Ҷумъа 18 август 2017 мелодӣ баробар бо 26 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани номаҳо

Шумора: 11
Мавзӯъ:

Номае аз он ҳазрат дар тавсифи адолат ва даъват ба сӯӣ итрат ва аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Сипос мигузорам Парвардигореро ки ҷуз Ӯ Парвардигоре нест; Додгаре ки ситам намекунад ва тавоное ки нотавон намегардад ва доное ки бехабар намемонад ва бедоре ки ба хоб намеравад ва зиндае ки намемирад; Худойе ки ба зоти худ сутуда аст ва аз ҳар костӣ ва кажӣ пироста; Худойе ки ба зоти худ қоъим аст ва дар қавоми худ доъим; Худойе ки дар авҷи зуҳур пинҳон аст ва дар пушти ҳазор парда намоён; Худойе ки замину осмон ва ҳар чи миёни он ду астро дар шаш рӯз биёфарид то далиле бошад бар рубубияти Ӯ; Худойе ки фариштагонро бо раҳмат ва қудрати хеш биёфарид ва дар ситорагон ва сайёрот ҷой дод то Ӯро биситоянд ва хидмат кунанд; Худойе ки инсонро бо ҳикмат ва қудрати хеш биёфарид ва ӯро бар бисёрӣ аз офаридагони хеш бартарӣ дод то Ӯро бишносад ва парастиш кунад. Пас ӯро дар биҳишти хеш маскан дод ва аз ҳар неъмате бархурдор намуд, то он гоҳ ки ӯ бартарӣ ҷуст ва нофармон гардид, пас ӯро ба заминӣ ноҳамвор табъид кард то қадри биҳишро бидонад ва фармонбардориро биёмӯзад ва аз ӯ аҳд гирифт ки ҳаргоҳ ҳидояте аз ҷониби Вай барои ӯ омад, аз он пайравӣ кунад то андӯҳ ва ҳаросе барои ӯ набошад ва гумроҳу бадбахт нашавад; Чунонки фармудааст: «قُلْنَا اهْبِطُوا مِنْهَا جَمِيعًا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ» [Бақара/ 38]; <<Гуфтем ҳамагӣ аз он (биҳишт) фуруд ойед, пас ҳаргоҳ аз ҷониби Ман барои шумо ҳидояте омад, пас ҳар кас аз ҳидояти Ман пайравӣ кунад на тарсе бар ӯ хоҳад буд ва на андӯҳе>> Ва фармуд: «فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشْقَىٰ» [Тоҳо/ 123]; <<Пас ҳаргоҳ аз ҷониби Ман барои шумо ҳидояте омад, пас ҳар кас ҳидояти Маро пайравӣ кунад на гумроҳ мешавад ва на бадбахт>> Ва ин аҳд, калиде буд ки Худованд ба инсон бахшид то ба василаи он дарҳои бастаи растгориро бигушояд ва ба сӯӣ ҷойгоҳи нахустини хеш боз ояд. Сипас дар ин замини ноҳамвор, модарон зойиданд ва фарзандон болиданд ва наслҳо аз пайи наслҳо харомиданд ва мардумон фузунӣ ёфтанд ва дар кӯҳҳо ва биёбонҳо ва ҷангалҳо ва дарёҳо пароканда гардиданд ва ба тадриҷ дар гузори замин, пешинаи хешро аз ёд бурданд ва офаридагори хешро гум карданд ва пайванди хешро нодида гирифтанд ва бархӣ душманони бархӣ дигар шуданд; Чунонки Худованд аз пеш хабар дода ва фармуда буд: «قَالَ اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ» [Аъроф/ 24]; <<Гуфт (аз биҳишт) фуруд ойед! Бархӣ аз шумо барои бархӣ дигар душман хоҳед буд ва барои шумо дар замин қарогоҳе ва баҳрае муваққат аст>>, вале онон баҳраи хеш дар заминро ҷовидон пиндоштанд ва гумон бурданд ки ба сӯӣ Парвардигорашон боз намегарданд. Пас бархӣ бар бархӣ дигар бартарӣ ҷустанд ва бархӣ бар бархӣ дигар ситам карданд, то он гоҳ ки дарё ва хушкӣ аз табоҳии онон оканда шуд; Чунонки Худованд фармудааст: «ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ» [Рум/ 