Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақд ва барраси

   
Шумораи нақд: 5 Коди нақд: 40
Мавзӯъи нақд:

Куллиёт; Нависандаи китоб

Нависандаи нақд: Ношинос Тарихи нақд: 06/07/2017

Бародарони мӯҳтарам!

Суханро кӯтоҳ мегӯям. Мо мусалмон ва шиъаи аҳли байт ҳастем ва луқмаи ҳалол хӯрдаем ва медонем ки даъвати оқои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ имом Маҳдӣ ҳақ аст. Мушкили мо бо эшон се чиз аст:

Аввал инки эшон бо танҳо ҳукумати шиъа дар ҷаҳон ки дар баробари Амрико ва Исроъил истодааст мухолифат дорад ва онро номашрӯъ медонад, дар ҳоле ки бояд дар канори ин ҳукумат қарор мегирифт ва аз он ҳимоят мекард.

Дуввум инки эшон оятуллоҳ Хоманаи валии амри мусалмонони ҷаҳонро дар канори Абубакр Бағдодӣ раҳбари тераристҳо ном бурда ва ин ҳам тавҳин ба эшон аст ва ҳам ниҳояти беинсофӣ аст. Низоми мо ҳар айбе дошта бошад қобили муқойиса бо низомҳо ва гурӯҳҳои дигар нест. Шумо мутмаъин бошед ки агар низоми мо аз эшон ҳимоят накунад ҳеҷ низоми дигаре дар дунё аз эшон ҳимоят нахоҳад кард.

Севвум инки эшон баланд шуда ва рафтааст сари кӯҳҳо ва дар манотиқи дурафтодаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва худашро аз мардум пинҳон кардааст ва тасвиру мушаххасоташро мунташир намекунад то ҳама ӯро бишносанд ва битавонанд бо ӯ иртибот бигиранд ва ҳарфашро бишнаванд, дар ҳоле ки як раҳбари инқилобӣ ва муслеҳ набояд ин тавр амал кунад; Чун ин боъиси бадгумонӣ ба ӯ ва аз даст рафтани фурсатҳо мешавад.

Мушкили мо бо эшон ин се маврид аст, вагарна мо бо соири ақойид ва ҳарфҳои эшон мушкиле надорем ва онҳоро бисёр маъқул ва ҷолиби таваҷҷуҳ ҳам медонем ва ҳатто инкор намекунем ки эшон мумкин аст ҳамон саййиди Хуросонии мавъуд бошад. Вассалом

Посух ба нақди шумораи: 5 Тарихи посух ба нақд: 10/07/2017

Бародари мӯҳтарам!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Мо борҳо тавзиҳ додаем ки милоки машрӯъияти ҳукумат дар Ислом, шиъа ё суннӣ будани он нест, бал <<Изни Худованд>> аст ки танҳо барои ҳокими мансуб аз ҷониби Ӯ бо насси бар ъайн ё ояти баййина вуҷуд дорад ва бо ин васф, ҳар ҳукумати дигаре дар ҷаҳон номашрӯъ дониста мешавад, хоҳ шиъа бошад ва хоҳ суннӣ (дар ин бора, бингаред ба: Китоби Бозгашт ба Ислом, мабҳаси ҳокимияти ғайри Худованд, с151).

2 . <<Танҳо ҳукумати шиъа дар ҷаҳон>> агар дар баробари Амрико ва Исроъил истода, ҳампаймони Русия ва Чин аст, дар ҳоле ки зулми Русия ва Чин бар мусалмонон чандон аз зулми Амрико ва Исроъил бар онон камтар нест, балки дар бархӣ маворид бештар аст; Ҳамчунонки инак мусалмонони Чин таҳти фишор ва истибдоди ҳукумати комунисти он, саркӯб ва аз илтизом ба аҳкоми Ислом манъ мешаванд. Ин ба маънои он аст ки низоъи <<Танҳо ҳукумати шиъа дар ҷаҳон>> бо қудратҳои ғарбӣ, низоъи Ислом бо куфр нест то муқаддас ва сутуданӣ бошад, бал низоъи сиёсӣ бо пуштибонии қудратҳои шарқӣ аст ки аз манофеъи кӯтоҳмуддати он бархурдор ва аз ин рӯ, ҳаргоҳ манофеъи кӯтоҳмуддати он иқтизо карда, бо қудратҳои ғарбӣ ҳам созиш кардааст.

3 . Мо борҳо таъкид кардаем ки мухолифати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо ҳукумати Эрон, бар хилофи мухолифати дигарон бо он, бо ангезаи эҷоди ҳукуматӣ Амрикоӣ ва Исроъилӣ ё эҷоди ҳукуматӣ сикулор ва лояк ба ҷойи он нест, бал бо ангезаи эҷоди ҳукумати имом Маҳдӣ алайҳи салом ба ҷойи он аст ва бо ин васф, таъкид бар ҷанбаи салбӣ ин мухолифат бидуни таъкид бар ҷанбаи эҷодӣ он, муғолита ва иғроъ ба ҷаҳл аст.

