Чоршанбе 20 сентябр 2017 мелодӣ баробар бо 29 зулҳиҷҷа 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақдҳо ва баррасиҳо

Шумораи нақд: 1 Коди нақд: 30
Мавзӯъи нақд:

Шинохти Ислом; Мафҳум ва масодиқи Ислом

Нависандаи нақд: Маҳдия Тарихи нақд: 31/08/2016

Дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> саҳифаи 225 навишта шудааст ки Худованд қодир аст ба воситаи мурдае суд бирасонад ҳамон тавр ки қодир аст ба воситаи зиндае суд бирасонад. Оё дар китоби Худованд ва ё ахбори мутавотир намунае аз хайр расонидани мурдагон ҳаст?

Посух ба нақди шумораи: 1 Тарихи посух ба нақд:

Дар китоби Худованд ва аҳодиси мутавотир, наменае аз суд расондани мурдагон наёмада, вале омада ки Худованд бар ҳар коре қодир аст ва бо ин васф, <<Қодир аст ба воситаи мурдае суд бирасонад, ҳамон тавр ки қодир аст ба воситаи зинда суд бирасонад>>. Тавзиҳ онки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> –ба табаъи китоби Худованд ва аҳодиси мутавотир– наёмада ки мурдагон суд мерасонанд, балки омада ки Худованд қодир аст ба воситаи мурдае суд бирасонад, ҳамон тавр ки қодир аст ба воситаи зиндае суд бирасонад ва мурод аз ин суд расондан, васотати Паёмбарон ва солеҳони гузашта барои зиндагон бо изни Худованд аст; Зеро дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, Худованд бар ҳар коре қодир аст ва ҳеҷ хайре ҷуз аз ҷониби ӯ намерасад ва воситаҳои хайр –хоҳ дар дунё бошад ва хоҳ дар охират– мақҳури иродаи Ӯ ҳастанд ва ҷуз бо изни Ӯ васотат намекунанд; Чунонки фармудааст: «مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ» (Бақара/ 255); <<Он кист ки ҷуз ба изни Ӯ дар наздаш васотат кунад>> Ва фармудааст: «مَا مِنْ شَفِيعٍ إِلَّا مِنْ بَعْدِ إِذْنِهِ ۚ» (Юнус/ 3); <<Ҳеҷ васотат кунандае ҷуз баъд аз изни Ӯ нест>> Ва бо ин васф, суд расондани Паёмбарон ва солеҳони гузашта ба маънои дуъо ва истғфори онон барои зиндагон бо изни Худованд, мумкин аст ва имкони он кофӣ аст то хостани он тавассути зиндагон ширк набошад; Зеро ширк хостани чизе аз ғайри Худованд аст ки танҳо барои Худованд имкон дорад, монанди омӯрзиши гуноҳон ва шифои беморон ва бароварда сохтани ҳавоъиҷ аз ғайри маҷорӣ табиъӣ ва бо ин васф, агар касе ба ҷои Худованд аз Паёмбарон ва солеҳони гузашта бихоҳад ки гуноҳи ӯро биёмӯрзад ё бемори ӯро шафо диҳанд ё ҳоҷати ӯро бароварда созанд, мушрик аст; Ҷуз онки агар худро мусалмон бишуморад, мунофиқ маҳсуб мешавад; Магар онки аз онон бихоҳад ё мақсудаш ин бошад ки барои омӯрзиши гуноҳ ва шифои бемори ва бароварда шудани ҳоҷати ӯ, дуъо ва истиғфор кунанд; Чароки дуъо ва истиғфори онон пеш аз маргашон монанди дуъо ва истғфори онон пеш аз маргашон мумкин ва судманд аст ва аз ин рӯ, хостани он аз онон пас аз маргашон ширк маҳсуб намешавад. Оре, бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло <<Шойиста нест ва тарки авло шумурда мешавад>> (Бозгашт ба Ислом, с226); Зеро агарчи дуъо ва истиғфори онон пас аз маргашон мумкин ва судманд аст, вале хостани он аз онон дар ғиёбашон ваҷҳе надорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон олим ба ғайб нестанд ва табиъатан аз хонда шудан дар ғиёб огоҳӣ надоранд; Чароки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ башаре монанди мардум аст; Чунонки Худованд фармудааст: «قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ» (Каҳф/ 110); <<Бигӯ ман танҳо башаре монанди шумо ҳастам>> ва <<Табъан ба иқтизои башар буданаш, қодир ба огоҳӣ аз ҳамаи хонданҳо ва посух додан ба ҳамаи онҳо дар они воҳид нест ва қудрати Худованд низ бар қодир сохтани ӯ ба ин кор таъаллуқ намегирад; Чароки ин кор, ба иқтизои маҳдудияти зотӣ қудрати башар, муҳол аст ва қудрати Худованд бар муҳол таъаллуқ намегирад; Ба ин маъно ки мутасаввир нест ки Худованд башареро Худо бисозад>> (Бозгашт ба Ислом, с229) ва аз инҷо дониста мешавад ки <<Хондани Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ғайбати ӯ ба ҷои Худованд ё дар канораш, бидуни эътиқод ба иҷобати ӯ бо изни Худованд, ширк аст ва бо эътиқод ба он, тарки авло шумурда мешавад; Чароки дар ҳар ҳол, авло хондани Худованд аст>> (ҳамон, ҳамонҷо).