41]; <<Табоҳӣ дар хушкӣ ва дарё падид омад ба сабаби чизе ки дастҳои мардум фаро овард>>; Зеро бархӣ аз онон бархӣ дигарро ба қатл расонданд ва бархӣ аз онон бархӣ дигарро ба бардагӣ гирифтанд ва бархӣ аз онон бархӣ дигарро аз замин ронданд ва бархӣ аз онон бархӣ дигарро чаповул карданд ва бадин сон, замин аз зулм ва ҷаври онон оканда шуд. Дар ин ҳангом, Худованд аз миёни онон Паёмбаронеро баргузид ва бо нишонаҳои рӯшан ба сӯӣ онон фиристод ва ба ҳамроҳашон китоб ва мизон нозил кард, то мардум аз ситам дасти бардоранд ва ба адолат бархезанд; Чунонки фармудааст: «لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ ۖ» [Ҳадид/ 25]; <<Ҳароина фиристодагони Хешро бо нишонаҳои рӯшан фиристодем ва ба ҳамроҳи онон китоб ва мизон нозил кардем то мардумон ба адолат бархезанд>> Ва ин, ҳадаф аз беъсати Паёмбарон буд; Зеро Худованд, худ одил буд ва ҷаҳонро бар пояи адолат офарид ва хуш дошт ки адолат дар он бар қарор бошад; Чунонки фармудааст: «وَالسَّمَاءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ الْمِيزَانَ ۝ أَلَّا تَطْغَوْا فِي الْمِيزَانِ ۝ وَأَقِيمُوا الْوَزْنَ بِالْقِسْطِ وَلَا تُخْسِرُوا الْمِيزَانَ» [Арраҳман/ 7-9]; <<Осмонро барафрошт ва мизон қарор дод; То шумо низ бар мизон наяфзойед; Ва бо адолат бисанҷед ва аз мизон накоҳед>>. Пас Паёмбаронро фиристод то бо зулм даромезанд ва ба адолат барангезанд ва оҳанро фиристод то онро дар даст гиранд ва бо касоне ки мекӯшанд адолат дар ҷаҳон набошад, биситезанд; Чунонки фармудааст: «وَأَنْزَلْنَا الْحَدِيدَ فِيهِ بَأْسٌ شَدِيدٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ» [Ҳадид/ 25]; Чаркои ҷаҳон бар пояи адолат офарида шудааст ва ҷуз адолат сомон намепазирад. Ҳароина зулм ҷаҳонро нобуд мекунад ва низоҳми офариншро бар ҳам мезанад ва заминро ба табоҳӣ мекашонад ва ҳаргиз Худованд онро бар ҷаҳониён нахостааст; Чунонки фармудааст: «وَمَا اللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِلْعَالَمِينَ» [Оли Имрон/ 108]; <<Худованд ҳаргиз золимеро барои ҷаҳониён нахостааст>>. Ӯ аз рӯзи нахуст барои ҳар чизе <<Қадре>> қарор додааст ва <<Ҷойи>> мутаносиб бо қадри ӯ, то дар он қарор бигирад ва аз он берун наравад ки фасод пеш меоварад; Чунонки фармудааст: «قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا» [Талоқ/ 3]; <<Худованд барои ҳар чизе қадре қарор додааст>> Ва фармудааст: «وَخَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ فَقَدَّرَهُ تَقْدِيرًا» [Фурқон/ 2]; <<Ва ҳар чизеро офарид ва барои он қадреро муқаддар фармуд>> Ва фармудааст: «إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ» [Қамар/ 49]; <<Мо ҳар чизеро ба қадре офаридем>> Ва қадри ҳар чиз истеъдоде аст ки барои он қарор додааст ва бо ин васф, адл он аст ки ҳар чиз қадри худро бидонад ва дар ҷойе ки Худованд барои ӯ қарор додааст қарор гирад ва зулм он аст ки чизе қадри худро надоданд ва аз ҷойи худ берун ояд ва ҷойи дигаре ки Худованд барои ӯ қарор надодаастро бигирад ва фасод фарзанд зулм аст. Бадин сон, Худованд Паёмбарони