Душанбе 10 декабр 2018 мелодӣ баробар бо 2 рабеъ-ул-сони 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақд ва барраси

     
Шумораи нақд: 6 Коди нақд: 41
Мавзӯъи нақд:

Меъёр ва мавонеъи шинохт; Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл ва тақлид

Нависандаи нақд: Маҳдии Торамӣ Тарихи нақд: 31/07/2017

Ҳазрати Мансури Ҳошимӣ, тақлид аз муҷтаҳидро ба ин иллат ки ӯро мутахассис намедонад, ҷойиз намедонад. Аммо ин дар хусуси худи иҷтиҳод ҳам мушкил эҷод мекунад; Чун агар [муҷтаҳид] мутахассис нест ки дигарон аз ӯ тақлид кунанд, пас барои худаш ҳам мутахассис нахоҳад буд. Пас чигуна аст ки иҷтиҳодро воҷиб аммо тақлидро ҳаром медонанд?

Посух ба нақди шумораи: 6 Тарихи посух ба нақд: 03/08/2017

Бародари гиромӣ!

Тақлид ба маънои пайравӣ аз фатвои муҷтаҳид бидуни илм ба далили ӯст ва ин аз он ҷиҳат ҷойиз нест ки муҷиби занн ба ҳукми шаръи мешавад, дар ҳоле ки занн ба ҳукми шаръи кофӣ нест; Чунонки Худованд фармудааст: «وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا» (Наҷм/ 28); <<Ононро ба он илме нест, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>, вале иҷтиҳод ба маънои муроҷиъа ба китоби Худованд ва халифаи Ӯ дар замин аст ва ин аз он ҷиҳат ҷойиз бал воҷиб аст ки муҷиби илм ба ҳукми шаръи мешавад ва возеҳ аст ки илм ба ҳукми шаръи бо занни ба он баробар нест; Чунонки Худованд фармудааст: «قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ» (Зумар/ 9); <<Бигӯ оё касоне ки илм доранд ва касоне ки илм надоранд баробаранд?! Танҳо соҳибони хирад панд мегиранд>> Ва фармудааст: «قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ» (Анъом/ 148); <<Бигӯ оё шуморо ҳеҷ илме ҳаст ки онро барои мо берун оваред?! Шумо ҷуз аз занн пайравӣ намекунед ва ҷуз ҳадс намезанед>> Ва фармудааст: «نَبِّئُونِي بِعِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ» (Анъом/ 143); <<Манро аз рӯӣ илм хабар диҳеҳ агар рост мегӯйед>>! Бинобарин, тақлид аз он ҷиҳат ки муҷиби занн ба ҳукми шаръи аст, ҷойиз нест ва иҷтиҳод аз он ҷиҳат ки муҷиби илм ба ҳукми шаръи аст, ҷойиз, балки воҷиб аст.

Бале, иҷтиҳод агар мубтанӣ бар муроҷиъа ба яқиниёт набошад, балки мубтанӣ бар муроҷиъа ба занниётӣ монанди иҷмо ва хабари воҳид бошад, монанди тақлид муҷиби занн ба ҳукми шаръи мешавад ва аз ин ҷиҳат, кофӣ нест; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ин нуктаро табйин карда ва фармудааст:

<<Аз инҷо дониста мешавад ки тақлид аз олимон, ба ҳеҷ рӯй муҷзӣ нест ва иҷтиҳод бар умуми мусалмонон воҷиб аст; Албатта дар сурате ки мурод аз иҷтиҳод, шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом бошад; Чароки агар мурод аз он, шинохти заннӣ аз онҳо ҳар чанд бо итикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумотӣ назири иҷмоъ бошад, тафовути чандоне бо тақлид надорад ва ба табаъи он муҷзӣ нест; Чароки иллати муҷзӣ набудани тақлид, муҷзӣ набудани итикоъ ба ғайри яқиниёт дар ақойид ва аҳкоми шаръӣ аст ва ин иллат миёни тақлид ва иҷтиҳод муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муштарак аст ва бо ин васф, иҷтиҳоди муттакӣ бар ғайри яқиниёт, муҷзӣ нест, ҳар чанд аз тақлид беҳтар бошад; Бал ҳар коре ки барои шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми шаръӣ лозим аст, ҳамон бар умуми мусалмонон воҷиб аст.>> (Бозгашт ба Ислом, с 58)

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?