Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани номаҳо

Шумора: 2
Мавзӯъ:

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Абдулло писари Ҳабиб моро хабар дод, гуфт: Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои ман номае навишт ва дар он пас аз номи Худованд ва ситойиши Ӯ ва дуруд бар Паёмбар ва хонадонаш фармуд:

   <<Ва аммо баъд ..

Эй Абдуллоҳ писари Ҳабиб! Бидон ки растгорӣ, оқибати парҳезкорон аст ва парҳезкорӣ унвони ибодати Худованд ва ибодати Худованд, ҳамон итоъати Ӯст ва итоъати Ӯ, амал ба воҷибот ва парҳез аз муҳаррамоте аст ки дар китоби худ ва суннати Паёмбараш баён фармудааст. Пас бандагони Худованд, парҳезкороне ҳастанд ки некукоронӣ ростгуфтор ва порсоёнӣ хештандоранд; Онҳо ки дилҳошон аз бими Худованд ларзида ва ба умеди Ӯ дар ҷои худ қарор ёфта; Онҳо ки лабҳошон аз зикри бисёр хушкида ва шикамҳошон аз рӯзаи паёпай лоғар гардида; Онҳо ки нафсҳошон аз доми ҳавас гусаста ва бар рухсорашон ғубори фурутанӣ нишаста; Онҳо ки ёди марг дилҳошонро пардохта ва охират дунёро аз чашмашон андохта; Дағдағаи таколиф, хобро аз онҳо рабуда ва парвои ҳуқуқ, хӯрокро аз онҳо гирифтааст. Бо ончи мардум гурезонанд, маънусанд ва аз ончи мардум маънусанд, гурезонанд. Медонанд ки ба зудӣ раҳсипори диёри дигаре ҳастанд ва бояд барои ин сафар тӯшае баргиранд. Медонанд ки роҳи дарозе дар пеш доранд ва бояд аз гарданаҳои саъбул убуре бигзаранд; роҳе ки равандагонаш ҳаргиз боз нагаштанд ва гарданаҳое ки гӯйи мусофиронашро балъид. Оҳ ки чи имрӯз ба фардо наздик аст! Пас онҳо дар андешаи ин сафар мегирянд ва худро барои он муҳаё месозанд; Чунонки гӯйи нафасҳои охирро мекашанд ё пеш аз онки бимиранд, мурдаанд.

Эй Абдуллоҳ! Онҳо дунёро шинохтаанд ва арзиши онро санҷидаанд; Пас онро колоӣ бе арҷ ёфтаанд ва аз он рӯй бартофтаанд.

Эй Абдуллоҳ! Ту низ дунёро бишнос; Зеро касе ки чоҳро мешиносад худро дар он намеандозад ва касе ки аз заҳр огоҳ аст онро наменӯшад.

Эй Абдуллоҳ! Ман дунёро ба ту мешиносонам. Дунё чун зане аст ки кобини ӯ марг аст ё руспии бе обрӯйе аст ки уҷрати ӯ нанг аст. Зинҳор! Ӯро ба ҳамсарӣ нагир ва бо ӯ ҳамбистар нашав; Чаро ки ин бевафо, шавҳаронашро кушта ва меросашонро ба тороҷ бурда ва ошиқонашро хоб карда ва дороишонро ба сирқат бурдааст. Зинҳор! Бо оройиши худ дилатро нарабояд ва бо ишваҳояш туро нафиребад.

Эй Абдуллоҳ! Ман дунёро ба ту мешиносонам. Дунё чун чоҳе аст хушкида ё ба анвоъи наҷосат олуда; Пас длви худро дар он наяндоз ва онро обишхури худ қарор надеҳ.

Эй Абдуллоҳ! Ман дунёро ба ту мешиносонам. Дунё нардабоне аст фарсуда ки бар он эътимоде нест; Ё сӯрохи морро монд ки ҳар кас дар он даст бурда, газида; Ё мурдоре ки кафторро мехонад ва магасро гирд меоварад, вале шерро меронад ва одамеро нафрат меафзояд.

