Душанбе 18 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 30 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани номаҳо

Шумора: 3
Мавзӯъ:

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он мусалмононро аз но огоҳӣ бар ҳазар медорад ва ба сӯӣ касби илм ва шинохти ҳақ ва ботил фаро мехонад.

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Эй Худованди ман ва Худованди падарони  ман ки дар гузаштаанд! Ва Худованди осмонҳои барафрошта бо сутунҳое ки дида намешаванд! Ва Худованди хуршеди фурузон ва моҳи тобон ва ситорагони фаровон! Ва Худованди заминҳои фарох ки бархӣ бар рӯӣ бархӣ дигар қарор гирифтаанд ва бо мехҳое ба ҳам пайвастаанд! Ва Худованди уқёнусҳои жарф ва густарда ва ончи бар онҳо ва дар онҳо шиновар аст! Ва Худованди дарёҳои бузург бо мавҷҳои хурӯшон ва ҷазоири зебо ва савоҳили мосаи ва рудҳое ки дар онҳо мерезанд! Ва Худованди кӯҳистонҳои баланд бо қаллаҳои барфгир ва доманаҳои пуршиб ва дарраҳои торик ва партгоҳои хатарнок ва сахраҳои ситургӣ ки бар каронаи онҳо овйхатаанд! Ва Худованди ҷангалҳои сарсабз бо дарахтони анбӯҳ ва аъмоқи торик ва ҳар ҷунбандае ки дар онҳо ҷунбон аст! Ва Худованди биёбонҳои паҳновар бо густараи хушк ва хокӣ фарсуда ва буттаҳоӣ бехта ва шинбодҳое ки бар онҳо мевазанд! Ва Худованди абрҳои боронзо ва абрҳои ғайри боронзо ки аз офоқи дур меоянд ва бар замин соя меафкананд! Ва Худованд баҳор ки зойиши табиъат аст ва тобистон ки булуғи табиъат аст ва пойиз ки пирии табиъат аст ва зимистон ки марги табиъат аст! Ва Худованди ончи буд ва ончи ҳаст ва ончи хоҳад буд! Туро мепарастам, парастиши Паёмбарон ва туро меситоям, ситойиши фариштагон. Туро тасбеҳ мегӯям ва бузург мешуморам ва сипос мегузорам ба шумораи ситорагони осмон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи ситорагони осмонро медонад?! Ва ба шумораи баргҳои дарахтон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи баргҳои дарахтонро медонад?! Ва ба шумораи регҳои биёбон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи регҳои биёбонро медонад?! Ва ба шумораи қатароти борон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи қатароти боронро медонад?! Ва ба шумораи партувҳои хуршеди тобон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи партувҳои хуршеди тобонро медонад?! Ва ба шумораи нафасҳои ҷондорон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи нафасҳои ҷондоронро медонад?! Ва ба шумораи пилк бар ҳам задан мардумон; Ва чи касе ҷуз Ту шумораи пилк бар ҳам задани мардумонро медонад?! Бал ҳамаи инҳоро шуморае аст, аммо ман Туро тасбиҳ мегӯям ва бузург мешуморам ва сипос мегузорам бешумор ва бепоён, монанди неъматҳоят, онгуна ки сазовори ҷамол ва ҷалоли Туст! Ва Туро ягона медонам ва барои Ту анбозе намешиносам ва гувоҳи медиҳам ки Муҳаммад –дуруди Ту бар вай ва хонадонаш бод– банда ва вопасин фиристодаи Туст ки ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристодӣ то онро бар ҳар дине пирӯз гардонӣ ҳар чанд мушрикон хуш надоранд. Онгоҳ дувоздаҳ тан аз хонадони ӯ, хулафои Ту ва хулафои Паёмбарт ҳастанд ки бар онон неъмат бахшидӣ ва ононро бар мардумон бартарӣ додӣ ва барояшон пешво намудӣ то Туро бишиносанд ва бипарастанд ва бозгашти ман ба сӯӣ Туст. Манро ба ончи меписандӣ роҳ бинамо ва аз ончи намеписнадӣ боздор ва манро ба худам вомагузор то аз ончи меписандӣ рӯй бигирам ва ба ончи намеписандӣ рӯй оварам, ман он ҳангом аз зиёнкорон хоҳам буд. Эй Худованд! Миёни ман ва касоне ки Туро намешиносанд ва дар замин бартарӣ меҷӯянд ва табоҳи меангезанд ҳукм фармо ва маро бар зидди онон ёрӣ кун; Чароки Ту беҳтарин ҳукм кунандагон ва беҳтарини ёрӣ кунандагонӣ. Ба Ту рӯй овардам ва бар Ту таваккул кардам ва Туро бо ойинӣ пироста барои Ту парастидам ва аз парастиши тоғут прҳехтам ва аз касоне ки бо Ту ва бо дӯстони Ту душмананд канора гирифтам то маро пок гардонӣ ва ба хеш наздикам созӣ ва неъматам диҳӣ ва аз гуноҳне ки дастҳоям пеш фиристода ё пас андохтааст чашм пӯшӣ ва дар рӯзе ки дилҳо ва дидаҳо божгун мегарданд аз оташ бираҳонӣ ва ба биҳишт дароварӣ; Ҳамоно Ту ҳар киро бихоҳӣ мераҳонӣ ва ҳар киро бихоҳӣ месӯзонӣ ва Ту бисёр бахшоянда ва меҳрубон ҳастӣ.