4 . Вилояти оқои Хоманаи ҳатто бар мусалмонони Эрон ки аз тариқи маҷлиси хубрагон ӯро интихоб кардаанд собит нест, то чи расад ба соири мусалмонони ҷаҳон ки ба ҳеҷ ваҷҳе аз вуҷуҳ дар интихоби ӯ дахолате надоштаанд ва чи басо аз он огоҳ ҳам набудаанд! Ба ростӣ оё ин мисдоқи ғулув ва газзофагӯйи дар бораи ин шахсият нест ки аз расонаҳои расмии ҷумҳурии Исломии Эрон шунида мешавад?! Ё аз қабили кори доъиш нест ки марде аз худро ба эътибори байъати чанд нафар, <<Халифаи мусалмонони ҷаҳон>> мешуморанд ва касоне ки ҳозир ба қабули хилофати худхондаи ӯ нестандро мунҳариф ва фитнаҷӯ медонанд ва таъқиб, ҳабс ва эъдом мекунанд?! Оё агар ҳамин унвони сохтагӣ бар шахсиятӣ ғайри оқои Хоманаи итлоқ шавад, тавассути ҳамин расонаҳои расмӣ, як ҷараёни инҳирофӣ ва иддаъои дурӯғин шумурда намешавад?! Шумо мулоҳиза мефармойед ки бархӣ аз ҳамин расонаҳои расмӣ, даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ имом Маҳдӣ алайҳи саломро як ҷараёни инҳирофӣ ва иддаъои дируғин мешуморанд, дар ҳоле ки эшон бо онки ошкоро аз оқои Хоманаи аълам аст, муддаъии вилоят бар мусалмонони ҷаҳон нест!

5 . Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, оқои Хоманаиро аз ҳамаи ҷиҳот ё аз ҷиҳати ҷиноят бар зидди башарият монанди Абубакр Бағдодӣ надонистааст то ба ӯ тавҳин ё дар бораи ӯ беинсофӣ карда бошад, балки аз ҷиҳати <<Маҳдӣ набудан>> монанди Абубакр Бағдодӣ ва соири раҳбарони гурӯҳҳои Исломӣ дониста ва фармудааст:

<<Қадри мусаллам ин аст ки Маҳдӣ, Абубакр Бағдодӣ ё Айман Завоҳирӣ ё Муҳаммад Умар ё Алӣ Хоманаӣ ё амсоли онон нест; Чароки онон бо инки худро халифа ё амир ё валии амри мусалмонон мешуморанд, на бо авсоф ва аломати ваъда дода шуда барои Маҳдӣ мутобиқанд ва на ояте аз ҷониби Худованд ироъа менамоянд; Ҳамчунонки худ низ чунин иддоъе дар бораи худ надоранд ва бо ин васф, ҳифозат, иъонат ва итоъат аз онон, мунофӣ бо ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ аст ва аз мавонеъи зуҳури ӯ шумурда мешавад ва аз ин рӯ, умед меравад ки омилони он, ҳаргоҳ ба рости дар пайи иқомаи Исломи комил ва холис дар замин бошанд, даст аз он бардоранд ва ба сӯӣ Маҳдӣ бозгарданд; Чароки агар раҳбаронашон хуб ҳастанд, Маҳдӣ барои онон аз роҳбаронашон хубтар аст ва табъан ба ҳифозат, иъонат ва итоъати онон сазовортар аст ва ин ҳақиқате аст ки дар он ихтилофе нест.>> (Бозгашт ба Ислом, с301 ва 302)

Бегумон ин сухани ҳаққе аст ки дар он ҷойи ҳеҷ муноқишае нест ва касоне ки онро <<Тавҳин>> ва <<Ниҳояти беинсофӣ>> мешуморанд, дар таъассубӣ ошкоранд; Ҳамчунонки иддаъои инки <<Низоми мо ҳар айбе дошта бошад қобили муқойиса бо низомҳо ва гурӯҳҳои дигар нест.>> чизе ҷуз таъассубӣ ошкор нест; Зеро возеҳ аст ки <<Айб>> дар ҳар низоме айб аст ва низоми Эрон ва низоми дигарон дар ин ҷиҳат фарқе бо ҳам надоранд, балки айб дар низоми Эрон ба далили иддаъои бештараш бадтар аст! Бо ин васф, низоми Эрон агар <<Ҳар айбе дошта бошад>>, ҳеҷ фарқе бо <<Низомиҳо ва гурӯҳҳои дигар>> надорад, балки аз онҳо бадтар аст ва дар ин сурат, ҳимоят аз он ҷуз бар бунёди асабият ва ҳамияти ҷоҳилӣ мумкин нест; Чунонки аъроби ҷоҳлӣ мегуфтанд: «أُنْصُرْ أَخاكَ ظالِماً کانَ أَوْ مَظْلُوماً»; <<Аз бародарат ҳимоят кун, хоҳ золим бошад ва хоҳ мазлум>>!