Эй Абдуллоҳ! Дунё зане аст ки намезояд ва дарахте аст ки мева намедиҳад ва абре аст ки намеборад ва сояе аст ки намепояд. Зинҳор! Онро такягоҳи худ магир; Чароки такя бар дунё, такя бар бод аст ва дӯстӣ бо он дӯстӣ бо гург аст ва бо гург чи касе дӯстӣ тавонад кард?!

Эй Абдуллоҳ! Дунёро дӯст надор; Зеро дунё онро ки беш аз ҳама дӯсташ дошта, вогузоштааст. Агар боварат намеояд ба гузаштагонат бингар; Онҳое ки рӯзгоре дар канорат буданд ва имрӯз асаре аз онҳо нест. Пас саргузашти онҳоро мурур кун ва аз авоқиби онҳо ибрат бигир; Зеро онҳо инсонҳое чун ту буданд ки марг гулушонро гирифт ва қабр, аҷсодашонро балъид ва замон, осорашонро маҳв кард. Оё мепиндорӣ ки ончи бар сари онҳо омад бар сари ту нахоҳад омад?! Чигуна?! Дар ҳолле ки бисёрӣ аз онҳо қудратмандтар аз ту ва бисёрӣ дигар сарватмандтар аз ту буданд ва бо ин ҳол, қудрат ва сарваташон ба онҳо суде нарасонд ва саранҷом ба даруни дарраи марг сарнагун гардиданд. Зинҳор! Муъошират бо зиндагон туро аз мурдагон ғофил накунад, то бо онҳо дар таҳсили мол мусобиқа диҳӣ ва дар сохтани хонаҳо ва харидани абзорҳо ва гирифтани занҳо ва фуру рафтан дар лаззатҳо; Чароки зиндагон, мурдагони оянда ҳастанд; Ҳамчунонки мурдагон, зиндагони гузаштаанд.

Эй Абдуллоҳ! Чи бисёр хуфтагоне ки барнахостанд ва равандагоне ки боз нагаштанд ва бемороне ки беҳбуд наёфтанд. Ҳамоно ҳар ки зиндааст мемиранд ва ҳар ки мехурад, хӯроки хок мешавад.

Эй Абдуллоҳ! Аз марг ғофил набош; Чароки марг аз ту ғофил нест ва худро барои он муҳаё кун; Чароки намедонӣ дар кадомин лаҳза сар мерасад. Орзуҳои дарозро раҳо кун ва дар пайи хоҳишҳои нафс нарав. На ба иқболи дунё шод шав ва на аз идбори он ғамгин. Маҳори худро аз шайтон бигир ва ба халифаи Худованд дар замин биспор; Чароки шайтон туро ба сӯӣ оташ меронад ва халифаи Худованд дар замин, туро ба сӯӣ биҳишт мехонад.

Эй Абдуллоҳ! Ёрони Маҳдӣ касоне нестанд ки маъсияти Худованд мекунанд; Ёрони ӯ касоне ҳастанд ки аз гуноҳони кӯчак ва бузург мепарҳезанд; Шабҳоро ба намоз бар мехезанд ва рӯзҳоро ба таҳсили илм ва таълими он ба дигарон мепардозад. Ба ваъдаҳои Худованд имон доранд ва аз рӯзи ҷазо меҳаросанд; Рӯзе ки дар пешгоҳи Парвардигор меистанд ва кирдори хешро ҳозир мебинанд. Ёрони Маҳдӣ ба ахлоқи анбиёъи Худо мутахаллиқ ва ба одоби авлиёъи Ӯ муъаддабанд. Ҳақро чун барояшон ошкор шуд мепазиранд ва ботилро чун барояшон расво гашт во мегузоранд. На мутаъассиб ва лаҷуҷанд ва на бадзабон ва ёвагӯ. Бар Худованд дурӯғ намебанданд ва аз касоне ки бар Ӯ дурӯғ мебанданд канора мегиранд. Намозро дар вақти фазилаташ барпо медоранд ва аз моли худ ба ниёзмандон мебахшоянд. Хашми худро фуру мехуранд ва аз ҷафои мардум дар мегузаранд. Падар ва модари хешро гиромӣ медоранд ва бар бад хулқӣ он ду сабр менамоянд. Ба дӯстони худ бо баҳонаи дӯстӣ бе эҳтиромӣ намекунанд ва ба душманони худ бо баҳонаи душманӣ ситам намеварзанд. Бо ҷоҳилон мудоро менамоянд ва бо сафиҳон даҳон ба даҳон намегузоранд. На пургӯӣ ва пурхандаанд ва на пурхоб ва пурхур. Маҳори шаҳватро дар даст доранд ва ҷониби иффатро фуру намегузоранд. На чашмчарон ва беҳаёянд ва на худнамой ва ҳарзагӯй. Бо фосиқон дӯстӣ намекунанд ва бо золимон муҷолисат наменамоянд. Ба корҳои судманд мепардозанд ва вақти худро ҳадар намедиҳанд. Бо китоби Худованд маънусанд ва бо ҳалол ва ҳаром ошноянд. Таъолими олимро мункир намешаванд ва аз душманӣ бо ӯ мепарҳезанд, балки даъваташро иҷобат мекунанд ва ба ёриаш мешитобанд; Ҳангоме ки ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад то барои ёрии ӯ гирд ҳам оварад.