Ва аммо баъд..

Эй гурӯҳи хурдмандон! Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бо шумо дар бораи шумо сухан мегӯям. Оё суханамро мешунавед ва дил месупоред ё гӯши худро мегиред ва раҳ месупоред?! Ба Худо савганд агар душмани инсон барои ӯ номае бинависад, ӯ онро бо диққат мехонад то бидонад ки душмани ӯ барояш чи навиштааст, дар ҳоле ки ман дӯсти дилсӯз ва бародари хайрхоҳи шумо ҳастам ва сазовортарам то бидонед барои шумо чи навиштаам. Агар шумо манро намешиносед ман шуморо мешиносам ва агар шумо манро дӯст намедоред ман шуморо дӯст медорам. Ба суханам гӯш биспоред ва напурсед ки кистам; Чароки кистии инсон дар сухани ӯ ошкор мешавад ва оқил ба сухан менигарад на ба гӯяндаи он! Чи бисёр сухани росте ки кӯдаке гӯяд ва чи бисёр сухани дурӯғе ки бузургон гӯянд! Сухани рост, рост аст агар чи кӯдаке гӯяд ва сухани дурӯғ, дурӯғ аст агар чи бузургон гӯянд! Аз ин рӯ, агар суханеро бишносед, нашнохтани гӯяндаи он ба шумо зиёне намерасонад, ҳамчунонки агар суханеро нашносед шинохтани гӯяндаи он ба шумо суде намерасонад! Пас ба суханам гӯш биспоред то манро бишносед; Чароки инсон дар зери забони хеш пинҳон аст ва касе шинохта намешавад то онгоҳ ки ба сухан дарояд. Шумо гӯш дода нашудаед магар барои шунидан ва чашм дода нашудаед магар барои дидан ва ақл дода нашудаед магар барои тамйизи ончи мешунавед ва мебинед ки кадомин рост ва кадомин норост аст. Пас суханамро бо гӯши худ бишнавед ва бо ақли худ баррасед то агар рост буд бипазиред ва агар норост буд напазиред. Худованд ба шумо тавфиқ диҳад; Чароки шайтон мехоҳад шумо нашунавед то надонед ва надонед то бадбахт шавед ва оё бадбахтӣ ҷуз дар паӣ нодонӣ аст?! Ман медонам касоне ки пеш аз ман будаанд, сухан, бисёр гуфтаанд ва шуморо ранҷондаанд; Чароки бисёрӣ аз суханони онон дурӯғ будааст ва чизҳое гуфтаанд ки ба он донише надоштаанд ва гурӯҳе аз онон касоне ҳастанд ки шуморо намехоҳанд магар барои худҳояшон ва сухан намегӯянд магар барои фиреб. Шуморо ба сӯӣ ҳаққе фаро мехонанд ки худ аз он бегонаанд ва барои шумо хайре мехоҳанд ки худ аз он бебаҳраанд! Инон динро такягоҳе барои қудрат ва охиратро дастовезе барои дунё кардаанд; Вагарна, на динро чунонки бояд мешиносанд ва на охиратро чунонки шояд мехоҳанд. Акнун ман барои шумо сухан мегӯям, дар ҳоле ки на умеди қудрате ва на тамаъи дунёйе дорам. Яке ҳастам аз миёни шумо ки монанди шумо дар замин заъиф шумурда мешавам ва дар паӣ бартарӣ ёфтан бар шумо ё табоҳӣ ангехтан дар замин нестам. Ҷуз ин намехоҳам ки амри ба маърум ва наҳй аз мункар кунам, то Худованд ҳар киро хоҳад бишнавонад ва ҳар киро хоҳад кар намояд ва шумо чи медонед?! Шояд чизҳоеро дигаргун созад ва аз рӯӣ чизҳое парда баргирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоно ва ба ҳар чизе доност.

Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бидонед ки ҷаҳон ба поёни худ наздик шуда ва охирул замон фаро расида ва сапедаи ваъдаҳо бар дамидааст. Акнун мо ва шумо дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем ки фитна ва ошуб ҳам ҷоро фаро гирифта ва зулму фасод густариш ёфта ва шубҳа фаровон шудааст. Шубҳаро аз он рӯ <<Шубҳа>> мегӯянд ки инсонро ба <<Иштибоҳ>> меандозад ва ҳаққу ботилро ба ҳам <<Муштабаҳ>> месозад. Бегумон агар ҳақ ошкор буд бар касе пӯшида намемонд ва агар ботил беҳиҷоб буд назди ҳамагон расво мешуд, аммо воқеъ он аст ки ҳақ дар паси абрҳои ботил фуру меравад ва ботил ниқоби ҳақ бар чеҳра мезанад ва инҷост ки шинохти он ду аз ҳам сахт мегардад. Шайтон медонад ки агар шуморо ошкоро ба сӯӣ ботил фаро хонад ва ба гумроҳӣ фармон диҳад шумо даъваташро иҷобат намекунед ва аз фармонаш сар мепечед; Аз ин рӯ, шуморо аз як сӯ ба ҳақ фаро мехонад ва ба ҳидоят фармон медиҳад ва аз сӯӣ дигар ботилро дар назари шумо ҳақ меорояд ва гумроҳиро бароятон ҳидоят ҷилва медиҳад! Инҷост ки шумо даъвати ӯро иҷобат ва фармони ӯро итоъат мекунед ва ба шавқи ҳақ гирифтори ботил ва ба номи ҳидоят дучори гумроҳӣ мешавед! Ва рӯзгори мо лабрез аз ин шубҳаҳост; Шубҳаҳое ки ҷавонони шуморо фиреб дода ва пирони шуморо саргардон намудааст; Шубҳаҳое ки зиндагиро бар шумо сахт карда ва баракатро аз суфраҳотон бурдааст; Шубҳаҳое ки ақли шуморо манг ва қалби шуморо санг кардааст; Шубҳаҳое ки чашмҳои шуморо гирифтааст то набинед ва гӯшҳои шуморо гирифтааст то нашунавед ва даҳонҳои шуморо гирифтааст то чизе нагӯйед! Чи бисёр ботиле ки дар рӯзгори мо ҳақ дониста шудааст ва чи бисёр ҳаққе ки дар рӯзгори мо ботил! Чи бисёр залолате ки дар рӯзгори мо ҳидоят ба шумор рафтааст ва чи бисёр ҳидояте ки дар рӯзгори мо залолат! Чи бисёр дурӯғе ки дар рӯзгори мо рост пиндошта шудааст ва чи бисёр росте ки дар рӯзгори мо дурӯғ! Чи бисёр ғалате ки дар рӯзгори мо дуруст ингошта шудааст ва чи бисёр дурусте ки дар рӯзгори мо ғалат! Чи бисёр баде ки дар рӯзгори мо хуб ҷилва дода шудааст ва чи бисёр хубие ки дар рӯзгори мо бад! Дар ҳоле ки нашнохтанӣ ҳақ аз ботил ва надонистани ҳидоят аз гумроҳӣ ва дарнаёфтани рост аз дурӯғ ва нафаҳмидани дуруст аз ғалат ва ташхис надодани хуб аз бад, ба ҳеҷ рӯй сода ва беаҳмият нест, бал товони сахт ва пайомадҳои душворе дорад ва метавонад ба мусибатӣ ҷонкоҳ ва шақоватӣ абадӣ мунтаҳӣ шавад. Бинадешед ки агар душманро аз дӯст ташхис надиҳед чи фарҷоме хоҳад дошт?! Ё агар гургро аз гӯсфанд тамйиз надиҳед чи ҳодисае рӯй хлҳад дод?! Ё агар теғро аз панба дар наёбанд чи хоҳад шуд?! Ё агар дорурро аз сам боз нашносед чи мусибате ба бор хоҳад омад?! Ҳақ ва ботил барои шумо монанди дӯст ва душман, ва ҳидояту гумроҳи барои шумо монанди гӯсфанд ва гург, ва ростиву дурӯғ барои шумо монанди панба ва теғ, ва дурусту ғалат барои шумо монанди дору ва сам аст ки агар якеро аз дигарӣ ташхис надиҳед ҳалок хоҳед шуд! Инҷост ки <<Ҷаҳли>> инсон, бузургтарин душмани ӯ мешавад ва <<Бехабарии>> ӯ балои ҷонаш мегардад! Ҳеҷ кас душманӣ бузургтар аз ҷаҳли худ надоштааст ва ҳеҷ чиз барои одаме хатарноктар аз бехабарӣ нест! Бинобарин, аз ҷаҳлӣ худ беш аз душман бар ҳазар бошед ва аз бехабарии худ беш аз гург ҳаросон бошед ва аз бе иттилоъии худ беш аз теғ эҳтиёт кунед ва аз ноошноии худ беш аз сам битарсед! Чароки душману гург ва теғу самми моддӣ, ҷисми шуморо аз пой дар меоваранд, дар ҳоле ки ҷаҳл ва бехабарӣ ва бе иттилоъӣ ва ноошноии маънавӣ, руҳи шуморо табоҳ мекунанд!

