Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 8 Коди нақд: 31
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Манобеъи Ислом; Халифаи Худованд

Нависандаи нақд: Маҳдия Тарихи нақд: 31/08/2016

Дар сураи муборакаи Бақара ояи 134 Худованд мефармояд: <<Онон гурӯҳе буданд ки дар гузаштанд, барои онон чизе аст ки касб карданд ва барои шумо чизе аст ки касб кардед ва шумо аз коре ки онон мекарданд бозхост намешавед>>. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дар саҳифаи 277 китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> мефармоянд: <<Мусалмонони пешин аз коре ки мусалмонон пасин карданд, бозхост намешаванд>>. Ҳол азоби набудани халифаи Худованд бар мо ворид шуда, оё ин муҷозот ва танбеҳи Худованд ба сабаби аъмоли гузаштагонамон аст?

Посух ба нақди шумораи: 8 Тарихи посух ба нақд:

Чизе ки нахустин бор халифаи Худованд дар заминро ба пинҳон шудан водошт, тарс аз кушта шудан тавассути золимон буд ки Мӯсо ибни Имрон алайҳи саломро низ ба пинҳон шудан водошт; Чунононки Худованд барои ибрати мусалмонон фармудааст: «وَجَاءَ رَجُلٌ مِنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ يَسْعَىٰ قَالَ يَا مُوسَىٰ إِنَّ الْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ ۝ فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ ۖ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ» (Қасас/ 20 ва 21); <<Ва марде аз дуртарин ҷои шаҳр омад дар ҳоле ки мешитофт, гуфт: Эй Мӯсо! Анҷуман дар бораи ту машварат мекунанд то туро бикушанд, пас берун шав ки ман барои ту аз хайрхоҳонам! Пас берун шуд дар ҳоле ки тарсон ва нигарон буд, гуфт: Парвардигоро! Манро аз қавми золимон наҷот деҳ>>! Бо ин васф, тадовуми ғайбати ӯ ношӣ аз тадовуми тарси ӯст ва тадовуми тарси ӯ ношӣ аз он аст ки <<Қавми золимон>> ҳанӯз қодир ба куштани ӯ ҳастанд ва ин ба маънои он аст ки мардум ҳанӯз тамҳидоти лозим барои муҳофизат аз ӯро наяндешидаанд ва иқдомоти лозим барои таъмини амнияти ӯро анҷом надодаанд, балки ҳанӯз пуштибони <<Қавми золимон>> ҳастанд ва бо ин васф, наметавон гуфт ки ғиёби ӯ танҳо ба сабаби аъмоли гузаштагонашон аст; Чунонки Худованд фармудааст: «أَوْ تَقُولُوا إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِنْ قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِنْ بَعْدِهِمْ ۖ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ» (Аъроф/ 173); <<Ё (мабодо) бигӯйед ки падаронамон аз пеш ширк варзиданд ва мо фарзандонӣ пас аз онон будаем, оё пас моро ба сабаби коре ки аҳли ботил карданд ҳалок мекунӣ?!>>; Зеро қоъидатан ҳар замоне ки мардум аъмоли гузаштагонашонро тарк кунанд ва аз ҳимояти <<Қавми золимон>> даст бардоранд ва ба пуштибонӣ аз халифаи Худованд дар баробари онон рӯй биёваранд, ғиёби халифаи Худованд поён мепазирад; Чунонки Худованд фармудааст: «مَا يَفْعَلُ اللَّهُ بِعَذَابِكُمْ إِنْ شَكَرْتُمْ وَآمَنْتُمْ ۚ» (Нисоъ/ 147); <<Худованд ба азоби шумо чи кор дорад агар шумо шукр бигзоред ва имон оваред?!>> Ва фармудааст: «وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهْلِكَ الْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا مُصْلِحُونَ» (Ҳуд/ 117); <<Ва Парвардигорат касе нест ки ободиҳоро бо зулм нобуд кунад дар ҳоле ки аҳли он ислоҳ кунандагонанд>> Ва ин ҳамон заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ он фаро мехонад ва мухолифони ӯ аз он боз медоранд.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.