар қудрате буда ҳамвора барои мушрикон будааст ва агар ҳиҷрате буда ҳамвора барои паёмбарон! Агар байъате буда ҳамвора барои Язидиён будааст ва агар шаҳодате буда ҳамвора барои Ҳусейниён! Агар давлате буда ҳамвора барои гумроҳон будааст ва агар ғайбате буда ҳамвора барои Маҳдиён! Ин чи расвоӣ аст ки торихро фаро гирифта ва ин чи девонагӣ аст ки ҷаҳонро гирифтор кардааст?! Оё мардумонро чашм нест то бибинанд ки ҳокимонашон ҳама ситам мекунанд ва адолат намеварзанд?! Ё ононро гуш нест то бишнаванд ки сиёсатмадоронашон ҳама дурғ мегӯянд ва рост намегӯянд?! Ё ононро ҳуш нест то пай баранд ки раҳбаронашон ҳама гумроҳ мекунанд ва роҳ наменамоянд?! Пас то ба кай ин захми чиркин, гушуда хоҳад буд ва то ба кай ин девонагӣ идома хоҳад дошт?! Ҳон, эй мардум! Ба ман бигӯйед! То ба кай бояд монанди сиёҳмастон, аз рост ба чап ва аз чап ба рост билангед, то охирул амр бифаҳмед ки рост ва чап барои шумо яксон аст ва дар ҳеҷ як адолат нест?! Ба ман бигӯйед! Чанд ҳукумати дигарро бояд биёзмойед ва товони чанд итоъати дигарро бояд бипардозед, то саранҷом дарёбед ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз ҳукумати Худованд, шуморо ба адолат намерасонад ва ҳеҷ итоъате ҷуз итоъати халифааш, шуморо аз зулм намераҳонад?! Оё ин ҳазорон сол таҷриба, басанда нест?! Оё ин товонҳои сангин, басанда нест?! Оё Намрудҳо ва Фиръавнҳоро нашунидид?! Оё Касроҳо ва Қайсарҳоро накашидид?! Оё халифаҳо ва шоҳонро надидид?! Оё ҷумҳуриҳо ва Исломиҳоро наёзмудид?! Пас оё ҳанӯз ибрат нагирифтаед?! То куҷо ба ин захми кӯҳна намак хоҳед зад?! Ва то куҷо ба ин ҷунуни торихӣ идома хоҳед дод?! Ҳон, эй подшоҳон ва амирони ситамкор ки барои касби султа ва ҳифзи он, хуни бегуноҳонро мерезед! Ҳон, эй фақиҳон ва руҳониёни риёкор ки ба ғайри ҳақ, худро гумоштаи Худо ва валии амри муслимини ҷаҳон медонед! Ҳон, эй риҷоли сиёсӣ тамъакор ки барои даст ёфтан ба ҳукумат, мусобиқа мегузоред! Ҳон, эй аҳзоби сиёсии фиребкор ки ҷуз дар пайи қудрат нестед! Ҳон, эй фирқаҳо ва гурӯҳҳои табаҳкор ки барои бартарӣ ёфтан дар замин, мекушид! Даст аз ин мардуми ранҷдида бардоред ва аз миёни онҳо ва соҳибашон канор биравед! Оё ҳазорон сол зулм ва фасод басанда нест?! Оё як торих, зиллат ва масканат басанда нест?! Оё хаста нашудаед аз ин ҳама шарорат ва фитнаангезӣ?! Пас кай ба ин бозии кӯдакона поён хоҳед дод?! Пас кай аз ин равишҳои такрорӣ боз хоҳед истод?! Инак гӯшҳои худро фароз овардед то бишнавед; Зкро ман нидо диҳандае аз маконӣ наздик ҳастам ки нидо медиҳам: Эй мардум! Оё замони он нарасидааст ки ба асли хеш боз гардед?! Оё замони он нарасидааст ки аҳди Худо бо падаратон Одамро ба ёд оваред?! Оё замони он нарасидааст ки амонатро ба соҳибаш рад кунед ва ҳукуматро ба аҳлаш боз гардонед?! Оё ҳанӯз ҳам ба ин ҳукуматҳои ранг ба ранг умеде доред?! Оё ҳанӯз ҳам мепиндоред агар ба ҷои Зайд, Амр бар сари кор биёяд, кор сомон меёбад?! Чи бисёр Амрҳое ба ҷои Зайдҳо бар сари кор омаданд ва кор сомон наёфт; Чароки сомони кор аз ҷоӣ дигар буд ва шумо ғофил будед! Пас то ба кай ба умеди ин ва он хоҳед нишаст ва парчами ин ва онро афрошта хоҳед дошт?! То ба кай хешро залил хоҳед кард ва дастбӯси ин ва он хоҳед буд?! То ба кай ваъдаҳои дурӯғин, шуморо хом хоҳад сохт ва орзуҳои дароз, шуморо бозӣ хоҳад дод?! То ба кай монанди харҳои осиёб, ба гирди як меҳвар хоҳед чархид ва таваҳҳуми пешрафт хоҳед кард?! Ҳон, эй мардум! Чигуна аст ки ҳазорон сол, пушти худро ба ҳар ҳайвони ноқисе додаед ва дасти худро ба инсони комил надодаед?! Чигуна