Пас эй мардуме ки зиндагиҳои худ рӯзмарра шудайед ва ба рӯзмарагиҳои худ одат кардайед ва дар одатҳои худ фуру рафтайед ва дар фуру рафтагиҳои худ маҳкум гаштайед ва намедонед кадоми аз кадом аст! Эй бародарон ва хоҳарони хуфтаи ман! Ба худ ойед ва бедор шавед ва бархезед! Ба Худо савганд, шуморо аз <<Шинохтан>> гузире нест ва кори шумо ҷуз бо <<Донистан>> рост намеояд. Ҳаминак, <<Шинохт>> монанди фариштае шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва <<Донистан>> монанди Паёмбаре шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Дар кӯчаҳои шумо фарёд мезанад ва бар пушти бомҳотон нидо медиҳад ки <<Эй бехабарон! Шоми бехабарӣ пушт намуда ва субҳи огоҳӣ бар дамидааст. Инак бедор шавед ва ба сӯӣ ман бишитобед ва чизе шуморо аз ман боз надорад! Чароки ман барои шумо аз нони шаб воҷибтар ва аз касбу кор ва хонавода судмандтарам. Ман танҳо касе ҳастам ки бо шумо мемонад ва дар дунё ва охират аз шумо ҷудо намешавад. Амволи шумо аз байни мераванд, ҳамсаронатон мемиранд ва фарзандонатон ҷудо мешаванд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз байн намеравам ва ҳеҷ гоҳ намемирам ва ҳеҷ гоҳ аз шумо ҷудо намешавам. Бал шуморо монанди худ ҳифз мекунам ва ҳамроҳи худ ба ҷовидонгӣ мерасонам. Агар ман бо шумо бошам чизе ба шумо зиён нахоҳад расонд ва агар ман бо шумо набошам чизе ба шумо суд нахоҳад расонд. Пас кадомин боздоранда шуморо аз ман боз медорад ва кадомин бениёз кунанда шуморо аз ман бениёз мекунад?!>> Ингуна <<Шинохт>> шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва ин чунин <<Донистан>> шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Пас нидои ӯро бишнавед ва даъвати ӯро иҷобат кунед! Барои шиохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои донистани дуруст аз ғалат эҳтимом варзед! Ва чаро чунин ва чунон накунед?! Дар ҳоле ки шинохти ҳақ ва ботил, қавоми инсонияти шумо ва донистани дуруст ва ғалат, мояи шахсияти шумост. Чигуна номи худро инсон мениҳад касе ки аз <<Маърифат>> безор аст?! Ва чаро номи худро асб намениҳад касе ки бо <<Илм>> бегона аст?! Донойии инсон, пояи шарафи ӯ ва огоҳии ӯ, мояи иззати ӯст. Мақсудам аз огоҳӣ, риёзӣ ва ҳиндиса ва монанди он нест ва манзурам аз донойӣ, фиқҳу усул ва мантиқ ва фалсафа нест! Инҳо ҳама фазле аст ки имрӯз фитна шудааст ва қавоми инсонияти шумо ба инҳо нест! Мақсудам аз донойи, шинохти ҳақ аз ботил ва манзурам аз огоҳӣ, ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ аст. Чи бисёр фақиҳу файласуфе ки ба дӯзах рафта ва чи бисёр дуктуру муҳандисе ки растгорӣ наёфтааст; Чароки ҳаққро аз ботил нашнохта ва ҳидоятро аз гумроҳӣ дар наёфтааст! Ҳон, эй донишҷӯён ва толибони улуми динӣ! Шуморо мебинам ки дар дарс ва баҳси худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин дарс ва баҳс барои шумо фитна аст! Ҳон, эй муҷтаҳидон ва муқаллидон! Шуморо мебинам ки дар иҷтиҳод ва тақлиди худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин иҷтиҳод ва тақлид барои шумо фитна аст! Ҳон, эй хатибон ва минбариён! Шуморо мебинам ки дар хутба ва минбари худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кабом аст! Имрӯз ин хутба ва минбар барои шумо фитна аст! Ҳон, эй масҷидиён ва хонқоҳиён! Шуморо мебинам ки дар масҷид ва хонқоҳои худ фуру рафтаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин масҷид ва хонқоҳ бари шумо фитна аст! Ҳон, эй кормандон ва бозориён! Шуморо мебинам ки дар кор ва касби худ фуру рафтаед ва намедонед ки ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Имрӯз ин кор ва касб барои шумо фитна аст! Ҳон, эй гурӯҳи мардумон! Ба ҳар гӯшае менигарам шуморо мебинам ки дар зиндагиҳои худ фуру рафтаед ва дар хонаҳои худ пинҳон шудаед! Ба худ ва ба якдигар машғул гаштаед ва намедонед ҳақ кадом ва ботил кадом аст! Ба рӯзмарагиҳои худ муътод шудаед ва дар ботлоқи талқаҳо гирифтор омадаед! Дигар ба шиохти ҳаққу ботил намеандешед ва аз донистани дуруст ва ғалат суроғ намегиред! Ҳақ барои шумо бо ботил яксон шудааст ва дуруст барои шумо бо ғалат фарқе намекунад! Худро аз ин масоъил фориғ кардаед ва саратон аз ин мавзуъот саргарм аст! Кори берун, шуморо аз кори дарун боз дошта ва ҷустуҷӯи пул ва мадрак, шуморо аз ҷустуҷӯи илм ва ҳикмат машғул кардааст. Мегуйед: Мушкилоти зиндагӣ чунин аст ки моро аз шинохтан боз медорад ва гирифториҳои дунё чунон аст ки моро аз донистани монеъ мешавад! Дар ҳоле ки он мушкилоти шумо, худ барои ин аст ки ҳаққу ботилро намешиносед! Ва ин гирифториҳои шумо, худ барои он аст ки дуруст ва ғалатро намедонед! Ҳеҷ мушкиле нест магар онки аз ҷаҳли шумо бархоста ва ҳеҷ гирифторие нест магар онки бехабарии шумо онро зойидааст! <<Маърифат>> соҳиби худро ёрӣ мекунад ва <<Илм>> дӯсти худро наҷот медиҳад. Ин ду барои шумо монанди об бари ташна ва ғазо барои гурусна ва роҳнамо барои гумшуда ва мӯнис барои танҳоянд. Ин ду пуштибони шумо ва асои дастонанд. Ин ду дармони дардҳои шумо ва марҳами захмҳотонанд. Ин ду калиди дарҳои баста ва дарбозаҳои хушбахтии шумоянд. Ин ду сармояи шумо дар рӯзи надорӣ ва дастгири шумо дар рӯзи афтодагианд. Ин ду барои шумо раҳбароне ҳастанд ки гумроҳ намекунанд ва ҳокине ҳастанд ки ситам намеварзанд. Ин ду барои шумо хонаҳое ҳастанд ки вайрон намешаванд ва заминҳое ҳастанд ки ҳамеша ободанд. Ин ду барои шумо сарватҳое ҳастанд ки ба сирқат намераванд ва коргароне ҳастанд ки сустӣ намеварзанд. Ин ду барои шумо ҳамсароне ҳастанд ки ҷудо намешаванд ва фарзандоне ҳастанд ки ҷафо намекунанд. Ин ду барои шумо дӯстоне ҳастанд ки душман намешаванд ва ҳамроҳоне ҳастанд ки танҳо намегузоранд. Пас ба ин ду рӯй оваред ва ҳеҷ чиз шуморо аз ин ду боз надорад! Ростро аз дурӯғ бишносед ва дурустро аз ғалат ташхис диҳед! Нашнохтан, дузди дин ва дунёи шумо ва ташхис надодан, асбоби надомати шумост. Ба шумо рост мегӯйем: Надонистан, дар ин рӯзгор гуноҳӣ нобахшуданӣ ва хатойи бисёр бузург