худро нафиристод магар барои он ки қадрҳои мардумро ба ёдашон оваранд то мардум қадри хешро бишносанд ва ҷойи хешро пайдо кунанд ва дар ҷойе ки Худованд барои ҳар як аз онон қарор додааст қарор гиранд ва аз ҷойи хеш берун наёянд ва ҷойи дигарон ки ба қадрӣ онон нестро нагиранд ва бо ин кор, ба якдигар зул накунанд ва дар замин фасод наянгезанд. Пас Паёмбарон ба изни Худованд мардумро бо қадрҳошон ки истеъдодҳои онон буд, ошно сохтанд ва ононро ба сӯӣ адолат фаро хонанд ва аз зулм боз доштанд то ҷоҳои худро дар рӯӣ замин пур кунанд ва бархӣ ҷойи бархӣ дигарро нагиранд ва истеъдодҳои худро ба фаъолият расонанд ва бархӣ монеъи ба фаъолияти расидани истеъдодҳои бархӣ даигар нашаванд, то бадин сон ҳамагӣ ба камоли хеш даст ёбанд ва ҷаҳон аз адолат анбошта гардад, пас аз он онки аз зулм анбошта гардидааст. Пас Паёмбарон яке аз пайи дигарӣ, бо ҳидоят ва нишонаҳои рӯшан омаданд ва бо ҳар уммате ба забони ӯ сухан гуфтанд ва дар чаҳор гӯшаи ин замини паҳновар, аз кӯҳу биёбон ва ҷангалу дарё, нидои <<Адолат>> сар доданд ва ба забонҳо ва дастҳои худ бо <<Зулм>> дар омехтанд, аммо бештари мардумон ки аҳди Худованд дар рӯзи табъидро аз ёд бурда ва калиди растгориро гум карда буданд, ононро такзиб намуданд ва даъваташонро иҷобат накарданд; Чароки қадри хешро намедонистанд ва ба ҷойгоҳи хеш қонеъ набуданд ва бархӣ бар бархӣ дигар бартарӣ меҷустанд ва бо зулм ва фасод маънус буданд ва аз бузургонашон дар замин пайравӣ мекарданд ва бузургонашон дар замин мекӯшиданд то Паёмбаронро аз рӯӣ он бардоранд; Зеро медонистанд ки худ дар ҷойи дигарон нишастаанд ва агар таслими адолат гарданд, бояд аз ҷойе ки дар он нишстаанд бархезанд ва бузургиро ба касоне вогузоранд ки Худованд ононро бузург доштааст; Касоне ки дар замин кӯчак шумурда шудаанд ва аз дасти инон ситам дидаанд! Пас ҳеҷ Паёмбаре аз ҷониби Худо наёмад, магар онки бузургони мардум ӯро инкор карданд ва дар баробараш истоданд то пеш наёянд; Чунонки фармудааст: «وَمَا أَرْسَلْنَا فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ» [Сабоъ/ 34]; <<Ҳеҷ бимдиҳандаеро дар сарзамине нафиристодем магар онки бузургонаш гуфтанд: Мо ба чизе ки барои он фиристода шудаед кофирем>> Ва ба Худо савганд чизе ки бимдиҳандагон барои он фиристода шуда буданд <<Адолат>> буд ки бузургони сарзаминҳо онро бар наметобиданд; Чароки адолат ҳамвора ба зиёни мустакбирон ва ба суди мустазъафон буда ва онҳоро пойин ва инҳоро боло кашидааст! Пас онҳо, бархеро сар буриданд ва бархеро сӯзонданд ва бархеро назди шерони гурусна афканданд ва бархеро аз кӯҳи баланд партоб карданд ва бархеро аз замин ронданд ва инҳо ҳама барои он буд ки адолатро бар наметобиданд ва аз барқарории он ҳаросон буданд! То ҷойе ки Нӯҳӣ Паёмбар алайҳи салом нӯҳсаду панҷоҳ сол фаро хонд ва танҳо ҳаштод тан ӯро иҷобат карданд ки ҳашт тан аз онон хонаводаи ӯ буданд ва рӯй доди ки банӣ исроъил дар як шаб то баромадани офтоб, ҳафтод Пайғамбари покро куштанд ва сипас ба сари касбу кори худ омаданд ва хурмофуруш фарёд мезад: Хурмо! Хурмо! Ва