Оре, ба назар мерасад ки хондани гузаштагон дар назди қубурашон, хондани онон дар ғиёбашон маҳсуб намешавад; Зеро аз як сӯ ҷисми онон дар қабрашон ҳозир аст ва чи басо руҳашон бо он таъаллуқ ва иртиботе дорад ва аз сӯӣ дигар аҳодиси мутавотире дар даст аст ки нишон медиҳад Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аҷсоди мушриконро пас аз андохтанашон ба чоҳи Бадр мухотаб сохта ва фармудааст: «یا أبا جَهْلِ بْنَ هِشامٍ! یا عُتْبَةَ بْنَ رَبیعَةٍ! یا شَیْبَةَ بْنَ رَبیعَةٍ! یا أُمیّةَ بْنَ خَلَفٍ! یا أَهْلَ ٱلْقَلِیبِ! هَلْ وَجَدْتُمْ ما وَعَدَکُمْ رَبُّکُمْ حَقّاً؟! فَإِنّي وَجَدْتُ ما وَعَدَنِي رَبِّي حَقّاً»; <<Эй або Ҷаҳл писари Ҳошим! Эй Утба писари Рабиъа! Эй Шейба писари Рабиъа! Эй Умая писари Халаф! Эй аҳли чоҳ! Оё чизе ки Парвардигоратон ба шумо ваъда додро ҳақ ёфтед?! Ҳароина ман чизе ки Парвардигорам ба ман ваъда додро ҳақ ёфтам>> Ва сипас хитоб ба асҳобаш ки аз ин кори ӯ таъаҷҷуб кардаанд, фармудааст: «ما أَنْتُمْ بِأَسْمَعَ لِما أَقُولُ مِنْهُمْ وَ لٰکِنَّهُمْ لا یَسْتَطِیعُونَ أَنْ یُجِیبُوا»; <<Шумо нисбат ба чизе ки мегӯям аз онон шунавотар нестед, вале онон наметавонанд посух диҳанд>> (Барои ин мазмун, бингаред ба : Сунани Саъид ибни Мансур, ҷ2, с314; Муснадул Таёлусӣ, с9; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ5, с352; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ8, с479; Муснади ибни Роҳувей, ҷ2, с573; Муснади Аҳмад, ҷ3, с104; Мунтахаб Муснади Абд ибни Ҳамид, с245; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ2, с101; Саҳеҳул Муслим, ҷ8, с164; Сунанул Насоъӣ, ҷ4, с110; Ибни Бобувей, Ман Ло Яҳзарал Фақиҳ, ҷ1, с180); Ҳамчунонки борҳо мӯъминони гузаштаро дар назди қабрашон хонда ва ба унвони намуна, фармудааст: «السَّلامُ عَلَیْکُمْ أَهْلَ ٱلدِّیارِ مِنَ ٱلْمُؤمِنینَ وَ ٱلْمُسْلِمینَ وَ إِنّا إنْ شاءَ اللّهُ بِکُمْ لَلاحِقُونَ أَنْتُمْ لَنا فَرَطٌ وَ نَحْنُ لَکُمْ تَبَعٌ فَنَسْأَلُ اللّهَ لَنا وَ لَکُمُ ٱلْعافِیةَ»; <<Салом бар шумо эй аҳли ин хонаҳо аз мӯъминон ва мусалмонон! Мо ин шоъ Аллоҳ ба шумо мулҳақ мешавем! Шумо барои мо пешоҳанг ҳастед ва мо дар пайи шумо расон ҳастем, пас аз Худованд барои худамон ва шумо офият металабем>> (Барои ин мазмун, бингаред ба: Муснадул Таёлусӣ, с203; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ3, с574; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ3, с221; Муснади Аҳмад, ҷ5, с360; Саҳеҳул Муслим, ҷ3, с65; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с494; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с87; Сунанул Насоъӣ, ҷ4, с94; Сунанул Байҳақӣ, ҷ4, с79;  Ҳумайро, Қурбул Иснод, с122; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ3, с229; Ибни Бобувей, Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ, ҷ1, с179) Ва ин мунофоте бо сухани Худованд дар Қуръон нест ки фармудааст: «إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَىٰ» (Намл/ 80); <<Ҳароина ту мурдагонро намешунавӣ>>; Зеро мурод аз <<Шунавондан>> дар он ҳидоят кардан аст, на расондани садо; Чунонки ба дунболи он фармудааст: «وَمَا أَنْتَ بِهَادِي الْعُمْيِ عَنْ ضَلَالَتِهِمْ ۖ إِنْ تُسْمِعُ إِلَّا مَنْ يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ مُسْلِمُونَ» (Намл/ 81); <<Ва ту ҳидоят кунандаи кӯрон аз гумроҳишон нестӣ! Ту танҳо касонеро мешунавонӣ ки ба оёти Мо имон меоваранд пас онон мусалмон ҳастанд>>, дар ҳоле ки қатъан садои он Ҳазрат танҳо ба гӯши мӯъминон ва мусалмонон намерасид, вале танҳо онон буданд ки бо шунидани он ҳидоят меёфтанд. Аз ин рӯ, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло хондани Паёмбарон ва солеҳони гузашта дар назди қубурашон барои дуъо ва истғфорро иҷоза додааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хубар дод, гуфт:

   «نَهَی ٱلْمَنْصُورُ عَنْ مُخاطَبَةِ ٱلْأَمْواتِ إِلّا عِنْدَ قُبُورِهِمْ وَ قالَ: إِنَّهُمْ یَسْمَعُونَ أَصْواتَ ٱلزّائِرینَ»; <<Мансур аз мухотаб сохтани мурдагон ҷуз дар назди қубурашон найҳ кард ва фармуд: Онон садоҳои зоъиронро мешунаванд>>!

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқи
шумораи:
1
Нависандаи
таълиқ:
Ризо Розӣ
Тарихи
таълиқ:
24/09/2016

Аллома дар ҷое фармуданд ки дархост аз мурдагон ҷуз бар сари мазорашон ваҷоҳат надорад. Бо ин васф, бифармойед салом бар анбиёъ ва аъима аз роҳи дур ва на бар сари мазорашон чи ҳукме пайдо мекунад? Шояд ман ҷумлаи алломаро дуруст мутаваҷҷеҳ нашуда бошам. Агар ин тавр аст тавзиҳ фармойед.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 29/09/2016

Бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, ибороти муносиб барои салом бар афроди ғойиб, <<Саломун ало фалон>> аст, на <<Саломун алейкум ё фалон>>; Чунонки Худованд ба унвони намуна фармудааст: «سَلَامٌ عَلَىٰ نُوحٍ فِي الْعَالَمِينَ» (Соффот/ 79) Ва фармудааст: «سَلَامٌ عَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ» (Соффот/ 109) Ва фармудааст: «سَلَامٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَارُونَ» (Соффот/ 120) Ва фармудааст: «وَسَلَامٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا» (Марям/ 15) Ва фармудааст: «سَلَامٌ عَلَىٰ إِلْ يَاسِينَ» (Соффот/ 130) Ва фармудааст: «وَسَلَامٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ» (Соффот/ 181); Чароки табиъатан афроди ғойиб садои мутакаллимро намешунаванд ва аз посух додан ба ӯ нотавон ҳастанд ва аз ин рӯ, уқало афроди ғойибро мухотаб қарор намедиҳанд ва Ислом низ динӣ ақлонӣ аст ва аз ин рӯ, фармудааст: «وَإِذَا جَاءَكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِنَا فَقُلْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ ۖ» (Анъом/ 54); <<Ва ҳаргоҳ касоне ки ба оёти Мо имон доранд ба назди ту омаданд бигӯ салом алейкум>>!