6 . Шумо мутмаъин бошед ки агар ин низом аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ҳимоят накунад, Худованд низоми дигареро ба ҷойи он меоварад ки аз эшон ҳимоят кунад; Чунонки фармудааст: «فَإِنْ يَكْفُرْ بِهَا هَٰؤُلَاءِ فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَيْسُوا بِهَا بِكَافِرِينَ» (Анъом/ 89); <<Пас агар инон ба он кофир шаванд, гурӯҳи дигареро бар он мегуморем ки ба он кофир набошанд>>; Чароки Худованд ба ин низом ниёзманд нест, балки ин низом ба Худованд ниёзманд аст ва бо ин васф, барои ин низом беҳтар аст ки бар Худованд такаббур накунанд ва худро аз дигарон бартар напиндорад. Албатта мо аз ҳамроҳии ин низоми мусалмон бо худ истиқбол мекунем ва дасти онро ҳаргоҳ ба сӯямон дароз кунад мефишорем; Ҳамчунонки ҳамкории соири низомҳои мусалмонро муғтанам мешуморем; Зеро хатти сурхи мо ҷуз гирифтани кӯмак аз низомҳои ғайри мусалмон намешиносем ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро бародарони худ медонем; Чунонки Худованд фармудааст: «إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ» (Ҳуҷарот/ 10); <<Ҷуз ин нест ки мӯъминон бародарони якдигаранд>>  Ва фармудааст: «وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ» (Тавба/ 71); <<Ва мардон ва занони мӯъмин бархӣ авлиёъи бархӣ дигаранд>>. Бо ин васф, барои низоми Эрон шойиста аст ки интиқодпазир бошад ва насойеҳи дилсӯзонаи як олими мусалмонро ҳамли бар душманӣ бо худ накунад, балки худро алоқаманд ба ҳамроҳӣ бо эшон ва ислоҳи айби худ нишон диҳад; Зеро возеҳ аст ки гарданфарозӣ дар баробари ҳақиқат ва чангу дандон нишон додан ба мунодии он, оқибати хубе надорад ва ба хор шудан дар дунё ва азоб шудан дар охират меанҷомад.

7 . Интишори тасвир ва мушаххасоти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло пас аз интишори андешаҳо ва ормонҳои эшон зарурате надорад; Чароки агар андешаҳо ва ормонҳои эшон ботил бошад, бо интишори тасвир ва мушаххасоти эшон ҳақ намешавад ва агар андешаҳо ва ормонҳои эшон ҳақ бошад, бо интишори тасвир ва мушаххасоти эшон ботил намешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки андешаҳо ва ормонҳои эшон дар пайванд бо тасвир ва мушаххасти эшон нест; Чароки эшон мардумро ба сӯӣ худ даъват накарда; Ба ин маъно ки аз онон нахостааст аз эшон бо таваҷҷуҳ ба тасвир ва мушаххасоташон ва бидуни илм ба далоилашон пайравӣ кунанд ва бо ин васф, интишори тасвир ва мушаххасоти эшон, танҳо ба кори касоне меояд ки ё монанди душманони эшон др пайи шиносойи, дастгирӣ ва нобудии эшон ҳастанд ва ё монанди дӯстони нодони эшон дар пайи пайравӣ аз эшон бо таваҷҷуҳ ба тасвир ва мушаххасоташон ва бидуни илм ба далоилашон ки як рӯйкарди инҳирофӣ аз синхи рӯйкардҳои ройиҷ дар миёни пайравони муддаъиёни дурӯғин аст.