ин гуна Паёмбарон аз пайи Паёмбарон омаданд ва мардумро ба сӯӣ адолат фаро хонданд ва такзиб шуданд ва ситам диданд, то онгоҳ ки навбат ба Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вопасин Паёмбар ва вориси Паёмбарони гузашта расид. Худованд ӯро дар замоне фиристод ки муддатҳо буд Паёмбаре наёмада ва ваҳйе нозил нагашта буд; Кутоби осмонӣ таҳриф ва суннатҳои неку дигаргун гардида буд; Роҳҳои растгорӣ пинҳон ва парчамҳои ҳидоят сарнагун шуда буд; Мардум бутҳоро мепарастиданд ва дар торикиҳои авҳому хурофот саргашта буданд; Дар ҷоҳилият мезистанд ва дар ҷоҳилияти мемурданд; Қадри хешро намедонистанд ва ба якдигар ситам мекарданд. Дар чунин ҳангомеи саҳмгине, Худованд Паёмбари хешро баргузид ва китоби хешро бар ӯ нозил фармуд. Ӯ низ ба бойистагӣ, расолати Парвардигорашро адо намуд ва ба шойистагӣ, дар ин роҳ шикебойи варзид; Паёми адолатро ки ба ӯ супурда шуда буд, иблоғ кард ва иҷрои адолатро ки ба ӯ фармон дода буд, дар пеш гирифт; Чунонки фармудааст: «قُلْ أَمَرَ رَبِّي بِالْقِسْطِ ۖ» [Аъроф/ 29]; <<Бигӯ Парвардигорам ба адолат фармон додааст>> Ва фармудааст: «وَأُمِرْتُ لِأَعْدِلَ بَيْنَكُمُ ۖ» [Шӯро/ 15]; <<Ва фармон дода шудаам ки адолатро миёни шумо иҷро кунам>>. Пас ба сӯӣ адолат даъват кард ва барои иҷори он дар миёни мардум кӯшид, аммо кофирони Макка даъвати ӯро иҷобат накарданд ва мунофиқони Мадина саъйи ӯро зойеъ намуданд, то онки Худованд ҷавори хешро барои ӯ писандид ва руҳи покашро ба сӯӣ худ боло бурд ва ба арвоҳи Паёмбароне ки пеш аз ӯ буданд мулҳақ фармуд; «إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ». Ҳароина ин поёни силсилаи Паёмбарӣ ва баста шудани дарвозаҳои ваҳй буд, аммо суннати табдилнопазири Худованд бар ин ҷорӣ шуда буд ки замини худро як рӯз бидуни халифае дар он боқӣ нагзорад ки адолатро дар он мумкин созад; Чунонки фармудааст: «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ» [Бақара/ 30]; <<Ҳароина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам>>! Пас Паёмбарашро аз миёни мардум набурд то онгоҳ ки касеро барои пас аз ӯ гумошт ва мардумро аз қадр ва ҷойи онон огоҳ сохт то шохиси адолат ва муҷрии он пас вз ӯ бошад ва то кори ӯро комил кунанд ва саъйи ӯро ба натиҷа расонанд ва онон ҳамоно итрати ӯ аҳли байташ буданд ки аз иродаи худ ба татҳирашон хабар дода ва маваддаташонро бар бандагони худ фарз намуда ва дар бораяшон фармудааст: «إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا» [Аҳзоб/ 33]; <<Ҷуз ин нест ки Худованд ирода дорад то ҳар гуна олойишро аз шумо аҳли байти бизудояд ва шуморо комилан покиза гардонад>> Ва фармудааст: «قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَىٰ ۗ» [Шӯро/ 23]; <<Бигӯ ман аз шумо музде намехоҳам магар маваддат ба наздиконамро>>, дар ҳоле ки фармудааст: «قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا ۖ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْعَالَمِينَ» [Анъом/ 90]; <<Бигӯ ман аз шумо музде намехоҳам, он ҷуз мояи тазаккуре барои ҷаҳониён нест>> Ва фармудааст: «قُلْ مَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ إِلَّا مَنْ شَاءَ أَنْ يَتَّخِذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا» [Фурқон/ 57]; <<Бигӯ ман аз шумо музде намехоҳам, магар инки касе бихоҳад ба сӯӣ Парвардигораш роҳе бигирад>>! Пас маваддати ононро мояи тазаккуре барои ҷаҳониён ва роҳе ба сӯӣ хеш сохта ва покизагии онон аз ҳар олойишеро пуштивонае барои он қарор додааст то бандагонашро пас аз Паёмбараш биёзмояд, чунонки пеш аз ӯ озмуд, то бидонад ки чи касоне аз онон фармони Ӯро мебаранд ва чи касоне аз онон нофармонанд, дар ҳоле ки ҳар кас фармони Ӯро бибарад ба суди худаш аст; Чунонки фармудааст: «قُلْ مَا سَأَلْتُكُمْ مِنْ أَجْرٍ فَهُوَ لَكُمْ ۖ» [Сабаъ/ 47]; <<Бигӯ музде ки ман аз шумо хостам барои худатон аст>>! Ҳароина хулафоъи Худованд дар замин касоне ҳастанд ки ба қадри ҳар чиз дар он ва ҷояш ҳидоят шуда ва аз ҳар зулме покиза гардидаанд, то ҳар чиз дар онро ба путивонаи покизагияшон, дар ҷойе ки Худованд барои он қарор додааст қарор диҳанд, то бадин сон адолат варзанд ва зулмро аз миён бардоранд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمِمَّنْ خَلَقْنَا أُمَّةٌ يَهْدُونَ بِالْحَقِّ وَبِهِ يَعْدِلُونَ» [Аъроф/ 181]; <<Ва аз касоне ки офаридаем шуморе ҳастанд ки ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва бо он адолат меварзанд>> Ва онон ҳамоно итрати Паёмбар аҳли байташ ҳастанд ки мардумро аз қадри онон огоҳ сохта ва ба ҷояшон далолат намуда ва пеш аз маргаш дар бораяшон фармудааст: «أيّها النّاسُ إنّي أُوشَكُ أنْ أُدْعىٰ فأُجيبَ و إنّي مَسؤُولٌ و أنتُم مَسؤُولونَ فإنّي تارِكٌ فيكُمُ خَليفَتَيْنِ كتابَ اللّهِ و عِتْرَتي أهلَ بَيتي إنْ تَمَسَّكْتُم بهما لَن تَضِلُّوا بَعدِي فانْظُرُوا كَيفَ تَخْلُفُوني فيهما و إنّهما لَن يَفْتَرِقا حتّى يَرِدا عليَّ الحَوضَ نَبّأني بذلكَ اللّطيفُ الخَبيرُ»; <<Эй мардум! Ман наздик шудааст ки фаро хонда шавам пас иҷобат кунам, дар ҳоле ки ман масъулам ва шумо низ масъул ҳастед; Пас ман дар миёни шумо ду халифа боқӣ мегузорам: Китоби Худо ва итратам аҳли байтам, ҳаргоҳ ба он ду тамассук ҷӯйед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд, пас бингаред ки пас аз ман бо он ду чи мекунед ва он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд, Борикбини огоҳ манро аз ин хабар додааст>>! Аммо эй дариғ ки ба сӯӣ Худованд фаро хонда шуд ва иҷобат кард, бештари онон ба он ду тамассук наҷустанд; Чароки пиндоштанд китоби Худованд барои онон кофӣ аст ва ононро ба итрат ва аҳли байти Паёмбараш ҳоҷате нест! Пас қадри итрат ва аҳли байти ӯро аз ёд бурданд ва ҷойи ононро гирифтанд ва инҷо буд ки гумроҳии уммат оғоз шуд ва сели бадбахтияшон ба роҳ афтод! Оё Худованд дар китоби худ, бо онон аҳд накарда буд ки аз ҳидояти Ӯ пайравӣ кунанд то бадбахт нашаванд?! Ва Паёмбараш дар суннати худ, бо онон аҳд накрда буд ки китоби Худо ва итрат ва аҳли байташ дар омезанд, то гумроҳ нагарданд?! Пас чи шуд ки аҳди Худоро аз ёд бурданд ва аҳди Паёмбарашро зери по намуданд?! Ҳароина бегумон онон хатокорон буданд. Пас аз он буд ки ин уммат, монанди