Оре, мухотаб сохтани афроди ғойиб ҳаргоҳ ба маънои маҷозӣ ва бо илм ва илтифот ба ғойиб будани онҳо бошад, на ба маънои ҳақиқӣ ва бо қасди шунавондан ба онҳо, ишколе надорад ва дар миёни уқало ба унвони як саноъати адабии маъмули аст ва намунаи он дар Ислом низ саломи намоз аст ки дар он хитоб ба Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфта мешавад: «ٱلسَّلامُ عَلَیْكَ أَیُّها ٱلنَّبيُّ وَ رَحْمَةُ ٱللّهِ وَ بَرَکاتُهُ», балки мухотаб сохтани ҷамоъат низ аз боби истиъора ва тамсил ва бидуни қасди шунавондан ба онҳо, ҷойиз аст; Монанди мухотаб сохтани ҳилоли моҳ дар дуъои расида аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки дар он фармудааст: «رَبِّي وَ رَبُّكَ ٱللّهُ»; <<Парвардигори ман ва ту Аллоҳ аст>> (Нигоҳ кунед ба: Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с121; Муснади Аҳмад: ҷ1, с162; Сунанул Дорамӣ, ҷ2, с4; Сунанул Тирмизӣ, с5, с167; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ4, с285; Тувсӣ, Ал-Аъмолӣ, с495) Ва монанди мухотаб сохтани замин дар дуъои расида аз он Ҳазрат ки дар он фармудааст: «یا أَرْضُ! رَبِّي وَ رَبُّكِ ٱللّهُ أَعُوذُ بِٱللّهِ مِنْ شَرِّكِ وَ شَرِّ ما فِیكِ وَ شَرِّ ما خُلِقَ فِیكِ وَ شَرِّ ما دَبَّ عَلَیْكِ», <<Эй замин! Парвардигори ман ва ту Аллоҳ аст, ба Аллоҳ панҳо мебарам аз шарри ту ва шарри чизе ки дар туст ва шарри чизе ки дар ту халқ шудааст ва шарри чизе ки бар рӯӣ ту меҷунбад>> (Нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ2, с132 ва ҷ3, с124; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с586; Насоъӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ5, с444; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ1, с447; Байҳақӣ, Ал-Сунанул Кубро, ҷ5, с253; Табарӣ, Макоримул Ахлоқ, с247) Ва монанди мухотаб сохтани дунё дар сухани расида аз Алӣ ибни Абӣ Толиб ки дар он фармудааст: «يَا دُنْيَا يَا دُنْيَا إِلَيْكِ عَنِّي أَبِي تَعَرَّضْتِ أَمْ إِلَيَّ تَشَوَّقْتِ، لَا حَانَ حِينُكِ هَيْهَاتَ غَرِّي غَيْرِي لَا حَاجَةَ لِي فِيكِ، قَدْ طَلَّقْتُكِ ثَلَاثاً لَا رَجْعَةَ فِيهَا، فَعَيْشُكِ قَصِيرٌ و خَطَرُكِ يَسِيرٌ و أَمَلُكِ حَقِيرٌ، آه مِنْ قِلَّةِ الزَّادِ وطُولِ الطَّرِيقِ و بُعْدِ السَّفَرِ و عَظِيمِ الْمَوْرِدِ»; <<Эй дунё! Эй дунё! Оё ба ман мутаъарриз шудаи ё ба ман муштоқ шудаи?! Замони ту фаро расидааст, ҳайҳот, ҷуз манро фиреб бидеҳ ки манро дар ту ҳоҷате нест, се бор туро талоқ додаам ки дар он руҷӯъе вуҷуд надорад; Чароки зиндагии ту кӯтоҳ ва арзиши ту андак ва орзуи ту ночиз аст, оҳ аз камии тӯша ва дарозии роҳ ва дурии сафар ва бузургии мақсад>> (Нигоҳ кунед ба: Разӣ, Наҳҷул Балоға [Таҳқиқул Солеҳ], с480; Ибни Абдулбир, Ал-Истеъоб, ҷ3, с1108; Муҳибби Табарӣ, Арриёзу Назара, ҷ3, с135; Ибни Асокир, Ториху Мадинату Димишқ, ҷ24, с402; Масъудӣ, Муравиҷу Заҳаб, ҷ2, с421; Замахшарӣ, Риъул Аброр, ҷ1, с81) Ва монанди мухотаб сохтани мози Рамазон дар сухани расида аз Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусейн ки дар он фармудааст: «فَنَحْنُ قَائِلُونَ: السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا شَهْرَ اللَّه الأَكْبَرَ و يَا عِيدَ أَوْلِيَائِه، السَّلَامُ عَلَيْكَ يَا أَكْرَمَ مَصْحُوبٍ مِنَ الأَوْقَاتِ و يَا خَيْرَ شَهْرٍ فِي الأَيَّامِ وَ السَّاعَاتِ» (Ассаҳифату Саҷодия, с198); <<Пас мо мегӯйем: Салом бар ту эй бузургтарин моҳи Худо ва эй иди дӯстони Ӯ, салом бар ту эй беҳтарин ҳамнишин аз миёни авқот ва эй беҳтарин моҳ аз миёни рӯзҳо ва соъот>>, дар ҳоле ки рӯшан