Сешанбе 20 август 2019 мелодӣ баробар бо 18 зулҳиҷҷа 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақд ва барраси

   
Шумораи нақд: 2 Коди нақд: 47
Мавзӯъи нақд:

Мавонеъи бозгашт ба Ислом; Пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар

Нависандаи нақд: Суҳайли Қуддусӣ Тарихи нақд: 12/06/2018

Шумо барои бисёрӣ аз дидгоҳҳои худ ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунед, дар ҳоле ки мо шиъа ҳастем ва ривоёти аҳли суннатро қабул надорем ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонем ки дар манобеъи шиъа омада бошад.

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд: 14/06/2018

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Агар шумо ривоёти аҳли суннатро қабул надоред ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонед ки дар манобеъи шиъа омада бошад, муҳол аст ки битавонед масодиқи аҳли байтро бишносед ва ҳуҷҷияти онҳоро исбот кунед; Чароки шинохти масодиқи аҳли байт ва исботи ҳуҷҷияти онҳо бо истинод ба ривоёти худашон, даври ботил аст. Аз ин рӯ, шумо барои шинохти масодиқи аҳли байт ва исботи ҳуҷҷияти онҳо, ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунед ва ин яъне шумо ривоёти аҳли суннатро онҷо ки ба судатон аст қабул доред, дар ҳоле ки ривоёти онон ё қобили истинод аст ки дар ин сурат, ҳама ҷо қобили истинод аст ва ё қобили истинод нест ки дар ин сурат, ҳеҷ ҷо қобили истинод нест ва табъиз дар он бар пояи суд ва зиёни шумо маъно надорад. Аз инҷо дониста мешавад ки агар ривоёти аҳли суннат қобили истинод набошад, ривоёти шумо низ қобили истинод нест; Зеро қобили истинод будани ривоёти шумо фаръи бар шинохта будани масодиқи аҳли байт ва собит будани ҳуҷҷияти онҳост ва ин чизе аст ки бо ривоёти аҳли суннат ҳосил мешавад.

2 . Агар муроди шумо аз ривоёти аҳли суннат, ривоёти воҳид аст, ривоёти воҳид ҳуҷҷат нестанд, хоҳ аз шиъа бошад ва хоҳ аз аҳли суннат; Зеро аз он ҳайс ки ривоёти воҳид ҳастанд, муфиди заннанд ва занн дар Ислом ҳуҷҷат нест (дар ин бора бингаред ба: Нақд ва баррасии 18) ва агар мурдои шумо аз ривоёти аҳли суннат, ривоёти мутавотир аст, ривоёти мутавотир ҳуҷҷат ҳастанд, хоҳ аз шиъа бошад ва хоҳ аз аҳли суннат; Зеро аз он ҳайс ки ривоёти мутавотир ҳастанд, муфиди илманд ва илм дар Ислом ҳуҷҷат аст (дар ин бора бингаред ба: Пурсиш ва посухи 347). Аз ин рӯ, мо ба ривоёти воҳиди шиъа истинод намекунем, вале ба ривоёти аҳли суннат истинод мекунем; Чароки эътибор ба тавотури ривоят аст, на шиъа ё суннӣ будани ровиёни он; Ҳар чанд хушбахтона ривояти мутавотир аз ин мазият бархурдоранд ки дар ҳамаи мазоҳиб инъикос доранд ба яке аз онҳо маҳдуд намешаванд. Аз ин рӯ, мо дар канори манобеъи аҳли суннат ғолибан ба манобеъи шиъа низ ирҷоъ додаем то вуҷуди онҳо дар манобеъи ҳар ду мазҳаб маълум шавад; Монанди ривоёти Маҳдӣ ва ривоёти парчамҳои сиёҳи Хуросонӣ ки дар ҳар ду мазҳаб машҳуранд ва дар куҳантарин манобеъи онҳо мушоҳида мешаванд.