галлаи саргардоне шуд ки чӯпони хешро аз даст дода бошад ва гургон надонанд ки аз кадомин сӯи он, даридан оғоз карданд! Мардум дар торикӣ фуру рафтанд ва даста даста аз дин баргаштанд. Суннатҳо фаромӯш шуданд ва бидъатҳои табоҳкунанда рух намуданд. Исломи ҷавон, чунон ҷомаи чармине ки воруна бар тан намоянд божгун гардид, то онҷо ки мардум ба ҷоҳилияти нахустини хеш бозгаштанд ва шеваҳои мурдаи ҷоҳилиро зинда карданд. Ҳасанро ба сулҳ водоштанд ва Ҳусейнро ба ҷанг ва фарзандони поки Ҳусейн ки ба адолат фармон медодандро яке пас аз дигарӣ мақтул сохтанд ва ба ҷойи онон касонеро баргумоштанд ки баҳрае аз қадри онон надоштанд; Чунонки гӯйӣ сухани Худовандро нашунида буданд ки фармудааст: «إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَيَقْتُلُونَ النَّبِيِّينَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَيَقْتُلُونَ الَّذِينَ يَأْمُرُونَ بِالْقِسْطِ مِنَ النَّاسِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ۝ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ» [Оли Имрон/ 21 ва 22]; <<Ҳароина касоне ки ба нишонаҳои Худованд кофир мешаванд ва Паёмбаронро бе ҳеҷ ҳаққе мекушанд ва касоне аз мардум ки ба адолат фармон медиҳандро мекушанд, ба азобӣ дарднок башораташон деҳ; Онон касоне ҳастанд ки аъмолашон дар дунё ва охират нобуд шуд ва барояшон ҳеҷ ёрӣ кунандае нест>>. Сипас паёмади ин хирасарӣ он шуд ки ҷабборон аз пай ҷабборон ва сафиҳон аз пайи сафиҳон ва фосиқон аз пайи фосиқон ва бидъатгузорон аз пайи бидъатгузорон бар уммат мусаллат шуданд ва ҳар як ба андозае бар амвол ва анфуси онон даст бурданд ва ба ҳеҷ як аз имомони итрат ва аҳли байти Паёмбар фурсат надоданд то чанде ду пойи хешро ба ҷойи хеш устувор доранд ва коми хушкидаи мазлумонро аз паймонаи адолат сероб созанд! Ҳар як бо тарфанде, барои худ машрӯъият бофтанд ва барои онон маъзурият сохтанд ва онгоҳ савор бар арробаи қудрат, бар аввалу охири уммат тохтанд ва дини Худоро дар сарошебии нобудӣ дар андохтанд ва дар ин миён, мардуми нодон ки ҳамвора товони сангини нодонии хешро пардохтаанд, бархӣ золимонро бар зидди бархӣ дигар ёрӣ расонданд ва ҳукумати золимеро бар ҷойи ҳукумати золиме нишонданд; Чунонки фармудааст: «وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ» [Анъом/ 129]; <<Ин гуна бархӣ золимонро бар бархӣ дигар мегуморем ба сабаби ончи касб мекарданд>>! То он гоҳ ки навбат ба Маҳдӣ расид ва қиёмат наздик шуд ва дилҳо сахт гардид. Пас Худованд бандае аз бандагошаро аз ҷойе ки офтоб медамад барангехт, бо ҳикмат ва андарзи неку то аҳди Ӯро ба ёди онон оварад ва ононро ба сӯӣ халифааш дар замин аз итрат ва аҳли байти Паёмбараш даъват кунад, бошад ки онон бозгарданд ва он банда ман ҳастам. Пас даъватамро иҷобат кунед ва ба сӯӣ Маҳдӣ бозгардед, то гуноҳонатон омӯрзида шавад ва корҳотон сомон ёбад, пеш аз онки рӯзе бар шумо бирасад ки бар Од ва Самуд ва қавми Нӯҳ расид.

«وَالسَّلَامُ عَلَىٰ مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَىٰ» [Тоҳо/ 47]

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.