аст чунин ашёъи беҷоне ба маънои ҳақиқӣ ва бо қасди шунавондан ба онҳо хитоб намешаванд; Чунонки Худованд дар бораи онҳо фармудааст: «إِنْ تَدْعُوهُمْ لَا يَسْمَعُوا دُعَاءَكُمْ وَلَوْ سَمِعُوا مَا اسْتَجَابُوا لَكُمْ ۖ» (Фотир/ 14); <<Агар онҳоро бихонед хондани шуморо намешунаванд ва агар (фарзан) бишнаванд посухатонро намедиҳанд>> Ва бо ин васф, хондани онҳо ба маънои ҳақиқӣ ва бо қасди шунавондан ба онҳо ваҷҳе надорад ва як кори ғайри ақлонӣ аст, ҳар чанд аз боби «إیّاكَ أَعْنِي وَ ٱسْمَعِي یا جارَةُ»; <<Ба дар мегӯйем то девор бишнавад>> Саноъатӣ адабӣ маҳсуб мешавад ва ишколе надорад. Хондани афроди ғойиб низ ҳамин гуна аст; Ба ин маъно ки агар бо иродаи ҷиддӣ ва эътиқод ба шунидани онҳо бошад, ҷойиз нест ва агар бо забони ҳол ва бидуни эътиқод ба шунидани онҳо бошад, ишколе надорад, магар инки дархосте аз онҳо ва на сирфи мухотаб сохтани онҳо дар салом ва калом бошад ки дар ин сурат тарки авло маҳсуб мешавад, ё боъиси сӯъи бардошт ё сӯъи истифодаи ғолиён ва навосиб бошад ки дар ин сурат ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ» (Бақара/ 104); <<Эй касоне ки имон овардед! Нагӯйед: <Роъино> (чун ду маъно дорад ва мумкин аст боъиси сӯъи бардошт ё сӯъи истифодаи бархӣ шавад) ва бигӯйед <Унзурно> ва гӯш биспоред ва барои кофирон азобӣ дарднок аст>>; Монанди муноҷот бо анбиёъ ва аъимма аз роҳи дур ва талаби ҳоҷат аз онон дар хилват ба наҳве ки пиндошта шавад онон «بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ» ҳастанд ва дар ҳар ҷое ҳузур доранд, дар ҳоле ки ин вежагии Худованд аст; Чунонки фармудааст: «أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ مَا يَكُونُ مِنْ نَجْوَىٰ ثَلَاثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ وَلَا خَمْسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمْ وَلَا أَدْنَىٰ مِنْ ذَٰلِكَ وَلَا أَكْثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمْ أَيْنَ مَا كَانُوا ۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ» (Муҷодила/ 7); <<Оё надидӣ ки Худованд ҳар чи дар осмонҳо ва ҳар чи дар замин астро медонад? Ҳеҷ замзамаи миёни се нафар нест магар инки Ӯ чаҳорумини онон аст на миёни панҷ нафар магар инки Ӯ шашумини онон аст ва на камтар ё бештар аз он магар инки Ӯ ҳамроҳи онон аст ҳар ҷое ки бошанд, сипас ононро дар рӯзи қиёмат аз чизе ки анҷом доданд огоҳ мекунад, ҳароина Худован ба ҳар чизе доност>>! Рӯшан аст ки чунин илм ва ҳузуре барои ғайри Худованд собит, балки мумкин нест ва бо ин васф, хондани афроди ғойиб, агар бо эътиқод ба чунин амал ва ҳузуре барои онҳо бошад, айни коре аст ки мушрикон анҷом медиҳанд ва агар бидуни ин эътиқод бошад, шабеҳи кори онон аст ва табъан ҳаргоҳ боъиси иштибоҳи дигарон шавад, ҷойиз нест; Чуноноки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ» (Тавба/ 30); <<Ин сухани онон бо даҳонҳошон аст, шабеҳи сухани касонеро мегӯянд ки аз пеш кофир шуданд, Худованд ононро бикушад, ба куҷо инҳироф меёбанд?!>>.

Хулоса инки мухотаб сохтани ҳақиқии афроди ғойиб бо нияти шунавондан ба онон ҷойиз нест, вале мухотаб сохтани маҷозии онон бо нияти шунавондан ба Худованд ё афроди ҳозир, ишколе надорад, магар инки бо дархосте аз онон ҳамроҳ бошад ки дар ин сурат тарки авло шумурда мешавад, ё боъиси иштибоҳ ва сӯъи тафоҳуми мусалмонон шавад ки дар ин сурат ҷойиз нест.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Навиштани нақд

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.