Ҷумъа 18 август 2017 мелодӣ баробар бо 26 зулқаъда 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани номаҳо

Шумора: 9
Мавзӯъ:

Номае аз он ҳазрат дар ташбеҳи кори худ барои Маҳдӣ ба кори Муслим ибни Ақил барои Ҳусейн

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар номае барои Умайр ибни Аҳмади Ҳусейнӣ аз ёрони худ дар хуросон навишт:

<<بسم الله الرّحمن الرّحیم

Ва аммо баъд; Эй писари Аҳмад! Ҳароина мисли ман дар миёни аҳли Хуросон мисли Муслим ибни Ақил дар миёни аҳли Ироқ аст; Пас бингаред ки бо ман чигуна мекунед; Зеро ба Худо савганд Маҳдӣ барои чизе қиём мекунад ки Ҳусейн барои он қиём кард ва ҳар кас Маҳдиро ёрӣ кунад монанди касе аст ки Ҳусейнро ёрӣ карда ва растгорӣ барои касе аст ки ба паймони худ бо ӯ вафодор аст; Вассалом>>.

Шарҳи нома:

Муроди он ҳазрат аз ин тамсил он аст ки ҳамон тавр ки Муслим ибни Ақил барои заминасозии ҳукумати Ҳусейн ба Ироқ омад, он ҳазрат низ барои заминасозии ҳукумати Маҳдӣ ба Хуросон омадааст ва ҳамон тавр ки Муслим ибни Ақил аз аҳли Ироқ барои Ҳусейн байъат гирифт, он ҳазрат низ аз аҳли Хуросон барои Маҳдӣ байъат мегирад ва ҳамон тавр ки хизлони Муслим ибни Ақил тавассути аҳли Ироқ монеъ аз таҳаққуқи ҳукумати Ҳусейн шуд, хизлони он ҳазрат тавассути аҳли Хуросон низ монеъ аз таҳаққуқи ҳукумати Маҳдӣ мешавад ва бо ин васф, бойиста аст ки аз торих ибрат гирифта шавад ва аз такрори он иҷтиноб шавад ва ин мубтанӣ бар сухани Худованди баландмартаба аст ки фармудааст: «قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلُ ۚ» (Рум/ 42); <<Бигӯ дар замин бигардед ва бубинед оқибати касоне ки дар гузашта буданд чигуна буд?>>.

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.