аст ки ҳазорон сол, ҳар рутубатеро макидаед ва дарёи ширинро раҳо кардаед?! Чигуна аст ки ҳазорон сол, дар пайи ҳар саробе давидаед ва дар пайи оби гуворо гоме барнодоштаед?! Оё ба худ нахоҳед омад ва ба сӯӣ асл боз нахоҳед гашт?! Оё аз хоб бедор нахоҳед шуд ва ин кобус ба поён нахоҳад расид?! Оё аз торикӣ берун нахоҳед омад ва ин шоми сиёҳ саҳар нахоҳад дошт?! Оё аз мастӣ ба ҳуш нахоҳед омад ва ин гиҷӣ аз сар нахоҳад рафт?! Оё чашм нагушода ногоҳ такон нахоҳад хӯрд ва бар по нахоҳад истод?! Оё сари хешро боло нахоҳед овар ва ҷуз пеши пои хешро нахоҳед дид?! Чунин мебинам ки аз пистони ҷаҳл шир хӯрдаед ва бар домони зулм парвариш ёфтаед ва гӯшту хунатон бо ман ноошност! Зинҳор ноошноиятон бо ман шуморо вонадорад ба инки даъватамро иҷобат накунед; Зеро ман бародари хайрхоҳи шумо ҳастам ки ба сӯӣ ҳақ даъвататон мекунам ва овозамро мешунавед ҳангоме ки фарёд медорам: Бозгардед, бозгардед ба сӯӣ Ислом; Чароки шумо аз он бисёр дур шудаед! Шумо аз асли худ фосила гирифтаед ва худро аз ёд бурдаед! Шумо ақли худро тарк гуфтаед ва монанди кӯдакон ва девонагон шудаед! Шумо аҳди Худоро нақз кардаед ва мероси Паёмбарашро зойеъ намудаед; Ҳамон аҳд ки бо падаратон Иброҳим баст ва ҳамон меросе ки дар борааш фармуд: «ما إِنْ تَمَسَّکْتُمْ بِهِ لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي»; <<То ҳангоме ки ба он мутамассик бошед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ намешавед>>! Пас онро зойеъ намедаед ва пас аз ӯ гумроҳ шудаед, дар гумроҳии дуре; То ҷое ки боғи меваро во гузошаед ва хорзорро чаридаед ва дарёи ширинро во гузоштаед ва рутубатро макидаед ва ғазои покро раҳо кардаед ва мурдорро ба дандон гирифтаед ва асали холисро дур рехтаед ва ҳанзалро ҷавидаед ва ҳукумати Худовандро во гузоштаед ва ба ҳукумати шайтон сар супурдаед! Дар ҳоле ки боғи мева барои шумо аз хорзор ва дарёи ширин барои шумо аз рутубат ва ғазои покиза барои шумо аз мурдор ва асали холис барои шумо аз ҳанзал ва ҳукумати Худованд барои шумо аз ҳукумати шайтон беҳтар аст! Зинҳор! Ҳидояти хешро ба ғайри Маҳдӣ насупоред; Зеро касе роҳро аз кӯр намепурсад ва бо киштии сӯрох ба дарё намеравад! Пас оё ҳукумате ҷуз ҳукумати Худованд меҷӯйед?! Дар ҳоле ки адолат танҳо дар ҳукумати Худованд аст; Ҳукумате ки ба дасти халифаи Маҳдияш таҳаққуқ меёбад на ба дасти ғайри ӯ ва хулафо ва шоҳон ва фақиҳон дар ин амр бо ҳам бародаранд, ҷуз онки дар шеваи зулм тафовут доранд ва бархӣ беш аз бархӣ дигар ситам мекунанд; Монанди қотилоне ки ҳамагӣ мекушанд, ҷуз онки хафа мекунанд ва бархӣ сар мебуранд ва бархӣ сам менӯшонанд! Ба суханам гӯш фаро доред; Зеро суханӣ беҳтар аз ин нахоҳед шунид; Дунёи шумо ҷуз бо адолат ислоҳ намешавад ва охирати шумо ҷуз бо адолат сомон намепазирад ва адолат ҷуз бо ҳукумати Маҳдӣ имкон намеёбад ва ҳукумати Маҳдӣ ҷуз бо ҳамёрии шумо шакл намегирад, вале бештари шумо намедонед!>>.

Шарҳи нома:

Эй бандаи Худо! Агар чашми дилат нобино нест, дар ин андарзномаи нуронӣ назар кун, то роҳи растгориро биёбӣ ва роҳнамояшро бишносӣ ва бидонӣ ки даъвати ӯ ҳаққи мубин аст ва ҳар даъвате ҷуз он залоле аст баъид ва сипас онро бар наздикони худ бихон ва ба гӯши соири мардум бирасон, бошад ки монанди ту онро иҷобат кунанд ва аз ҳамёрӣ барои ҳукумати тоғут даст бардоранд ва ба ҳамёрӣ барои ҳукумати Худованд рӯй оваранд ва бо хости ҷамъӣ ва ҳимояти кофии худ, заминаи зуҳури халифаи Худовандро бисозанд ва ба саъодати дунё ва охират ноъил шаванд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?