Сешанбе 19 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 22 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақд ва барраси

   
Шумораи нақд: 11 Коди нақд: 51
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Манобеъи Ислом; Халифаи Худованд

Нависандаи нақд: Масъуд Тарихи нақд: 04/11/2018

Агар ба ҳукумати Паёмбар (с) ва Амирул Мӯъминин (а) диққат кунем мебинем ки ҳукумати ин ду бузургвор фоқиди сифати <<Ҷаҳони шумулӣ>> аст. Бинобарин, инҷо ду масъала пеш меояд: Аввалан бояд бипазирем ки адолати нисбӣ вуҷуд дорад; Чароки бидуни <<Ҷаҳони шумулӣ>> адолати мутлақ муясар нахоҳад шуд ва дуввуман дигар наметавонем адолати нисбиро бо зулми нисбӣ баробар бидонем; Чароки зулм аз инсони комил ва маъсум сар намезанад.

Посух ба нақди шумораи: 11 Тарихи посух ба нақд: 09/11/2018

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . <<Адолат>> ба маънои қарор додани ҳар чиз дар ҷойи худ, наметавонад нисбӣ бошад; Зеро қарор надодани бархӣ чизҳо дар ҷойи худ ки маънои нисбӣ будан аст, бо он муғойират дорад. Бинобарин, <<Адолати нисбӣ>> ва <<Зулми нисбӣ>> ду ном барои <<Адами адолат>> ҳастанд ки аз ду зовияи мухталиф бар он итлоқ шудаанд; Монанди зарфе ки ниме аз он пур ва ниме аз он холӣ аст ва гоҳ ба эътибори нимаи пури он <<Нисбатан пур>> ва гоҳ ба унвони холии он <<Нисбатан холӣ>> номида мешавад, дар ҳоле ки ҳар ду васфе барои <<Пур набудани>> он ҳастанд. Дар ҷойе ки Худованд бар он ҳукм намеронад низ мумкин аст дар сарзамине монанди Аврупо адолати бештар ва дар сарзамине монанди Офриқо адалоати камтаре вуҷуд дошта бошад, вале дар ҳар ду сарзамин зулм вуҷуд дорад ва вуҷуди зулм ба манъони адами адолат аст. Вонгаҳе адолати бештар дар як сарзамин ва адолати камтар дар сарзамини дигар, худ ба маънои табъиз аст ки мисдоқи боризи зулм маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, пур будани замин аз зулм ба ин маъно нест ки дар ҳамаи манотиқи он ба як андоза зулм вуҷуд дорад, бал ба ин маъност ки бархӣ манотиқи он дар нозу неъмат ва бархӣ дигар дар ранҷу азоб ба сар мебаранд. Дар ҳоле ки ҳамаи инсонҳо, бандагони як Худо ҳастанд ва ба як андоза ҳақ доранд ки аз адолат бархурдор бошанд ва бо ин васф, адолат барои бархӣ аз онҳо дар ҳоле ки бархӣ дигар таҳти зулм ба сар мебаранд, бемаъност. Адолат танҳо ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки ҳамаи инсонҳо ба тасовӣ аз имконоти лозим барои рушд ва такомул бархурдор бошанд, на инки имконоти лозим барои рушд ва такомул дар инҳисори як гурӯҳ ё сарзамин бошад ва дигарон аз он маҳрум бошанд; Чароки дар ин сурат, адолате вуҷуд надорад, бал ин зулм аст ки ҳоким аст.

2 . Возеҳ аст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Амирул Мӯъминин алайҳи салом ба ормони ниҳойии худ даст наёфтанд; Чароки адолати ҷаҳонӣ дар замони он ду ҳосил нашуд, вале ин ба сабаби зулм ва кӯтоҳии он ду набуд, бал ба сабаби зулм ва кӯтоҳии аҳли замонашон буд ки ба қадри кофӣ аз он ду ҳимоят ва итоъат накарданд. Бинобарин, адолати нисбӣ, ба маънои зулми нисбӣ аст, вале ин зулми нисбӣ ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Амирул Маӯъминин алайҳи салом нисбат дода намешавад то бо таҳорати он ду аз ҳар риҷсе мунофот дошта бошад, бал ба аҳли замонашон нисбат дода мешавад ки дар ҷанги Уҳуд гурехтанд ва бо ин кори худ, пирӯзии Ислом бар куфр ва сайтараи он бар ҷазиратул Араб ва сипас пешравии он дар шарқ ва ғарбро ба таъхир андохтанд ва пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо Амирул Мӯъминин алайҳи салом байъат накарданд ва бо ин кори худ, ӯро аз иқомаи адолати мутлақ боз доштанд ва пас аз ӯ, банӣ Умаяро бар умури мусалмонон мусаллат намуданд ва бо ин кори худ, фурсати ислоҳ ва тадорукро аз фарзандони ӯ гирифтанд ва ҳанӯз ба сӯӣ хилофаташ дар замони худ боз нигоштаанд. Мусалмонон ҳатто дар замони ҳокимияти дигарон, бисёрӣ аз бахшҳои ҷаҳонро ба тасарруфи худ дароварданд ва аз шарқ то Чин ва аз ғарб то Испониё пеш рафтанд ва бо ин васф, метавон ҳадс зад ки агар ба қадри кофӣ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳимоят ва итоъат мекарданд ва пас аз ӯ бо Амирул Мӯъминин алайҳи салом ва сойири хулафоъи ӯ аз аҳли байт байъат менамуданд, сартосари ҷаҳонро ба тасарруфи худ дар меоварданд ва таҳти ҳокимияти Ислом қарор медоданд ва аз адолат оканда месохтанд, вале онон ин корро накарданд ва аз ин рӯ, на танҳо сартосари ҷаҳонро ба тасарруфи худ дарнаёварданд, бал сарзаминҳойе ки ба тасарруфи худ даровардандро низ яке пас аз дигарӣ аз даст доданд ва акнун ба анвоъи зиллат ва ҳақорат гирифтор шудаанд.

3 . Мумкин аст замони лозим барои иқомаи адолати мутлақ дар ҷаҳон, аз умри оддии халифаи Худованд бештар бошад. Дар ин сурат, бар Худованд аст ки ё умри халифаи худро тӯлонӣ кунад, ба қадре ки муваффақ ба иқомаи адолати мутлақ дар ҷаҳон бишавад, монанди Нӯҳ алайҳи салом ва ё баъд аз ӯ халифа ё хулафое барои ӯ қарор диҳад ки кори нотамоми ӯро тамом гардонанд, монанди Паёмбари хотам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам. Дар ҳар як аз ин ду сурат, Худованд ва халифааш кори худро анҷом додаанд ва адами таҳаққуқи адолати мутлақ дар ҷаҳон, ношӣ аз адами ирода ва иқдоми лозим тавассути мардум аст; Чунонки фармудааст: «ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ» (Оли Имрон/ 182); <<Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристодааст ва Худованд зулм кунандае ба бандагон нест>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?