3 . Бино бар фарз ҳуҷҷияти ривояти воҳид, милоки қабули он, васоқат ва сидқи ровӣ аст, на мазҳаби ӯ; Чароки мумкин аст ровии шиъа каззоб ва ҷаъл кунанда бошад ва ровии суннӣ сиқа ва садуқ, дар ҳоле ки наметавон ривояти каззоб ва ҷаъл кунандаро танҳо ба эътибори онки шиъа аст, пазируфт ва ривояти сиқа ва садуқро танҳо ба эътибори онки шиъа нест, рад кард. Аз ин рӯ, бисёрӣ аз ровиёни ривояти шиъа, аҳли суннат ё Зайдӣ ё Кайсонӣ ё Фатаҳӣ ё Воқифӣ будаанд ва бо ин ҳол, олимони шиъа –назар ба васоқат ва сидқи онон– ба ривоёташон истинод доштаан; Ҳамчунонки бисёрӣ аз ровиёни ривоёти аҳли суннат, шиъа будаанд ва бо ин ҳол, олимони аҳли суннат –назар ба васоқат ва сидқи онон– ба ривоёташон истинод доштаанд; Чароки эътибор ба васоқат ва сидқи ровӣ аст, на мазҳаби ӯ. Аз инҷо дониста мешавад ки истинод ба ривоёти шиъа ё аҳли суннат ҳаргоҳ тавассути ровиёни сиқа ва садуқ расида бошад, яксон аст.

4 . Сухани шумо мабнӣ бар инки ривоёти аҳли суннатро қабул надоред ва сирфан ривоётеро қобили истинод медонед ки дар манобеъи шиъа омада бошад, суханӣ мутаноқиз аст; Чароки манобеъи шиъа, оканда аз ривоёти аҳли суннат ва сойири мазоҳиби Исломӣ аст ва бо ин васф, истинод ба ривоёте ки дар манобеъи шиъа омада, ба маънои истинод ба ривоёти онҳост; Ҳамчунонки адами истинод ба ривоёте ки дар манобеъи аҳли суннат омада, мусталзими адами истинод ба бисёрӣ аз ривоёти шиъа аст ки дар ин манобеъ омадааст. Ба илова, бархӣ ривоёти шиъа бар эътибори ривоёти саҳоба ва лузуми муроҷиъа ба чизе ки аҳли суннат аз аҳли байт ривоят кардаанд, таъкид доранд; Монанди саҳеҳаӣ Мансур ибни Ҳозим аз имоми Содиқ алайҳи салом ки дар он омадааст: «قُلْتُ: فَأَخْبِرْنِي عَنْ أَصْحابِ رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ صَدَقُوا عَلىٰ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ آلِهِ أَمْ كَذَبُوا؟ قالَ: بَلْ صَدَقُوا» (Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1 с65); <<Гуфтам: Манро аз асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хабар бидеҳ ки оё аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ростӣ ривоят карданд ё бар Ӯ дурғ бастанд? Фармуд: Балки ба ростӣ ривоят карданд.>> Ва ривояти Абу Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ) аз имом Содиқ алайҳи салом ки дар он бо ишора ба аҳли суннат омадааст: «إِذا نَزَلَتْ بِكُمْ حادِثَةٌ لا تَجِدُونَ حُكْمَها فِيما رَوَوْا عَنّا فَانْظُرُوا إِلىٰ ما رَوَوْا عَنْ عَلِيٍّ عَلَيْهِ السَّلامُ فَاعْمَلُوا بِهِ» (Иддатул Усул [Тибъи ҷадид], ҷ1, с149); <<Ҳаргоҳ ҳодисае бароятон пеш омад ки ҳукми онро дар чизе ки аз мо ривоят кардаанд намеёбед, пас ба чизе ки аз Алӣ алайҳи салом ривояти кардаанд бингаред ва ба он амал кунед>>. Бинобарин, сухани шумо мабнӣ бар инки танҳо ба ривоёти шиъа истинод мекунед, бар хилофи ривоёти шиъа аст.

5 . Умуми ривоёти аҳли суннат ки мавриди истиноди мо қарор гирифтаанд, бо китоби Худованд ва қавоъиди ақлӣ созугоранд ва аз ин рӯ, наметавон онҳоро ривоётӣ суннӣ донист; Зеро маълум аст ки китоби Худованд махсуси ба аҳли суннат нест ва қавоъиди ақлӣ барои ҳамаи мазоҳиб яксон аст.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?