8 . Ғайбати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз ғайбати имом Маҳдӣ алайҳи салом бузургтар нест ва бо ин васф, наметавон эшонро ба сабаби он маломат кард; Зеро чизе ки эшонро ба ин ғайбат водошта, чизе аст ки имом Маҳдӣ алайҳи саломро ба ин ғайбат водошта ва он ҳамоно тарс аз низомҳои ҷаббор ва саркӯбгар аз ҷумла низоми Эрон аст. Бо ин васф, агар низоми Эрон аз эшон ҳимоят мекард, эшон маҷбур набуд ба таъбири шумо <<Баланд шуда ва биравад сари кӯҳҳо ва дар манотиқи дурафтодаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва худашро аз мардум пинҳон кунад ва тасвиру мушаххасоташро мунташир накунад>>, балки метавонист ба содагӣ бо мардум иртибот бигирад ва ташнагонро аз дарёи илми худ сероб фармояд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «إِنَّ الْمَنْصُورَ لَقِيَ بَلاءً وَ تَطْرِیداً وَ إِنِّي رَأَیْتُهُ فِي بَعْضِ هٰذِهِ الْأسْواقِ وَ هُوَ خائِفٌ مُتَرَقِّبٌ یَمْشِي وَ يَقُولُ: مَن يَعْصِمُنِي حَتّیٰ أُعَلِّمَ النّاسَ الْقُرآنَ كَما أُنْزِلَ وَ أَعْمَلَ بِما فِیهِ؟! أَمَّن يُجِيرُني حَتّیٰ أَتَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ فِيها بَلاغٌ لِقَومٍ عابِدِينَ؟! أَمَّن يُعِينُنِي حَتّیٰ أُبَيِّنَ أُمُوراً وَ أُغَيِّرَ أُخْریٰ؟! اللّهُمَّ إنَّكَ تَعْلَمُ أَنِّي لَو ثَبَتَتْ لِي قَدَمايَ لَوَطَّئْتُ لِصاحِبِ هٰذَا الْأَمْرِ سُلْطانَهُ»; << Ҳароина Мансур балоҳо ва ронда шуданҳои бисёреро дид ва ҳароина ман ӯро дар бархӣ аз ин кӯчаҳо дидам ки бо тарс ва нигаронӣ гом бар медошт ва мефармуд: Чи касе манро пос медорад то ба мардум Қуръонро ҳамон гуна ки нозил шудааст биёмӯзам ва ба чизе ки дар он аст амал кунам?! Ё чи касе манро паноҳ медиҳад то ба калимае мутакаллим шавам ки дар он кифояте барои гурӯҳи обидон аст?! Ё чи касе манро кӯмак мекунад то чизҳоеро рӯшан кунам ва чизҳоеро тағйир диҳам?! Худоё! Ту медонӣ ки ман агар ду поям бароям устувор шавад заминаи ҳукумати соҳиби ин амрро месозам!>>!

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«إِنَّ الْمَنْصُورَ يَعْرِضُ نَفْسَهُ عَلیٰ أَهْلِ الْبُلْدانِ وَ يَقُولُ: أَلا رَجُلٌ يَحْمِلُنِي إلیٰ قَومِهِ؟! فَإِنَّ هٰذَيْنِ الْقَومَيْنِ مَنَعانِي أَنْ أَقُومَ بِأَمْرِ رَبِّي! وَ سَمِعْتُهُ يَقُولُ: مَن يُؤْوِيني حَتّیٰ أُوَطِّئَ لِمَلَكُوتِ رَبِّي وَ لَهُ الْجَنَّةُ؟! إِنَّ مَلَكُوتَ رَبِّي يُصْلِحُ الْأَرْضَ وَ يَمْلَأُها قِسْطاً»; <<Мансур худро бар аҳли сарзаминҳо арза мекунад ва мефармояд: Оё марде нест ки манро ба сӯӣ қавми худ бибарад?! Зеро ин ду қавм манро монеъ шуданд аз инки ба амри Парвардигорам қиём кунам! Ва шунидам ки мефармояд: Чи касе манро ҷой медиҳад то барои малакути Парвардигорам заминасозӣ кунам ва барои ӯ биҳиш бошад?! Бегумон малакути Парвардигорам заминро ислоҳ мекунад ва аз адолат пур мегардонад>> (Бингаред ба: Гуфтори 32).

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳаргоҳ низоми Эрон ё низоми мусалмони дигаре содиқона аз эшон даъват ва ҳимоят кунад, эшон аз ҳолати ихтифоъ хориҷ мешавад ва бо мардум иртиботи мустақим мегирад ва бо ин васф, агар шумо аз вазъияти эшон дар ҳоли ҳозир хурсанд нестед, набояд ба эшон эътироз накунед; Чароки эшон нақше дар ин вазъият надошта ва худ аз он нохурсанд аст, бал бояд ба низоми Эрон ва соири низомҳои мусалмони минтақа эътироз кунед ки чаро то кунун аз эшон даъват ва ҳимоят накардаанд?! Албатта то ҳангоме ки вазъияти кунунӣ боқӣ аст, ҳамаи ҳомиён ва дӯстдорони ин олими бузургвор метавонанд бо узвияти фаъол дар пойгҳои эшон, ба огоҳиҳои бештаре дар бораи эшон даст ёбанд ва ҳатто дар сурати исботи васоқати худ, ба ҷамъи ҳамроҳон ва шогирдони эшон бипайванданд ва ба маҳзари эшон бирасанд ва бо ин васф, далиле барои <<Бадгумонӣ ба эшон ва аз даст рафтари фурсатҳо>> нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?