Эй Абдуллоҳ! Оё мепиндорӣ касоне ки даъвати манро иҷобат мекунанд ва ба ёрии ман мешитобанд умедворанд ки ба баҳрае дар зиндагии дунё даст ёбанд?! Чунин нест; Чароки онон медонанд ман дунёе надорам то ба онон бидиҳам ва ба ҳамроҳи ман ҷуз бедории шаб ва дундагии рӯз нахоҳанд дошт, вале онон биҳиштҳоеро меҷӯянд ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорӣ аст ва аз оташе мегурезанд ки ҳезуми он мардум ва сангҳи гӯгирд аст; Ё мепиндорӣ касоне ки бо ман меситезанд ва ба душманонам ёрӣ мерасонанд умедворанд ки ба баҳрае дар охират даст ёбанд?! Чунин нест; Чароки онон медонанд аз арбоби дунё ҷонибдорӣ мекунанд ва дар хидмати зӯрмандон ва зардоронанд ва насиби онон дар охират ҷуз оташ нест. Пас мардумро вогузор то роҳи хешро интихоб кунанд; Чароки ононро гузире аз интихоб нахоҳад буд.

Эй Абдуллоҳ! Мо имрӯз ба роҳ афтодаем то дайни худ ба Оли Муҳаммадро адо кунем ва ба Худо савганд дар ин роҳ истиқомат меварзем ва аз маломати маломатгаре намеҳаросем. Мақсуди мо аз ин ҳаракат заминасозӣ барои зуҳурӣ Маҳдӣ аст. Мақсуди мо эҷоди имкон барои ҳокимияти ӯст. Пас ҳар ки имрӯз бо мо бошад, фардо низ дар канори мо хоҳад буд ва мо фардо дар канори касе хоҳем буд ки имрӯз ба сӯяш дар ҳаракатем. Пас пешӣ бигиред аз якдигар –Худо шуморо раҳмат кунад–; Чароки бандагони шоистаи Худо ҳастед; Ҳамонҳо ки дар замин заъиф шумурда мешаванд ва Худо намехоҳад ҷуз инки бар онон миннат ниҳад ва ҷаҳонро меросашон қарор диҳад. Пешӣ бигиред аз якдигар дар ёрии марде ки шуморо ба беҳтарин роҳҳо раҳнамун мешавад ва ба беҳтарин равишҳо далолат мекунад ва ба беҳтарин мақосид фаро мехонад, бе онки аз шумо музде биталабад ё дар бораи худ иддаъое бинамояд.

Аз Худованд барои худ ва шумо талаби афу мағфират дорам ва аз Ӯ мехоҳам ки мо ва шуморо аз ёрони худ ва ёрони халифааш дар замин қарор диҳад; Чароки бисёр даҳешгар ва меҳрангез аст ва гуноҳро меомӯзад ва дуъоро мустаҷоб мекунад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ>>.

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.