аст. Дар ин рӯзгор агар ҳақиқатро нашносед фиреб мехуред ва агар ҳидоятро ташхис надиҳед саратон кулоҳ меравад! Шайтонҳои ҷиннӣ ботилро бароятон ҷойи ҳақ мезананд ва шайтонҳои инсӣ гумроҳиро бо номи ҳидоят ба хурдатон медиҳанд! Ҳамеша ҳастанд фурсатҷӯёне ки аз нодонии шумо сӯъи истифода кунанд ва бехабарии шуморо муғтанам бишуморанд, то ба воситаи шумо ба қудрат ва сарват даст ёбанд ва амволу анфуси шуморо бихуранд! Дар ҳоле ки агар шумо огоҳ будед, инон бар шумо султа намеёфтанд ва агар шумо доно будед, инон бар шумо чира намешуданд! Оё дар торикии шаб нест ки дузд ба хона меояд ва дар оби гилолуд нест ки моҳӣ ба тӯр меафтад?! Ҳушёр бошед ва беш аз ин дар нодонӣ ва бехабарӣ намонед! Ҳар чи зудтар –пеш аз онки дер шавад– барои шинохти ҳақ аз ботил ба по хезед ва барои ташхиси ҳидоят аз гумроҳӣ талош кунед. Ҳар чанд ман бими он дорам ки дер шуда бошад; Чароки шумо мардум, охиратро аз ёд бурдаед ва дар дарёи пур талотуми дунё ғарқ шудаед. Дағдаҳои зиндагӣ, шуморо машғул карда ва афсуни асри ҷадид, шумор масх намудааст. Дигар ба чизе ҷуз шикамҳотон намеандешед ва барои дини худ ғусса нахмеуред; Дине ки ақойиди онро намешиносед ва аз аҳкоми он огоҳ нестед. Ҳамнишинони ҷаҳлед ва ҳамсоягони бехабарӣ! Аз бузургонатон тақлид мекунед ва ақли худро ба кор намеандозед! Ҳар рӯз дар пайи касе меравед ва худро бо чизе саргарм месозед! Мусалмон ҳастед ва нестед ва имон доред ва надоред! Дигар муштоқи биҳишт нестед ва аз дӯзах намеҳаросед! Орзуҳотон дароз шуда, дар ҳоле ки умрҳотон кӯтоҳ гардидааст! Имони шумо суст ва тақвотон андак шудааст. Ахлоқи шумо паст гардида ва гуноҳонатон фузунӣ гарифтааст. Дилҳотон санг ва синаҳотон танг шудааст. Ростӣ аз зиндагиҳотон рафта ва дурӯғ ба ҷойи он омадааст. Муҳаббат аз миёни шумо бархоста ва нафрат ба ҷойи он нишастааст. Кӯчаки шумо ба бузургатон эҳтиром намегузорад ва бузурги шумо бо кӯчакатон меҳр намеварзад. Баракат аз зиндагии шумо рафта ва рудҳотон камоб шудааст. Осмон бо шумо қаҳр кардааст ва маҳсулӣ заминҳотон хуб нест. Ба вазъи ҳувлноки худ одат кардаед ва маризӣ ки рӯҳатонро гирифтааст эҳсос намекунед. Пас инки бо овози ман ҳнгоме ки фарёд мезанам бедор шавед ва бо асои ман ҳангоме ки бар паҳлутон менавозам ба худ ойед; Вагарна ин ғафлат ва ноогоҳӣ монанди оташӣ сӯзон ки забонаҳои тарснокаш ғурриш мекунад ва дуди ғализаш, роҳи нафасро бар шумо мебандад, зиндагитонро фаро мегирад ва рӯзатонро ба шабӣ торик мубаддал месозад! Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест ки ҳикматамро фаро гирад ва зани донойе дар лобалотон ёфт намешавад ки насиҳатамро бипазирад?! Зиракони шумо куҷоянд ки каломамро фаҳм кунанд ва ҳушёронатон киёнанд ки даъватамро посух гӯянд?! Хушо ба ҳоли касоне ки маърифатро фаро мегиранд; Чарки онон растгорӣ хоҳанд ёфт ва бадо ба ҳоли касоне ки дар ҷаҳолат фуру мемонанд; Чароки онон бадбахт хоҳанд шуд ...

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.